Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Фаъолияти меҳнатӣ, меҳнати истеҳсолӣ, ки ба офаридани маҳсулоти аҳамияти ҷамъиятӣ дошта равона шудааст, дар тараққиёти психикии томактабиён мавқеи муайянро ишғол мекунад. Томактабиён дар намудҳои фаъолияти эҷодӣ амал карданро ёд мегиранд, маҳорати дар пеши худ гузоштани мақсади муайян ва роҳҳои ба он ноилшавиро аз худ мекунанд. Ҳамаи ин аз тараққиёти психикии кӯдак ва аз ташаккули тайёрии ӯ ба таҳсил дар мактаб шаҳодат медиҳад.
Тараққиёти нутқ дар синни томактабӣ
Нутқи томактабиён вобаста ба вусъатёбии доираи муоширати онҳо бо калонсолон ва ҳамсолон хусусиятҳои муайян пайдо мекунад. Нутқ асоси дигаршавии протсессҳои психикӣ, воситаи тафаккур аст. Кӯдак дар охири синни томактабӣ ба фаҳмидани сохти нутқ сар мекунад, ки ин ниҳоят ба азхудкунии хондану навиштан мусоидат менамояд. Фонди луғавии томактабиён нисбат ба давраи ибтидоии бачагӣ тақрибан се маротиба васеътар мегардад ва ин на танҳо аз ҳисоби исмҳо, балки феъл, сифат, ҷонишин ва шумора низ ба амал меояд. Кӯдак ба таври амалӣ грамматикаи забони модариро аз худ мекунад ва аз уҳдаи тартиб додани ҷумлаҳои мураккаб баромада метавонад. Синни томактабӣ даврае мебошад, ки дар он як навъ ҳассосӣ ба ҳодисаҳои забонӣ зоҳир мешавад. Дар ин давра тез аз худ намудани забони дуюм, аз ҷумла забони хориҷӣ, рӯй медиҳад. Нутқи диалогӣ, монологӣ ва баёнӣ инкишоф меёбад.
Тараққиёти эҳсосии томактабиён дар ин давра рӯй медиҳад, инъикоси ҳиссии онҳо такмил меёбад ва илова ба он тасаввурот дар бораи хусусият ва алоқаю муносибатҳои предметҳою ҳодисаҳо пайдо мешавад, идроки пурраву равшани муҳити иҳотакарда ба вуҷуд меояд. Кӯдак дар

пешина
аз 223
навбатӣ