Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Протсесси сахтшавии устухони банди дасту ангуштҳо дар синни хурди мактабӣ ҳам пурра ба анҷом намерасад, бинобар ин ҳаракатҳои майдаю дақиқи панҷаю банди даст махсусан барои хонандагони синфи якум душвор ва хастакунанда аст. Мушакҳои дил дар ибтидо ҳоло сустанд, вале тез афзоиш меёбанд. Диаметри рагҳои хунгард нисбатан калон аст. Вазни майнаи сар дар синни хурди мактабӣ ба вазни майнаи сари калонсолон қариб наздик мешавад ва он ба ҳисоби миёна аз 1280 грамм (7-сола) то 1400 грамм (11-сола) меафзояд. Майна ҳам аз ҷиҳати вазифа такмил меёбад, вазифаи таҳлилию таркибии пӯстлоқ тараққӣ мекунад, таносуби протсессҳои ҳаяҷон ва боздорӣ тадриҷан дигар мешавад, гарчанде протсесси ҳаяҷон бартарӣ дошта бошад ҳам, протсесси боздорӣ пурқувваттар мегардад, вале мактаббачаҳои хурдсол ҳанӯз хеле ҳаяҷонпазир буда, бисёр амалҳои беихтиёр зоҳир мекунанд.
Аз рӯзи ба мактаб рафтани бача дар ҳаёти ӯ тағйироти муҳиме ба амал меояд. Тартиби ҳаёт, мавқеи иҷтимоӣ ва мавқеи ӯ дар синфу коллектив ва оила дигар мешавад.
Омӯзиш ба фаъолияти асосию пешбарандаи хонандаи синфи якум ва хондану ба дониш соҳиб шудан ба вазифаи муҳимтарини ӯ табдил меёбад. Омӯзиш меҳнати ҷиддие мебошад, ки дараҷаи муайяни муташаккилӣ, интизом ва кӯшиши иродавии кӯдакро талаб мекунад. Ба ӯ бештар на он чизеро, ки дил мехоҳад, балки он чизеро, ки зарур аст, иҷро кардан лозим меояд. Мактаббача ба коллективи барояш нав дохил мешавад, ки дар он 10 соли пурра зиндагӣ, таҳсил ва тараққӣ бояд кунад. Коллектив, дар навбати худ, аз бача талаб мекунад, ки дар ӯ маҳорати ба эътибор гирифта тавонистани манфиати коллектив мавҷуд бошад, ӯ қобилияти хоҳишҳои худро ба саъю кӯшиши умумӣ тобеъ намудан дошта бошад, коллектив инчунин нисбат ба якдигар серталаб будану ба якдигар ёрӣ расонидан, масъулияти коллективона доштан ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор