Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  1. Ба нерӯи Яздон ва роҳи хирад дар омӯзиши дин аз рӯи зеҳн бикӯшеду бингаред. Ва бингаред, ки пас аз он ки арзиши кори нек чунон бузургу бекарон бувад, менуи табоҳкор пинҳонӣ бадӣ андешад ва Ҳурмузд ошкоро чунин кӯшад. Он ки аз дин огоҳ аст, он гоҳ дар кору кирдори нек кардан кӯшо ва бегумон бувад.
  2. Дар поёни ин ҳазора бадии бешумор ба дин расид ва оини маздояснӣ осеб ёфт ва бедодӣ ба дин беш гашт, доду дин ва андешаи девон ошкор гашт. Чунин (аст) нишони ин завол: нобудии замон, паймоншиканӣ, девпарастӣ, баҳраи душманони дин, аз миён рафтани умед ва офаридагони нек аз вайронгарони чандин пайванди кишвари доду адли Ҳурмузд. Чун ҳар кас (аз роҳи) оштӣ бо Ваҳуман ба меҳтарӣ расад, бо омӯзиши дин хирадро озмоиш кунад ва ба дарёфти хирад роҳи росткориро бишносад ва аз роҳи родӣ равонро шод гардонад, ба некбинӣ ба ҷои баланд расад ва бо ҳунар номвар гардад ва бо фурӯтанӣ дӯст андӯхта бошад ва бо бурдборӣ умедвор гардад, бо хӯ некӣ андӯзад ва бо парҳезкорӣ роҳи равшани биҳиштро бисозад ва он ҷо аз кирдори неки хеш аз самари он бихӯрад.
  3. Тани миранда барои равон биандеш. Кори нек кунед, чунки равон ҳаст, на тан, мену ҳаст, на гетӣ.
  4. Барои бузургии тани хеш равонро магузоред ва фаромӯш макунед.
  5. Барои бузургии касе ва гузаронии моли дунё низ. Бад-он чи ки тан ба каффораи гуноҳ ва равон ба ҷазо расад, ком мабаред. Ба он чиз ком баред, ки самари он ҳамеша писанд ва худ оромбахшанда бошад.
  6. Ва неккирдорӣ варзидан аз кӯшиш, дархост аз ҳадя, ҳадя аз хоҳиш, хоҳиш аз ҳуш, ҳуш аз дониши менуӣ: дониш он абзорест, ки ҳаст, буд ва бувад.
  7. Бад-ин гуна дониста мешавад вироиши низоми нави омӯзгори чизҳо, оростанда он чи сазад кардан; вироиши суди ҳама дар офариниши ҳар ду ҷаҳон (аст).
    Анҷом пазируфт бо дуруду шодӣ ва ромиш.
    АНДАРЗИ ДАСТУРОН БА БЕҲДИНОН1
  8. Мардуми беҳдинро пайдост, ки дастурон гуфтаанд, ки мардумонро ҳар рӯз ба ушбом се дӯруҷ пешояд, чун нопокӣ, коҳилӣ ва беимонӣ.
  9. Дар дин гуфта шудааст, ки ҳар гоҳ пеш аз он ки хуршед барояд, дастро бо гамизговон бишӯед (ва пас аз он) бо об бишӯед, дуруҷи нопокӣ зада шавад2 ва барои равон он гуна судманд аст, чунон ки онро ба баршнум шустай.
  10. Ва ҳар гоҳ ба мони оташон3 шӯед ва оташи ниёиш кунед, дуруҷи коҳилӣ зада шавад.4
  11. Ва ҳар гоҳ ба нерӯи Яздон ниёиши хуршед карда (шавад), дуруҷи беимонии дин зада шавад.
  12. Дастурон гуфтаанд, ки: се (даста аз мардумон) андар гетӣ ҳастанд, ки барои эшон рӯзӣ муқаддар нашудааст, онҳо ба ситамбагӣ аз гетӣ ҳамеситонанд ва хӯранд, барои онон ба (ҳангоми) тани пасин омор сахт бошад.
  13. Яке он мардум дар аёнҷӯш5 ва дигарон, ки коҳил аст ва сеи дигар он бадчашм.
пешина
аз 314
навбатӣ