Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ВАҲДАТ

Ҳамдилӣ, ҳамбастагиву ҳамсадоӣ ваҳдат аст,

Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ ваҳдат аст.

Ваҳдат аст он, ки ба назм овард даври коинот,

Ҳаммаромӣ, ҳамравоӣ, ҳамгироӣ ваҳдат аст.

Ваҳдат он набвад, ки созӣ бо ду-се тан дар ҷаҳон,

Бо ҳама халқи Худо ваҳдат намоӣ, ваҳдат аст.

Нест осон роҳ кандан гарчи аз кўҳи гарон,

Лек гар аз дил ба дил роҳе кушоӣ, ваҳдат аст.

Бо худ о, хоҳӣ нагардӣ гар фаромўши худӣ,

Аз фаромўшӣ агар ки бо худ оӣ, ваҳдат аст.

Дасти ҳар афтода гиру дасти худ бар даст деҳ,

То Худо дасти ба даст ин ҷо биёӣ, ваҳдат аст.

Боғи ваҳдат дар баҳору дар зимистон гул кунад,

Дар замини меҳр чун гул лаб кушоӣ, ваҳдат аст.

Ваҳдати ҳар қатра Норакро ба гардиш оварад,

Ҳамчу дарё қатра-қатра боҳамоӣ ваҳдат аст.

Аз гузашти рўзгорон боядат аз худ гузашт,

Гар расӣ, эй дил, дар ин раҳ чун фидоӣ, ваҳдат аст.

Нурмуҳаммад НИЁЗӢ

КАСЕ НЕК ДОНАД НИЁГОНИ ХЕШ

Агар ман надонам ниёгони хеш,

Чӣ сон пок дорам дилу ҷони хеш?

Аз ин рў равам ман ба қаъри Аҷам,

Зи дунёи кўҳна садо оядам.

Ба Алвандрўдам бари Тайсафун,

Даро, Тоқи Кисро ба ҷон андарун.

Чакочак расад аз набарди гарон,

Шикаста ҳазорон зи гурзу камон.

Зи Рустам шуда Саъди Ваққос суст,

Ба назм оваридаст фарзанди Тўс.

Фаредун ҳамеша ба ёд оядам,

Чу як сулҳпеша ба ёд оядам.

Аз ў кушта Заҳҳоки Морон шудаст,

Зи душман тиҳӣ рўзгорон шудаст.

Сиёвуш аз ин даҳр бо оштӣ,

Нишони бади ҷанг бардоштӣ.

Ҳама ҷангбезори халқи куҳан

Хаёли Сиёвуш кунад мисли ман.

Ба ҳар сол Наврўз ояд яқин,

Сиёвуш кунад ёд аҳли замин.

Зи Ашкониёнам, зи Сосониён,

Расидаст рўҳам зи Сомониён.

Шикастаст рўҳам басе садди роҳ,

Набурдаст рўҳам зи душман паноҳ.

Наяст ифтихорам зи гурзу камон,

Ниёгон шикаста ҳам ину ҳам он.

Ба ин сон ниёгон ҳаётам хуш аст,

Ҳаётам ба ранҷу нишотам хуш аст.

Касе нек донад ниёгони хеш,

Бад-он нек донад дилу ҷони хеш.

БИРАСАД БОНГИ ҶАРАС

Аз Гардани Уштур бирасад бонги ҷарас,

Бояд бирасӣ ба қадри ҳар ними нафас,

Ҳар ҷо, ки диле ҳаст, бикун сахт ҳавас,

Монанди шарар гузар зи ҳар банду қафас.

\* \* \*

Мо банд кушодем, ки озод шудем,

Мо ғусса бихўрдем, ки дилшод шудем.

Ҳар мўъҷизаро ҳаст ба дунё сабабе,

Мо нақб бикандем, ки Фарҳод шудем.

Мирзо ШУКУРЗОДА

МУНОҶОТ

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор,

Тулўъи нуру имонро нигаҳ дор.

Ҳарими ҳикмати «Бўстон»-и Саъдӣ,

Гули рўйи «Гулистон»-ро нигаҳ дор.

Зи шохи нахли виҷдон мевааст ў,

Худоё, нахли виҷдонро нигаҳ дор.

Паси даҳ қарн сомон ёфт Сомон-ш,

Шукўҳу фарри Сомонро нигаҳ дор.

Шаҳаншоҳи Хуросон дар Душанбе!

Шаҳаншоҳо, Хуросонро нигаҳ дор.

Ҳама мастийи мо аз ҳастийи ўст,

Ту шўру шавқи мастонро нигаҳ дор.

Шумори хасмаш аз мўру малах беш,

Алайҳи хасм хосонро нигаҳ дор.

Ба рағми хасми рўбаҳфеъли бадкеш,

Паёпай хези шеронро нигаҳ дор.

Бикан бо чангу дандон пўст аз ў,

Ғурури чангу дандонро нигаҳ дор.

Зи барқи теғи буррон сўз чашмаш,

Ҷилойи теғи бурронро нигаҳ дор.

Сипоҳони миҳан душмангудозанд,

Сипоҳи Вахшу Хатлонро нигаҳ дор.

Зарафшоно, дилафшон кун ватанро,

Дили дарёйи гурдонро нигаҳ дор.

Шукўҳи Суғду Шумон1 аз ҳасад дур,

Бадахшони дурахшонро нигаҳ дор.

Дуъои мустамандон мустаҷоб аст,

Худоё, Тоҷикистонро нигаҳ дор.

1 Шумон – манзур Ҳисори шодмон аст, ки гузаштаи дурахшон ва таърихи ифтихорманде дорад.

пешина
аз 63
навбатӣ