Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Падару модар бояд ин кору кирдори некро ба фарзанди хеш пеш аз понздаҳсолагӣ биомӯзанд. Чун вай ин чандтои онро биомӯхт, ҳар кору кирдори нек, ки фарзанд кунад, падару модарро низ расад ва чун вай наомӯзад ва фарзанд ба меҳтарӣ гуноҳ кунад, падару модар дар бунёди ин кор бувад.
- Ба кори нек ҳамдостон17 ва ба гуноҳ ҷудо ва ба некӣ сипосдору, ба бадӣ хуш ва ба нохушӣ бурдбор, дар кори дин кӯшо бошед.
- Ва аз ҳама гуноҳ дар тавба бошед. Гуноҳе, ки каффора шавад ба худ дар як фарсах низ мегузоред.
- Ва озу (ҳирс) орзуи бад бо хирад бизанед. 38. Озро ба хушӣ ва хашмро ба фармонбардорӣ ва рашкро ба некбинӣ ва ниёзро ба чокарӣ, нооштиро ба оштӣ ва дурӯғро ба ростӣ бизанед.
- Бидонед, ки ҷои биҳишт беҳу шаҳри мену хуррамтар ва кишвари осмон равшантару хонаи рӯшноӣ – гарудмон ва нерӯи мӯъҷизаосои кори нек умеди камтар ба тани вопасин, ки гузарон нест.
- Бадонро ба тавонгариву нерӯ маситоед, чи аз ситоиши бад бадӣ ба тан шавад ва некӣ дур гардад.
- Ба фарҳанг хостан бикӯшед, чи фарҳанг тухми дониш, бори вай хирад ва хирад ороиши ҳар ду ҷаҳон (аст).
- Гуфта шуда, ки фарҳанг дар фаровонӣ ороиш ва дар шигифтӣ поянда ва дар бадбахтӣ дастгир ва дар тангӣ пеша аст.
- Ба ҳеҷ кас афсӯс (тамасхур) макунед, чи марди афсӯсгар худ масхара шавад, шукӯҳи вай нобуд ва худи вай нафринзада бувад ва ононро ҳам фарзанди шоистаи сипоҳӣ бувад.
- Ҳар рӯз барои гуфтугузор ба анҷумани беҳдинон шавед, чи он ки ба анҷумани беҳдинон шавад, накӯкорӣ ва росткирдорӣ беш бахшандаш.
- Ва ҳар рӯз се бор ба оташгоҳ шавед ва оташро ситоиш кунед, чи он ки ба оташгоҳ бештар равад ва оташро беш ситоиш кунад, он гоҳ молу росткирдорӣ беш бахшандаш.
- Аз озори падару модар ва сардор сахт бипарҳезед, то тан бешукӯҳу равон гунаҳкор набувад.
- Бидонед, ки аз табоҳкории бешуморе, ки менуи табоҳкори дурӯғпеша18 анҷом диҳад, сеи он гаронтаранд: бастани биниши чашму нашунидани гӯш ва се дигар дурӯғи нооштӣ.19
- Чунон ки пайдост, бинобар ин, хуршед ҳам ҳар рӯз се бор ба мардумони ҷаҳон фармон диҳад.
- Бомдод ин гӯяд, Ҳурмузд ба шумо, ки мардумонед ҳамегӯяд, ки ба кору кирдори нек кардан бикӯшед, то ман зиндагии гетиро барои шумо дар миён кунам.
- Нимрӯз ин гӯяд, ки дар зан хостану фарзанд парвардан ва дигар кор бикӯшед, чи то вопасин тан менуи табоҳкору бишудагон аз ин офариниш ҷудо набуванд.
- Шом ин гӯяд, ки аз гуноҳе, ки кардед пушаймон бошед, то ман шуморо биомурзам. Чунонки пайдост, чун рӯшноии хуршед, ки ба замин расид, гуфтори вай ба замин ояд.
- Дар ҷаҳони моддӣ дар пиндору гуфтору кирдор дурӯғ наандешед ва нагӯеду накунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор