Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
будан, исботкунандагӣ ва танқидии ақл сифатҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд.
Донишдӯстӣ ва кунҷковӣ. Ин сифатҳои ақлу хирад дар талаботи дониста гирифтани чизи номаълум, фаҳмидани он чизи наву ғайримуқаррарие, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи ҳаёти одам вомехӯрад, зоҳир мешаванд. Одами донишдӯст шахсест, ки мудом кӯшиши донистани чизи нави дар ҳаёт рӯйдодаро мекунад. Одами кунҷков ҷаҳду кӯшиш мекунад, ки предметро ҳамаҷиҳата дониста гирад, ҳодисаҳои асосии пеш аз ин номаълум ва сабабу сарчашмаҳои ба вуҷуд овардаи онро муайян кунад. Ин сифатҳои ақл, ки аз устуворӣ ва ҳартарафагии шавқу ҳавас ва ҳиссиёти одам, аз хоҳиши боз ҳам бештару хубтар донистани олами иҳотакарда дарак медиҳанд, таваҷҷуҳи томи одамро ба ҳодисаҳои дар атрофи ӯ рӯйдода бедор мекунанд.
Амиқии ақл яке аз сифатҳои муҳимтарини инсон – маҳорати дар назди худ гузошта тавонистани саволу проблема, қобилияти ҷудо карда тавонистани масъалаҳои асосӣ аз дуюмдараҷа, кушодани моҳияти ҳодиса, муайян намудани алоқаҳои заруртарини байни ҳодисаҳо мебошад. Одаме, ки ақли амиқро дорад, бо донишҳои сатҳӣ қонеъ намегардад, кӯшиши кушодани тарафҳои ба дигарон номаълуми ҳодисаро мекунад, алоқаҳои фактҳои дар айни ҳол омӯхташавандаро бо дигар ҳодисаҳои ба худи ӯ маълум муайян менамояд. Аз ин рӯ ақли амиқ бештар бо кунҷковӣ зич алоқаманд аст.
Моҳирӣ ва зудии ақл. Одам барои ҳалли ҳар гуна масъала таҷрибаи худро ба таври васеъ ва гуногун истифода мебарад. Чунин одам маҳорати сафарбар карда тавонистани донишҳои гуногунро барои ҳалли масъалаҳои конкретӣ дорад. Ӯ метавонад аз алоқаҳои пеш муқарраршудаи ҳодисаҳо дур шавад, ба осонию сабукӣ алоқаҳои нав ба навро муайян намояд, мафҳум, образу қонунҳои шиносро ба муносибатҳои нав низ ҳамроҳ кунад, предметро аз нуқтаи назари нав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор