Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Раҳматулло-раис пас аз анҷоми кишти дубора дар қитъаи шашгектара мувофиқи нақшаи кори имрӯзааш ба хонаи собиқадори меҳнат Аҳмад-бобо Шамолов рафт, то аз аҳволи ӯ хабар бигирад. Зеро дирӯз шунида буд, ки пирамард андак бемор шудааст.

– Амак ҳоло миёнро бақувват бандед, – гуфт Раҳматулло-раис дар назди бистари Аҳмад-бобо нишаста, – кори асосии пахтазоробмониро ба зиммаи худатон мегиред. Ман ба таҷрибаи калони шумо, ба маҳорату устодиатон эҳтиёҷ дорам.

– Мо, пиронсолон дуои ҷони шуморо мекунем, раис, – изҳори миннатдорӣ намуд Шамолов, – аз дастамон ҳар чӣ ояд, ба ободонию пешрафти колхози азизамон мебахшем. Ташаккур ба шумо, ки мо, солхӯрдагонро фаромӯш намекунед ва аз ҳоламон хабар мегиред.

– Бе пир марав, ки дар бимонӣ, Ҳарчанд Сикандари замонӣ,

– гуфт Раҳматулло вақти хайрухуш ва илова намуд:

– Каланди оброниатонро тайёр карда монед, амак, ба қарибӣ коратон сар мешавад.

– Ҷони амак, белу каланди оброниам ҳамеша тайёр аст, – ҳангоми хайрухуш аз ҷойгаҳ нимхез шуд Аҳмад-бобо Шамолов. Сипас Раҳматулло-раис ду оилаи бе саробонмондаро хабар гирифта, онҳоро огоҳ намуд, ки фардо ба идораи колхоз биёянду аз шӯъбаи муҳосиба ёрии моддӣ бигиранд. Вақте ки ӯ ба хона омад, ҳаво торик шуда буд, бародараш Ҳасан бо Ғафурҷон дар меҳмонхона сӯҳбат доштанд. Ин ҳамон Ғафурҷон аст, ки раиси колхоз интихоб гардидани Раҳматуллоро шунида, чунин номаи табрикӣ ирсол намуда буд: «Ман ба ту роҳи осонгузар орзу намекунам, чунки он ба одамони сустирода даркор аст. Ҳар қуллаеро, ки бо душворӣ фатҳ намоӣ, лаззати ин ғалаба то дергоҳ аз комат намеравад. Дӯстам, давраи раисии ту худ давраи санҷишу имтиҳонҳост. Маслиҳати ман ба ту он аст, ки мисли Антейи афсонавӣ ҳамеша ба замин такя бикун, аз ақлу хиради бузургонамон бархурдор бишав». Сӯҳбати оншабаи раис бо дӯсташ Ғафурҷон дар атрофи кишти анҷомёфтаи пунбадона ва ояндаи кӯл гарм шуда, то як поси шаб давом намуд...

...Деҳқонон бо умеду эътимод Раҳматулло Абдуллоевро сарвари худ интихоб намуда, бо партаву шӯълаҳои ҳамин умед дилгарм гашта, ба парвариши пахта шурӯъ карданд. Раҳматулло-раис умеду боварии онҳоро мустаҳкам намуда, дилашонро бо нури эътиқод ҳарорат бахшид.

– Аз нав зинда кардани боварии гумшуда кори осон набуд, – гуфт раиси минтақаи «Болшевик» Саидамиршо Дилшодов, – солҳои охир якчанд раис пай дар ҳам ҷой иваз намуда, бо ваъдабозии хушку холӣ машғул мешуданд, одамонро фиреб медоданд, моликияти колхоз ба ғорат мерафт. Раҳматулло-раис соҳиби қавлу сухани худ аст. Ваъда диҳад, ба ваъдааш вафо мекунад, азм кунад, мувофиқи азмаш амал менамояд. Ӯ ваъда кард, ки ба колхоз ғалла, сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, шифер меорад. Дар айни замон мо медонистем, ки дар суратҳисоби колхоз як пули зардак ҳам набуд, балки хоҷагӣ қарзи зиёд дошт, лекин ӯ ҳамаи чизҳои гуфтаашро овард.

Ана, ҳамин як будани қавлу амали Раҳматулло-раис дар дили деҳқонон эҳсосоти бовариро бедор кард, деҳқонон ба Раҳматулло-раис, ба кори умум, ба колхоз, ба фардо аз нав эътиқодманд шуданд, ба истилоҳи дигар Раҳматулло боварии шикастаро дубора пайванд намуд. Аслан воқеа ин тавр буд. Дар ибтидо одамон ба кори колхоз чандон дилгармӣ надоштанд. Ба кори саҳро занону пиронсолон мебаромаданд. Охир ин сабаб ҳам дошт. Колхоз маоши ночиз медод, бинобар ин бисёр ҷавонон ба Русия ва дигар кишварҳо барои дарёфти маоши рӯзгор рафта буданд.

Иддае ҷавонони ҳузарб дар қитъазамини назди ҳавлиҳояшон кабудӣ парвариш намуда, ба бозор мебурданд ва ё умуман дар як гӯшаи бозор ҷойи доимӣ ишғол карда, ба тиҷорат машғул мешуданд. Мақсади Раҳматулло-раис ба кори колхоз ҷалб намудани ҳамин тоифа ҷавонон ва бедор кардани рӯҳияи дилгармии умум буд. Ӯ ангуштариву гӯшвораҳои ҳамсар ва келинҳояшро дар як рӯймолча баста, савори мошини наппа-нави шахсиаш, ки онро писаронаш дар Ҷумҳурии Қазоқистон кор карда, барояш тӯҳфа намуда буданд, ба назди раиси бонк омад.

– Ба колхоз як миқдор пули қарз зарур аст, – муроҷиат намуд Раҳматулло-раис ба раиси бонк.

– Ҳарчанд шуморо нағз шиносам ҳам, ба колхозатон пул қарз дода наметавонам, зеро бе ин ҳам хоҷагиатон қарздор аст, – ҷавоб дод раиси бонк ва илова намуд:

– Ҳоло раисони колхозҳо тез-тез иваз мешаанд, ба яке медиҳӣ, ба ҷойи вай шахси дигар меояду қарзи пешинаи хоҷагиро ба гардан гирифтан намехоҳад.

– Ман ҳамин чизҳоро ба ҳисоб гирифтаам, – гуфт Раҳматуллораис, – аз бонки шумо қарзро ба гарав гирифтанӣ ҳастам.

– Чӣ хел гарав? – ҳайрон шуд раиси бонк.

– Аз тиреза нигаред, мошини наппа-нави истеҳсоли хориҷӣ истодааст, ана, ҳамин барои қарзгирӣ гарав аст ва дар бормонаки он ороишоти ҳамсару келинҳоямро низ овардаам. Мошину ороишотро ба ҳисоб гирифта, қарз медиҳед, мошин дар гаражи бонк меистад, агар пас аз ҷамъоварии ҳосил қарзро баргардонида натавонам, мошинро барои адои қарз ба савдои музояда мегузорем, – Раҳматулло ҳуҷҷати мошинро дар рӯйи мизи раиси бонк ниҳод. Раиси бонк аз ҷояш хеста, ба назди тиреза омад ва мошини Раҳматуллоро диду ҳуҷҷатро аз пеши чашм гузаронд.

– Ман бо бисёр раисони колхозҳо ҳамкорӣ кардаам, – мутаҳаййир шуд раиси бонк, – вале шумо барин раиси фидокори колхозро бори аввал мебинам.

– Бародар, деҳқонон бовар карда, маро раис интихоб намудаанд, – ҷавоб дод Раҳматулло, – ҳамин боварӣ гум нашавад, мегӯям. Раҳматулло бар иловаи чоруним тонна ғаллаи дар рӯзи аввали раисиаш гирифта, сонитар бо ҳамин роҳ боз ғалла ва сӯзишворию рӯғанҳои техникӣ, нуриҳои минералӣ ва шифер оварду халқро ба кори колхоз дилгарм намуд. Вале дар колхоз касе огоҳ набуд, ки Раҳматулло-раис ин молҳои ҳамон вақт барои колхоз зарурро чӣ тавр овардааст. Бале, аз ин қисса ҳатто аъзои раёсат ҳам хабардор набуданд.

Лекин баъди ин иқдоми ҷасурона ва олиҳимматию родмардии Раҳматулло-раис дар саҳро, ба қатори занону пиросолон, он ҷавонмардони таҳамтане, ки ба истилоҳ кӯҳро зада талқон карда метавонистанду аммо дар бозорҳо аз ночорӣ кабудӣ мефурӯхтанд, тадриҷан илова шудан мегирифтанд. Нерӯи боварӣ, эътимод ва эътиқоде, ки Раҳматулло-раис дар дили халқ оҳиста оҳиста бедор карда тавонист, бо ҳамин фарҷоми нек ифода мегардид. Раҳматулло-раис дар он ақида сахт мӯътақид аст, ки роҳбари ҳамин гуна дараҷаю мартаба ва умуман инсон бояд ба қавли худ устувор бошаду ваъдаашро вафо намояд. Дурӯғу фиреби хусусан роҳбар боварии тобеинро осонакак мешиканад, ки баъдан барқарор намудани он хеле душвор аст... Дилҳои деҳқонон ба умеду боварӣ саршор гардида, бо роҳбарии Раҳматулло-раис зироати пахтаро бо меҳр парвариш намуданд.

Тухмии хушсифати «НС-60», ки Раҳматулло-раис бо душворӣ пайдо карда буд, ниҳолони бақуввати хуберо ба бор овард. Ҳангоми ҳар як коркард нурии минералиро истифода намуданд, сипас деҳқонон бо супориши сарвари хоҷагӣ поруи маҳаллӣ ва хоки кӯҳнаи серғизоро ба кор бурданд. Бо назорати махсуси раис дар бошишгоҳҳои саҳроӣ дами гарм, чой, нон, ширинӣ ва сабзавот ташкил карда шуд. Дар хоҷагӣ кӯдакистонҳои доимоамалкунанда ба фаъолият шурӯъ намуданд, мактабҳои деҳот бо қувваи колхоз ва мусоидати молиявии муассисаҳои байналхалқӣ таъмир гардида, толибилмонро ба оғӯш гирифтанд.

Хонаҳои деҳқонон, механизаторон, муаллимон, духтурон шиферпӯш гардиданд, роҳҳои рафтуомади байни минтақаҳои хоҷагӣ ва шоҳроҳи пайванди маркази ноҳия таъмир шуданд. Хулоса, симои деҳот комилан тағйир ёфт, зебою дилрабо гардид. Аввалин ғалаба дилҳоро пурсурур намуд, пиллапарварони колхоз дар вилояти Хатлон пеш аз ҳама нақшаи давлатиашро барзиёд иҷро карда, ашёи гаронбаҳои саноатӣ муҳайё сохтанд.

Деҳқонон аз ин фатҳу нусрати нахустин бо роҳбарии Раҳматулло-раис фараҳманд гардида, нигоҳубини пахтазорро боз ҳам беҳтар намуданд. Дар аксари қитъаҳо пахтакорон бо ёрии механизаторон чор маротиба коркарду ғизодиҳӣ гузарониданд, дар баъзе минтақаҳо бошад, ин тадбиру чорабинии хуби агротехникӣ шаш маротиба ба анҷом расонида шуд. Сабзиши якмароми ниҳолон аз ҳосили фаровон гувоҳӣ медод. Деҳқонони солхӯрда ва корозмуда бо шукрона мегуфтанд, ки Раҳматулло-раис пою қадами бафайз доштааст, гулкунию шонабандии ниҳолони пахта давраҳои раисии Зардакшо Сияров ва Аҳлиддин Афғоновро ба ёд меорад, ки он солҳо иқтидору имконият калон буду колхоз дар ҳар мавсим аз дувоздаҳ то чордаҳ ҳазор тонна «тиллои сафед»-и маҳиннахи баландсифат ва гаронқимат парвариш мекард.

Вале дар моҳҳои июлу август ба ҳосили пахтаи хоҷагӣ як хатари калоне таҳдид намуд, ки ин танқисии об буд. Мушкилӣ дар он аст, ки киштзорони колхози «50-солагии СССР» дар мавзеи поёноби Наҳри Калон ҷойгир буда, дар натиҷаи беназмиҳои хоҷагиҳои ҷамъиятию шахсии дар болооб воқеъбуда миқдори ками обро мегиранд. Дар давраи шӯравӣ кормандони хоҷагии оби ноҳия шахсони соҳибихтисос буданд ва давлат ҳам ба фаъолияти ин муассиса аҳамияти калон медод ва назорат қатъӣ буд. Солҳои охир бошад, дар хоҷагии оби ноҳия шахсони ноогоҳ ва тасодуфӣ ба кор омада, аз ин соҳа вуқуфе надоштанд ва ба тахрибгариҳо роҳ доданд.

Хусусан роҳбарони хоҷагии об ҳар сол иваз шуда, ба кор мушкилоту саргумиҳои зиёде ворид менамуданд. Бинобар ин Раҳматулло-раис маҷбур шуд, ки дар давраи гармои тобистон бо роҳбарии сармироби колхоз Аслиддин Воҳидов гурӯҳи навбатдорон ташкил намояд. Гурӯҳи навбатдорон тақрибан ҳаштод-навад нафар буда, хусусан шабонгаҳон фонусҳо дар даст сарбанду ҷӯйҳои саросари Наҳри Калонро назорат менамоянд, то мизони маҷрои об мӯътадил бошаду ба пахтазорони колхозашон миқдори зарурии об бирасад. Табиати одамӣ аҷиб аст: мутасаддиёни об, яъне миробони хоҷагиҳои ҷамъиятии болооб барои зарурати хеш сарбандҳоро калонтар мекушоянду «худам шавам шуд, ба дигарон чӣ кор дорам» мегӯянд ва дигар бастани онҳоро фаромӯш мекунанд.

Айнан ҳамин корро соҳибони хоҷагиҳои шахсӣ ҳам такрор менамоянд ва обро фаровон истифода мекунанд ва дар фарҷоми ҳамаи ин ба колхози «50-солагии СССР» аз миқдори зарурӣ хеле кам об меояд. Гурӯҳи навбатдорони колхоз бо роҳбарии Аслиддин Воҳидов маҷбур мешаванд, ки рӯзу шаб ин даҳанаҳоро зери назорат бигиранд. Наҳри Калон тақрибан шасту панҷ километр тӯл дорад, ки аз дасти беинсофон назорат намудани ҳамаи даҳанаҳо дар ин масофаи тӯлонӣ меҳнати басо сангину пурмашаққат аст.

Назорат намудани даҳанаҳо вазифаи асосии хоҷагии оби ноҳия аст. Азбаски ин идора аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ намебарояд, навбатдорони хоҷагӣ маҷбуранд, ки чунин заҳмати пурмашаққатро анҷом диҳанд. Бо вуҷуди давутозҳо, бедорхобиҳо ва дигар азиятҳои Раҳматуллораис ва ҳаммаслакони ӯ ба шашсад гектар замин об кифоят накард ва дар натиҷаи ин ниҳолони пурбори пахта шона партофтанд.

Сонитар, Раҳматулло-раис ҳамчун иқтисодшинос ҳисоб кард, ки бар асари ин шонапартоӣ колхоз бештар аз ҳазор тонна дурри гаронбаҳоро аз даст дод. Ин зарарест, ки миробони хоҷагиҳои болооб сарбандҳои Наҳри Калонро фақат бар манфиати хеш мекушоянду баъди аз об қонеъ шудан ҳам бастани онҳоро бо хотирҷамъию холабеғамӣ фаромӯш менамоянд. Чунин аст зиштиҳои тангчашмӣ ва нотавонбинии одамизод. Соли аввали раисии Раҳматулло, тирамоҳи соли наваду шаш намояндаи ҳукумати вилоят бо кору бори колхоз ошно гардида, дар охири сӯҳбат мепурсад, ки имрӯзҳо дар хоҷагӣ чӣ камбудиҳо мавҷуданд, ки оҷилан ислоҳ шаванд?

– Мо дар саҳро ҳосили бисёр дорем, – мегӯяд Раҳматулло, – вале пули нақдамон нест, ки колхозчиёнро ҳавасманд бикунем.

– Ин масъаларо ҳал намудан мумкин, – ҷавоб медиҳад намоянда, – худи пагоҳ барои колхозатон пул ҷудо мекунем. Дар ҳақиқат мувофиқи ваъдаи намояндаи вилоят рӯзи дигар барои колхоз пули калон ҷудо мекунанд. Раис ҳамроҳи хазинадори хоҷагӣ ба бонки ноҳия рафта, чор миллион (ба пули ҳамонсола) мегиранд. Бӯи ин пул ба машоми яке аз фармондеҳони ҳамонвақтаи ноҳия мерасад ва ҳазору як рагу пайванди ҳарисиаш ба ҷунбиш меояду худи ҳамон рӯз аз корхонаи пахтатозакунии ноҳия ба раис занг зада, ӯро меёбад. Раҳматулло-раис, ки дар дафтари кораш машғули ҳаллу фасли чандин масъала буд, ҳамаи корашро партофта ба корхона меояд.

– Шунидем, ки пули калон гирифтаӣ, – ғазаболуд гуфт ҳамон фармондеҳ, ки дар иҳотаи чор нафар муҳофизонаш рост меистод.

– Ҳаққи моро намондаӣ, ин корат нағз не.

– Он пул ҳаққи чинакчиён аст, – оромона ҷавоб дод раис, – ҳар касе, ки пахта чинад, дур нарафта, дар сари тарозу ҳаққашро мегирад.

– Мана, ба ту тарозу, – дод зад фармондеҳ ва ба сари ӯ муште фуровард. Ва муҳофизони вай ҳамчун гургони даррандаи хунхор ба раис дарафтода, ӯро ба зери мушту лагад гирифтанд. Хайрият, ки касе ин воқеаро ба раиси ноҳия ва шӯъбаи милиса хабар медиҳад. Ва Раҳматулло ба ҷисму ҷони абгор ва бо якчанд қабурғаи шикаста ба колхоз бармегардад. Он вақт, ки давр даври силоҳдорон буд, ин воқеаро касе тафтиш ҳам накарду бозхосте нанамуд. Раис бошад, дуним моҳ бистарӣ гардид. Баъди чанде яке аз ҳамкорон аз қазия воқиф гардида, ба Раҳматулло чунин маслиҳат дод: «Раис, ин корро парто, бало ба пасаш, буз каму чаҳ-чаҳаш ҳам кам, боз ягон кор накунанд».

пешина
аз 29
навбатӣ