ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда
Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа
ЗИНДАГӢ ДАР МАҲАЛ
Баъди он ки ба мактаби № 12 ҳамчун муаллим ба кор омадам, акнун дар корҳои ҷамъиятӣ бояд иштирок мекардам. Аз ҷониби ташкилоти партиявӣ супоришҳо дода мешуд. Ҳар рӯз дар сари кори ягон бригада баромадҳо намуда, аз сиёсати партия ва давлат ба коргарон фаҳмонидан лозим буд. Дар мавсими пахтачинӣ ва корҳои саҳроӣ аз кору бори хонандагон назорат бурдан лозим буд(дар ин солҳо талабагони синфҳои болоӣ, қувваи кории колхоз ҳисоб мешуд). Ҳар бегоҳ ба раёсати хоҷагӣ маълумотнома пешниҳод карда мешуд.
Аз рафти кори бригадаҳои №1-2 ҳар ҳафта як бор бо радиои байни колхозӣ баромад кардан лозим мешуд.
Кори идеолигии хоҷагӣ ба зимаи мактаб гузошта шуда буд. Аз рафти кори муаллимон ва оилаҳои онҳо дар саҳро маълумот додан лозим мешуд. Боз чандин корҳои ҷамъиятӣ низ ба гардани мо муаллимон гузошта шуда буд. Дар маҳалҳо гашта ба шахсони бесаводу камсавод дарсҳо гузаштан лозим мешуд. Аз ҷумла ба ман 12 нафар шахсони камсавод ва 7 нафар бесавод рост меомад. Ба онҳо ман берун аз кори муаллимӣ кор мебурдам. Ғайри ин аз соли 1970 кори раиссии маҳалларо низ ба ман вобаста намуданд. Акнун ҳамаи ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ, тозагии маҳал, маъракаҳои маҳалро хуб гузаронидан, хонаҳоро гашта бо бригадирҳо ба кор баровардани одамонро низ дида, ташкил кардан лозим буд. Дар деҳа бо мардони пешқадам, одамони пиронсол маслиҳат намуда, ба хонаи оилаҳои душвортарбия рафта, маслиҳатҳо додан лозим буд. Дар деҳа одамони бомаърифат аз қабили Бобои Ширин, Эмомов Ориф, Бедил, Пирумшоҳ, Саъдулои Барот, Ҳикмати Ҳаким, За-99 рифов Назирмад, Ҳакимов Почо аз муаллимон Холиқов Бег, Гулов Ояҳмад ва дигарон буданд, ки ҳамеша ба одамон маслиҳатҳо медоданд ва ободии маҳалро нигоҳ медоштанд. Дар ҳар мусибату маъракаҳои хурсандӣ ин шахсон ҳузур доштанд ва маслиҳатчии маъракадорон буданд. Ҳамин буд, ки ҳамаи маъракаҳои маҳал хубу гуворо мегузашт. Дар вақти хонасозии одамон дар маҳал ин мардон ҳашарҳо ташкил мекарданд.
Хонаҳоро аз девор сар карда, то бомпӯш кардан, дар хона бурёкӯбон намудан, иштирок менамуданд. Бо қувваи ҷавонон, болои хонаҳо хок андохта, андова карда мешуданд. Дар ин солҳо болои хонаҳо хокпӯш буд, шиферу болопӯши оҳанӣ вуҷуд надошт. Аз тарафи хоҷагӣ ва халқи маҳал ба муаллимони маҳал ёрӣ дода мешуд, ҳезуми аловии муаллимон аз ҳисоби сардорони бригадаҳо таъмин карда мешуд. Дар хонадоркунии фарзандон мардони бомаърифат пурсида мешуданд, ҳамин буд ки ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои 70-80-и асри гузашта кам ба назар мерасид. Одамон бо маслиҳати калонсолон гӯш мекарданд.
Дар солҳои 70-80-и асри гузашта мактабҳои миёна, дар деҳот сохта мешуд, саводнокии хонандагон рӯз то рӯз пеш мерафт, фарзандони маҳал дар мактабҳои олӣ хонда, омада дар маҳали худ ба тарбияи фарзандони маҳал машғул мешуданд. Даҳҳо муаллимонро номбар кардан мумкин аст, ки аз ҳамин маҳал рафта хонданду, ба маҳали худ омада, хонандагонро дар роҳи Ватандӯстию ростқавлӣ, саховатмандию бунёдкорӣ тарбия намуда, худ ба нафақа баромаданд. Аз ин қабил муаллимон Орифов Ҷурахон, Худойназаров Хол, Саидхоҷаев Ҳуҷамаҳмад, Одинаева Ҳилолбӣ, Гадоев Талбихуҷа, Абдураҳмонов Бегмад ва ғайраҳоро ном-100 бар кардан мумкин аст. Маҳалла аз 20-30 оилаи солҳои 50-и асри гузашта, ҳоло ба 280 оила расидааст.
Дар маҳал мактаби миёна, бунгоҳи тиббӣ, мағозаҳо ба халқ хизмат мекунанд. Аз маҳал зиёда аз 100 нафар дар мактабҳои олии мамлакат ва берун аз он мехонанд. Дар бемористонҳои мамлакат 12 нафар табибон аз духтири оддӣ то профессорон аз ҳамин маҳал кор мекунанд. 6 нафар дар Вазорати дифо аз командири хурд то роҳбари полк, як нафар ҷонишини вазири Вазорати дифо кор мекунанд. Коркунони тиббии оилавии хурд 22 нафаро ташкил медиҳанд. 43 сол боз Олимов Исо ба Бунгоҳи тиббии маҳал роҳбарӣ мекунад. Сафи аҳолӣ дар маҳал ва хонандагони мактабҳои олӣ аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз афзуда истодааст.
Сохтмонҳои замонавӣ дар маҳал зиёд шуда истоданд.
Мардум рӯз аз рӯз қарору фармонҳои ҳукуматро дастгирӣ ва иҷро мекунанд.
Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар фармонҳои ҳукуматиро сари вақт дастгирӣ менамоянд. Имрӯз маҳалла ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст. Қариб дари хонаи ҳар бошандаи маҳал мошинаи сабукрав, трактор, мошинаҳои боркаш ва дигар техникаҳо дида мешавад, ки аз зиндагии хубу гуворои одамони маҳал гувоҳӣ медиҳад.
Халқ аз дастгирию меҳрубонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шод буда, ҳар як супоришу сухани Пешвои миллатро дастгирию иҷро менамоянд. Фарзандони ба ору номуси маҳал, ҳамеша аз паи ободии маҳал мебошанд. Кӯчаҳоро асфалттпӯш мекунанд, дар маҳал ҳамеша маъракаҳои тарбияи ҷисмонӣ (гуштинҳо) ташкил менамоянд, фарзандони камбизоатро хатна ва хонадор мекунанд. Худо ёру мададгори ҳамин хайрдастон шавад ва орзую илтиҷо аз Худо дорем, ки сафашон зиёда гардад.
Фарзандам Бахтиёрҷон, ки баъди ҷарроҳии 20 сола бемориам, соли 1982 ба дунё омадааст.
ЯКЧАНД НАСИҲАТ БА ДУХТАРОНУ ПИСАРОНИ АЗИЗАМ
Фарзандони азиз! Адаб, тоҷи сари инсон буда, ӯро дар дунё ба обурӯ ва бомаърифат мегардонад. Аз мисраъҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бармеояд:, ки
«Адаб тоҷест, аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо ки хоҳӣ».
Аз аъзои бадани инсон танҳо сар сазовори тоҷ аст ва тоҷ арзандаи сар аст. Ба ақидаи шоир адаб аз ҷониби Парвардигор дода мешавад. Ба одамони тарбиятдида, бонангу номус, ба одамони шарафманд, ба одамоне, ки дар ҳар мавқеъ ва шароит манфиати худро аз манфиати миллат, халқу Ватан, аҳли ҷомеа боло намедонанд, дар сар бо ҳавою ҳавас ва хаёлу андешаи миллӣ зиндагӣ мекунанд. Худи зиндагӣ тақозо мекунад, ки ҳар кас боақлу соҳибадаб бошад, рафтору кирдори худро дар зиндагӣ саришта карда метавонад.
Ман низ дар умри 76-солаи худ надидаам, ки касе адабу ахлоқи ҳамидаро дар худ ва фарзандон орзу накарда бошад. Орзу ширин аст ва ҳам зиндагиро ширину рангин менамояд. Дар зиндагӣ онро (орзуро) ҷомаи амал бояд пӯшонд. Бо кадом маъно ?
Ба ин маъно, ки ҳам адаб ва ҳам тарбия худ аз худ ба даст намеоянд. Одобу тарбияи мо дар дасти мост ва садҳо манбаъҳои боэътимод инро ба мо гушрас менамоянд, аз ҷумла:
– Китобҳои муқаддаси мо, ки аз ҷониби Худованди поки яккаю ягона ва муаллими нахустини аҳли башар нозил шудаанд;
– Ҳадисҳои Расули акрам (с) ва дигар пайғамбарону авлиёҳо; – Хирадномаю панду андарзҳои классикони муосири халқамон;
– Анъана, расму ойинҳои мардумамон;
– Эҷодиёти бадеии халқамон;
– Мушоҳидаи табиат, ҷамъият ва зиндагӣ;
– Сафар кардан, мушоҳида кардан, омӯхтану сабақ гирифтан ва ғайра таъкид ёфтааст.
Ба таври худ мо бояд зиндагӣ кунем, боандешаи худ бимонем. Роҳ, тарз ва андешаҳо гуногун бошанд ҳам, натиҷа бояд адаб ва тарбияи инсон бошад.
НАСИҲАТ БА ДУХТАРОН
Духтарони азизам, сину соли ман аз 76 гузаштааст.
Ягон ғаразу мақсади беҷое надорам, ба ҷуз панду насиҳати падарона ба хотири ризои Худованд ва барои ёрӣ расонидан ба шумо. Аз ин хотир насиҳати падаронаи манро бо ҷону дил шунавед, иншоаллоҳ дар дунё ва қиёмат обрӯманд хоҳед шуд. Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки духтарони ин замона аксаран ба корҳои ношоиста ва бадахлоқӣ даст мезананд.
Барои пеши роҳи ин бадахлоқиро гирифтан, олимону донишмандон, бо маъвизаю кассетаҳо баромад мекунанд, вале мутаассифона басандагӣ намекунад. Оё духтари азизам, медонӣ, ки иллати он дар чист ?
– Иллат ва сабаби мувафақ нашуданамон барои пешгири ин бадахлоқӣ ва зинокорӣ дар он аст, ки мо то ба ин рӯз роҳҳои ислоҳи онро наёфтаем.
– Эй духтари азизам, роҳи ислоҳи ин бадбахтӣ дар пеши рӯи туст, калиди ислоҳаш низ дар дасти туст.
Пас агар ту соҳиби ақлу фаросат бошӣ, ақлу иродаи худро посубонӣ карда тавонӣ, яқинан вазъият ислоҳ мешавад. Ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз марде наметавонад, покии туро халалдор намояд.
– Маълум аст, ки қадами аввалро дар роҳи бадахлоқӣ мард мегузорад, ки зан ба ин қадамгузорӣ қодир нест.
Вале ризомандӣ ва нармии ту набошад, мард ҳаргиз наметавонад, ки ба ту пофишорӣ намояд. Тӯй, ки ба ӯ фурсат медиҳӣ ва ӯ ба ту ҳамроз мешавад.
– Гӯё ту ба дузд марҳамат мефармоӣ… Пас вақте ки рабуда шудӣ фарёду наъра мекашӣ. Ин фарёду наъраи ту бефоида мемонад, чунки ту аллакай ғорат шуда ҳастӣ. Агар ту медонистӣ, ки мардон ҳамчун гурганд ва ту чун гӯсфандӣ, бояд ту аз гург мегурехтӣ.
Агар бидонӣ,ки мард дузд аст, аз ӯ бояд бигурезӣ, то он бадбахт ба ту даст нарасонад.
– Гург аз гӯсфанд ғайр аз гушташ чизи дигаре намехоҳад. Аммо он чизеро, ки мард аз ту мехоҳад, қиматтар бар ту аз гушт бар гӯсфанд аст. Бадтар ва ношуданитар аз рӯ ба рӯ шудани ту бо марг аст. Мард аз ту азизтарин чизатро мехоҳад;
– Иффат ва номуси туро, ки боиси ифтихору иззат василаи зиндагӣ ва маишати ту аст.
– Зиндагии духтари мусибатзадае, ки ба номусаш марде таҷовуз кардааст, садҳо маротиба сахттар аз мурдани гӯсфандест, ки гурге ба гушти он ҳамла кардааст…
– Ман аминам, ки ҳар ҷавоне ба духтаре майл намояд, дар дилаш фақат ҳамин аст, ки он духтарро ба бало гирифтор ва ӯро беҳаё намояд.
– Ҷавоне, ки мегӯяд сухани мо ва мулоқоти мо бо духтарон холисона ва муҳаббатамон дӯстона аст, бовар накунед, ҳамаи суханонашон дуруғанд. Ҳар лабханду сухани бомеҳри ӯ, ҳар хизмате, ки барои ту мекунад, барои мақсади палиди ӯст.
– Ҳардуятон лаҳзае дар лаззате шарик мешавед, лекин пас аз он ҷавони худобехабар туро фаромӯш мекунад ва ту бошӣ як умр андӯҳгин шуда, ғаму ғусаи ин кори бадро бо худ мегардонӣ. Ҷавони бадахлоқ бошад, озод мегардад ва аз паи духтари беақли дигаре меафтад, то ин ки номуси ӯро низ ба яғмо барад. Туро гирифтори бори вазнин гардонда, аз ту рӯй мегардонад.
Ту бошӣ бори ҳамл дар шикам, ғаму андӯхи ҷонгудоз дар сар,мӯҳрӣ расвогари дар пешониат навишта мешавад. Эй духтари бечора дар зиндагиат дар сиёҳӣ ва ору расвои ғутта хӯрда, пушаймон мешавӣ, вале мардум ва ҷомеа туро намебахшанд.
– Вале агар ту, дар вақти вохурӣ ба он ҷавон қавоқатро меандохтӣ, изҳори мухолифат мекардӣ, ба ӯ тундӣ мекардӣ, ӯ ба ту майл намекард.
Агар даст ба ту расиданӣ мешуд, ту бо кафшат ба сараш мезадӣ, бо забонат ба ӯ ҳақорат медодӣ, одамони роҳгузарро ба ёрӣ даъват мекардӣ, ҳеҷ гоҳ он ҷавони бадахлоқ ба ту наздик намешуд. Аз боиффат будани ту он ҷавон бохабар мешуду аз паи издивоҷи ҳалоли ту шуданаш мумкин буд. Агар духтар ба ҳар мақому манзалате бирасад, беҳтарин обурӯи вай никоҳ кардани вай ба тариқи ҳалол аст. Саодат ва хушбахтии вай дар он аст, ки зани нек ва модари бовиқор ва соҳибхонае бошад. Бо зани фоҳиша ва бадкор ҳеҷ ҷавон ақди никоҳ намебандад, чунки он ҷавон намехоҳад, ки модари фарзандонаш зани фоҳиша ва бадкор бошад. Он ҷавон дар ҷустуҷӯи модари покизаи фарзандон меафтад ва бо роҳи покизаи никоҳ худро хонадор менамояд.
– Духтарони азизам, сабаби дар гирди шумо ҷамъ шудани ҷавонон, ҷамоли ҷавонии шумост. Ин ҷамоли ҷавонии шумо доими намемонад. Хоҳед, нахоҳед ин аз сар меравад, пирӣ ва афтодагӣ барои шумо фаро мерасад ва қомати зебоятон каҷ ва чеҳраи зебоятон пажмурда мешавад. Дар ин айём ҳеҷ кас ба суроғи шумо намеояд ва дастгиратон намешавад. Агар бо никоҳи ҳалол хонадор шуда бошед, фарзандони ҳалол дошта бошед, дастгиратон ҳамонҳо мешавад.
– Эй духтарони азизам! Ин насиҳатҳо барои шумост ва ин гуфтаҳо ҳақ ва дуруст мебошанд. Шумо бояд ин насиҳатҳоро гӯш диҳед. Пас, агар шумо бихоҳед худро ислоҳ менамоед ва сабаби ислоҳи ҷомеа шуда метавонад.
Духтарони азизам, бидонед, ки ин шармандагиҳои занони беиффат ва занони зинокор, фақат шармандагии ин дунё набуда, дар қиёмат низ бо худ шармандагӣ доранд. Пас бояд шумо нигаҳбони худатон бошед ва саъю кӯшиш намоед, ки боифатии худро нигоҳ доред, нангу номусро аз даст надиҳед, пушаймон мешавед ва пушаймонӣ ҳеҷ суде надорад. Эҳтиёт намоед духтарони азизам!
– Духтарони азизам, шармандагии ин дунё, боз як бемории табобатнашавандаро, бо номи «СПИД» барои ин зинокорон дар пеш аст. Ин касалӣ як умр онҳоро азоб медиҳад ва ягон роҳи табобат надорад. Дар қиёмат низ гирифтори ин касалиҳо (СПИД) дар азоби сахттар гирифторанд. Пас, духтарони азизам, нағзтар фикр кунед ва худро бо дасти худатон ба бало наандозед ва қиёмати худро расво нагардонед.
Ин ҷо ҳикояти ҳақиқиеро меорам, ки дар ҳамсоягӣ вуҷуд дорад. Як оила не, чанд оила мебошанд: Дар ҳамсоягии мо марде бо панҷ духтар зиндагӣ дорад. Яке аз онҳоро ба шавҳар дод, ҳамагӣ чор моҳ зиндагӣ намуда, ба хонаашон баргашт. Аз ин издивоҷ як писар ба дунё омад. Модари ин писар ба кӯча баромад ва то ҳол фоҳиша мебошад. Дигаре аз духтаронаш ба шавҳар баромад ва дар шашмоҳагӣ ба хонаашон баргашт. Аз ин издивоҷ як духтар таваллуд шуду модар 14 сол боз дар кӯчаҳо мегардад. Сеюм духтараш ба шавҳар баромаду 3 рӯз бо шавҳар буд. Акнун 12 сол боз бешавҳар ва сарсарӣ мегардад.
Мо калонсолон ин духтарро ҳарчи ки насиҳат кардем ба хонаи шавҳар нарафт. Ҳоло зиндагии кӯчагӣ дорад ва ҳеҷ кас ба додаш намерасад. Билохира духтари хурдӣ, панҷумро ба шавҳар доданд. Як шаб бо шавҳар буду саҳар ба хонаашон баргашт. Ду сол боз дар хона ва майдонҳо сарсон мегардад. Кораш танфурӯшӣ мебошад. Духтари чорум каме шармгин ва аз хона берун намеравад. Аз одоби апаю хоҳаронаш ягон шахс ба келингириаш намеояд. Аз шарми хоҳарон дар хона бандӣ мебошад. Дар оянда зиндагии ин фардҳо чӣ мешавад. Маълум, ки онҳо дар оянда низ рӯзи хубро соҳиб намешаванд. Падару модар бошанд, аз ин тарзи рафтори фарзандон розианд. Дар ҳоли сиҳатӣ падар ба майнӯшӣ шуғл дошт. Модар ба фарзандон роҳ кушоду ба роҳи бад рафтанд. Имрӯз падар паралич (роҳгашта наметавонад) дар ҷогаҳ хоб, модар дар хона ба духтарон сару коре надорад. Ҳар рӯз байни хоҳарон ҷанг ва хархаша, рафту омади хешон ва ҳамсояҳо ба ин оила вуҷуд надорад, танҳо рӯзҳои ҷанг баъзан коркунони ҳифзи ҳуқуқ барои ором кардани онҳо меоянду халос.
Ин ҳамааш аз беиффатӣ ва беназоратӣ дар оила ба вуҷуд омадааст.
Имрӯз азияти шармандагӣ, беномусӣ дар назди мардум онҳоро сархам кардааст. Ин шармандагӣ ба писаронаш низ таъсир кардааст. Дар ин бора суханҳои зиёданд вале овардани онҳо дар ин насиҳати ман ногуфтанист. Чунки шумо фарзандон онҳоро мешиносед.
Барои ҳамин, духтарони азизу меҳрубон, худро аз ин бешармӣ, беномусӣ, кайфу сафои якчанд ҳафтаина, нигоҳ доред. Ин шармандагии дунё аст, шармандагии қиёмат ҳазорҳо бор аз ин шармандагию расвоӣ зиёдтар мебошад. Духтарони азиз, эҳтиёт кунед ва худро бо дасти худатон дар оташи дунёву қиёмат наандозед!
ЯКЧАНД НАСИҲАТ БА ПИСАРОНИ АЗИЗАМ
Писарони азизам, шумо низ аз банда ҳамчун устод ва падар ин панду андарзҳои беғаразонаро бигиред ва хуб ба худатон андеша намоед, то ин ки ба гумроҳие наафтед, ки дигар пушаймонӣ фоидае надорад. Ман ҳам мисли шумо ҷавониро аз сар гузаронидам.
Медонам, ки ҷавонон дар вақти ҷушӯ хурӯши ҷавонию шаҳват, чӣ қадар гирифтори сахтиҳо мешаванд, то ҳадде ки зан ё духтар дар наздашон аз тамоми чизи дунё хубтар менамоянд. Кӯшиш менамоянд, ки бо қимати чизе ки бошад ба висоли он зан бирасанд.
– Писарони азизу меҳрубонам; Ин бори вазнине, ки дар синну соли 15-16 то 25-30 бар души шумо не, балки бар души тамоми ҷавонони ҳамсину соли шумо мебошад.
Бартараф кардани ин душворӣ, ба зимаи шумост ва аз ҳамаи ҷавонон танҳо тоқат, сабр ва ботамкиниро талаб мекунад.
– Бояд ҷавонон дар ин синну соли хавфнок эҳтиёткор бошанд, даст ба зино назананд, ки ҳатман пушаймон мешаванд. Он орзуҳое, ки дар дил доранд ҳамааш барбод мераванд. Ҳамаи дороие, ки доранд дар ин кори бад сарфаш менамоянд, баъди ҳушашон ба сар мезанад, мебинанд, ки ҳеҷ чизе барояшон боқӣ намондааст.
– На ҷавонию зебоӣ, на обрӯю сиҳатмандӣ, на қуввату ҷасорат, ғайр аз пушаймонию надомат, чизе барояшон намемонад. Шумо гумон мекунед, ки аз ин кори бад сер мешавед. Не, ин кори бад ба шумо амон намедиҳад. Боз гурӯснаи ин кори бад мешавед, сад бор кардаед, саду якумаш барои шумо ширину гуворо менамояд. Гӯё шумо якумин бор ин кори бадро карда истодаед, ин зани «нозанинро» якумин бор дида истодаед, чунки дар ин кори бад шайтони лаъин ҳамроҳи шумост, шаҳвати худро нигаҳбон шавед.
– Таърих гувоҳ аст, ки чандин паҳлавонон ва шахсони боқуввату обрӯманд, ки дунболи зинокорӣ гирифтаанд, ба шакли одами лоғару беэътибор гаштаанд.
– Писаронам, худованд табиати инсонро чунон офаридааст, ки худашро аз ҳамаи чизи дунё дӯстар медорад ва розӣ намешавад, ки худашро ба корҳои зараровар тела диҳад, аз ин рӯ шумо, писаронам, худатонро аз корҳои бад ҳимоя намоед, ҷавонию зебоии худро ҳаргиз сарфи зинокорӣ накунед, кӯшиш намоед, ки аз роҳи ҳалол издивоҷ намоед.
Агар мушкилоти иқтисодӣ дошта бошед, то дарёфт кардани иқтисодиёт, ба рӯза гирифтан худро муваққатан аз роҳи бад нигаҳдор шавед. Вале сабаби асосиаш зан гирифтан асту халос.
– Роҳи дигараш аз ин шаҳватҳо нигоҳ медоштагии шумо, то зан гирифтанатон, тарсе аз Худованд аст, ки Худованд ва Расули ӯ дар шаъни зинокорон сарзанишҳои зиёде кардаанд. Овардаанд:
– Рӯзе ҷавоне назди Расули акрам (с) омада гуфт:
– Ё Расулуллоҳ, зурам ба шаҳватам намерасад, иҷозат диҳед то зино кунам. Расул (с) ба ӯ гуфтанд: –
Мехоҳӣ касе ба модари ту зино кунад ?
Ӯ гуфт: – Не. Расул (с) ба ӯ гуфт: – Мехоҳӣ касе ба хоҳари ту зино кунад ? Ӯ гуфт: – Не. Расуллалоҳ (с) гуфтанд: Хешовандони он зан ҳам намехоҳанд, ки ту ба хоҳар ё духтари онҳо зино кунӣ.
Гузашта аз ин, зинокорон дар рӯзи қиёмат ба сахтарин ҷазо гирифтор мешаванд. Худатон медонед, ки шахсони зинокор, ба касалии СПИД гирифтор мешаванд, ки ин касалии табобатнашаванда мебошад, ки на ба худатон, балки ба зану фарзандонатон мегузарад.
– Фарзандони азизам, ҳамеша аз ин кори палид ва аз одамоне, ки шуморо ба ин роҳ мебаранд, дур бошед!
Боқӣ, фарзандони азизам, шуморо Худои таъоло ба роҳи рост ҳидоят намояд ва аз роҳи бад нигаҳбонатон бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё