Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
таҷрибаи гузашта чизи навро меофарад. Сохтани чизи нав хаёл мебошад.
Моҳияти хаёл дар он ифода меёбад, ки тасаввурот ва донишҳои пештар дар одам ҳосилшуда аз тарафи ӯ аз нав ҳосил карда мешаванд ва дар асоси онҳо дар хаёли худ образҳои нав меофарад.
Хаёл дар ҷараёни меҳнат ҳангоми пешбинӣ намудани натиҷаи фаъолият ба вуҷуд омадааст ва дар он тараққӣ кардааст. Хаёл ҳатто дар фаъолияти на чандон мураккаби одам низ иштирок мекунад. Ба туфайли хаёл ҳудудҳои маърифати ҳақиқат аз тарафи одам васеъ мешавад. Одам бо воситаи ин протсесс он чизеро, ки бевосита идрок намекунад, дониста мегирад, гузаштаю оянда ва фикри одамони дигарро маърифат мекунад.
Хаёл ва маърифат якҷоя бо фаъолияти эҷодии одам ба ӯ барои дигаргун сохтани олами атроф, офаридани олоти нави меҳнат ва ошкор намудани қонуниятҳои аз ин пеш ба ӯ номаълуми табиату ҷамъият ёрӣ мерасонад. Тадқиқотҳои илмӣ низ дар асоси фаъолияти хаёл сурат мегиранд, ки он барои санҷиши фарзияҳо, аниқ намудани идеяҳо, тасаввур намудани ҷараёни пурраи тадқиқот ва натиҷаи он зарур аст.
Эҷодиёти нависандагон, рассомон бе протсесси хаёл имконнопазир аст. Офаридани образҳои қаҳрамонон ва рафтору кирдори онҳо бо ёрии хаёл ба амал меояд.
Намудҳои хаёл. Образҳое, ки бе кӯшишу мақсади махсуси мо беихтиёр ба вуҷуд меоянд, шакли оддитарини хаёл мебошанд.
Хаёли ихтиёрӣ дар мавридҳое зоҳир мешавад, ки образҳо ё фикрҳои нав дар натиҷаи нияти махсуси чизеро хаёл кардан ба вуҷуд меоянд.
Яке аз шаклҳои ифоданоки хаёли беихтиёр хобдидан мебошад, ки идора намудани он ғайриимкон аст. Хаёлро аз рӯи мустақилӣ, оригиналӣ ва характери эҷодӣ доштанаш баҳо медиҳанд. Аз ҳамин нуқтаи назар хаёлро ба хаёли азнавсозӣ ва эҷодӣ ҷудо мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор