Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

[21] Ва ба шумо бинамоем (нишон бидиҳем) ки чӣ гуна дев аз дасти Йаздон кушта бишавад».
[22] Апароҳими миҳтарин аз дабирон бар фравартак муҳр бигзошт ва Видрафши ҷодуву Номхости Ҳазорон фравартак пазируфтанд ва ба Виштоспшоҳ намоз бурданду бирафтанд.
[23] Ва пасон Виштоспшоҳ ба Зарири бародараш фармон дод, ки ба (хотири) Йалон Бағон андар куҳе буланд бифармой то оташ кунанд (афрузонанд)».
[24] «Шаҳро азд бикун (огоҳ бикун, хабар бидеҳ), ки ба ҷуз марди муғе, ки оташи Баҳоромро биҷӯяд (маросими парастиши Оташи Баҳромро ба ҷо меорад) ва ба ӯ йазд (қурбонӣ) меорад ҳич марде аз 10-сола то 80-сола ба хонаи худ намонад».
[25] Идун (ҳамин тавр) кунед, ки моҳи дигар (ҳама) ба дари Виштоспшоҳ биёянд ва ҳар ки агар намеояд, мефармоям то ба дораш бикашанд».
[26] Пас ҳама мардумро аз мунодиён азд (огоҳӣ) омад ва ба дари Виштоспшоҳ омаданд ва сипоҳ(е) оростанду табл заданд ва ной (дуҳул) навохтанд ва «каждум» [гуфта] бонг карданд.
[27] Онҳо корвон карданд (оростанд) пилбон бо пил барафту шутурбон-бо шутур, марди вартиндор (гардунакаш) бо вартинаш бирафт.
[28] Бас бисёр буд авзоли ҷангии (силоҳи) сипоҳиён, тирдонҳои пуртир ва бас зиреҳи рушан (ҷилодор, пурҷило) ва бас зиреҳи чаҳоркард.
[29] Ва карвони Ироншаҳр идун буд, ки бонгиш ба осмон бирафту пояш ба дӯзах расид.
[30] Ба роҳе, ки [сипоҳи ирониён] гузашт, дигар касногузар гашт, аз обе ки гузашт, то як моҳ дигар он обро хӯрдан имконнопазир бишуд.
[31] То панҷоҳ рӯз рушанӣ гашт, мурғон нишеман (лона) намедиданд, ба буши аспону буландии куҳҳо найза нишонданд, аз гарду дуд шабро аз рӯз шинохтан намешуд.
[32] Пас(он) Виштоспшоҳ ба Зарири биродараш фармон (би)дод ки «хайма бизан то ирониён низ ҳама хайма бизананд ва мо бидонем ки шаб аст ай рӯз».
[33] Пас Зарир аз вартин (гардуна) берун омаду хайма бизад ва ирониён низ ҳама хайма заданд ва гарду дуд бинишасту ситорагону моҳ ба осмон пайдо гаштанд.
[34] Пас 300 ресмону мехи оҳанин заданду ба ҳар кудомаш 300 ресмон бастанд ва ба ҳар 300 ресмону мех 300 диройи зарин овехтанд.
[35] Пас Виштоспшоҳ ба кайгоҳ (тахти шоҳӣ, кай) бинишасту Ҷопоспи битахшро ба пеши [худ] бихонду гуфташ, ки «Ман медонам, ки ту Ҷомоспи [марди] доно, невак, (бо ниванди рушан) ва шносак (фарҳихта, ҳамаро шикосанда?)».
[36] Инро низ медонӣ, ки чун (агар) даҳ рӯз борон [пайдарпаӣ, мутассил] меборад, чанд сиришк (қатра) ба замин мерасаду чанд сиришк болои сиришки дигар.
[37] Инро низ медонӣ, ки чун (агар) гиёҳҳо мешукуфанд, гули кудоми он рӯз бишукуфад, кудомаш шаб, гули кудомиш фардо.
[38] Инро низ медонӣ, ки кадом абр борон меорад кудомиш борон надорад.

пешина
аз 314
навбатӣ