Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Модари фарзандон Расулова Салима ва ман дар синни 69-76 солагӣ. Баъди 55 соли бо ҳам зиндагӣ кардан.

Одам дар зиндагӣ бояд коре кунад, ки аз худ нишоне боқӣ монад. Мо низ ба ҳамсарам Салимамо душвориҳои зиндагӣ, беморию нокомиҳои зиёдеро аз сар гузаронидем. Замоне, ки модар зинда буд, дастгиру нигаҳбони фарзандон буд. Аз тарафи дигар ду хоҳарчаи падарҷудо доштам, ки онҳо дар нигоҳубини фарзандон ёрӣ медоданд. Мо дар зиндагӣ 10 фарзанд ёфта тарбия намуда, дар мактаб хононида, ба ҳаёти мустақилона гусел кардем. Ҳар яке аз онҳо соҳиби хонаю ҷой ва фарзандони боақлу одоби ҳамида мебошанд.

Мо соҳиби 37 набераю як ҳаваса мебошем. Аксари наберагон дар мактабҳои олӣ хонда, қисман омӯзгор мебошанд. Аз ману оилаи меҳрубонам чунин фарзандон тарбия ёфтанду, имрӯз соҳиби касбу кор мебошанд:

1. Фарзанди аввалинам Меҳринигор 22.01.1970 ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро хатм намуда, ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №44 шаҳри Душанбе яке аз муаллимаҳои пешқадам мебошад. Соҳиби ду писару як духтар мебошад. Писари калонаш Манучеҳр Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намудааст ва барои идомаи таҳсил дар магистратура дар шаҳри Франкфурти Германия қарор дорад. Писари дуюмаш Алишер донишҷӯи донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Духтараш Фараҳноз бошад, хонандаи синфи 11 мебошад.

2. Фарзандам Ҳабибулло мебошад. Ӯ баъди хатми мактаби миёна омӯзишгоҳи педагогиро хатм намуда, 4 сол муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кард. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандӣ аз мактаб баромада, ба кори хоҷагӣ машғул шуд. Ҳоло дар хоҷагӣ иҷоракор буда, ба кишту кори ғалла, пахта ва дигар зироатҳо сару кор дорад. Оилаашро мехӯронаду мепӯшонад. Ӯ соҳиби 5 фарзанд мебошад. Ҳамаи фарзандон мехонанд, як духтарашро ба шавҳар додааст.

3. Фарзандам Хосиятмоҳ мебошад, ки хонашин буда, соҳиби 5 писар мебошад.

Писари калонаш Ҷумахон Донишгоҳи шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси таъриху ҳуқуқ хатм намуда, дар колледжи тиббии шаҳри Кӯлоб муаллим шуда кор мекунад.

Писари дигараш донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб мебошад. Дигар писаронаш хонандаи муассисаи миёна мебошанд. Зиндагии хуб дорад ва фарзандонро дар роҳи рост тарбия карда истодааст.

4. Фарзандам Бозоргул мебошад. Ӯ соҳиби 4 фарзанд мебошад. Фарзанди якумаш Ёдгор дар бахши 4-уми Донишгоҳи Авиацияи шаҳри Воронежи Федератсияи Рус91 сия ба сифати Инженери авиация мехонад. Аз ҷониби

Вазорати дифо фиристонида шудааст. Духтараш бошад донишҷӯи колледжи тиббӣ мебошад. Ду фарзанди дигараш хонандаи муассисаи миёна мебошанд. Зиндагии хуб дорад ва фарзандонаш тарбияи хуб доранд.

5. Духтарам Дилбар буда, хона ва зиндагии хуб дорад. 4 фарзанд дорад, се писару як духтар. Писари калонаш дар Федератсияи Руссия дар Донишгоҳи аграрӣ мехонад. Дуюм писараш донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ мебошад. Фарзандони дигараш дар муассисаи миёна мехонанд. Фарзандонро дар роҳи рост тарбия карда истодааст.

6. Фарзандам Бахтиёр мебошад. Аввал колледжи бухгалтериро бо вазифаи ҳисобдон ва баъд Донишгоҳи тиҷоратро дар шаҳри Душанбе хатм намуд. Ҳоло ба вазифааш мувофиқ кор мекунад. Соҳиби 4 фарзанд мебошад. Ду фарзандаш дар муаасисаи миёна мехонанд ва дуи дигараш бо модар мебошанд. Модарашон

Назокат ба онҳо тарбияи хуб медиҳад.

7. Фарзандам Тағоймурод мебошад. Маълумоти геология ва туризмро дорад. Ҳоло соҳибкор мебошад, ду фарзанд дорад. Ҳарду дар муассисаи миёна таҳсил мекунанд. Оилаи дусту тифоқ дорад.

8. Фарзандам Толибҷон мебошад. Маълумоти ҳисобчигӣ дар кассаҳои амонатиро дорад. Вале касби кафшергарии газӣ ва барқиро пеша кардааст. Вай соҳиби 4 духтар мебошад. Духтари калонаш синфи якум мехонад. Роҳбари хуби оила мебошад.

9. Фарзандам Садбарг мебошад. Маълумоти миёна дорад ва соҳиби 3 писар мебошад. Тарбияи онҳоро хуб ба роҳ мондааст, дар оила хизмати хуб мекунад, ҳурмати хуб дорад.92

10. Фарзандам Гулбарг буда, маълумоти тиббӣ дорад. Се духтар дорад. Оилаи хуби замонавӣ ташкил кардааст. Духтур шуда, кор мекунад.

Хулоса фарзандон хуб тарбия гирифтанд ва ҳар яке соҳиби оилаи хуб мебошад, тарбияи фарзандони худро хуб ба роҳ мондаанд. Умед аст, ки аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон ба хубӣ баромада метавонанд.

НАЗОРАТИ ФАРЗАНДОНИ БАРОДАР

Маро як бародар буду барвақт аз сар гузашту 10 фарзанди ӯро низ нигоҳубинашон ба зимаи ман вогузор шуд. Онҳо 9 тояшон муҷарад буданду хонадор кардани онҳо ба ман вобастагӣ дошт. Шукри Олоҳ, ки ин ташвиш ҳам паси сар шуд, ҳамаи фарзандони бародар хонадору фарзандор мебошанд ва нафърасони ҷамъият мебошанд, ҷойи худро дар ҷамъият доранд.

1. Абдураҳмонҷон писари якум буда, баъди хатми мактаби миёна, техникуми савдоро хатм намуда, савдогар шуда кор мекард. Ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсия Руссия мебошад. 4 фарзанд дорад Ҳама кор мекунанду зиндагии худро пеш мебаранд. Духтаронашон хонадор буда, ба тарбияи фарзандон машғуланд.

2. Фарзанди бародарам Сумангул мебошад, соҳиби 6 фарзанд буда, 2 писару 4 духтар дорад. Писари калониаш соҳиби маълумоти олӣ мебошад. Ду духтараш соҳиби маълумоти тиббӣ мебошанд. Дигаронаш дар мактаби миёна мехонанд.

3. Фарзанди бародарам Чамангул мебошад. Маълумоти миёна дорад. Дар шаҳри Душанбе дар маркази радиотелевизион коргар шуда кор мекунад. Як писар дорад, ҳамроҳаш дар маркази радиотелевизион коргар шуда кор мекунад. Оилаи солимро доро мебашад.

4. Фарзанди бародарам Абдуалим буда, дар идораи Кумитаи замин кор мекунад. Соҳиби 4 фарзанд, 2 писару 2 духтар мебошад. Ду писараш ронанда, як духтараш хонадор ва духтари хурдиаш дар муассисаи миёна мехонад. Оилаи хуби тифоқ дорад.

5. Фарзанди бародарам Абдулҳаким буда, маълумоти олии педагогӣ дорад. Ҳоло директори маркази шуғли аҳолии минтақаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар ноҳияҳо курсҳои кӯтоҳ муддати касбҳои гуногун мекушояд.

Ихтисосҳои гуногунро ба ҷавонон меомӯзонад. 5 фарзанд дорад, яке дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, якеаш донишҷӯи Донишгоҳи технологии шаҳри Душанбе мебошад. Як духтараш коледжи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм кард.

Як духтару як писараш хонандагони муассисаи миёна мебошанд.

6. Духтараш Дастагул буда, маълумоти миёнаи тиббӣ дорад. Дар шаҳри Душанбе дар коледжи тиббӣ декани факулта мебошад. Коркуни хизматнишондодаи тиб мебошад. 5 фарзанд дорад. 4 писару 1 духтар дорад. Ду писараш маълумоти олӣ, духтараш низ маълумоти олӣ дорад. Дигар фарзандонаш хонандаи муассисаи миёна мебошанд. Оилаи хуби замонавӣ ва тарбиятгари хуби фарзандон бо шавҳараш мебошанд.

7. Фарзанди бародарам Баргигул мебошад. Маълумоти миёнаи тиббӣ дорад. Ду писару як духтар дорад.

Ҳоло ӯ дар Федератсияи Руссия зиндагӣ дорад. Як писараш бо як духтараш дар Донишгоҳи шаҳри Москва мехонанд. Як писараш хонандаи муассисаи миёнаи94 шаҳри Москва мебошад. Аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон ба хубӣ мебарояд.

8. Фарзанди бародарам Сафарбӣ мебошад. Ӯ се фарзанд дорад, ду писар ва як духтар. Онҳо дар муассисаи миёна мехонанд. Аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон ба хубӣ мебарояд.

9. Духтари бародарам Марҳабо буда, дар Вазорати маориф ҳуҷҷатгузор мебошад. Оиладор соҳиби як писару як духтар мебошад. Ҳарду дар муассисаи миёна мехонанд. Аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон ба хубӣ мебарояд.

10. Писари бародар Азимҷон буда, маълумоти олии педагогӣ дорад. Дар ГАИ-и шаҳр ҳамчун ҳуҷҷатгузор шуда, кор мекунад. Оиладор соҳиби як духтару як писар мебошад. Ҳарду дар муассисаи миёна мехонанд

Оилаи тифоқ ва дустона дорад. Нафърасони фарзандони падар мебошад.

Аз фарзандони бародар розиам, чунки ҳама дар ҷамъият ҷои хубро соҳиб мебошанд.

ҶАМЪ НАМУДАНИ ХЕШОН

Дар давоми зиндагӣ дар деҳаи Корези Поён бо хешони наздикамон шинос шудему, рафту омадамон мустаҳкамтар шуд. То ин дам мо хурд будему ба хешон шиносоӣ надоштем. Аз хешони модар Солеҳов Мирзомурод – маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар деҳаи Чагами Боло ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини

Шоҳин) зиндагӣ мекард. Дар Боло номаш чандин бор такрор шудааст. Ӯ доимо дар хонаи мо меҳмон мешуду аз ман хоҳиш мекард, ки барои мо се замини наздиҳавлигӣ барои хонасозӣ дар ҳамин маҳал гир.

Ҳоло гапи ту медавад, яъне ба ту замин медиҳанд. Ин95 вақт ман ҷонишини директор оид ба тарбия, дар мактаби миёнаи № 21 будам. Агар ту се замини наздиҳавлигӣ бигирӣ, ман бо фарзандон аз Чагам меоям.

Духтари амакатро аз ноҳияи Восеъ бо фарзандонаш меорем. Тағоят Маҳмадалиро бо фарзандонаш аз ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) меорем. Ана дар он сурат хешии мо канда намешавад. Агар ин корро иҷро накунӣ баъди 5-10 сол фарзандони мо бегона ва хешиамон гум мешавад. Ман дар Корези Поён ғайр аз як тағоям, ки баъди мурдани бобоям, омада бо мо зиндагӣ мекард, дигар хеш надоштам. Ҳоло ӯ фарзандони зиёд дорад ва гирди мо зиндагӣ доранд. Дар он вақт замини назди ҳавлигиро додан ба раисони хоҷагӣ ва раисони ҷамоат вобастагӣ дошт. Чунки коргарон дар коркарди заминҳои хоҷагӣ, хусусан пахта намерасид. Аз ин сабаб аз ҳар куҷое, ки одамон ба хоҷагӣ меомаданд, ба онҳо замин барои хонасозӣ ҷудо карда мешуд. Аз гуфтаҳои хешам ба хулосае омадаму, рӯзе назди раиси хоҷагӣ рафиқ Бобоев Ҳаким (ёдаш ба хайр) рафтаму аз гуфтаҳои бобои Мирзомурод ба ӯ огаҳӣ додам. Бобоев Ҳаким худ марди хушгуфтору бо маърифат буданд, хеши мо Мирзомуродро хуб мешинохтанд ва аз кору бори ӯ огоҳ буданд, чунки онҳо бо ҳам дар ҷавонӣ ҳамсоядеҳ буданд.

Раис хандида ба ман гуфт: «Ӯ чӣ тавр ба шумо хешӣ дорад?» Ман гуфтам, ки ба модарам хешӣ дорад. Бо сӯҳбати хушу, розигии зиёд маро гусел кард. Ба утоқи кории ҷонишинаш Нурматов Азиз даромаду супориши даҳонӣ дод.

«Ба ин муаллим аз қисми поёни деҳаи Корези Поён се ҷои ҳавлӣ барои хонасозӣ рафта ҷудо карда диҳед».

Дар қисми поёни деҳа 5-6 га замини санглох бекор ме-96 хобид. Баъди ду-се моҳ ман ба рафиқ Нурматов Азиз дар сари роҳ вохӯрдам ва аз супориши раис ёдовар шудам. Он шахс бо ман бо танбеҳи зиёд гап зад. Ман низ паст наомада аз вазифаи муаллимии худ ба ӯ гушрас карда, талаби ҷои зист кардам. Гуфтам, ки инро давлат аз шумо мепурсад. Шумо бояд қарору дархостҳои ҳукуматро иҷро намоед. Он шахс худ саводи кофӣ надошт вале коркуни хоҷагии хуб буд. Ҳамин вақт сардори бригадаи нав таъинуда Саидов Раҷаб наздамон ҳозир шуд. Рафиқ Нурматов ба он шахс супориш дод, ки рафта аз қисми поёни маҳал ба ин шахс се ҷои хонасозӣ ҷудо карда диҳед. Он шахс хуб гуфта, бо ман ба қисми поёни маҳал, ки туғай ва санглох буд рафтем.

Он кас бо қадамҳояш чен карда, се ҷои хонасозӣ ба ман ҷудо намуд. Дар ҳамон шабу рӯз бобои Мирзомурод (хешамон) дар хонаи мо меҳмон буд. Ман ба хона омада, ба он кас сӯҳбат намуда, аз гирифтани ҷои хонасозӣ ба ӯ маълумот додам. Он кас хурсанд шуда, ҳамроҳии ман ба ҷои замини ҷудошуда рафтем. Мӯйсафед як ҷои туғайзоре, ки байни ду наҳри об буд, ба худ интихоб намуд. Ҳар чӣ ки ман гуфтам, ки тоза кардани ин туғайзор ба шумо мушкили меорад, вай гуфт, ки ман бо фарзандон дар ҷои беоб азоб кашидаам ва байни ин ду наҳр ба ман маҳқул аст. Бигузор оянда фарзандони ман аз беобӣ азоб накашанд. Ман розигӣ додам ва барои овардани хешони дигар бо мӯйсафед маслиҳат намудем. Он шахс ба ман гуфтанд, ки ту аз паи кори худ шав, ин тарафашро ман худам ҳал мекунам. Дар андак вақт язнаам Усто Саидбурҳонро аз ноҳияи Восеъ ва тағоям Маҳмадалӣ Солеҳовро аз ноҳияи Москва (ҳозира ноҳияи Ҳамадонӣ) оварда, заминҳои наздиҳавлигиро ба онҳо тақсим карда дод. Муаллим Холиқов Бег, Усто Саидбурҳон ва писарамакаш Файзалӣ ҳамчун мардикор, корро аз фундамент (пойдевори бетонӣ) сар карданд. Дар мудати 3-4 моҳ хонаҳо барои зистан тайёр шуданд. Акнун аз ноҳияи Восеъ усто Саидбурҳон бо аҳли оилааш, аз ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) Мирзомурод Солеҳов бо аҳли оилааш кӯч баста омадаанд.

Тағоям Маҳмадалӣ Солеҳов, ки дар ноҳияи Москва (ҳозира М. С. А. Ҳамадонӣ) зиндагӣ мекард ва сардори бригадаи пахтакориро ба ӯҳда дошт, омада натавонист.

Сабаби наомаданаш раиси ноҳия Худоёр Раҷабов шуд.

Он шахс дар замонаш бо падари тағоям Ҳақназаров Солеҳ дар ноҳияи Ховалинг деҳаи Беддара калон шуда рафиқ будааст. Аз ҳамин сабаб, писари дусти манӣ ту мутахассиси хоҷагии қишлоқ мебошӣ, барои ҳамин ман туро кучиданӣ намемонам. Ҳамин шуду тағоям омада натавонисту, хонаҳоро бо яке аз рафиқонаш Раҳмонов Аъзам фурӯхт.

Зиндагии хешон бо маром пеш мерафт ва фарзандонашон бо мо ҳамсоя буданд, рӯз то рӯз унс мегирифтанду, рафту омад мекарданд. Дар ҳама кору бори зиндагӣ бо ҳам ёрирасон мешаванд. Ман дар деҳа гӯё як хоҷагӣ будам, бо туфайли фарзандони хешон қариб 10-20 хоҷагиро ташкил медиҳем. Дар шаҳру деҳаҳои гирду атроф зиндагӣ доранд ва рӯзҳои маърака ҷамъ мешаванду ёди рафтагон мекунанд. Акнун ман худ пир шудааму, ёди бобои Мирзомурод (ёдаш ба хайр) мекунаму мегӯям: «Хуб, ки ман гапатро гирифтаму, туро бо хешону фарзандон кӯчонида овардам, ҳоло дар ҳалқаи хешон зиндагӣ дорему, бо ҳам дастгиру ёрирасон мебошем». Чӣ хуш аст дастгирии хешон ва бо ҳам ҷамъ шуда, ёди рафтагонро кардан.

пешина
аз 13
навбатӣ