Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ МАКТАББАЧАИ ХУРДСОЛ
Тавсифи умумии мактаббачаи хурдсол ва фаъолияти таълимии он
Синну соли хурди мактабӣ (аз 7 то 11-солагӣ) ба давраи таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ мувофиқ меояд. Кӯдак то лаҳзаи ба мактаб омадан одатан ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати психологӣ ба давраи ҳаёти наву муҳими худ, ба иҷрои талабҳои гуногуне, ки мактаб ба ӯ пешниҳод мекунад, тайёр аст. Омодагии психологӣ ҳам аз тарафи объективӣ ва ҳам субъективӣ дида баромада мешавад.
Ба кӯдаки ҳафтсола хоҳиш ва кӯшиши хондан дар мактаб, тайёрии махсус ба шаклҳои нави муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо калонсолон хосанд. Шубҳа ба он, ки хондан зарур аст ё не, дар ӯ нест.
Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои анатомию физиологии мактаббачаи хурдсол ҳангоми ташкили кори педагогӣ дар синфҳои ибтидоӣ низ хеле муҳим аст. Чи тавре ки психолог Н.Д. Левитов қайд мекунад, фаъолияти таълимӣ дар ягон давраи синну соли мактабӣ чунон ки дар давраи хурди мактабӣ, дар алоқамандии зич бо ҳолати тандурустӣ ва тараққиёти ҷисмонӣ нест.
Тараққиёти ҷисмонии кӯдаки 7–11-сола нисбатан орому мунтазам аст. Афзоиши қаду вазн, тобоварӣ, ҳаҷми ҳаётии шушҳо ба дараҷаи кифоя мунтазам ва муносиб мегузарад. Системаи устухонии мактаббачаи хурдсол ҳанӯз дар дараҷаи ташаккулёбӣ мебошад, ба устухон табдил ёфтани сутунмӯҳра, қафаси сина, устухони кос ва дасту пой ҳоло ба дараҷаи тамомшавӣ нарасидааст, дар системаи устухон бофтаҳои тағоякӣ ҳоло бисёранд. Инро ба эътибор гирифтан ва доимо дар бораи тарзи нишаст, нигоҳ доштани қаду қомат ва тарзи роҳравии талабаҳо ғамхорӣ кардан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор