Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Боду абр аст ин ҷаҳони фусус...»
«Воқеан дуруст мегўяд он бузургвор: «накўкорӣ бикун», «дасти фитода бигир!» Лекин бо кӣ чунин корҳоро бояд кард? Ҳамсояат ин чизро намехоҳад, рафиқат низ; роҳбару роҳнамоят дар андешаи чунин андарз нест. Ва он бузургон эҳтиёҷе надоранд ба ин чизҳо. Ҳол он ки рўҳу товоноиву буду набудро эҳтиёҷ муайян месозад. Доро чӣ парвои андарз дорад? Дунёдорро чӣ нисбатест бо панд? Вай, ки ниёзе надорад, ўро андарз ҳам зарурате надорад.
Ин бечора бувад, ки дар андешаи сер кардани шиками фарзанд мурда меравад. Ин нодор бувад, ки аз ғами писарро хонадор кардану сарпаноҳе сохтан дар сараш як тори сиёҳ намемонад...
Рўзгори Рўдакӣ ҳамин хел як рўзгоре буд, фироқи роҳи дуру ёди ватан дар ғарибиҳо чашмонашро кўр кард. Ман ҳамин хел мефаҳмам. Сандалиаш гарм мебуд, шикамаш сер мебуд, пояшро дароз карда навишта менишаст. Шояд он вақт шеърҳое менавишт, ки парвои Оламро надошт. Шояд дар бораи Ҷаҳон ҳарфе намегуфт.
Ё чунон рангин мегуфт, ки аз ҳама шеъраш «бўйи ҷўйи Мўлиён меомад».
— Чӣ ин қадар фикр мекунед? Ҷонамонро намегиранд-ку?
— Фикри ман ҳам айнан дар ҳамин хусус, Боймурод. Ҷонамонро намегиранд. Гиранд, молашонро мегиранд. Лекин ман ҳайрон, ки шумо чун роҳбар чизе намегўед. Мо бояд чӣ кор кунем?
— Ҳеҷ кор. Умеди ман ба Партия, ки мўйро аз хамир ҷудо мекунад.
— Умеди ман ҳам чунин. Лекин ин хел намешавад... Ман мекафам! Ман аз шармандагии ноҷо метарсам, ки барои як тафтиши нодурусти ғаразнок, барои ким-чӣ хел қасдситониҳо мо шарманда шавем.
— Чӣ хел?
— Охир, мо ба давлат, ба Партия, хиёнате накардаем. Ҳеҷ сафедиро сиёҳӣ нагуфтаем. Бадкорӣ накардаем, моли касеро нахўрдаем, ба ҳаққи касе зомин нашудаем... Баракс ёрӣ шавад, гуфта, саршумори молро зиёд кардем, ки зоро шаҳри Панҷакат аз ҷиҳати гўштсупорӣ дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро гирад... Лекин Боймурод, ман номи хоин, муфтхўр, ҳаромкор барин мафҳумҳоро бардошта наметавонам. Шумо худо барин ҳозир, ҳар коре кардам, аз сидқи соф кардам. Агар ба ман мол лозим мебуд, шумо медонед, ки ҳафт пуштамон молдор гузаштагӣ, аз ин хусусҳо гап ҳам шунидем, азоб ҳам кашидем, лекин хиёнат нашудааст... агар ман молдор шудан мехостам, дар кадом кўҳу пушта манзил мекардам, чўпон мешудам, ҳавои тоза хўрда мегаштам. Лекин «мо ба дунёи нав расидем, зиндагиамон дигар бояд шавад, пойи Партияро сахт қапем, моро то ҷое мерасонад» гуфтем. Ман умеди зиёд дорам, Боймурод, ки Партия ихлосмандони хешро хор намегардонад...

пешина
аз 378
навбатӣ