Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан- Ва бад-ин низ бегумон будан, ки бунёд дутост: яке офаридагору яке миронанда9. Аз он офаридгор – Ҳурмузд ҳама некӣ ва ҳама рӯшноист. Аз он менуи нобудкунанда – Аҳриман ҳама бадиву пурмаргиву Дуруҷи10 фирефтор. Ва бад-ин чанд бегумон будан, ҷуз Сушиянс ҳафт Кай11 ҳама мирандаанд.
- Ва ба кандани ҷону табоҳ шудани тан ва омори рӯзи чаҳоруми пас аз растохез, гузаштани пули Чинводу омадани Сушиянс ва кардани растохезу зиндагии ҷовидонаи пас аз растохез.
- Ва доду адлу ҷавонмардиву дини нахусткешӣ ва андешаи некиву забони ростӣ ва дасти хуб варзида доштан.
- Бо ҳама некон бо доду адли ҷавонмардӣ истодан. 19-20. Оштиву бо ҳама будан дар ҳама кору кирдори нек. Бо ҳама некон барои доду адли хубу ростин истодан.
- Бо ҳар ки буд ва ҳар ки бувад ва ҳар ки ҳаст, дар кори савоб ҳамроҳ ва ҳамдастон будан.
- Он кори савоб, ки барои доду адл кунанд, бартар оянд аз он ки барои хеш кунанд. Аз он росткирдортар буванд.
- Ва гуфта шуда, ки дини беҳинимаздаяснон, ки пазируфта шуд, бад-у бегумон барои дӯст доштани тану ҷон ва барои беҳ зистану беш зистан ва барои баргардиши ҳуш аз тан аз дини беҳини маздиснон боз наистам. Бад-он бегумонам ва кешҳои дигар наситоям ва майл накунам ва ба онон бовар накунам.
- Чи пайдост, ки аз андешаҳову гуфторҳову кирдорҳо, кирдор шумор дорад.
- Дигар он чӣ, ки диданӣ нест: андеша нагирифтанӣ ва кирдор гирифтанист.
- Бинобар он, мардумонро аз рӯи кирдор гиранд. Дар тани мардумон ин се роҳ ниҳода шудааст.
- Ба ин се роҳ се мену ҷой ва се (деви) дуруҷ роҳ дорад. Дар андеша Ваҳуман12 ҷой ва хашм роҳ дорад, дар гуфтор хирад
ҷой ва оз13 роҳ дорад, дар кирдор Спеномену14 ҷой ва Ганомену15 роҳ дорад. - Мардумон дар ин се роҳ сахт истанд, барои чизу хоставу молу орзуи дунё музди менуро набояд гузошт.
- Зеро мардум, ки ин се пас, ки гуфтам бар тани хеш бипоянд, андешаро аз душмат, гуфторро аз душҳухт ва кидорро аз душҳуваршт бираҳонанд.
- Он гоҳ сипосгузор будан, ба сипосдорӣ инро метавон кардан, ки равон ба дӯзах нарасад.
- Чи мардум, ки аз пушти падар ва аз ишками модар шаванд, он гоҳ Астивдод банде ба менуӣ16 бар гардани ӯ афканад, ки то поёни зиндагӣ он банд на ба менуи нек ва на ба менуи бад аз гардан гирифтан натавонад.
- Аммо он парҳезкорро ба кирдори неки хеш пас аз даргузаштан он банд аз гардан биафтад ва он дурӯғпешаро (Аствиҳод) бо он банд ба дӯзах кашад.
- Ҳар киро, ки дар ин ҷаҳонанд, чанд тан ситоише кардан бояд, гуноҳи дасту пойро донистан бояд. Ҷуз онон, ки кар ё гунганд, ҳамчунин онон, ки ёрои кардани онро надоранд. Он дигаронро бояд ба ҳирбадистон кардан ва Занд бидонистан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор