Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Дар аёнҷӯшӣ он гуна шигифт аст, ки ҳар гоҳ он мардум дар аёнҷӯш ҳамехӯрад ва ҳамедарояд, ҳазор дев ба нерӯи ӯ обистан шавад, биюр6 дев ба нерӯи ӯ бизояд ва дамаш аз зифр7 ва кандагии ӯ ба гирудмон, назди Ҳурмузд шавад ва мазаи чошнии он хӯриш ба Аҳриман ва девон расад ва Хурдод ва Мурдод8 бар тани ӯ нафрин кунанд, ки ту аз Хурдод ва Мурдод беш (аз ин натвонӣ) дар аёнҷӯшӣ кунӣ.
- Дигар дастурон гуфтаанд, ки мардум марги арзонро ба (монанди) зиндагон хӯриш додан (ба) оин аст ва мардуми коҳилро (хӯриш) додан (ба) оин нест.
- Се дигар бадчашм мардум он гуна шигифт аст, ки равшании хуршед ва моҳ (аз бадчашмии ӯ) кам ва тозиши9 об кам ва рӯйиши гиёҳон кам (шавад).
- Бадчашм он бошад, ки ӯро аз некии касон душворӣ бувад.
- Шӯрчашмонро он гуна пайдост, ки нисбат ба ҳар кас чунин бувад бо тану моли хеш беҳтар (ва) бо он касон бадтар.
- (Агар) пурсида (шавад), ки чӣ касе хравстаронро ҷон андар кард.
- Гуфта шавад Ҳурмузд, ӯ бад-ин сабаб кард, зеро (замоне ки) Аҳриман тани хравстарро сохт, ҳаҷҷаҳпаймон ба Ҳурмузд дарояд, ки (ё) эшонро ҷон андар кун ё дар ғайри ин сурат паймонро мӯҳр накунам.
- Ва Ҳурмузд барои ин ки (дар ҳангоми) тани пасини маҳи додситонӣ (ба) шоистагӣ анҷом пазирад, хравстарро ҷон андар кард.
- Ҳангоме ки хравстар ҳамезананд, бояд гуфтан, ки: занам, кушам барои тарки гуноҳ ва дустии карафаравон.
- Чун ба он оин гӯяд, чанд заниш ва арзиши он хравстар, гуноҳ(е), ки он мардум кардаанд, аз бун биравад, чанд заниши он хравстар карафа ба бун буд.
- Ва ҳар кор ва карафа, ки кунанд, инро бояд гуфтан, ки барои тарки гуноҳ ва дустии карафаравон ҳамекунам, то карафа ду баробар шавад.
- (Агар) пурсида (шавад), ки бар сари хӯриши фаровон сар ба замин бояд молидан ё на?
- Гуфта шавад бояд, зеро ки беҳон маязд ба нерӯи Яздон кунанд, то мардумон пеш аз ифрот дар хӯриш бар сари хӯриш фаровон доранд, Аҳриман ва девзодагон ба гаронмандӣ ба палидӣ истанд ва ҳар гоҳ бар сари хӯриш фаровон сар ба замин намоланд (он) ба зиниабзори Аҳриман ва девон расад, бошад, ки бо он нерӯ девони (дигар) дуруст тавон кардан.
- (Агар) пурсида (шавад), ки оё дар дӯзах аз он Ҳурмузд касе гуморида шудааст, ки равони дарундонро подофараҳ намояд ё на?
- Гуфта шавад, ки аз он Ҳурмузд андаруни дӯзах касе гуморида нашудааст. Магар биниши эзадон(-е чун) Тиштар ва сутушвананд ва ҳафтуранг.
- Инро низ бигӯям, ки биниши онон чунон тез аст, ки муҳибтарин (ҷои) дӯзахро он гуна бинанд, чунон мардоне, ки бо чашми бисёр бино дар оина нигаранд (ва) тани хеш бинанд, эшон бисёр беҳтар бинанд. Ва агар паноҳи эшон намебуд, Аҳримандевзодагон, ҳамагӣ, равони дарундонро дар дӯзах мемиронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор