Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Ҳангоми тавсиф додани рафтору кирдори томактабиён ба ҳисоб гирифтани ҳаяҷонпазирии онҳо басо муҳим аст, яъне зуҳуроти зинда, самимӣ ва бевоситаи худи онҳо дар тамоми намудҳои фаъолият: бозӣ, машғулиятҳо, дар нутқ, дар муносибат бо одамон, дар зуҳуроти ҳиссиёт. Худро нигоҳ дошта натавонистан аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кӯдакони ин давраи синну сол худназораткунӣ, қобилияти боздоштани ҳаяҷонҳои номатлуб ба қадри кофӣ ташаккул наёфтааст. Томактабиён табиатан серҳаракат, зиндадил ва ноором мебошанд.
Бо мурури замон дар психикаи кӯдаки томактабӣ дигаргуниҳои чашмрас ба вуҷуд омадан мегиранд. Фаъолияти ӯ боз ҳам шууронаю муташаккилона мегардад, ба нигоҳ доштани ҳаяҷонҳои худ одат мекунад, ки ин ҳама ба зуҳурот ва ташаккули хислатҳои мусбати характер мусоидат менамояд.
Кӯдакон аз 6–7-солагӣ сар карда ба фаъолияти начандон мураккаби таълимӣ машғул мешаванд, яъне мехонанд, ҳисоб мекунанд ва дар айни замон ба омӯзиши системаноки мактабӣ омода мегарданд.
Солҳои охир ақидае қабул шудааст, ки кӯдаконро ба таҳсили мактабӣ бояд ҳаматарафа, яъне чӣ аз ҷиҳати тараққиёти ҷисмонӣ, чӣ ақлӣ ва чӣ маънавию иродавӣ тайёр намуд. Умуман, тайёрӣ ба мактаб протсесси мураккабу гуногунтараф аст ва дар он танҳо хондаю навишта тавонистан асосию басанда нест. Хусусияти асосӣ тараққиёти умумии кӯдак, дар дараҷаи зарурӣ ташаккул ёфтани на танҳо соҳаи маърифатӣ, балки эмотсионалию иродавӣ, инкишофи фардият, мизоҷ, характер ва қобилият мебошад. Бо ба мактаб омадан системаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо калонсолон ва ҳамсолон дигар мешавад, муносибатҳои кӯдак бо табиат, бо одамони дигар, бо худаш васеъ мешавад, ӯ ба олами донишҳо рӯ меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор