«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
МАЗҲАРИ ХУРШЕД
Чу эъҷози хирад бинмуд бо Ваҳдат шарафёбаш,
Бишуд зебанда Шаҳри Сулҳ бо номи ғазалбобаш.
Чунон нури шарофат метаровад аз ҷамоли ў,
Ки гўӣ шуста имшаб нуриён бо шири маҳтобаш.
Душанбе – маснади Ҷамшед, шаҳри мазҳари хуршед
Бишуд кошонаи уммед баҳри ҷумла аҳбобаш.
Варо ҳар чашми равзан бингарад бар кўчабоғи бахт,
Ба шаҳроҳи саодат мешавад бикшода ҳар бобаш.
Бувад пушту паноҳаш рўҳи Исмоили Сомонӣ,
Чароғи роҳ бошад машъали фазли ҷаҳонтобаш.
Имоми мову моро Тоҷикистон саҷдагаҳ бошад,
Душанбе дар таносуб минбари арҷ асту меҳробаш.
Зи файзи обрў шодон, тар асту сабзу ободон,
Хушо, Раҳмон аз ин борони раҳмат карда шодобаш.
Кушоям дидаи уммед сўи Мазҳари Хуршед,
Маро дил мекушояд бо ҳама паҳнову поёбаш;
Навозад як тараф дилро Суханкошонаи Мирзо,
Рабояд дидаро як сў Нигористони Сўҳробаш.
Душанбешаҳру Кохи Ваҳдаташ як минбари сулҳанд,
Фазилатгоҳ чун шаҳри Хуҷанду Қасри Арбобаш.
Зи ошиқпарварии ў нагўям, чунки аз ман беҳ
Бигўяд бо шумо инро лаби дарёи Варзобаш.
Раҳи сахти куҳистон роҳи бахти тоҷикон гардид,
Далели равшани бахти баландаш – нақби Анзобаш.
Ба шасти ҷўи набзи ў хурўшон хуни сабзи ў,
Хуш оҳанги шукуфтанҳо, ки дорад набзи бетобаш.
Надорад лаҳзае ором субҳи солеҳон то шом;
Чӣ тамкинест озода дар ин биштоб – биштобаш.
Шабон Варзобкўҳаш алла гўяд бо забони рўд,
Чу тифле дар бари домони модар мебарад хобаш.
Сабринисо ҲУСЕЙНЗОДА
ДОДИ ИСТИҚЛОЛ
Месарояд дил суруди шоди Истиқлол,
Ин Ватан гардидааст ободи Истиқлол.
Роҳи Кўлобу Бадахшон роҳи дилҳо шуд,
Нақби Анзобаш бишуд имдоди Истиқлол.
Сар ба гардун шуд сари болои Сомонӣ,
Қасри миллат омад аз бунёди Истиқлол.
Сангтўда санги зулмат дар шикастанҳост,
Шукр гўяд халқи мо аз доди Истиқлол.
Тоҷи гул омад ҷаҳонро қуллаи Помир,
Накҳати гулҳо расонад боди Истиқлол.
Коми оламро чакад шири забони мо,
Бар замонҳо зинда монад ёди Истиқлол.
Роҳи оҳан даф занад дар кўчаи Иқбол,
Мўҳри бедорист дар бунёди Истиқлол.
Нотавонбине, ки умре душмани мо буд,
Нақшаи ў мешавад барбоди Истиқлол.
Қуллаи касногузар таслими кўҳкан шуд,
Нотавон шуд дар кафи Фарҳоди Истиқлол.
ТОҶИКИСТОН
Дар куҷо олам ба амсоли биҳишт,
Дар куҷо печида шўри булбулон?
Дар куҷое чашма мехонад суруд,
Сар кашида қуллаҳо то осмон.
Дар куҷо рўи гули хуршедро
Мекунад ҳайрон рухи моҳи замин,
Дар куҷо ин моҳ мешармад ба шаб
Аз ҷамоли духтарони нозанин?!
Дар куҷо чун оҳувоне духтарон
Ҳусн мепошанд аз болои санг?
1 Яъне Покистон, низ дар назар аст.
Дар лабон бинҳода сими «Чанқаваз»1
,
Дар наво бинҳода бо овози чанг.
Дар куҷое ҳамчу зулфи духтарон
Пушта-пушта лола рақсон мешавад,
Дар куҷо абри сияҳ аз рашки зулф
Танг гашта дидагирён мешавад?!
Дар куҷо зулфони беди кокулак
Мехўрад сад печ чун зулфони ман,
Дар куҷо бо шарм нафси гургсон
Аз талоши барра мебандад даҳан?!
Ин ҳама, эй дўст, меову бубин,
Дар диёри Тоҷикистони ман аст.
Тоҷикистон, аз ҳама боло туӣ,
Ҷои ту болотар аз ҷони ман аст.
Тоҷикистон! Тоҷикистони азиз,
Санги ту аз хоки олам нармтар.
Ҳар қадар ки мешиносам хешро,
Он қадар дар сина гардӣ гармтар.
ОҒОЗИ НУР
Зиндагӣ оғоз шуд, анҷоми нур,
Рўзро оғози нав аз шоми нур.
Зиндагӣ як фурсат аз Парвардигор,
Аз барои мову ту инъоми нур.
Умр агар бигзашт дунболи ҳавас,
Ҳайфи умри рафтае, аз хоми нур.
Кас чу коме ёфт, аз бори сабук,
Оқиле ҳар ҷост мушкилкоми нур.
Зистан марге бувад аз пушти нафс,
Зинда монад, он ки некўноми нур.
Мо чу боде бигзарем аз зиндагӣ,
Баъди мо ин хонаву ин боми нур.
1 Чанговоз.
Алидоди ЧАРОҒАБДОЛ
ШУКРИ ВАҲДАТ
Шукри миллат, шукри ваҳдат
Шукри истиқлоли тоҷик.
Шукри бахту ҳам саодат,
Шукри ин иқболи тоҷик.
Ҳамнаво шуд Рашту Хатлон,
Бо Ҳисору ҳам Зарафшон,
Суғд ҳамрози Бадахшон
Ҳам Душанбеи гулафшон.
Шукри миллат, шукри ваҳдат
Шукри истиқлоли тоҷик
Шукри бахту ҳам саодат,
Шукри ҳам иқболи тоҷик.
Бо паёми нав ҳидоят
Роҳи мо гашта дурахшон.
Сулҳу ваҳдат партавафшон
Дар диёри Тоҷикистон.
Шукри миллат, шукри ваҳдат
Шукри истиқлоли тоҷик
Шукри бахту ҳам саодат,
Шукри ин иқболи тоҷик.
Халқи тоҷик ҳамнаво шуд,
Ҳамдилу ваҳдатсаро шуд,
Ботини ў пурзиё шуд,
Зиндагонӣ пурсафо шуд.
Шукри миллат, шукри ваҳдат
Шукри истиқлоли тоҷик.
Шукри бахту ҳам саодат,
Шукри ин иқболи тоҷик.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё