Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
мебошад, ки ҳамчун зинаи тайёрӣ ба эҷодиёти бадеии ӯ хизмат мекунад.
Бозӣ бо шавқу ҳавас ва таассуроти шахсии кӯдак алоқаманд аст.
Калонсолон набояд фаромӯш кунанд, ки бозӣ яке аз воситаҳои маърифати ҳақиқат, ба ҳам мувофиқ овардани муносибатҳои худ бо одамони гирду атроф ва ғайра аст.
Сол ба сол қобилияти фарқ намудани ҳақиқат ва фантазия дар кӯдак пурқувват шудан мегирад. Хаёли инкишофёфта таъсири таълиму тарбияро пурзӯр мекунад. Агар психологияи кӯдак ба ҳисоб гирифта нашавад, он гоҳ афсона ва бозиҳо пурра кӯдакро фаро мегиранд ва хулқу атвори номатлубро ташкил медиҳанд. Бисёр бозиҳо ба ҷараёни тахайюл ва ҳаяҷон мусоидат мекунанд ва агар онҳо зери назорат гирифта нашаванд, он гоҳ бадқасдона рафтор кардану бераҳмӣ барин хислатҳои характер ба вуҷуд омаданашон мумкин аст.
Хаёли кӯдак мазмун ва вазифаҳои махсус дорад. Бозиҳо ва фантазияҳои кӯдакон майнаи сари онҳоро доимо фаъол нигоҳ медоранд.
Ин ғизои аввалини ақлии кӯдак, кори аз ҳама муҳими он ба шумор меравад. Дар онҳо тақлидкунӣ ба он мубаддал мешавад, ки кӯдак чизеро худ ва ба таври худ эҷодкорона эҷод намояд. Дар хаёл ҷараёни мутобиқшавии кӯдак ба олам, маърифати олам ва муносибат ба он ба воситаи истифодаи ҳолату вазъиятҳо рӯй медиҳад.
Хаёли кӯдак нисбат ба хаёли калонсолон ғанӣ нест, вале бо гузашти солҳо вай такмилу инкишоф ёфтан мегирад.
Амал кардан дар майдони хаёл, дар вазъиятҳои сохтаю бофташуда, ба вуҷуд омадани хоҳишҳои ихтиёрӣ, нақшаҳои ҳаёт ва маромҳо – ҳамаи ин дар ҷараёни бозӣ зоҳир мешаванд ва психикаи кӯдакро ба дараҷаи баланди тараққиёт мебардоранд.
Дар рафти тараққиёт сохтусози ҳаракатҳо дигар мешаванд.
Мазмуни асосии ролҳоро қоидаҳои рафтори байни одамони калонсол ташкил медиҳанд. Кӯдак ҳангоми бозӣ ба олами

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор