Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
бозидан мегиранд. Инкор намудани хусусиятҳои аёнӣ-амалии тафаккур ба ҳодисаҳои маълум мебарад: ҳангоми якхела, яктарафа ё маҳдуд будани таҷрибаи аёнӣ ҷудонамоии аломатҳои муҳими абстрактӣ боздошта мешавад.
Аҳамияти ҷиҳатҳои конкретию образии тафаккур дар он зоҳир мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо таъсири таассуротҳои ҳиссӣ нисбат ба таъсири калимаҳо пурзӯртар аст. Баъзе наврасон ба мафҳум таърифи дуруст дода, аломатҳои муҳими онро номбар намуда, ҳангоми истифодабарии маҳз ҳамин фаҳмишҳо ба аломатҳои дигар, номуҳими ба таври аёнӣ идрокшуда такя мекунанд.
Дар синну соли наврасӣ дар зери таъсири кори тарбиявию таълимии мактабу муассисаҳои берун аз мактабӣ, дар зери таъсири асосҳои илмро омӯхтани наврас қобилиятҳои бачаҳо ба ин ё он намуди фаъолият ба ташаккулёбӣ сар мекунанд ва равшан зоҳир шудан мегиранд. Ин ҳодиса ба он алоқаманд аст, ки маҳз дар синни наврасӣ шавқу ҳаваси устувор, чуқур ва амалӣ пайдо мешавад, муносибати шуурона ва фаъолона ба олами иҳотакарда ташаккул меёбад, тафаккури эҷодию мустақил тараққӣ мекунад.
Дар навбати аввал қобилиятҳои мусиқӣ, бадеӣ-тасвирӣ, адабию эҷодӣ равшан зоҳир мешаванд. Бо омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазами математика қобилиятҳои математикӣ ташаккул меёбанд. Дар асоси омӯзиши математика ва физика дар наврасон қобилиятҳои тарҳкашию техникӣ ташаккул ёфтан мегиранд.
Дар охир суханони педагоги машҳур В.А. Сухомлинскийро меорем, ки синну соли наврасиро ҳамчун таваллуди дуюмбораи инсон тавсиф медиҳад: «...Инсон бо дуюмбора таваллуд ёфтанаш дар бораи худ тамоман ба таври дигар мегӯяд: «Ба ман ғамхорӣ накунед, аз паси ман нагардед, маро бо парпечҳои нигоҳубин ва нобоварӣ напечонед, ҳатто

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор