«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ДУШАНБЕ
Аз меҳри дилу нури басар тахти Душанбе,
Аз дўстии аҳли башар бахти Душанбе.
Аз фарри Каён фарри ҳама рўзу шабонаш,
Шаъни падарон дар тану дар хуни равонаш.
Аз хандаи хуршедии ишқ аст бисоташ,
Яъне, ки ба Ҳурмузд расад риштаи ҷонаш.
Яъне ки бувад хонаи Хуршеди Душанбе,
Мўъҷизаи афсонаи Хуршеди Душанбе.
«Шаҳнома»-и хоност китобаш ба ҷаҳонҳо,
Ишқи дили Мавлост китобаш ба ҷаҳонҳо.
Ин Меҳани Синост, бидонад ҳама дунё,
Дилномаи зебост китобаш ба ҷаҳонҳо.
Мерос зи Синою зи Мавлост Душанбе,
Яктошудаи давру замонҳост Душанбе.
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД
Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ ба мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Раҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Сайидалӣ МАЪМУР
ТОҶИКИСТОНИ ОЗОД
Тоҷикистон,
Мардумонат
Асрҳо озодиатро орзў карданд,
Ҳамчу ганҷи бебаҳое ҷустуҷў карданд.
Ҳам дили кўҳи туро бишкофтанд.
Кони нуқра,
Кони тилло ёфтанд,
Лек озодии ту ноёб буд,
Дар хаёлу хоб буд.
Нуқраю тиллои ту гашта насиби дигарон,
Мардумат бедору бахташ буд дар хоби гарон.
Дар раҳи озодии ту кўҳ шуда девори сангин.
Гашта мармар ашкҳои талхи дерин,
Буд истиқлолхоҳат дилҳазин.
Дуди оҳаш бар сараш абри сияҳ мешуд,
Дар миёни пардаи ғам
Рўҳи озодаш панаҳ мешуд.
Ногаҳон
Баъди чандин асри армону ҷудоӣ,
Ҳамчу инъоми худоӣ
Бар ту истиқлол омад, соҳибистиқлол гаштӣ.
Баъди Сомонӣ дубора
Вориси ин бахт,
Ин иқбол гаштӣ.
Шодии дилҳост истиқлоли ту,
Хандаи бахти туву иқболи ту.
Тоҷикистон,
Пештар аз ҷашни ту
Асри нав омад ба истиқбол.
Асри нав
Асри шукуфоии ту гардад,
Ҷашни истиқлол
Ҷашни тиллоии ту гардад.
АХТАРИ МАН
Аз миёни ситораҳои зиёд
Ахтари дури ман намоён аст.
Он на дар осмони мулки дигар,
Бал ба гардуни Тоҷикистон аст.
Ҳар куҷое, ки роҳ бигрифтам,
Буд он ҷой ахтарам бо ман.
Аз сафарҳои дур баргаштам,
Тори сар буд ахтарам равшан.
Гум нашуд бо ҳидояташ роҳам,
Омадам боз бар канори Ватан.
Ман намондам ба хоки бегона,
Нашудам зори обу хори Ватан.
Худ, ки дилро накандаам аз ту,
Тоҷикистон, манам аз он зинда.
То ту ҳастию осмонат ҳаст,
Ахтари ман намешавад канда.
ҶАҲОНЕ ДАР ҶАҲОН
Агарчи Тоҷикистонам калон нест,
Ҷаҳон дар чашми ман бе он аён нест.
Ба уқёнусу баҳру наҳрҳояш
Маро беҳтар зи Вахшу Зарфишон нест.
Агар бошад фузун кўҳи баландаш,
Вале ҷои дигар Боми Ҷаҳон нест.
Агарчи мардумони беш дорад,
Шумораш бештар бе тоҷикон нест.
Ҷаҳон дорад агар қавми қадимӣ,
Зи суғди бостон бе он нишон нест.
Суханвар дар ҷаҳон гарчи зиёд аст,
Ба сони Рўдакӣ соҳибқирон нест.
Чӣ ҷўям ҷаннати рўи заминро,
Диёрам бе гулистон, бўстон нест.
Агарчи дар масоҳат танг тобад,
Чу тоҷик дилкушоде дар замон нест.
Ҷаҳоне дар ҷаҳон бошад бароям,
Ҷаҳон бе Тоҷикистонам ҷаҳон нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё