Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
– Мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум бар якдигар чун аъзои як пайкаранд. Вақте яке ранҷур шавад, дигарон ҳам дар бехобиву таби он ширкат мекунанд, – гуфтаанд ҳазрати пайғамбарамон Муҳаммад алайҳиссалом дар ҳадиси шариф. Ба назари ман, ин намозгоҳ намунаи олии муттаҳидию ваҳдати моро нишон медиҳад, – ба суханони худ давом намуд Раҳматулло. – Минбаъд мо бояд мисли ҳаминрӯза ҳам дар ид якҷоя бошему ҳам дар кору ҳам дар санҷишу душвориҳо. Осоиши умри фарзандони мо, бахту саодат, наҷоту растагорӣ ва файзу баракати рӯзгори мо дар ҳамин аст. Аз ҳамин рӯз эътиборан шиори мо дар зиндагӣ бояд чунин бошад: Аз файзи илоҳист, ки ҳастем баробар, Ҳар миллату ҳар халқ ба ҳам ёру бародар. Вақте ки бародарон намози иди Рамазонро гузорданд ва чун муқтадо идро табрик гуфт, ҳозирин оғӯш кушода, ҳамдигарро бо иди саиди фитр муборакбод менамуданд.
Ба тӯли се рӯзи ид сокинони ин се колхоз ба хонаҳои ҳамдигар рафта, чун бародарони меҳрубон якдигарро бо иди Рамазон табрик мекарданду ба арвоҳи гузаштагон тиловати каломи раббонӣ менамуданд. Шояд ин бори аввал буд, ки бародарони аҳли исломи ин тарафҳо фақат хешу ақрабо ва қавму қабоили худро тарҷеҳ наменамуданд ва афзал намешумурданд. Балки тоҷик ба хонаи туркману ӯзбек мерафту туркман ба гирди дастархони ӯзбек менишаст ва ӯзбек ба муборакбодии тоҷику туркман меомад. Хулоса, ҳамагон дар гирди хони идонаи ҳамдигар нишастанд. Ин ҳақиқатан ҳам пирӯзии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар роҳи таҳкими ваҳдату созандагӣ буд, ки Раҳматулло-раис ҳамчун фарзанди содиқу бовафои халқ онро дар ин маҳалҳо татбиқ менамуд.
Баҳори водии Қубодиён нисбат ба дигар минтақаҳо, масалан, нисбат ба водии Ҳисор як-якуним моҳ пештар меояд. Вақте ки бодом гул карду зардолу муғча баст, ба кишти пунбадона ҳам фурсат хеле кам монд. Ин кишти нахустин буд, ки Раҳматулло бояд дар вазифаи раис оғоз менамуд. Деҳқонони хоҷагӣ ба ҳамвор намудани киштзор, кандани ҷӯю заҳбурҳо сафарбар гардида буданд.
Раҳматулло-раис ҳангоми шудгор тамоми минтақаҳоро аз назар гузаронида бошад ҳам, ҳоло пеш аз оғози кишт салоҳ дид, ки бори дигар ҳамаи як ҳазору панҷсад гектар замини барои кишти пахта пешбинишудаи колхозро бо ҳамроҳи сарагроном Аврод Пӯлодов, сармуҳандис Эмом Худойдодов, мутахассисин Тоҷиддин Содиқов, Абдулаҳад Абдусаломов ва сармироб Аслиддин Воҳидов муоинаи дақиқ намуда, камбудиҳо ва нуқсонҳои охиринро бо маслиҳати ин кишоварзони пуртаҷриба ва доно бартараф созад. Колхоз пас аз воқеаҳои даргирӣ якчанд сол буд, ки нақшаи пахтасупориро иҷро карда наметавонист. Нақшаи давлатии пиллапарварӣ ва дигар соҳаҳо низ иҷро намешуданд. Имсол дар хоҷагӣ бояд гардиши ҷиддие ба амал меомад. Раҳматуллораис бо нерӯи хирад ва амри дили худ ин гардишу дигаргунии ҷиддиро татбиқ намуданӣ буд ва деҳқонони хоҷагӣ онро интизорӣ доштанд. Раис ва роҳбарони соҳаҳои асосии кори хоҷагӣ аз як қитъа ба қитъаи дигар пиёда мерафтанд, то ки нуқсонҳоро хубтар бубинанд ва бо ҳавсалаю тааннӣ чораҷӯӣ намоянд.
– Раис, мана, дар ин минтақа поёноб кӯл мешавад, – шарҳ медод Аврод Пӯлодов ба киштзори соҳили дарё бо даст ишора намуда, – чун об кӯл шуд, маълум, ки бо тафси нурҳои офтоб об гарм шуда, ниҳолони пахтаро камқувват мекунад ва ин қитъа дар инкишоф ва нашъунамо аз дигар минтақаҳо қафо мемонад. Ман дар хусуси ҳамвор намудани ин ҷо солҳои қаблӣ ҳам ба раёсат пешниҳод навишта будам, вале аз чӣ сабаб бошад, ки он вақт гуфтаҳои маро ба инобат нагирифтанд. Чунин киштзори ноҳамвор дар ду-се минтақа мавҷуданд. Ҳарчанд душвор бошад ҳам, пешниҳод мекунам, ки чунин минтақаҳо бояд ҳамвор карда шаванд.
– Акои Эмом, – ба сармуҳандис нигарист раис, – ман ин пешниҳоди сарагрономро қабул менамоям, шумо худи ҳамин рӯз ба механизаторон супориш диҳед, ки ҳамаи минтақаҳои пасту баландро ҳамвор бикунанду ба ин ҷоҳо хоки ғизодор биёранд. Ба ҳамин минвол Раҳматулло-раис бо қомати баланд ва чустию чолокии хоси худ бо машварату маслиҳати мутахассисони хоҷагӣ ҳар як ваҷаби киштзорро қадам ба қадам гашта, камбудию нуқсонҳоро дақиқан ислоҳ намуд. Дар сари як қитъа супориш дод, ки решаҳои ғумайю аҷриқҳоро тозатар бичинанду аз паҳлӯи қитъаи дигар заҳбур бикананд, то оби зеризаминӣ растаниро пажмурдаю заҳир насозад. Ҳарчанд дар вақти шудгор ба замин пору рехта бошанд ҳам, раис фармуд, ки ба сари ҳар қитъа боз ба қадри зарурӣ пору ҷамъоварӣ кунанду ҳангоми кишт ба пахтазор бипошанд.
– Ин пору ба ҷойи нурии минералӣ хоҳад шуд, – таъкид намуд раис дар ҷаласаи ҳаррӯзаи раёсати хоҷагӣ, ки вақтҳои долу зарби кор ташкил гардида буд. Кишти пунбадона дар колхози «50-солагии СССР» бо тайёрии пухта оғоз шуд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом ёфт. Пунбадона аз зери хоки гарму нарм яксара неш зада баромад, ки он манзараи хурсандибахше дошт. Аммо воқеаи фавқулодда ҳангоми ягонакунии қитъаи шашгектараи минтақаи Санги Шикофта ба вуқӯъ омад.
Он рӯз ҳаво аз пагоҳӣ офтобӣ буду пора-пора абрҳои баҳорӣ дар осмон шино доштанд. Баъд аз нисфирӯзӣ ҳаво дам шуда, абрҳо рӯйи хуршедро пӯшониданд. Аз кадом гӯшаи осмон якчанд бор раъд гулдуррос заду барқ шарарфишонӣ намуда, якбора борон борид. Аввал оҳиста ва сонӣ хеле шиддат гирифта, само обро гӯё ба сари замин бо сатил мерехт. Ин ҳодиса чунон бо суръат ба амал омад, ки ҳатто деҳқонон ба бошишгоҳи саҳроӣ ҳам рафта натавониста, шип-шилта тар шуданд. Киштзор ба ҳавзи бузурги лойоба табдил ёфта, пунбадонаҳои дубарга зери лойқа монданд, пахтазор ба кӯли зардранге мушобеҳ гардид.
Дар ин вақт Раҳматулло-раис дар дафтари корӣ буд ва аз тиреза ба раъду барқи осмони болои деҳаи Санги Шикофта бо хавотирию ташвиш менигарист. Ин борони сел ҳамагӣ ним соат тӯл кашид. Вале ҳамин ним соат ҳам кофӣ буд, ки пахтазор пурра дар зери лой бимонад. Пас аз қатъ гардидани борони сел сардори бригада ҷавонеро фармуд, ки велосипедашро савор шаваду аз ин воқеаи ногаҳонӣ раисро огоҳ намояд. Дар роҳ ҷавон ба муқобили худ мошини кӯҳнаи «ЗИЛ»-ро дида, велосипедашро нигоҳ дошт. Раҳматуллораис аз хавотирӣ дар идора дер нишаста натавонист.
– Чӣ гап шуд? – пурсид раис аз кабинаи мошин фаромада.
– Сел қитъаи шашгектараро вайрон кард, – ҷавоб дод ҷавон, ки пероҳану шалвораш тамоман тар шуда буд.
– Ба ту ҷавоб, – гуфт раис, – ба хонаатон рафта либосатро иваз бикун ва ҳатман ягон дами гарм бихӯр, ки касал нашавӣ. Раис мушоҳида намуд, ки лабони ҷавон аз таъсири хунукӣ кабуд шуда буд. Қитъаи шашгектара манзараи риққатоваре дошт, ки раис онро дида, хеле ба сутӯҳ омад. Дар ҷаласаи оҷили раёсат, ки ба ин муносибат бегоҳӣ дар идораи колхоз барпо гардид, сарагроном Аврод Пӯлодов маълумот дод.
– Сели дар деҳаи Санги Шикофта борида, – гуфт сарагроном,
– асосан қитъаи шашгектараи кӯҳдоманро хароб кард. Зарари сел ба дигар минтақаҳо кам каму беш расидааст, вале дар ин ҷоҳо киштро дастӣ гузаронидан мумкин аст. Дар қитъаи шашгектара зарур меояд, ки пурра кишти дубора гузаронем. Пас аз паридани нами замин ва фароҳам омадани шароити мусоид трактор ба қитъаи шашгектара роҳ пеш гирифт.
– Раис, агар иҷозат диҳед, чархаи дандонадори дастгоҳи тухмипошакро, ки сохтаи дастони худам аст, истифода намоем, – муроҷиат кард сармуҳандис Эмом Худойдодов.
– Бисёр хуб мешавад, – ҷавоб дод Раҳматулло-раис, – лекин аввал онро санҷида оё ба дурустии кораш боварӣ ҳосил намудед? Ба масал, дар сари бузургон омӯхтани сартарошӣ нашавад, вақт кам аст, кишти дубора гузаронида истодаем.
– Бале, якчанд маротиба дар таҷрибагоҳ санҷидем, – ҷавоб дод сармуҳандис, – хеле дақиқ аст, ҳатто як дона чигити тухмиро ҳам зиёда аз меъёр ба замин намерезад. Комиссияи колхоз бо роҳбарии агроном Пӯлодов натиҷаҳои таҷрибагоҳро санҷид.
– Чархаи дандонадори дастгоҳи тухмипошак пурра аз имтиҳон гузашт, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд акаи Аврод Пӯлодов, – барои ин ихтироъкорӣ ҳуҷҷатҳои Эмом Худойдодовро тартиб дода, ба ҳайати ҳакамони ҷумҳурӣ фиристодан мумкин аст, то ки ӯ патент бигирад. Ман кафил, ки вай барои ин ихтироъи пурманфиаташ сазовори ҳама гуна мукофот ва мадҳу ситоишҳо хоҳад шуд. Агар ба истифодаи хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ пазируфта шавад, имонам комил, ки он қабул мешавад, пас маблағи калони халқи кишвар сарфа мегардад.
Дар кишти дубораи минтақаи шашгектара, ки рӯзи якшанбе воқеъ шуд, худи Раҳматулло-раис аз аввал то охир иштирок намуд. Ҳарчанд ки дар идора як силсила корҳои оҷил дошт ва рӯзи истироҳатро ба ҳисоб гирифта, аз Душанбе дӯсташ Ғафурҷон ба меҳмонӣ омада буд, раис мехост, ки кори саҳеҳи чархаи дандонадори акои Эмомро ҳатман бо чашмони худаш бибинад. Корҳои оҷили идораро як сӯ гузошта, бо меҳмон ду пиёла чойи субҳро ҳамроҳ нӯшиду аз бародараш Ҳасан хоҳиш намуд, ки бо меҳмон ба тамошои кӯл биравад ва аз ину он бинои сӯҳбат ниҳода, вайро зиқ шудан намонад.
– Таоми чоштро бо меҳмон дар лаби кӯл ба ҳам бинед, – гуфт Раҳматулло ба бародараш,-эҳтимол ман омада натавонам, кор бисёр аст, чархаи дандонадори тухмипошакро дар амал месанҷем. Зимнан, Раҳматулло баъди раиси колхоз интихоб шуданаш бар зарари худ «вайронкунандаи ашаддии» қонунияти меҳнат гардид. Рӯзи кории ӯ то бевақтии шаб ва ҳатто то нисфи шаб тӯл мекашаду дар рӯзҳои шанбею якшанбе ҳам барояш дар колхоз ҳазору як ташвишу тараддудҳо пайдо менамояд. Чи тавре ки мудири минтақаи Санги Шикофта Муҳаммад Кенҷаев мегӯяд, Раҳматулло дар давраи мушкилтарин вазифаи раисии колхозро ба зимма гирифтааст.
Гӯё худаш танҳо бори панҷ раиси хоҷагиро ба дӯшаш бардоштаасту мисли роҳбари баобрӯтарини сохти колхозӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидназар Худойқулов бо тадбиру хушмуомила ва чашмикордон аст, одамонро оқилона кор фармуда метавонаду пеш аз ҳама худаш аз меҳнати шабонарӯзӣ ҳаргиз хастагиро намедонад. Меҳнатдӯстии ӯро дида, дигарон низ ба кори ҷамъият монанди вай дилгарм мешаванд. Воқеан ҳам чархаи дандонадори дастгоҳи тухмипошак, ки саринженери колхоз Эмом Худойдодов ихтироъ намудааст, дар кишти дубора аз санҷиши амалӣ гузашт.
Раҳматулло-раис, Тоҷиддин Содиқов, Аврод Пӯлодов, Абдулаҳад Абдусаломов, Аслиддин Воҳидов бо иштироки худи акои Эмом фаъолияти чархи дандонадорро ҳам дар оғоз, ҳам дар мобайн, ҳам дар анҷоми ҷӯякҳои минтақаи шашгектара санҷиданд. Кори чархаи дандонадор дақиқ буд, гӯё дастгоҳи оҳанин нею панҷаҳои инсон пунбадонаро аниқ ҳисоб карда, дар ҳар фосилаи муайян миқдори заруриро эҳтиёткорона мениҳод. Чархаи дандонадор тавре сохта шудааст, ки бо ҳаракати трактор тоб хӯрда, бо як дандонаш пунбадонаро аз нова гирифта, ба дандони нисбатан кӯтоҳтараш медиҳад ва ин дандони кӯтоҳ пунбадонаро гӯё баоғӯш гирифта, бе озор ба дили хоки гарму нарм мегузорад.
– Ташаккур, ба шумо, бародарам Эмом, ки дар давраи эҳтиёҷмандии хоҷагӣ чунин ихтироъе карда, кори моро осон намудед, – дасти Худойдодовро фишурд Раҳматулло-раис. – Ҳоло колхоз имконият надорад, вале ман дилпур ҳастам, ки мо, албатта, соҳиби имконияту шароити хуб мешавем ва шуморо бо мукофот сарфароз мегардонем. (Раис ин дам суханони ҳикматомези падарашро ба ёд овард, ки боре гуфта буд: Бачам, мабодо сари сағирая кафонӣ ҳам, лекин тоқиша надарон. Яъне ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи коргарони худро кам накун).
– Ман ин чархаро барои мукофот насохтаам, – ҷавоб дод саринженер, – фақат хоҳиш доштам, ки кори ҳамаамон осон шавад, колхозамон мисли давраҳои пештара номдор гардад.
– Барои ин ният ҳам сидқан ташаккур мегӯям, лекин ман тарафдори он ҳастам, ки шахси эҷодкорона ва содиқона меҳнат кардагӣ бояд ҳатман ҳавасманд гардонида шавад. Шумо дар меҳнат эҷодкор ҳастед. Бо вуҷуди дасткӯтоҳии хоҷагӣ навигарии техникӣ офаридаед, ин боиси пешравии кори ҷамъият мешавад... Ҳамин вақт дар канори киштзор мототсикле омада истод ва аз он хабарнигори рӯзномаи ноҳиявӣ фаромад. Хабарнигор бо ҳозирон вохӯрдӣ карда, акои Эмомро бо ихтироъи наваш табрик гуфт ва барои мусоҳиба ба ӯ муроҷиат намуд:
– Мӯҳтарам Худододов, лутфан бигӯед, ки андешаи ихтироъ намудани чархаи дандонадор чӣ тавр пайдо гардид?
– Ба пайдо шудани ин андеша душвориҳои ҳозираи ҳаёт такон бахшид. Ман дидам, ки раиси колхозамон Раҳматулло Абдуллоев ба саду як дар бо таваллою зорӣ сар зада, тухмии хушсифатро пайдо намуд ва онро бо чӣ азобҳое то ба анбори хоҷагӣ овард. Ана, ҳамин воқеа маро водор намуд, ки дар хусуси ҳамин чарха фикру хаёл кунам. Дастгоҳҳои пешинаи тухмипошакҳо тухмиро сарфакорона намекоранд, бисёр исроф мекунанд. Охир акнун замони исрофкориҳо гузашт, акнун бояд ҳар як дона чигитро эҳтиёт кунем, сарфаю саришта намоем. Хизмати ин чарха дар ҳамин аст, пунбадонаро беш аз меъёр сарф намекунад.
– Акнун шарҳ диҳед, ки чархаро чӣ тавр сохтед?
– Аввал бо ҳисобу китоби дақиқ нақшаашро дар коғаз кашидам ва баъд аз оҳанпораҳои дар устохонаи колхозбуда бо ёрию ҳамкории оҳангарони хоҷагиамон сохтем. Зимнан ман ба оҳангаронамон самимона ташаккур мегӯям, хизмати онҳо дар сохтани ин чарха хеле калон аст.
– Марҳамат карда бигӯед, ки шумо пештар чӣ гуна ихтироъҳо доштед?
– Ихтироъҳои ман аз даҳто зиёдтаранд. Кори ман як умр бо техникаи кишоварзӣ вобаста аст. Мехоҳам, ки кори механизаторон осон шавад. Трактор, булдозер ва дигар васоити техникиро ҳам одамон сохтаанд, агар фаъолияти онҳоро донию дурусттар фикр кунӣ, барои такмили ҳар як васила пешниҳоде ворид намуда метавонӣ, чи хеле ки мегӯянд, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд. Масалан, ситорачаи трактори Т-4, тухмипошаки дони ҷуворимаккаро ба манфиати кор такмил додаам. Аз тасмачархҳои кӯҳна теғи позаи шудгоркунанда, барои трактори С-100 позаҳои чорқатора сохтаам. Мақсадам беҳбудии кор аст. Аз чархаи дандонадор, ки имрӯз санҷидем, бист адад сохтаам, ба хоҷагиҳои дигар тӯҳфа мекунам, марҳамат ба манфиати кор истифода намоянд.
– Маълум аст, ки ҳоло аксари одамон ба иллати мушкилиҳои зиндагӣ аз пайи як луқма нон мешаванд ва мехоҳанд, ки рӯзгори оилаи худро обод кунанд. Шумо ҳам метавонистед, чунин амал намоед, вале ба корҳои ҷамъиятӣ ин қадар дилгарм буданатон аз куҷо сарчашма мегирад, яъне гуфтаниам, ки илҳомбахшатон кист?
– Рости гап, баъди даргириҳои бемаънӣ дилам аз кору зиндагӣ хеле сард шуда буд. Дар колхозамон ҳам чанд нафар пайи ҳам роҳбарӣ карда, корро ба ҷойи пеш бурдан, баракс ба қафо кашиданд, хоҷагиро боз ҳам талаю тороҷ намуданд. Ба кори умум бовариро гум карда будам. Лекин баъди раиси колхоз интихоб шудани Раҳматулло Абдуллоев дар ақидаам гардиши куллие ба амал омад. Ӯ метавонист, ки бо ҳамон замини ободкардааш машғул гардаду зиндагии худу фарзандон ва ҳатто хешовандонашро таъмин намояд. Ҷавонмардию олиҳимматии Раҳматулло пеш аз ҳама дар он аст, ки кори ҷамъиятро аз кори хусусии худ беҳтар ва муҳимтару афзалтар шумурду зарур ҳисобид.
Сарварии хоҷагиро ба ӯҳда гирифт, роҳбари мо шуд, сари сағираҳоро падарвор навозиш намуд, ба беваю бечораҳо ва пирон ғамхорӣ кард, муттакои дилшикастаҳо гардид. Бо роҳбарӣ, ёрӣ, дастгирию имдоди ӯ мо хонаҳои вайронаамонро дубора таъмир намуда, барои худ сарпаноҳ ёфтем, мактабу масҷидамонро обод карда, қобили истифода намудем. Мошину тракторҳои колхозамонро аз гӯшаю канорҳои гуногун пайдо карда, ба устохонаи хоҷагии худамон овардем. Раҳматулло-раис дар дилҳои мо аз нав чароғи умеду боварӣ, меҳру муҳаббат ва дӯстию бародарӣ, чароғи сидқ ва кору растагорӣ афрӯхт, ҳамаи моро дар гирди ин чароғ сарҷамъу муттаҳид намуд. Раиси мо Абдуллоев супоришҳои оқилонаи Сардори давлатро дар колхозамон ба ҳаёт татбиқ менамояд, ҳамаи ин сарчашмаи илҳоми ман гардидааст.
– Шуморо барори кор ва ихтирооти аз ин ҳам хубтару бештаре орзу дорам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё