Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

қонуну қоидаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсонӣ ворид мешавад. Қонуну қоидаҳо ба туфайли бозӣ сарчашмаи инкишофи ахлоқи кӯдак мегарданд. Бозӣ мактаби ахлоқ аст, вале он на ахлоқи дар тасаввур инъикос ёфта, балки ахлоқи дар амал ҷоришаванда мебошад.
Бозӣ дар ташаккули коллективи иттифоқ, мустақилӣ ва муносибати мусбат ба меҳнат ва барои ислоҳи баъзе рафторҳои ношоями кӯдакони алоҳида аҳамияти бузургро соҳиб аст.
Дар тараққиёти психикии томактабиён намудҳои гуногуни фаъолият, ба монанди фаъолияти тасвирӣ, нақшкашӣ, гаҷкорӣ, аппликатсия ва ғайра аҳамияти калонро моликанд. Дар ин давраи синнусолӣ азхудкунии унсурҳои фаъолияти меҳнатию таълимӣ ба вуҷуд меояд. Дар фаъолияти тасвирӣ идрок ва тафаккур, маҳорати на танҳо назар кардан, балки амиқ дидан ва биниши ранг тараққӣ мекунанд.
Томактабиён одатан он чизеро мекашанд, ки ба онҳо калонсолон пешниҳод намудаанд. Ҳангоми расмкашӣ мансубияти ҷинсии кӯдак фаҳмида мешавад ва бинобар ин мазмуни расмҳои писарон ва духтарон аз якдигар фарқ карда меистанд.
Нақшкашӣ, гаҷкорӣ ва аппликатсия ба ташаккули ба нақша даровардани фаъолият мусоидат мекунанд, ки ин минбаъд ҳангоми омӯзиши мақсадноки кӯдак зарур аст.
Омӯзиш дар ин давра дар шаклҳои гуногуни муоширати калонсолон бо кӯдакон сурат мегирад. Тадриҷан омӯзиш характери мақсаднокро мегирад, яъне кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ дар машғулиятҳое, ки аз рӯи барномаи махсус гузаронида мешаванд, таълим мегиранд. Ин омӯзиш барои азхудкунии унсурҳои фаъолияти таълимӣ, ташаккули шавқи маърифатӣ ва ғайра роли муҳим мебозад. Шавқу ҳаваси маърифатӣ дар кӯдак хоҳиши хондан ва доимо ба даст овардани донишҳои навро ба вуҷуд меоварад. Дар ин давра то андозае малакаи худназораткунӣ ва худбаҳодиҳӣ пайдо мешавад.

пешина
аз 223
навбатӣ