Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
[56] Виштоспшоҳ бар нахост боз нанигарист… [57] Пасон Потхусрави артавии маздопараст (маздеснон) гуфт, ки «агар шумои бузург писандед, пас аз хок (замин) бархезад ва боз ба кайгос (тахт) бар нишинед, чи ман фардо руз ба корзор бишавам ва бо сипоҳиёни хеш 14 бевар хийунонро бикушам».
[58] Виштоспшоҳ бор нахост боз нанигарист… [59] Пасон Фрашварди писари Виштоспшоҳ бишуду (биё-маду) гуфт ки «агар шумои бузург писандед, аз хок бархезед ва боз ба кайгос (тахт) бар нишинед, чи ман рӯзи фардо (ба корзор) бишаваму бо сипоҳи хеш 130 бевар хийуниро бикушам».
[60] Виштоспшоҳ бар нахост ва боз нанигарист. [61] Пас он яли так Сипандадод бишуду (биёмад) гуфт, ки «агар шумои бузург писандед, пас аз хок бархезед боз ба кайгос (тахт] бар нишинед, чи ман рӯзи фардо (ба корзор) бишавам ба фарри Ҳурмузди Бағу (Бузургу) дини Маздеснон ва ҷони шумо Бағ (Бузург) савганд мехӯрам, ки аз он разм хийуниро ҳич зинда набиҳилам (раҳо намекунам).
[62] Пас Виштоспшоҳ бархосту боз ба кайгос (тахт) (бар) нишаст ва Ҷомоспи битахшро пеши худ хонду гуфт, ки «шумо ба ин чӣ мегӯед?
[63] Чи ман дизе руйин бифармоям кардам (сохтан) ва диждарбандҳои (дарвозаҳои) онро симин бифармоям кардан (сохтан), ҳама писарону буродарону воспуҳракон (шоҳзодагон, озодагон) андар он диз бифармоям андохтан то он ҷо бибошанд ва аз дасти душманон бираҳанд».
[64] Ҷомоспи битахш гуфт, ки «агар диже руйин бифа-ромоӣ кардан ва дижбандҳои онро симин бифармоӣ кардан ва бар онҳо писарон бародарону воспуҳракон ва худ ту шаҳриёри хуҷиста Виштоспшоҳ тӯйи он нишастан бифармоӣ, пас чӣ тавр душманро боздоштан аз даромадан ба шаҳр метавонӣ?
[65] Кӣ метавонанд? Агар он таҳам сипаҳбади так Зарири бародари ту ки ба корзор нашаваду 15 бевар хийунро накушад, ӯ Потхусрави артавии маздеснон ки ба овардгоҳ нашаваду 14 бевар хийунро бикушад ва он Фрашоварди пури ту ки ба размгоҳ нашавад ва 13 бевар хийунро накушад?
[66] Виштоспшоҳ гуфт (пурсид) ки «чанд тан акнун аз хийунон меояд… ва аз ишон чанд бимирад ва чанд [ба]кишвара-ш] бигардад?»
[67] Ҷомоспи битахш (ҳаким) гуфт ки «аз 13 бевар (сездаҳ раҳ даҳ ҳазор) хийун ки бори нахуст меояд, зинда касе бар нагардад ба кишваршон ба ҷуз аз Арҷосии Хийунонхудой…
[68] Ва [дар ниҳояти кор] ӯро низ Спиндадод бигирад (дастгир) бикунаду дасту пойу гӯши ӯ бибурад ва чашмаш ба оташ бисӯзонад ва ба харе думбурида барнишонад-ш ва ба шаҳраш бифиристад ва бад-ӯ чунин бигӯяд: «Бираву бигӯ, ки чӣ дидӣ аз дасти Спиндадоди йал?»».
[69] Ва пас ӯ Кай Виштоспшоҳ бигуфт, ки «Агар ҳама писарону бародарон ва шоҳзодагони мани Кай Виштоспшоҳ ва […биродарону шоҳзодагони] Ҳутос, ки хоҳару зан бувад ки аз писар то духтар 30 [нафар] зода, ҳама бимиранд, пас биёед ин дини вижаи Аҳурмузд напазирем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор