Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дилам «кафам» мегўяд
— Осуда бошед, ором бошед. Ҳоло ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап нест. Охир,
гунаҳгор бошем, фарёд карда гапашонро мегуфтагистанд?
— Ман ҳам ҳамин хел фикр дорам. Лекин шумо бепарво нагардед. Ин кор ба шаъни шумо ҳам дахл дорад....
Халил то ҳол дар берун гирди мошин гашта, андешаву хаёл мекард, ки чӣ кор бояд бикунад? Зеро аз баҳри мактаб ҳам баромада, ба Душанбе нарафт, ки падар бародар ва писари зиёд дошта бошад ҳам, худро танҳо ва бекас эҳсос накунад. Акнун падарро ҳар куҷо рафтан лозим бошад, Халил бо мошини худ мегардонд ва баъди гуфтугузор ё маслиҳату машварат аз ў мепурсид, ки чӣ шуду чӣ монд? Ва падар як посух дошт: «ҳеҷ чиз намефаҳмам». Воқеан ҳеҷ чиз фаҳмида намешуд. Зеро як муҳити ғуборгирифтае буд, ки ҷуз тазйиқ касро чизи дигар бахшида наметавонист. Халил дилу нияти падарро ба инобат гирифта бисёр намепурсид ва ё маслиҳате намедод. Зеро ҳарфи зиёд сарборӣ буд. Омаданду шумурданду рафтанд. Ҳамааш ҳамин ва онҳо аз ин зиёдтар чизе намедонанд ва мақсаду муроди арзу шикоятнависҳо ба кадом ҳадаф бармехўрад, равшан нест. Албатта ононе, ки росту дурўғ навиштаанду онҳое, ки дилу нимдил тафтиш карданд, ният ё ҳадафе доранд. Аммо ин чиз гунаҳгоронро маълум нест, ки гуноҳи онҳо то куҷо мерасад. Халили ҳоло бо чунин нағмаву дасисаҳо дучор наомада, ки ҷуз орзуи нек дар дил чизе намепарварад, ҳайрон аст, ки чӣ дунёест ин дунё. Кас накўкорӣ кардан мехоҳад, мебинӣ, ки иблис аз миён баромада ҳама кори туро ба бадӣ ё душманӣ мегардонад ва кардаву накарда баробар ё як пул мешавад. «Муаллим Бойҷон пурсид, ки Халил, ваъда дода будӣ геолог мешавӣ, чаро ба дигар соҳа рафтӣ?» «Ҳамин тавр шуд» гуфту монд Халил ба муаллим.
Аммо ҳоло шод аст, ки ба шўъбаи геологӣ надаромад. Агар геологаш ҳамин бошад, ки падар хобу хўрро надониста, шабу рўз борхалта сари дўш кўҳ ба кўҳ гардад, то элементҳои Менделеев ихтироъкардаро аз кўҳҳои Тоҷикистон пайдо мекунад ва халқу ватанро суде мебахшад; оқибаташ чунин бошад, аз ҳама чиз безор. Магар кори ҳамонҳое хуб нест, ки ҳамин рўз як бурида нон пайдо кунанд, мехўранд ва пагоҳро худо подшост? Кори сояхусп беҳ нест, ки пой болойи пой гузошта рўболо умрро гузаронад ва донад, ки шаб ё рўз мирад? Вале деҳқонро чӣ азоб; падари ман баринҳоро чӣ зарурат, ки шабу рўз заҳмат кашанд, то мулк обод гардад? Як санглох сабзпўш шавад. Чунон ки Қосими ҷанговари ангуштонашро дар тир дода дар Навобод кард, чунон ки Мустафоқул селравро нохункаш боғ сохт. То онҳо ҳастанд, боғашон сабз хоҳад монд; баъди сарашон «ту дону ҳар хору хасе».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо