Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БО БАРОДАР БА САФАР РАФТАН

Фарзанди калонии бародарам Абдураҳмон дар сафи Армияи Советӣ хизмат мекард. Ман гарчанде ки аз ҷарроҳӣ хеста будам, акаам низ аз касалхона баромада буд.

Лекин ман дар Душанбе ба ӯ ваъда карда будам, ки ман сиҳат мешаваму,туро ба саёҳат мебарам. Дар беморхона ба ӯ касали сактаи дил муайян карда буданд. Бародарам дар Тоҷикистон бисёр шаҳру вилоятҳоро дида буд, вале82 берун аз ҷумҳурӣ ҳеҷ ҷо рафтагӣ набуд. Ман чиптаи тайёраи ЯК-40-ро гирифта ба шаҳри Ленинск бояд мепаридем. Ин шаҳр дар республикаи Қазоқистон буд (ҷои парвози киштиҳои кайҳонӣ, Байканур). Мо аввал ба Душанбе ва аз он ҷо ба шаҳри Тошканд парвоз кардем.

Аз он ҷо бояд ба шаҳри Ҷезқозған мепаридем. Бо сабабҳои ба мо номаълум, се рӯз мо дар Тошканд мондем.

Ҷойи хоб дар меҳмонхонаи фурудгоҳ намедоданд. Азбаски ман дар Тошканд хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда будам, забону баъзе рафторҳои ноҷои онҳоро хуб медонистам. Аз ҳамин сабаб мо дар хонаи як зани ӯзбек се шаб иҷора нишастем. Рӯзҳо ба шаҳр баромада бозору мағозаҳоро тамошо мекардем. Ба хонаи яке аз ҳамхизматонам, ки Шокиров Қурбон ном дошт рафтем. Боре ҳамгоми хизмат ба хонаи онҳо рафта будам.

Ӯ падар дошту модар не, бо модари угай зиндагӣ дошт. Лекин Қурбон худ дар ҳамон ҳавлии маҳалӣ аз падару модар ҷудо бо занаш зиндагӣ мекунад. Мо бо ҳам дӯст будем ва ӯ лакнати забон дошт. Ман ба ӯ шухиҳои зиёде мекардам. Забони ӯзбекиро ҳам ӯ ба ман ёд дода буд. Моро ниҳоят ҳурмату меҳмондорӣ намуд.

Як рӯз то бегоҳ бо мо нишаст ва ба мағозаҳо моро бурд. Ба хусус ба «Универмаг», ки дар майдони «Навоӣ» ҷойгир буд. Дар Универмаг мо ба як ҷо бо ҳамроҳии Қурбон рафтем, акаам бошад дар ҷойи фуруши либосвориҳо тамошо мекард. Як вақт бинем, савдогар худ ӯзбек буд, ба тарафи акаам бо овози баланд гап мезаду ӯро таъкид, мекард ки бо забони ӯзбекӣ гап занад. Мо назди ӯ омада сабаби баланд гап задани ӯро пурсидем.

Вай ба мо изҳор намуд, ки ин шахс бо ман бо забони русӣ гап мезанад. Мо ба ӯ фаҳмонидем, ки ин шахс тоҷик аст, забони ӯзбекиро намедонад. Дар ҷойи зисти83 инҳо ӯзбекҳо зиндагӣ надоранд. Чаро шумо медонеду ин шахс намедонад, ман бо ӯ чанде бо ғазаб гап задаму Қурбон бо забони худашон ӯро ҳақорат дод. Дар охир ӯ аз мо бо ин кори кардааш узрхоҳӣ карду мо аз магазин берун шудем. Қурбон бошад, то назди майдони парвоз бо мо омад. Бо мо хайрухуш карда ба сӯйи хонаашон раҳсипор шуд. Дар вақти рафтан ба ман оғуш кушода, аз беодобӣ ва нофаҳмиҳои ҳамшаҳриҳояш аз ман узрхоҳӣ намуд. Ҳамон шаб мо соатҳои яки шаб ба шаҳри Ҷезқозған парвоз намудем. Ба фурудгоҳи Ҷезқозған расидему аз он ҷо ба истгоҳи поезди ҳамон шаҳр рафтем. Мо бояд боз ба қафо чанд соати дигар бо поезд мерафтем. Чанде мо дар вокзали поезд истодем. Вақти рафтани поезд ба сӯйи Байканур (шаҳри Ленинск) низ расид. Мо савор шуда, баъди чанд соат ба шаҳри Ленинск расидем. Вақте ки мо аз поезд фаромадем, аллакай субҳ дамида буд, соат 6-и саҳар буд. Мо ба назди мошинаҳои мусофирбар омадем. Ба яке аз онҳо муроҷиат намуда, суроға ва номи шахсе ки мо ба хонааш меравем пурсидем (ин суроға ва номро пешакӣ додарам ба мо дода буд). Ронанда гуфт, ки ман ин шахсро медонам ва шуморо мебарам. Мо ҳамроҳи бародарам савор шудем. Аз вокзал хело роҳ моро бурда, ронанда назди хонае истоду хонадорро ҷеғ зад. Аз хона як ҷавони қоматбаланде баромаду салом дод.

Мо ному насаби соҳибхона ва бародарамро аз ӯ пурсон шудем. Он шахс ба мо дар он тарафи деҳа будани ҳамномашро изҳор кард. Боз ронанда моро савор карда, ба сӯйи нишондодаи ин ҷавон раҳсипор шуд. Он хонаи нишон додаи ҷавон назди кашолгии дарё воқеъ будааст. Вақте ки мо назди он хона расидем, зане гов меҷушид. Он зан моро дида, сатили говҷӯшиашро як84 тараф монда, сӯйи хонааш давид. Дар назди дари хонааш болои кати оҳанӣ, писарбачае мехобид ва наздаш як мотоцикл меистод. Он зан бо ӯ бо забони қазоқӣ чизе гуфт, ӯ аз ҷой хеста мотоцикли худро якто заду савор шуда ғайб зад. Он зан моро ба хона таклиф намуда, пурсид, ки шумо хешони Абдураҳмонед. Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки ин падараш ва ман бародараш мешавам. Он зан гуфт, ки мо огоҳ будем, ки шумо меоед.

Баъди ин сӯҳбат ин писарбача бо мотоцикли худ бародарамро овард. Шиносоии ин оила бо бародари ман он будааст, ки рӯзҳо ин оила гусолаҳои фермаро нигоҳу бин мекардасту, шабҳо додари ман қаровулӣ ин гусолаҳо будааст. Ана ҳамин ҳамкорӣ онҳоро шинос карда будааст. Ин ферма фермаи ҳарбӣ будааст. Ҳамин тариқа мо се шаб дар хонаи ин қазоқ меҳмон будем. Он шахс бо келину духтарҳояш моро изатдорӣ мекард.

Хӯроки дӯстдоштаи онҳо «Бешбармоқ» будааст. Ҳар рӯз ин хӯрокро барои мо тайёр мекарданд. Яъне мисли атолаи тупаи мо тайёр мекунанду ҳамроҳаш гӯшти калони беустухонро меҷӯшонанд. Баъди тайёр шудан, гӯштро гирифта бо корд майда карда, ба атола ҳамроҳ мекунанд ва бо қошуқ мехӯранд. Дигаре аз хӯроки дӯстдоштаашон ширчой бо маскаю қанд мебошад. Ин хӯрокҳоро мо се рӯз якҷоя хӯрдем. Бародарам Абдураҳмон тӯли се рӯз бо мо буд. Мо ҳарчи кӯшиш мекардем, даруни шаҳр даромада натавонистем. Гирди шаҳр бо симхор маҳкам шуда буд. Ба шаҳр танҳо бо иҷозатнома даромадан мумкин буд. Дар гирди шаҳр полкҳои зиёде мавҷуд буд. Ҳар кадоме ба ҳар кор машғул буданд. Яке чорво, дигаре зироатҳои полезӣ, дигаре моли майда ва ғайра кор мекарданд. Дар гирди шаҳр ғайр аз полкҳо, деҳаҳои зиёде низ буд, ки ба он85 ҷойҳо озод рафту омад кардан мумкин буд. Дарёи Сир аз паҳлӯи ин шаҳр мегузаштааст. Мо рӯзе ҳамроҳии акаам барои оббозӣ ба лаби ин дарё рафтем. Дарёро маҷрояш аз байни қумистони бедолу дарахт мегузарад.

Паҳноияш ба 100-200 м мерасад. Аз назди соҳил мошинаҳо қумро ба куҷое мебаранд.

Ман ҳамроҳии акаам либосҳоро кашида ба лаби дарё даромадем. Дарё ниҳоят ором ҷорӣ буд. Обаш ниҳоят гарм буд. Вақте ки мо ба об даромадем, худро то зери манаҳ ба об ғутонидем. Ҳамин вақт ман дар даруни об ба чеҳраи акаам дигаргуние ҳис кардаму, аз дасташ дошта, ӯро ба беруни об баровардам. Дар беруни об бо ӯ сӯҳбат кардам, ӯ ким чӣ хел худро бад ҳис карданашро изҳор намуд.

Рӯзи дигар мо бо бародару хонадор хайру хуш намуда, ба вокзали поезд омадем. Ба поезди Москва – Душанбе савор шуда, ҳаракат мекардем, даштҳое миёни сарҳади Ӯзбекистону Қазокистон ҷойгир шуда буданд.

Дар яке аз даштҳо, ки ҷои машқи тирпаронии мо вақти хизмати аскарӣ буд, расидем. Ман ин ҷойҳоро ба акаам нишон медодам ва он кас аз зиндагии ин мардуми маҳал пурсон мешуд. Онҳо ба чорвопарварӣ машғул буданд.

Обро бо поезд барои онҳо дастрас мекарданд. Бо поезд се рӯз сафар карда ба Душанбе расидем.

Дар роҳ акаам, ки ин гуна даштҳоро надида буд, хело завқ мекард. Ба хусус сарҳадҳои Самарқанду Бухоро ва саҳрои Қайроқум ба ӯ диққат ҷалбкунанда буд.

Хулоса саёҳати 10 рӯзаи мо бо бародарам, хело хотирмон барои мо шуд. Ҳамасола мо дар кор будему аз якдигар хабаргир будем. Ҳаргоҳ бо бародарам во мехӯрдему аҳволи саломатиашро пурсон мешудам.

ГУЗАШТАН БА КОРИ ХОҶАГӢ

Акнун солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ даррасид.

Одамон сарсону саргардон дар ҷустуҷӯи нон ба ҳар ҷо медавиданд. Манро ба нафақа баромаданам наздик буд.

Рӯзе ба хонаамон Расулов А. – ҷонишини раиси хоҷагӣ, Машрабов Ш. – сараграноми хоҷагӣ ва Каримов С. – раиси участкаи №1-и хоҷагии М.С.А. Ҳамадонӣ омаданд. Баъди чанде нишастан онҳо ба ман изҳор карданд, ки ту бояд сардори бригадаи №1-и хоҷагиро ба зима гирӣ. Мо супиришро аз раиси хоҷагӣ Зардиев Абдуҷаббор ба ту мерасонем. Рости гап дар мактаб кор кардан дигар мушкил буд.

Талабагон ба дарс намеомаданд. Онҳо дар паи хӯрока ёфтан ба ҳар ҷо мерафтанд. Муаллимон ба маоши ночизи мактаб қонеъ нашуда, мактабро партофта мерафтанд. Ман вазифаи ҷонишини директор оид ба тарбияро иҷро мекардам. Директори мактаб Ганиев Абдуғаффор (ёдаш ба хайр) низ корро партофта рафт. Ман дар ҳолати ногувор монда будам. Охир ман бо ташвиқҳои зиёди ин мардон, ба сардори бригада шудан розигӣ додам. Аз моҳи январи соли 1995 ман ба вазифаи сардори бригадаи №1-и хоҷагии С. А. Ҳамадонӣ таъин шудам. Бригада аз солҳои 1990 то 1995 нақшаҳои хоҷагиро ҳамагӣ 50-60% иҷро мекарду халос. Қисман аз ин ҳам паст буд. Коргарон ба саҳро набаромада, дар талу теппаҳо дастӣ ғалла мекоштанд. Кор дар майдони пахта ба зимаи кӯдакону қисман занон монда буд.

Акнун ман хона ба хона гашта занон ва наврасонро ба саҳро даъват мекардаму кори саҳроро аз сангчинию аҷриқчинӣ сар кардем. Як тарактор бо аробааш ба мо вобаста шуда буд. Рӯзҳои офтобии зимистон дастию бо ароба ба сари заминҳо пору мекашонидем. Бо ман Қурбонов Сироҷ,Абдураҳмонов Бобоназар, Иброҳимов Ҳасан, Ширифов Ҳасан аз наврасон Абдураҳмонов Хӯҷа, Қурбонов Ҷамшед, Қурбонов Давлат, Қурбонов Аҳмад ва дигарон хонандагони синфҳои 10-11 ҳамроҳ шуданд. Ҳамроҳи ин мардон аз ҳисоби занон низ Шоимардова Робиямо, Доробова Хайриниссо, Бибихол, Нағзигул, Раҷабмоҳ, Майдамо, Асалмо, Бибиҳур ва дигарон ҳамроҳ шуданд. Рӯзе аз 30 то 50 нафар мардону занон ва наврасон ба саҳро ба кор мебаромаданд. Соли аввали корӣ мо пахтаро коридем ва коркардашро қисман хуб иҷро кардем ва ҳосилнокиро ба 95% расонидем. Дар охир суми иловагӣ гирифта натавонистем.

Маоши коргаронро бо гандум, собун ва дигар маҳсулотҳо пардохт мекардем.

Акнун соли хоҷагии 1996 мо бо ҳамроҳии коргарон, боз корро сахттар гирифта, дар зимистон, рӯзҳои офтобӣ пору мекашонидем. Як трактор бо аробааш ба мо вобаста шуда буд.

Бо дили гарм ҳама ба кор мебаромаданд. Мо дар бригада дар майдони 28 га гандуми «Шарора» коридем.

Ҳосилнокии гандум ба 60 ц. расид. Ба коргарон замини гандум ба иҷора дода шуда буд.

Ҳар кадом аз замини иҷора гирифтааш ба миқдори 400-600 кг гандум гирифтаанд. Пахтаи коридаамон низ ҳосили хуб дод, дар охири сол ҳосилнокиро ба 30 ц. расонидем. Дар охири сол ба ҳар 1суми кор кардаамон боз 1 суму 12 дирами дигар суми иловагӣ гирифтем.

Суръати кори хоҷагӣ дар ҳамин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ суст намешуд. Дар хоҷагиҳои дигар молу мулки хоҷагӣ талаю тароҷ, карда мешуд, техникаҳои кориро яроқбадастон мебурданд, киштзорҳоро хароб88 мекарданд. Баъзан роҳбарони ҳукумат аз ба хоҷагиҳо ёрӣ додан мегурехтанд. Мақомоти мудофиавии ҳукумат дуруст кор намекард. Баъзан яроқбадастон аз амборҳои хоҷагиҳо ғалла ва дигар маҳсулотҳоро зуран бор карда мебурданд. Хоҷагии Ҳамадонӣ ягона хоҷагӣ дар ноҳияи Кӯлоб буд, ки ҳамаи моликияташро бо саршумори чорвояш пурра нигоҳ медошт. Ин маҳз бо сахтгирӣ ва кордонии роҳбари хоҷагӣ Зардиев Абдуҷҷаббор вобастагӣ дошт. Бо кадом роҳҳое, ки набуд, халқро бо хӯрока ва маҳсулотҳои полезӣ таъмин мекард. Коргарони бригадаи мо низ сахт меҳнат мекарданд, ҳамин буд, ки бригадаи мо низ қатори бригадаҳои пешқадам ҷойгир буд. Акнун ҳар сол мо дар майдони 10-20 гектар ғалла корида, ба коргарон иҷора медодем.

Онҳо замини ғаллаи иҷора гирифтаро хуб нигоҳубин менамуданд ва ҳар яке 600-800 кг гандум мегирифтанд.

Бо ҳамин роҳҳо мардум аз гуруснагӣ раҳоӣ ёфт, зиндагӣ хело пеш рафт, мардум осуда мешуданд.

Ман дар ин вазифа то охири соли 2006 кор кардаам.

Бо розигии худам корро бас намуда, ба истироҳати меҳнатӣ баромадам. Системаи хоҷагии умумӣ ба системаи хоҷагии иҷоравӣ гузашт. Ин намуди хоҷагидорӣ он қадар хуб пешравӣ надорад. Чунки ҳамаи шахсон техникаи корӣ надоранд, дар вақти лозима коркарди киштзорро гузаронида наметавонанд, пору ва доруро (озуқаро) сари вақт ба киштзор дода наметавонанд. Ана ҳамин сабабҳо боиси кам шудани ҳосилнокии заминҳо мешавад.

пешина
аз 13
навбатӣ