Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ВАТАН БОҒИ САОДАТҲОСТ

Ватан бахту саодат чун насими навбаҳор орад,

Шукуфа бар шукуфа накҳате аз кўйи ёр орад.

Ба боғи Тоҷикистонам хазонрезон намезебад,

Насими ваҳдатафшонаш хушо атри баҳор орад.

Ватан боғи саодатҳост, ҳам паймонаи дилҳост,

Диле бо дил бипайвандад, хумор андар хумор орад.

Зи рўи ҳамдигар мастем, гў, аз дарду ғам растем,

Чуноне даст бо дастем, ҷаҳоне дар канор орад.

Ман ин боғ, аз Худо хоҳам, макони сур гардонад,

Ҷавононро саодатҳо, ба ҳар пире мадор орад.

Басо хуш гуфта Ҳофиз дар сифоти ваҳдати инсон:

«Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!»

БУНЁДИ ВАҲДАТ

Аё, эй мардуми покизабунёд,

Туӣ ваҳдатсаро ҳам ваҳдатэъҷод.

Дилат поку ду дастат поку номат,

Бинои ҳастият аз покӣ бунёд.

Ҳазорон шукри ҳақ, ки дар амонем,

Зи Мавлонои Румӣ мо бихонем:

«Биё то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем».

Ҳама бунёди мо бунёди Ваҳдат,

Мароми мо ҳама сулҳу саодат.

Ниҳоди мо чунон оби зулолест,

Ки саҳни осмон бидҳад шаҳодат.

Зиҳӣ меъмори сулҳи Тоҷикистон,

Бинои давлати нав карда бунён.

Аз ин ақлу амал, з-ин роҳу тадбир,

Шуда фархунда рўҳи Оли Сомон.

ГУЛШАН

МУЛКИ ПУРШОН

Эй Тоҷикистон, зебо диёрӣ,

Гулшан надорад ҳусне, ки дорӣ.

Ҳар гўшаи ту ҷаннатнишон аст,

Бар ҳастии мо роҳатрасон аст.

Деҳоту шаҳрат боғи гулафшон,

Обу ҳавоят осоиши ҷон.

Ганҷи фаровон дар кўҳсорат,

Файз аст резон аз обшорат.

Домони даштат хони пуралвон,

Кони саховат саҳрои деҳқон.

Ту сарзамини озодагонӣ,

Ту ҷовидона озод монӣ.

Эй Тоҷикистон, эй мулки пуршон,

Эй Тоҷикистон, эй модари ҷон.

МУБОРАК ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК

Ҳама шоду ҳама хурсанду хандон,

Ҳама шукронагўи давру даврон.

Ба истиқболи Истиқлоли кишвар

Саропо сабзу хуррам Тоҷикистон.

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,

Шукўҳу шавкату иқболи тоҷик!

Замин аз гул ба сар чодар гирифта,

Аҷаб ҳусне ба худ кишвар гирифта,

Табассум дар лаби ҳар пиру барно,

Зи дасти тифлакаш модар гирифта.

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,

Шукўҳу шавкату иқболи тоҷик!

Ватан, аз бахту иқболат бинозам,

Ба ин парвози шаҳболат бинозам.

Бақоят то абад бодо ба олам,

Ба ҷашни бистумин солат бинозам.

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик,

Шукўҳу шавкату иқболи тоҷик!

Нурулло НОРЗОДА

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, ман ба дашту кўҳсорат ошиқам,

Бар замини дилрабою зарнисорат ошиқам.

Ҳусни дилҷўи ту бар дил шавқу шодӣ оварад,

Бар шукўҳи гулшани доимбаҳорат ошиқам.

Домани покат биҳишту гулрухонат ҳури он,

Ошиқам, ошиқ, ба ҳусни гулнигорат ошиқам.

Шоми тор охир шуду субҳи сафоят даррасид,

Бар ҷамоли субҳи пурнуру шарорат ошиқам.

Аз насими сулҳу ваҳдат шуд баҳорат гулфишон,

Ман ба гулбарги руху савти ҳазорат ошиқам.

Ҳар яке фарзанди ту ҷон медиҳад аз баҳри ту,

Ман ба ин фарзандҳои ҷонсупорат ошиқам.

МАЪВОИ АРМОН

Эй Тоҷикистон, эй Ватан,

Маъвои армонам туӣ.

Ман андалеби хушсухан,

Боғи гулафшонам туӣ!

Номи ту дорам дар забон,

Эй марзи поки Ориён!

То ҳастаму ҳаст ин ҷаҳон,

Дар дидаву ҷонам туӣ!

Бо туст ин болу парам,

Бо туст ин зебу фарам.

Эй кишвари меҳроварам,

Тахти Сулаймонам туӣ!

Ҳар заррасангат тоҷи сар,

Оби ту дар чашмам гуҳар.

Ту модарию ман писар,

Номусу виҷдонам туӣ.

Дар чорсўи ин Замин,

Гар ҳаст мулке нозанин.

Донам, ки сад раҳ беҳтарин,

Эй Тоҷикистонам, туӣ.

Зарнигори МУБОРАКШО

СУРУДИ ВАТАН

Ту тахту тоҷи мо, Ватан,

Умеду бахти мо, Ватан

Ту рамзи ҷовидониям,

Ту ҷони сахти мо, Ватан.

Ту навбаҳори мо, Ватан,

Ту ҳар барори мо, Ватан.

Ту баҳри мо ягонаӣ,

Ту ифтихори мо, Ватан.

Ту ҷону ҳам ҷаҳони мо,

Ту бахти ҷовидони мо.

Нишони умри мо туӣ,

Ту нури дидагони мо.

пешина
аз 63