Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

буданаш дида барояд ва бо муқоиса намудани фактҳои ҷузъӣ хулосаҳои муҳим барорад.
Қобилияти зуд ба вазъияти мураккаб сарфаҳм рафтан, зуд андеша намудан ва бетаъхир қабул намудани қарори дуруст зудии ақлро тавсиф медиҳад. Одамони тезақл зуд моҳияти ҳодисаро сарфаҳм мераванд, бо осонӣ роҳи нави ҳалли онро муайян мекунанд ва хулосаҳои муҳим мебароранд. Ин ҳама зудӣ, серҳаракатӣ ва бесобиқа будани ақлро ифода мекунад.
Мантиқӣ будани ақл. Ин сифат ҷараёни протсесси фикрӣ, пеш аз ҳама муносибати амалҳои фикрии таҳлилу таркибро муайян мекунад.
Аниқ будани мақсади фаъолияти фикрӣ, пайдарпайӣ ва мантиқӣ будани он, мувофиқат кардан ба масъалаи гузошташуда, муқоисаи дурусти ҷиҳатҳои хурду калони ҳодиса ба одам имконият медиҳад, ки рафти ҳодисаҳои ояндаро (ё гузаштаро) муайян кунад.
Исботкунандагӣ ва боэътимодии тафаккур. Аз хусуси исботкунандагӣ ва боэътимодии тафаккур он вақт сухан гуфтан мумкин аст, ки одам аз байни донишҳои худ барои асоснок кардани фикраш далелҳои зарурӣ ва боэътимодро ҷудо карда тавонад.
Хусусияти дигари ақлу хиради одам хаёл мебошад, ки хосияти пурқиммати психикии одам ба шумор меравад.
Вақте ки ҳодисаҳои ба худамон рӯйдодаро ба хотира меорем, формулаю қоидаҳои пеш азхудкардашударо аз нав ҳосил мекунем – ин ҳама фаъолияти хотираи моро ташкил медиҳад. Аммо аксари мо ҳодисаҳои аз ин пеш рӯйдодаро на танҳо аз нав ҳосил мекунем, балки онҳоро ҷамъбаст намуда, хусусиятҳои асосиро ҷудо менамоем ва аз дуюмдараҷаашон сарфи назар мекунем, яъне ба кори майнаи сар унсури фаъолияти эҷодӣ низ ҳамроҳ мешавад. Коркарди эҷодии

пешина
аз 223
навбатӣ