Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба дараҷаи баланди муташаккилӣ ва боинтизомӣ соҳиб будани бачаҳоро дар назар дорад.
Фаъолияти асосии мактаббачаро аз худ намудани дониш, маҳорат ва малака, ҷамъ кардани маълумотҳои мунтазам дар бораи табиат ва ҷамъият ташкил медиҳад.
Дар хонандагони синфи якум баъди ба вуҷуд омадани шавқу ҳавас ба натиҷаи меҳнати таълимии худ, шавқу ҳавас ба мазмуни фаъолияти таълимӣ ва талабот ба ҳосил намудани дониш ташаккул меёбад. Дар ҳамин асос дар мактаббачаи хурдсол мароми омӯхтан пайдо мешавад ва устувор мегардад.
Тараққиёти протсессҳои маърифатии мактаббачаи хурдсол
Фаъолияти таълимии мактаббачаи хурдсол ба куллӣ мақсаднок аст.
Хонандагон пеш аз ҳама бояд соҳиби малакаҳои хондан, навиштан ва ҳисоб кардан шаванд, ҳаҷми зиёди донишҳоро аз арифметика, забони модарӣ, таърих, ҷуғрофия, асосҳои элементарии геометрия ва ғайра аз худ намоянд. Дуюм ин ки доираи назар васеъ мешавад, шавқу ҳаваси маърифатҷӯии кӯдак тараққӣ мекунад. Дар баробари ин протсессҳои маърифатӣ инкишоф ёфта, мустақилияти фаъол ва фаъолияти эҷодӣ ташаккул меёбад. Ниҳоят, дар рафти фаъолияти таълимӣ бояд равияи таълимӣ, ҳисси масъулият ба омӯзиш, маромҳои олии ҷамъиятии омӯзиш ташаккул ёбанд.
Дар синфҳои ибтидоӣ фаъолияти таълимӣ пеш аз ҳама боиси тараққиёти протсессҳои психикии бевосита ба дониста гирифтани дунёи иҳотакарда нигаронидашуда – эҳсос ва идрок мешавад. Мактаббачаи хурдсол бо аниқӣ ва тозагии идрок, бо мавҷудияти шавқи донистагирии зиндаи ба худ хос фарқ мекунад.
Хусусияти хоси идроки ин талабаҳо фарқкунии ками он мебошад. Мактаббачаҳои хурдсол ҳангоми идрок намудани объектҳои монанд ва ҷудокунии онҳо ба норавшанӣ ва хатоҳо роҳ медиҳанд. Онҳо

пешина
аз 223
навбатӣ