Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

[39] Инро низ медонӣ, ки фардо рӯз чӣ хоҳад буд дар он разми Виштоспшоҳ бар зидди Ажидаҳок-аз писарону буродарони ман, ки кайи Виштоспшоҳам кӣ мезияд кӣ мемирад?
[40] Ҷомоспи битахш (ҳаким) гуфт, ки «кошки ман аз модар зойида намешудам ай зода мешудам пеш аз сар омадани рӯзгорам (?) бимурдам ай мурғе мебудам, ки ба дарё меуфтодам, ай шумои гиромӣ ин пурсиш аз ман намепурсидед ва чун пурсидед, ман хоҳише дигар надорам ҷуз рост гуфтан.
[41] Шумои бузург (гиромӣ), агар мехоҳед ба сухани хеш равон баред (бибахшед) фаррии Ҳурмузду дини Маздеснон ва ҷони Зарери биродаратон савганд хуред(…) ки маро намезанед ва немекушед… то ман бигӯям, ки дар разми Виштоспон чӣ хоҳад буд».
[42] Пас Виштоспшоҳ гуфт, ки «ба фарри Ҳурмузду дини Зартушт ва ҷони Зарири биродар савганд мехӯрам, ки туро намезанам, намекушам ва низ туро намеозорам».
[43] Пас Ҷомоспи битахш (ҳаким) гуфт, ки «агар шумои бузург бихоҳед (бифармоед), ин сипоҳи бузурги Ироншаҳр аз иқоматгоҳи подшоҳ ба масофаи парвози тир бифармоед дуртар ҷой гузинад».
[44) Пас Виштоспшоҳ бифармуд ки сипоҳи бузурги ирониён ба масофаи парвози тир дуртар ҷойгузин шуд.
[45] Пас Ҷомоспи битахш гуфт, ки «биҳтар будӣ, агар ӯ аз модар зода намешуд ва аз модар агар ҳам зода мешуд, бад-ин рӯз намерасид.
[46] Фардо руз чун пайкор мекунанд таг бар таг ва гуроз бар гуроз (гурд) бас модарон беписар мемонад, бас писарон - бепадар ва бас бародар - бебародар ва бас зани шӯдор - бешӯ мемонад.
[47] Пас бораки (асп) хийунон дар миёни корзор бо шиҳаи буланд сувори хешро мекобад ва намеёбад.
[48] Хушбахт он бувад (Биҳтар ин аст ки набинӣ) ки чӣ тавр Вадрафши Ҷоду биёяду ба разм биёмезад ва гуноҳ кунад ва он таҳам сипаҳбади Зарир – биродарат бикушад ва он бораки сиёҳи оҳанинаш бибарад.
[49] Ӯ Номхости Ҳазорон биёяду ба разм даромезаду (разм биёвараду) гуноҳ (содир) кунад ва он Подхусрави артавии маздеснони (маздопарасти) бародари туро бикушад ва бораки ӯ бибарад ва боз он Номхости Ҳазоронро».
[50] Чун Виштоспшоҳ ин сухан шунид аз парононгос (тахт) ба замин уфтод.
[51] Ва ба дасти чапаш корд ва ба дасти росташ шамшер гирифт то Ҷопоспро бикушад ва гуфташ, ки «Ай шумхабар, дуруст ҳич намегӯӣ, чи туро модар ҷоду буд падарам – друҷон.
[52] Агар ту инро то савганд хурдани ман ба фарри Ҳурмузди Бағу дини мазденону ҷони Зарири бародар мегуфтӣ, туро бо ин шамшери дутеғу корд сар бурида будам ва ба замин афганда».
[53) Пас Ҷомосп гуфт ки «агар шумои бузург биписандед, аз ин хок бархезед боз ба кайгос (тахти) худ бинишинед чӣ моро боистӣ ин суханҳо намегуфтам».
[54] Виштоспшоҳ бар нахост ва нанигарист… [55] Пас он таҳам сипоҳбади таг Зарир бишуду (биомаду) гуфт, ки «агар шумои бузург писандед, аз ин хок бархезед боз бар кайгос (тахт) бар нишинед, чи ман фардо ба корзор биравам ва аз лашкари хийунон 15 бевар (15 000) бикушам».

пешина
аз 314
навбатӣ