Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ОДАМИ ҶАВҲАРДОР
Дар деҳаи Гулгунхона қариб ҳамаи иморатҳо навсохту шиферпӯшанд. Вале фақат як кулбаи тахтбом, ки деворҳои ҷо-ҷо кафида ва мӯрии калонаш тамоми сатҳи боми онро сип-сиёҳ кардааст, маназари деҳаро тағйир медиҳад. Ин кулба оҳангархона аст. Оҳангархонаи кӯҳнаю фарсуда дар дамгаҳи деҳа воқеъ гардида, пеши биноҳои зебою дилрабои атроф назарногир менамояд. Аммо пиру барнои Гулгунхона бо эҳтиёҷе ба остонаи он қадам мениҳанд. Усто-Зариф дар ин ҷо доси якеро тез мекунаду табари дигареро пеш мебандад, ба зарурати сеюмин бел месозад ва ба чорумин каланд. Сохтаҳои дастони шахшӯли ин оҳангари солхӯрда дар ҳар хонадони деҳа мавҷуданд. Оҳангарӣ ба усто-Зариф касби меросӣ бошад ҳам, солҳои аввали ташкил ёфтани колхоз муддате мудири анбор ва саркор будааст, лекин ҳоло худаш ҳам дуруст дар ёд надорад, ки чанд сол ин корҳоро анҷом додааст. Баъд «бе болғаю сандон рӯзам намегузарад»-гӯён боз ба «пирхонааш» (ӯ коргоҳи худро ҳамин тавр меномад) баргаштааст. Роҳи маркази деҳа аз бари дарвозаи оҳангархонаи усто-Зариф мегузарад. Бинобар ин ҳар касе, ки ба Гулгунхона, ба ин деҳаи дурдасти кӯҳистон ояд, аввал садои чаккуши ӯро мешунавад. Оҳангар тақрибан моҳе як бор бо набераи худ Ғазанфар, ки дар синфи чоруми мактаби деҳа мехонад, ба арчазори бағали кӯҳсор рафта, барои таҳияи ангишт арчаҳои хушкидаро мебурад.
Имрӯз ҳам бо наберааш аз дами чоштгоҳ ба арчазор расида, зертангу забартанг ва аили байталашро каме суст карду ҷавзиро аз даҳони асп бароварда, барои он, ки улав чарида-чарида дур наравад, нӯки лаҷоми онро ба пойи чапи пешаш бубаст. Гашти пешин бобою набера аспи пурборро ба роҳ дароварданд. Усто – Зариф ҷомаро кулӯла карда, сари китфаш партофта буду аз қафои байтал оҳиста-оҳиста қадам мегузошт. Мӯйсафед хаёл мекард. Ғазанфар пешопеши асп лаҷомро дошта меомад. Оҳангар рӯзи кӯҳравӣ аз бачаҳои хонавода танҳо Ғазанфарро ҳамроҳ мегирифт. Ба дигар бачаҳо «шумо лаҷомро маҳкам надошта, аз паи шапалак медавед, корро сара намекунед, ба ман зиёнатон мерасаду як пули пучак фоидаатон не» мегуфт. Ба Ғазанфар ҳар дам «ин шери бобо» гӯён сарашро бо навозиш мемолид. Бори аввал онҳо тақрибан як сол пеш ҳамроҳ ба кӯҳ раҳсипор шуда буданд. Пирамард инро нағз дар хотир дошт.
Вақте ки ӯ бегоҳӣ «Ғазан, тайёр шав, пагоҳ ба кӯҳ меравем, барои ангишт бурс меорем» гуфт, бача сахт ба ҳаяҷон омад. Аз ҳисси ҳаяҷон сӯрохии биниаш калон шуда, чеҳрааш тафсида, дар он доғҳои кунҷитак аранг-аранг падидор шуданд. Ин ҳолат ба ёди мӯйсафед чеҳраи арғувонии падари Ғазанфар-Латифҷонро овард. Дар рӯи Латифҷон ҳам овони кӯдакӣ, агар аз чизе ба ҳаяҷон ояд, ҳамин тавр доғҳои кунҷитак намоён мешуданд. Ҳоло сару рӯи вай сергӯшт шуда, ранги пӯсташро тағйир додааст ва ҳангоми вохӯриҳои аҳёнӣ мӯйсафед пайхас намекунад, ки он доғҳои дилкашу поки бачагӣ дар чеҳраи писараш боқӣ мондаанд ё не. Ба ҳаяҷон омадани бача сабаб дошт. Ин сафари ӯ дар пайраҳаҳои кӯҳӣ ҳамроҳи бобо, оҳангари машҳури Гулгунхона ба кори ҷиддӣ даст задани ӯ буд, бинобар ин дар назди дигар бачаҳо-хешовандони усто-Зариф қадру қимати Ғазанфарро як сару гардан боло мекард.
Аз ин рӯ Ғазанфар ҳам хурсанд буд, ки бобояш танҳо ӯро ба кӯҳ ҳамроҳ мебурд. Вақте ки онҳо ба роҳ баромаданд, Ғазанфар ба мисли ҷӯри тезҳаракати чобукбол ба чор тараф гардан тофта, ба ҳама чиз бо беқарорӣ назар мефиканд. Зеро ӯ нахустин бор дар ҳаёт ба кӯҳи ҳақиқӣ мебаромад, барои тамошо не, барои он мебаромад, ки кори муҳимро анҷом диҳад, ба бобояш дар буридану ҷамъоварии бурс ҳамроҳӣ кунад. Бача бисёр мехост ба ҷои кор зудтар бирасад, бо дастони худ бурс ҷамъ оварад, бисёр ҷамъ оварад. Вале ин майлу хоҳишҳои бачагона ба одамони калонсол хандаовар метобанд. Бобо Ғазанфарро, умуман ҳеч касро тамасхур накунад ҳам, бача саъй дошт, ки ҳиссиёти ботинии худро фош насозад. Аммо ин барояш чандон муяссар намешуд. Ин хурсандӣ, ин болидагии рӯҳи худро ниҳон доштан мушкил буд, гунаҳои пурраи кулчарангаш гулгун шуда буданд. Хусусан чашмони барқафшони шаффофи бачагона он шодию сурур ва ифтихорро, ки соғари ҷонашро саршор карда буданд, ниҳон дошта наметавонистанд. Охир дар пеш кӯҳ буд, кӯҳи баланд буд! Бобою набераро майдони кор интизор буд! Усто-Зариф тағйироти имрӯзаи рӯҳи набераро мефаҳмид.
Мӯйсафед чашмони худро нимкоф карда, як ба пеш, ба ҷониби кӯҳ назар фиканду лаҳзае беқарорию нооромии Ғазанфарро мушоҳида намуд. Табассум дар лабони пирамард андаке падидор шуд, вале ришашро бо дастон шона кард ва табассуми андаке барқзада дар даҳони аз бедандонӣ фурӯрафта нопадид гардид. «Эҳ, бачагӣ, олами беғаши бачагӣ» аз дил гузаронд пирамард. Вале табассумро набояд нишон дод, ин ҳиссиёти бачаро надида ангоштан авлотар аст. Охир имрӯз ӯ шарики кор аст. Барои вай имрӯз заҳмат оғоз меёбад, ҳаёт оғоз меёбад! Бинобар ин пирамард набераро фақат ба солорӣ даъват карда, «Ба кӯтал, ба кӯҳ оҳиста-оҳиста баромадан даркор» гуфт... Вақте ки ба доманаи арчазори фарохе расиданд, усто – Зариф лаҷоми байталро кашида гуфт:
– Ана, ҳамин ҷо, омадем. Ғазанфар ба чор тараф бо ҳисси кунҷковии бачагона, бо ҳарисӣ назар мекард. Онҳо тешаю табар ва арраи дастиро аз хӯрҷин бароварданд. Усто-Зариф ангушти ишораро боло бардошта, ба наберааш муроҷиат кард:
– Тарбурӣ-сарбурӣ, гуфтаанд, фақат ба арчаи хушк табар зан. Дидӣ, ин арчаи хушкро. Хушкида бошад ҳам, рост истодааст. Ҳа-а,
– гуфт сипас пирамард хаёлманд, – дарахтон ҳамчун мардони ҳақиқӣ сарбаланд мемуранд, нолаю зорӣ, ҳолати ҷонкании онҳоро касе намефаҳмад. Лекин дар асл дарахтон ҳам мавҷудоти зинда. Ҳар кӣ агар дарахти сабзро, яъне дарахти зиндаро дӯст дорад, одамро ҳам дӯст медорад, одамдӯст мешавад. Одам дарахти шинондаи худро ҳамчун фарзанд эҳтиёт мекунад. Оҳангар аз дасти набера гирифта, ба миёнаи анбӯҳи арчазорони навруста бурд.
– Ин арчаҳо ҳоло ҷавонанд, – гуфт ӯ. – Дарахтон ҳам одамизод барин давраи бачагӣ, камолоти ҷавонӣ, овони пирӣ доранд. Дар ҳар давра як рангу бӯ, як таровату зебоии хосе ҳаст. Аммо ҷавонии ин арчаҳо сара-дия, ҳар вақте ки ба ин ҷо биёям, ҷавонии ин арчаҳо ба рангу пайванди ман қувваю дармон мебахшанд. Барои ҳамин ҳам корро тамом карда, дар байни ин арчазори ҷавон мешинам, хомӯш мешинаму шибир-шибири баргонро гӯш мекунам. Ғазанфар аз бари ҷомаи бобояш дошта, ба боло назора мекард. Арчаҳои ҷавони боқувват сар ба авҷи осмон кашида буданду ба нӯки шохаҳои онон абрҳои ҳарирӣ расида гузашта мерафтанд. Аз вазиши шамол шохаҳои дарахтон ҳам ба ҷунбиш меомаданд. Ба чашми Ғазанфар чунин тофт, ки арчаҳо гӯё ҳамин дақиқа аз шамол меафтанд. Ӯ аз бари ҷомаи бобо сахттар гирифт. Шамол мевазид, вале арчаҳо намеафтиданд, ба назари бача ҳамин тавр тофта буд. Ғазанфар аз паси усто-Зариф қадам мезаду бӯи шираю шилми дарахтон, бӯи ҷангалро мешамид, ба хаёли вай бобо ба арчаи мустаҳкаме монанд буд, ки ба замин чуқур реша давондааст. Арчае, ки аз шамол, аз тундбод намеафтад... Пас аз чанд дақиқа усто-Зариф боз ба андешаҳои худ давом медод...
... «Абдулатиф хеле камдидор шудааст. Ин кораш сара не», аз дил мегузаронд оҳангари пир. Сипас ӯ бо ангуштон ҳисоб кард, ки охирин бор писараш панҷ сол пеш ба ҷанозаи раҳматӣ модараш омадааст. Кампири оҳангар Садбарг ҳамон вақт фавтида буд. «Ҳа, чиллаи зимистон расад, панҷ соли расо мешавад»,-зери лаб гуфт усто-Зариф. «Набераи хурдиамро медидам, хуб мешуд, пайдо шуданаш боз надидаам, ҳолиё тойча барин тохта мегаштагист»,-худ ба худ гап зада, табассум намуд мӯйсафед. Якбора истодани байтали пурбор риштаи хаёлоти оҳангарро гусаст. Усто-Зариф ба пойҳои арақшори улоғаш нигарист. Пойҳои бечора байтал меларзиданд.
– Ҳа-а, ҷонвар, – сар ҷунбонидаю афсӯсхӯрон гуфт пирамард,
– ҳай дареғ-а, ту ҳам мисли ман пири фартут шудаӣ. Як вақто ту аспҳои ҷавмаст барин будӣ, зери поям тирвор мепаридӣ, ҳар чӣ қадар бор бошад, мебардоштӣ, пойҳоят намеларзиданд. Акнун дар бадани ман ҳам қувваи пештараам нест. Акнун мо ҳар ду пир шудем. Ҳай дареғ-а. ё ман имрӯз ҳавсала карда арчаи бисёр бурида бошам?... Тойчаи байтал, ки гӯё истодани модарашро маътал бошад, дартоз омада, думи буридаи худро ликонида, ба пистони вай часпид. Шири шакаррези байтал дар лабони тойча кафк мебаст. Тойча даҳони худро аз шири бомазза ва чун асал ширини модар пур карда фурӯ мебурд. Ғазанфар чалп-чалп макидани тойчаро дида ба шавқ омад. Оҳангари солхӯрда ба ин заррае эътибор надода, бори оҳутаки бемадорашро, ки солҳои дароз дар хизмат буд, кам кардан гирифт.
Баъд усто-Зариф чилбурро таранг кашида, «чу, ҷонвар» гуфту байталро тела дод. Асп пойҳои ларзони худро боэҳтиёт гузошта, реза-реза ба роҳ даромад. Мӯйсафед ба тойча нигариста, андеша ронд: «кори сара шуд, ки зоти ҳамон ҷирани йӯрғаи қашқапои ман бенишон нарафт. Ҷиранам дар бузкашии юнучқазори назди Наҳри Калон обрӯи маро бардошта буд. Вай ҷонвар баҳо надошт. Ҳамин ки дастам ба буз расид, дартоз медаромад, не, вай наметохт, балки дар рӯи замин парвоз мекард. Ончунон бонизом, беозор парвоз мекард, ки агар ин вақт дар болояш шахси аспсавориро намедонистагӣ нишинад ҳам, намеафтид». Сонӣ ӯ ба набера гуфт:
– Ғазанфар, тойчаи қашқапоро ба ту бахшидам, нигоҳубин кун. Писарак аз шодӣ намедонист, ки ба бобояш чӣ гӯяд, бо кадом суханон арзи ташаккуру таҳният намояд... Ғазанфар аз ин ҳадяи бобо он қадар хушҳол гашт, ки ба масал баробари як қади ҷав калон шуд. Охир, тойча чӣ қадар зебо буд! Пайкари лӯндаяк, лӯхтак барин мавзуну мутаносиби он, чорхез заданаш, тойчавор шиҳа кашиданаш, гӯшҳояшро сих карданаш, фирқ-фирқ садо баровардани биниаш, пистонҳои модарро саросема макиданаш – ҳама ба назари Ғазанфар дилкашу зебо менамуданд. Чун аз кӯҳпоя фуромада, ба адир равон шуданд, усто-Зариф ба Ғазанфар гуфт:
– Ба тарафи сой меравем, байталу тойчаро об додан даркор. Ин сой, ки самти офтоббарои Гулгунхонаро шероза баста буд, тақрибан ду осиё об дошт. Байтал шалаппоскунон ба сой даромад.
– Ғазан, оҳиста-оҳиста ҳуштак каш, ман акнун дандон надорам, ҳуштаккашиам соф намебарояд,-оҳангар ба рӯи тобасанги лаби сой нишаст. Ғазанфар ба як мизони паст ва равон ҳуштак кашид. Байтал ба бинӣ фирқ-фирқкунон ба обхӯрӣ сар кард. Писарак бо ҳамин мизон ҳуштаккаширо давом медод.
– Ана, ҳамин тавр, бачем. Табиати асп, ҷонвар, ҳамин хел аст, ҳуштак кашӣ, нағз об мехӯрад, ба гӯшаш мефорад, роҳат мекунад. Ғазанфар ҳуштаккашон ба тойча, ки то ин вақт дар канораи сой меистод, наздик шуд. Бо садои ҳуштаки Ғазанфар тойча ҳам аз оби сой нӯши ҷон кард. Бача аз ин хурсанд шуда буд.
...Бобою набера бори улавро дар саҳни ҳавлӣ фуроварда буданд, ки келини оҳангар Шаҳрбону-холаи сертану тӯш ҳарсасзанон омад. Усто-Зариф бо додари худ Шариф, ки дар совхози навташкил кор мекард, ҳамсоя буд.
– Ғазан, – тез-тез нафас кашида гуфт зан, – аз дадот хат омадааст, мана бигир, шодиёнаашро баъд медиҳӣ. Ғазанфар мактуби падарро гирифта, бо ҳайрат як аз назар гузаронду баъд сӯи бобояш имдодталабона нигарист. Писарак гӯё бо ҳамин аз ягона шахсе, ки дар ин хонадон барояш ғамхору мӯнис буд, ёрию маслиҳат металабид, бо чашмони калон-калон кушодаи кӯдаконааш гуфтан мехост, ки бо ин мактуб чӣ кор кунад? Ҳарчанд Ғазанфар аз суханони бобо ва дигарон медонист, ки падараш дар шаҳр зиндагӣ мекунад, вале худи ӯро солҳо боз надида буд, афту андомашро ҳам намедонист, ки ба кӣ монанд аст. Ӯ борҳо аз ҳамсолони худ мешунид, ки падараш дар шаҳри Душанбе зани дигар гирифтааст. «Дадот очаи туро партофта рафтагӣ»-мегуфтанд онҳо ба ҷони вай расонда. Аммо баъзе калонсолон ба падари вай эҳтиром доштанд, онҳо муҳокима меронданд, ки падари Ғазанфар шахси донишманд буда, дар шаҳр олим шудааст. Эҳ, кошкӣ, инро ҳамсолони Ғазанфар мешуниданду вай дигар пеши бачаҳои шум сархаму дамдарун намешуд. Модари Ғазанфар Манзура баъди як соли рафтани шавҳару зан гирифтани вай писаракро ба дасти бобо супурда, худ назди хешу ақрабояш баргашт ва дере нагузашта бори дуюм хонадор шуд. Ба ҳамин васила тарбияи Ғазанфар тамоман дар гардани усто-Зариф афтод. Ба ӯ, албатта, дар нигоҳубини бача келинаш Шаҳрбону ёрӣ мерасонд.
Лекин Ғазанфар худро донистан боз фақат ғамхории боборо ҳис мекард, ин марди солхӯрдаро, ки риши дарози сапсафедаш вақти нон хӯрдану гап задан ба таври тааҷҷубовар меҷунбид, ба ҷои падару модари ҷавонаш бо дили софи бачагӣ самимона дӯст медошт. Модараш гоҳ-гоҳе ҳамроҳи ду нафар духтаракони худ ба хабаргирии Ғазанфар ояд, вай бо онҳо нишастану сухан гуфтан нахоста, дарҳол ба оҳангархонаи бобо меомад ё ба қафои оҳангархона гузашта, назди охури таги бед байталу тойчаро тамошо мекард. Хусусан дидани ҷастухези тойчаи қашқапо аз дидани духтарони модараш бештар хуш меомад. Ба Ғазанфар рӯзи вафоти модаркалон фарзандони Шариф-амак Акмалу Лола, ки яке дар синфи ҳафтум ва дигаре дар синфи шашум мехонданд, аз дур падарашро нишон доданд. Вале Ғазанфар дар байни одамон чеҳраи вайро фарқ карда натавониста, аз чӣ бошад, ки ба ҳавлии ҳамсояашон гурехта рафт. Сонӣ Лола гуфт, ки падараш ӯро пурсуҷӯ кард. Бо ҳамин Ғазанфар дигар ба деҳа омадани падарро надидаю нашунида буду ҳоло дар кафаш мактуби вайро мефишурд.
– Канӣ, ба ман деҳ, – гӯён усто-Зариф номаро гирифта, мушкилоти набераашро осон кард.
– Писаракам, Абдулатифҷонам хат навиштааст, кори сара кардааст, моро аз ёд набаровардааст, – овози пирамард меларзид. Ҳамин вақт Акмалу Лола ва Шариф-амак, ки навакак барои сарфи нони чошт ба хона омада буд, дар атрофи усто-Зарифу Ғазанфар ҳалқа бастанд. Пирамард бо ангуштони дароз-дарози пуробилаи шахшӯл мактубро ду-се бор рӯгардон намуда, сонӣ барои нобуд накардани хати рӯи лифофа аз қафои он ноӯҳдабароёна кушод, аммо лифофа тамоман пора шуд. Усто – Зариф хату савод надошта бошад ҳам, навиштаҳои писарашро бо хушҳолию шукуфтарӯӣ аз пеши чашмонаш гузаронду баъд мактубро сӯи Акмал дароз кард ва гуфт:
– Ма, бачем, канӣ инро як хон. Овози мӯйсафед ҳанӯз аз ҳисси ҳаяҷон меларзид. Латифҷон дар мактуб навишта буд, ки баъди ду-се рӯз ба Гулгунхона меояд. Рисолаи номзадии худро ба итмом расонидааст ва акнун дар як шаҳри дуре онро ҳимоя мекунад. Бинобар ин ба падараш кори муҳиме доштааст.
– Ё, астағфурулло, рисолаи номзадиаш чию вая аз кӣ ҳимоя мекарда бошад? – дар ҳайрат афтод дӯсти овони бачагии устоЗариф Усмон-ҷувозгар, ки ҳоло бо кампираш дар наздикии маркази ноҳия ҳавлӣ дошту имрӯз барои хабаргирӣ ва якбора бо мақсади наъл занондани аспаш ба назди оҳангар омада буд, ӯ ҳам дар қатори дигарон мактубро гӯш меандохт. Ғазанфар ҳавлии ӯро медонист, зеро якчанд бор ҳамроҳи бобояш он ҷо ба меҳмонӣ рафта буд.
– Ин ҳам ягон ҳикмат доштагист-дия, Усмон, – ҷавоб дод усто-Зариф. Аз ваҷоҳати оҳангар маълум буд, ки хабари омадани писарашро шунида қалбан хеле хурсанд шудааст. – Абдулатиф биёяд, аз худаш мепурсем. Ману ту одамони нохондаем, ягон фол диданамон қатӣ фоида надорад. Беҳтар, ба устохона биё, аспатро наъл занам, – ба тарафи дӯконаш роҳ пеш гирифт усто-Зариф. Сипас ӯ номаи Латифҷонро дуқат карда, дар ҷои кафидаи девори оҳангархона бихасту ба дамдиҳии кӯра шурӯъ намуд.
– Абдулатифи ту баоқибат, қобил, – гуфт Усмон-ҷувозгар, – баъзе фарзандҳои нохалаф барин не, падарашро фаромӯш накардааст. Оҳангар ба ин суханони дӯст ҷавобе надод... «Баъди ду-се рӯз меоям» гуфтани Латифҷон падари солхӯрдаро серташвиш кард, бечора пирамард барои худ ҳеч ҷои нишастан намеёфт. Ӯ худи ҳамон рӯз тамоми коло ва лашулӯши хонаро бароварда, фаршу сақфи онро чунон бодиққату ҳавсалаи том тоза кард, ки ба қавли худаш, мисли оина шаффоф гардид. Ғазанфар, Акмалу Лола ба ёрӣ омада бошанд ҳам, мӯйсафед ба онҳо бовар накарда, ҳамаи корҳоро худ анҷом медод. Дару тиреза ва тоқчаҳоро покиза мекард, ҳатто як латтаи тар гирифта, акси калони шишабанди бо мурури солҳо зардгаштаи худашу кампирашро, ки ба он муддатҳои тӯлонӣ касе даст намезад, аз гарду хок ва доғи магасҳо орӣ сохт. (Ин сурати калонро як марди осетин бо супориши усто-Зариф аз суратҳои хурд-хурди алоҳида тайёр карда буд).
Усто-Зариф боз як бор ҳамроҳи Ғазанфар ба кӯҳ рафта, арчаи хушк бурида овард. Ӯ мехост, ки захираи ангиштро зиёдтар карда, дар рӯзҳои меҳмонии Латифҷон ба ин корҳо даст назанад. «Падарат маътали мо бошаду вайро бо як хона меҳмон партофта, ба кӯҳ равем, кори сара намешавад, – мегуфт мӯйсафед ба набера. Оҳангар барои тайёр кардани ангишт аз рӯзҳои муқаррарӣ дида барвақттар хеста, ба кор машғул шуд. Ӯ дар лаби ҷӯйбор назди дӯконаш чӯбҳои арчаро бо арраи дастӣ ба қадри якваҷабӣ бурида, болои гулхан қалъа мекард. Ғазанфар якчанд дафъа ҳамроҳи бобо барои арча ба кӯҳ рафта бошад ҳам, тайёр кардани ангиштро имрӯз бори нахуст медид. Ҳоло чеҳраи ӯ аз шӯълаи оташ сурх гашта буду ба кори бобояш бодиққат назора мекард.
– Бобо, бе ҳамин ангишт коратон буд намешавад? – пурсид Ғазанфар, вақте ки усто-Зариф лахчаҳои нимсӯхтаро ба чуқурии ангиштхобонӣ мекашид. Сонӣ пирамард ба рӯи лахчаҳо бо панҷа об пошида, онҳоро зери хок гӯр кард. Вале пирамард ба саволи наберааш дарҳол ҷавоб надода, дар бораи кадом як чизе хаёл мекард. Ғазанфар хомӯш истодани боборо мушоҳида карда, илова намуд:
– Охир, Шариф-амак порсол аз магазин ангишти мӯл харида оварданд-ку, дар дегдон бисёр сурх шуд, тафсаш ҳам баланд.
– Корам бе ин ангишт ҳам буд мешавад, бачам, – ҷавоб дод усто-Зариф аз банди андеша раста, – вале сара намешавад. Ангишти Шариф оварда ангишти кон. Ангишти кон ғози оҳанро месӯзонад, ғозаш ки сӯхт, оҳан камшира мешавад, – фаҳмонд оҳангар. Ӯ бо бачаҳои хурдсол ҳам тавре сухан мегуфт, ки гӯё дар сӯҳбати калонсолон нишаста бошад. «Хурду калони инсон баробар, ҳама аз як гавҳари пок» ақида дошт пиармард.
– Агар аз оҳани камшира ягон асбоб созӣ, бадошт намебарояд, ба соҳибаш дер хизмат накарда мешиканад. Сонӣ кӣ гунаҳгор? Оҳангар гунаҳгор, – давом дод усто. Ғазанфар моту мабҳут шуда, ба суханони бобо гӯш медод. Аз ғояти ҳайронӣ даҳони бача андаке боз шуда буд. Усто-Зариф ҳикоят мекард:
– Ангишти бурс ҳикмати зӯр дорад, ғози оҳанро намесӯзонад, балки онро лола барин механдонад, инро пирам, раҳматӣ устоАшӯри оҳангар фаҳмонда буданд. Пирам мегуфтанд, ки оҳангар агар бо ақли дил хандидани оҳанро бинаду фаҳмад, сонӣ устои ҳақиқӣ мешавад. Ба ман ҳам раҳматӣ, фақат баъди ҳамин дуо дода, камарамро баста буданд, «акнун, ки дар рӯи сандонат оҳан механдад, усто шудӣ, Зариф», – гуфта буданд пирам. Ғози оҳан насӯзад, вай абрешим барин мулоим мешавад, сершира мешавад. Одами усто аз вай ҳар чи сохта метавонад, бачам. Пирам ҳикмати дигари ангишти бурсро ҳам мегуфтанд. Ин ангишт оҳану пӯлодро ҷавҳардор мекунад, оҳану пӯлоди ҷавҳардор хосияти дигар дорад, мегуфтанд. Худашон ба йигитҳои дӯстдорашон аз пӯлоди ҷавҳардор корд сохта медоданд. Одам агар ин хел корд дошта бошад, кораш бобаракат мешавад, ба вай ҷину шайтон зарар намерасонад, бачам, аз корди ҷавҳардор ҳар балои азим мегурезад,
– пирамард хомӯш монда ба як нуқта каме чашм дӯхту дасти гарони худро бар дӯши набера гузошт. Бача аз дасти бобояш бӯи ангишт, бӯи оҳани зангорбастаро шамид.
– Ғазанҷон, – гуфт усто-Зариф,-медонӣ, одам ҳам ҷавҳардор мешавад, ҳа, ин хел одам ҳикмати дигар дорад. Ту агар одам шуда, маро розӣ мекунонам гӯӣ, одами ҷавҳардор шав, бачам, – бо ҳамин оҳангар гӯё тамоми мақсадаш баён кардани ҳамин панд бошад, лаб аз сухан фурӯ басту дигар чизе нагуфт. «Оҳани ҷавҳардор хуб будааст, корди аз чунин оҳан сохташударо ҳамроҳ гирифта гарданд, ба одам ҷину шайтон зарар намерасондааст», бо хаёлоти бачагона муҳокима меронд Ғазанфар. Лекин одами ҷавҳардор чӣ хел одам бошад? Киро одами ҷавҳардор гуфтан мумкин? Шариф-амак? Не. Шариф-амак доим бачаҳои худро: «Аз назарам гум шав, дар пеши ман китобатро нахон, дар мактаб хонданат бас набуд, ки боз дар хона мехонӣ, рав барои гӯсфанди шишак алаф биёр, ба ҷувона об деҳ», -гӯён ҷанг мекунад. Фикру ёдаш гову гӯсфандро фарбеҳ карда, ба бозор бурда фурӯхтан. Худи Ғазанфар ҳам чанд бор гӯсфандони вайро ба бозор этак карда бурда буд. Лекин Шариф-амак якчанд сар молро фурӯшад ҳам, ба бачаҳояш ҳеч савғотӣ намехарад, ба занаш Шаҳрбону-хола ҳам ягон чиз намеорад. Ҳар дафъа, ки вай аз бозор ояд, занаш ғур-ғур мекунад, то вақте ғур-ғур мекунад, ки Шариф-амак «дам шав-е, натақатро гир-е, кампири ҷалоҷин, сару калобаамро ёбам, сонӣ мехарам-дия, гурехта нарафтааст-ку» гӯяд, хола дигар хомӯш мешавад. Не, ин хел одам набояд одами ҷавҳардор бошад. Хайр, дадоям чӣ? Ғазанфар чеҳраи падари худро пеши назар оварда натавонист. Ҳаминро медонист, ки вай падари худ, яъне бобои азизу меҳрубони Ғазанфарро кам хабар мегирад, ба ягон кораш мадад намерасонад, мушкилашро осон намекунад.
Боз аз ҳама аламовар он ки Ғазанфару модараш Манзураро партофта, ба шаҳр рафта, зани дигар гирифта буд. Магар чунин одамро одами ҷавҳардор гуфтан шояд? Ҳаргиз! Пас, кӣ одами ҷавҳардор аст? Ҷангалбони совхоз Маманаими чилдурӯғ чӣ? – ба андешаҳои худ давом медод Ғазанфар, – вай чӣ хел одам аст, аз номаш ҳам маълум. Ин одами паканаи шикамкалони кӯсанамо, ки чашмони хурд-хурди бозингараш нуқтаҳои сиёҳ доштанд, ба Ғазанфар ҳеч маъқул набуд. Бисёр сокинони Гулгунхона аз бадаъмолии ин шахс шикоят мекарданд, ба вай нафрат доштанд. Ин гапҳоро Ғазанфар дар устохонаи бобо борҳо шунида буд. Масалан, Нормеханики совхоз дар давраҳо нишаста мегуфт, ки вақти хонадоршавии Маманаим ба вай сесад сӯм пул қарз дода будааст. Аммо чилдурӯғ, сонитар, аз қарз мункир шудааст. Дар бораи ҳаромхӯрии ҷангалбон ҳамсояи Шариф-амак Муборак-кампир оби дида рехта, шикоят мекард, аз сӯзи дарун оҳу нола дошт. Муборак-кампир танҳо мезист. Ӯ дар соботи ҳавлӣ як сар гӯсфанд парвариш мекард, ки бо сад ният рӯзи аз аскарӣ омадани писари яккаю ягонаи худ онро кушта, ба халқ тӯй диҳад. Зеро писарашро ниҳоят дӯст медошт, сари ӯро ба ҳазору як мазор ниёз карда, талабидаю харида гирифта буд. Як рӯз чилдурӯғ ба хонаи кампир омада, ба сад макру фиреб мегӯяд:
– Аммаҷон, – забон мекушояд чилдурӯғ худро хеш тарошида,
– имрӯз рӯзи нигоҳ доштани обрӯи ман, ору номуси ман. Шумо обрӯи маро нигоҳ дошта метавонед. Дар хонаам калонҳои совхоз меҳмон шуда шиштаанд. Молам дар айлоқи поён, пеши Халил43 бои чӯпон. Ҳамин гӯсфандатонро ҳозир қарз диҳед, фардо ман ба шумо гӯсфанд меорам.
– Пагоҳ-бегоҳ писарам ояд, ман чӣ мекунам? – илтимоси чилдурӯғро гардонданӣ мешавад Муборак-кампир.
– Э, хола, ҳамин қадар сол дар як қишлоқ зиндагӣ мекунем, наход бовар накунед. Худи пагоҳ аз рамаи Халилбой ду сар гӯсфанд оварда медиҳам, охир, мебинам, гӯсфандатон дастпарвар аст, хеле фарбеҳ, – оби даҳон рехта зорӣ мекунад чилдурӯғ. Муборак-кампири соддалавҳ бовар карда, гӯсфандро медиҳад. Лекин рӯзи дигар Маманаим ду сар гӯсфанди ваъдагиро намеорад. Ҳар гоҳ Муборак-кампирро дар кӯчаю паскӯча бинад, бешармона «хотирҷамъ бошед, гӯсфандатонро меорам» мегуфтааст чилдурӯғ ба рӯяш чарм кашида, Муборак-кампир чизе нагуфта, оби дидаи худро ба нӯги қарс пок карда, ба роҳаш мерафтааст.
Рӯзи аз аскарӣ омадани писари кампир Маманаим ба воситаи Халилбой як сар бузи харобу ҳалокро фиристода, бо Мубораккампир ҳамин тавр «адои қарз» кардааст. Барои чунин қаллобиҳо одамон ба вай «Чилдурӯғ» лақаб дода будаанд. Ба Ғазанфар ҳамин сахт мерасид, ки Маманаим ба оҳангархонаи бобояш омада, нописандона «канӣ, усто, кори маро тезтар иҷро кунед, вақтам нест, маро раис ҷеғ задагӣ» – мегуфт. Бар иловаи ин, тойчаи Ғазанфарро дар назди дӯкон дида, ҳарисона даҳон мекушод. «Усто, ҳамин тойчаи қашқапоятон аҷаб аспи йӯрға мешавад-дия. Аз камараш, аз пойҳои най барин дарозаш маълум. Духтарони хушрӯ барин талабгоронаш бисёр мешаванд». Ғазанфар аз оҳанги омирона, аз баднафсии чилдурӯғ дар ғазаб шуда мехост, ки мушти кӯчакашро гиреҳ баста, ба ҷоғи камришу сергӯшт ва лаблабу барин сурхи вай якто фурорад. Лекин боз худдорӣ мекард.
– Бобоҷон, кори ин одами гандаро буд накунед, – мегуфт Ғазанфар баъди аз дӯкон рафтани чилдурӯғ.
– Парво накун, бачем, ба худаш ганда, – сари набераро мемолид усто-Зариф. Ғазанфар ҳамаи инро андеша карда, ба ақлу фаросати тифлона ба ақидае меомад, ки чилдурӯғ одами ҷавҳардор он тараф истад, умуман аз кӯчаи одамият нагузаштааст. Пас, чӣ гуна кас одами ҷавҳардор мешавад? Дар охир пеши чашмони Ғазанфар танҳо симои Зариф-бобо ҷилвагар шуд, ки сокинони Гулгунхона дар бораи ӯ ба ҷуз ҳарфи нек дигар чизе намегуфтанд. Одами ҷавҳардор бобояш буд, бача дигар касро баробари усто-Зариф гузошта наметавонист. Дар Гулгунхона ҳам хурду ҳам калон усто-Зарифро дар ҳозиру ғоиб эҳтиром мекарданд.
... Ғазанфар ин ҳикояро аз даҳони Усмон-ҷувозгар шунида буд. Боре зимистони қаҳратун меояд, барфи бисёр меборад. Зафар ном коргари идораи роҳсозӣ, ки дар ҳудуди совхоз мезист, зери тарма монда, чор нафар фарзанди худро ятим мекунад. Ғам ҷӯра-ҷӯра меояд, гуфтаанд, баҳори ҳамон сол аз бағали кӯҳ сел шорида, ба хонаи сағираҳои Зафар сахт осеб мерасонад. Албатта, аз тарафи маъмурияти хоҷагӣ ва ноҳия ба осебрасидагон ёрӣ расонданӣ буданд. Намояндагон омаданд. Аммо имдоди устоЗариф ҳамаро дар ҳайрат мегузорад. Ӯ ба айвони хонаи додари худ кӯчида мегузараду ҳамроҳи кампираш ба назди зани бевамондаи Зафар омада мегӯяд:
– Бори мо сабук. Мо дар бисотамон буду шудаш як бача дорем. Марҳамат, шумо бо фарзандонатон ба ҳавлии мо гузаред. Ва ҳамроҳи кампираш ба кӯчкашӣ ёрӣ медиҳад. Усто-Зариф ҳавлии ҳозираи худро баъди гарм шудани ҳаво месозад, то сохтани хона ба қавоқи гирифтаи зани додараш базӯр тоб меорад...
«Одамгарии ин дар ҳеч кас нест, усто-Зариф фаришта» гуфта буд ҳамон вақт Усмон-ҷувозгар. Чӣ хел одам будани фариштаро Ғазанфар нафаҳмида буд, лекин медонист, ки аз фаришта кори бад намебарояд, фаришта одами нағз аст... Бо ҳамаи далелҳо Ғазанфар қарор дод, ки бобояш аз қабили одамони ҷавҳардор аст. Рӯзе як кас доси шикастаеро ба дӯкони усто-Зариф овард.
– Усто-бобо, ҳаминро кафшер карда диҳед, – илтимос кард ҳамон шахс ва досро назди оҳангар монда рафт. Оҳангар ин тарафу он тарафи досро аз назар гузаронд.
– Теғаи дос бекора шудааст, – гуфт пирамард ба набера,-теғаи дигар мемонем.
– Сипас як пораи фулузот ва он доси кӯҳнаро бо анбӯри дастдароз гирифта, дар миёни оташи фурӯзони кӯра гузошт.
– Канӣ, Ғазан, дам деҳ, – гуфт оҳангар. Ғазанфар ба дамдиҳӣ даромад. Усто-Зариф гоҳ-гоҳ оҳанпора ва дастаи досро бо анбӯр гирифта, ин тарафу он тараф гардонда медид. Вақте ки оҳанпора ба дараҷаи зарурӣ сурх шуд, оҳангар даст бардошт. Ин маънои «шуд»-ро ифода мекард. Усто-Зариф оҳанпораро дар кафи сандон ниҳод. Аз он оҳанпораи сиёҳ ному нишоне намонда буд. Ғазанфар дар сандон, пеши болғаи бобо оҳани тамоман сурхеро медид, ки ба лолаи калоне шукуфта, ба лолаи хандон мемонд. Аз ин оҳанпораи сурхи тофта шарора мерехт. Вақте ки усто-Зариф ба анбӯри дасти чап оҳанпораро дошта, ба болғаи дасти рост онро гӯё барои хандаи бемаврид кӯфт, оҳанпора мисли хамир паҳн шуд. Бобо ба сӯи набера ба маънои «дидӣ» чашм дӯхт. Ҳамин лаҳза ба ёди Ғазанфар «ангишти бурс ҳикматнок, оҳану пӯлодро бирешим барин мулоим мекунад, механдонад, сершира мекунад» гуфтанҳои бобо расиданд. Ҳангоми болғазании усто-Зариф аз рӯи сандон лахчае парид ва ба дасташ часпид.
– Бобо, дастатон сӯхт, – бонг зад Ғазанфар, – оташро кушед.
– Оҳан батоб аст, – бепарвоёна ҷавоб дод усто-Зариф ва дигар ҳарфе нагуфта болғазаниашро давом дод. Баъд ӯ пораи фулузотро, ки ба кафшер кардани дос хеле мувофиқ карда буд, боз ба кӯра гузошта, ба сухан даромад.
– -Боре ба як оҳангар хабар додаанд, ки «ҳӯй фалонӣ, пирхонаатро банд, дадот мурд». Оҳангар ба ин гап ҷавоб додааст: «оҳан батоб аст» ва корашро давом додан гирифтааст. Медонӣ, барои чӣ оҳангар ин тавр гуфтааст?– ба чашми ӯ нигарист усто-Зариф.
– Барои он ин тавр гуфтааст, ки –худи ӯ ба саволаш ҷавоб дод,
– оҳангар бояд аввал оҳани батобро кӯфта, сонӣ аз паи кори дигар шавад. Оҳани сардро дигар хуб обутоб додан душвор аст, оҳани сард кӯфтан кори бефоида кардан аст. Аз оҳани сард чизи сара сохта намешавад. Ана, оҳангарон ҳамин хел ҳикмат доранд. Усто-Зариф ақида дошт, ки Ғазанфар акнун баъзе чизҳоро дарк мекунад, бинобар ин сирри касбашро бояд қадре ба ӯ фаҳмонад. «Соҳиби ҳар кадом касбу ҳунар шавад, ихтиёраш, – аз дил мегузаронд мӯйсафед, – лекин оҳангариро ҳам омӯхтанаш савоб. Вақту бевақт болғаи маро гирифта, «даст-дасти ман не, дасти бобом» – гӯён ягон чиз созад, сара мешавад». Ана, бо ҳамин мақсад ба дасти набера хоискро дода, худ дос ва теғаи онро ба анбӯр аз кӯра бароварду ишора кард.
– Ана, ба ҳамин ҷо зан!
– Хуб, – гуфт Ғазанфар ва ба ҷои ишоракардаи бобо зад. Вале зарбаи ӯ ба ҳадаф нарасида, тиқирросзанон ба сандон бархӯрд. Писарак аз хато рафтани зарбаи худ шармид ва хоискро кашида истод.
– Ҳа, – гуфт усто-Зариф, – наист, задан гир, охир оҳан батоб аст. Ғазанфар хоискро баланд бардошта, ба ҷои нишондода мезад. Вале баъд аз ду-се дафъа фақат як бор ба ҳадаф мерасид. Усто-Зариф бо анбӯри дасти чап оҳани сурхро дошта, бо болғаи дасти рост баробари зарбаи Ғазанфар оҳиста-оҳиста ба сандон мезаду гӯё бо ҳамин ҳар як зарбаро тасдиқ мекард. Аз зарбаҳои хоиску болға «тиқ-тиқ» садоҳо мебаромаданд. Пас аз як муддат зарба задан дар пешонаи Ғазанфар қатраҳои арақ пайдо шуданд, усто-Зариф инро дида, болғаро дар рӯи сандон якпаҳлӯ гузошт. Вале наберааш маънии якпаҳлӯ гузошта шудани болғаро нафаҳмид, бинобар ин усто «бас»-гӯён Ғазанфарро боздошт ва оҳану дастаи досро ба кӯра гузошту гуфт:
– Шогирд бояд доим зираку ҳушёр бошад ва ҳамин ки болғаи усто дар рӯи сандон якпаҳлӯ шавад, зуд зарбазаниро тамом карда, хоиски худро ба сӯе гирад ва ба усто нигарад, мунтазири дастури минбаъдаи вай бошад. Яъне якпаҳлӯ шудани болғаи усто маънии «исто»-ро дорад, акнун фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, бобоҷон, минбаъд доим ҳушёр мешавам, диққат мекунам, – ҷавоб дод Ғазанфар.
– Офарин, шери бобо,-хушҳол шуд усто-Зариф ва ба нишон додану фаҳмондани асбобҳои оҳангарӣ шурӯъ кард. – Аввалин асбоби оҳангарон анбӯр будааст. Муаллими одамизод табиат аст, асбобсозиро ҳам аз табиат омӯхтааст. Пири оҳангарон ҳазрати Довуд боре саги даргоҳи худро дидааст, ки поҳояшро ба шакли хоҷ ниҳода хобидааст. Инро дида, пайғамбарамон анбӯрро сохтаанд, ана, мо, ҳамаи оҳангарон, то ҳол аз он истифода мекунем. Сонитар, ин асбобҳо баромадаанд, – пирамард саночи фарсудаеро кушода ба Ғазанфар нишон дод.
– Мана, ин сумаи ёшгир, ин-ахирсума, инҳо – қалам, занҷилақалам, моҳқалам, ситорақалам... Бача чунон моту мабҳут шуда ба суханони бобо гӯш медод, ки гӯё пеши чашмаш водии нави рангине боз шуда бошаду ин мӯйсафед бобояш набуда, балки кадом як соҳир ва ё афсунгарест аз олами номаълуми афсонавӣ. Усто-Зариф даҳони саночро баста, онро як сӯ гузошту расани дамро ду-се бор кашида, кӯраро кофт.
– Ин тарафи корро худам мекунам, – гуфт мӯйсафед, – ту нигоҳ кун. Оҳангар теғаи досро аз кӯра бароварда дид ва боз ба даруни оташ гузошт. Ин дафъа дастаи досро гирифта, зери зарбаҳои болға ниҳод ва онро ҳам дар оташ монд.
– Оҳану пӯлод ба ҳам ҷангӣ, – кинояомез гуфт усто-Зариф, – ҳич ба якдигар ҷӯр намешаванд. Ду одам агар бо якдигар ҷанг кунанд, каси дигар ононро оштӣ медиҳад. Оҳану пӯлодро ана ҳамин чиз оштӣ медиҳад, – пирамард коғази кӯҳнаи равғанинеро кушода, моддаи хокаеро ба Ғазанфар нишон дод, – номи инро танакор мегӯянд, ҳамин танакор оҳану пӯлодро ба ҳам мепайвандад. Ҳозир ту инро бо чашмони худ мебинӣ. Пирамард теға ва дастаи досро гирифта, ба сандон гузошт. Ба ҷӯйчаи теғаи пӯлодин каме танакор пошиду дастаи оҳанини онро пахш карда буд, ки дуди тунуке баромада, дар ҳаво зуд ҳал шуд. Бо ду-се зарбаи усто пайвандии теғаи пӯлодин ва дастаи оҳанини дос дерпо гашт.
– Мана, дос ҳам акнун тайёр, – гуфт усто-Зариф онро аз назар гузаронда, – доси сара шудааст, – хушҳол шуд ӯ.
– Камтар истад,сонӣ ба чарх мегирем. Ғазанфар досро, ки нав аз дами болғаи бобояш баромада буд, ба об тар кард.
– Нони оҳангарон бисёр ширин, – ба сухан даромад устоЗариф, барои пеш бастан пойтешаеро аз назар гузаронда. – Кори як касро кунӣ, барака ёб гӯяд, савоб аст. Нонаш нӯши ҷонат мешавад, роҳат мекунӣ. Барои ҳамин ҳар болғаро бояд аз сидқи дил занӣ, корат ҳам дар он сурат сара мешавад. Лекин оҳангарони нопокро халқ радди маърака мекунад.
– Як оҳангар ҳамин тавр радди маърака шуда будааст, – нақл кард усто. – Дар деҳае оҳангари пухтакору доное мезистааст. Асбоби сохтаи ӯ дар ҳама ҷо қимати баланд доштааст. Мардум вайро эҳтиром карда, дар ҳар кор аз ӯ маслиҳат мепурсидаанд. Ҳамин оҳангар садри ҳар маҷлис ва пешгаҳнишини ҳар маърака будааст. Рӯзе як дузд наълҳои кандашудаи аспону маркабҳоро ғундошта, назди усто меорад ва арзи муддао мекунад:
– Ҳӯ, усто, ҳамин наълҳоро гудохта, чил рӯз ба заҳраи одамӣ обутоб деҳ ва корде бисоз, ки ҳар оҳану пӯлодро ба як зарба бибурад. Оҳангарон медонанд, ки наълҳои кандаи сутурон фулузоти беғашу мустаҳкаманд ва ин наълҳоро гудохта, ҳар асбоби хуб сохтан мумкин, лекин ҷоиз нест.
– Хуб, тақсир, – гуфтааст устои тарсончак ларзону парешон даст пеши бар гирифта ва ҳамон лаҳза ба кор оғоз кардааст. Усто наълҳоро гудохта, онро чил рӯз ба заҳраи одамӣ обутоб дода, корди буррое сохтааст, ки ҳеч оҳану пӯлод пеши он тоб намеовардааст. Дар рӯзи чилум дузд кордро гирифта, барои имтиҳон аз ангушт ғафстар пӯлодро бо як зарба мебурад. Пас вай аз шодӣ давону ғазалхон рӯ ҷониби деҳа тофтааст. Мардуми деҳа ҳама дар кӯҳу пуштаҳо ғалла медаравидаанд. Дузд ҳар рӯз зулфини дареро бо он корд бурида, молу мулки халқро ғорат мекардааст. Ба ҳамин тариқ, то огоҳ шудани мардум мулки аҳли деҳа ба тороҷ рафта буд. Одамон аз паи дузд афтода, ӯро басе ҷустуҷӯ карданд. Вале аз ӯ ному нишоне наёфтанд. Гуфтанд, ки дузд ба деҳаи дурдасти дигаре рафтааст. Овозаҳо паҳн шуд, ки ба ҳамон дузд оҳангари деҳа корди пӯлодгузар сохта додааст. Мардум зулфинҳои буридаро дида, инро собит карданд ва аз оҳангар рӯ тофтанд. Рӯзгоре чанд бигузашту касе дигар бо оҳангар мулоқот надошт ва пурсуҷӯяш намекард. Оҳангари нопок мардуди халқ шуда буд ва ӯ ба тарафи кӯҳу дараҳо рафт ва талаф гашт...
– Ин оҳангар, – ба ҳикоят хотима дод усто-Зариф, – ду гуноҳ кард: аввал ин ки ба дузд дидаю дониста корди махсус сохт ва сонӣ онро бо пешоби одам обутоб дода, дӯкону дастгоҳро ҳаром кард. Барои ҳамин ҳам вай радди маърака шуд... Ин қиссаи усто-Зариф барои Ғазанфар сабақи хуби оҳангарӣ гардид.
* * *
Латифҷон ҳамроҳу зану фарзандаш Майсараю Фарид дар маркази ноҳия аз автобус фаромадан замон бо писари Усмонҷувозгар Мурод вохӯрд.
– Канӣ, кадом шамолҳо паронд, – бағал кашида пурсупос намуд Мурод, – тамоман одами шаҳрӣ шуда рафтед-ку, ако, дар роҳи омаданатон чашмамон чор, – илова кард ӯ. –Бегоҳӣ устобоборо дида будам, он кас ҳамин шабу рӯз омаданатонро гуфтанд. Саломатии худашон нағз, даҷам, давлати мою шумо тинҷию даҷамии падару модарамон-дия, ҳамин тавр не?
– Ҳа, ҳамин тавр, уко, – кулоҳро дар сар батартиб овард Латифҷон.
– Мана, ҳамин мошини ман, – гуфт сонӣ Мурод, – агар дар ноҳия кор надошта бошед, ба Гулгунхона меравем. Усто-бобо ба шумо интизор.
– Муродҷон, мошини нав муборак шавад, – гуфт Латифҷон дари «Жигули»-и норинҷиро боз карда, – аз ҳаштуним ҳазориҳоку.
– Ташаккур, ако, давлати падарам зиёд шавад, он кас тӯҳфа карданд. Мурод мошинро ба ҳаракат даровард. Вақте ки «Жигули» як сигнал дода, дар назди оҳангархона қарор гирифт. Усто-Зариф дар назди сандон ҷунбуҷӯл мекард. Ғазанфар чун ҳамеша таноби чармини дамро гирифта, ба бобо ёрӣ медод. Пирамард овози мошинро шунида, пешгиракро ҳам накушода саросема берун баромад. Дар остонаи дӯкон вай Латифҷонро дида, оғӯши худро боз кард.
– Писарам, бардам ҳастӣ, тану ҷонат саломат, – мӯйсафед Латифҷонро дуру дароз бағал гирифта, бо садои ларзон ҳолпурсӣ мекард. Танҳо овози ӯ не, балки тамоми пайкараш меларзид. Оҳангари пир ҳамин лаҳза ба чиноре монанд буд, ки аз вазиши шамол ба ҷунбиш омадааст. Усто-Зариф ҳамин зайл писарро хеле ба сандуқи дил пахш намуда истоду сонӣ бо келинаш салом кард ва Фаридро бардошта бибӯсид. Бача аз он ки риши бобо ба рӯяш расид, тарсида ба гиря даромад.
– Эй беғайрат-е, беғайрати бобо-е, – оҳангар набераи шаҳрии худро ба замин гузошт. Бача ҳамон лаҳза ба модар наздик шуда, аз домани кӯтоҳи ӯ маҳкам дошт. Ғазанфар ҳамаи инро аз даруни оҳангархона мушоҳида мекард. Вақте ки усто-Зариф «Ғазан, берун баро, дадот омад» гуфта, ба дарун сар хаст, наберааш аллакай ғайб зада буд. Ҳалқаи даричаи қафои оҳангархона оҳиста-оҳиста меҷунбид.
– Ин қадар одамгурез шудааст, – ба оҳанги сард гуфт Латифҷон.
– Намедонам, ин дар табиаташ набуд, – ҷавоб дод пирамард, – ҳеч боке не, бача-дия, одат мекунад. Латифҷон дар хонаи падар дер наистод. Акнун ду рӯз гузашта буд, ки тараддуди рафтанро дид.
– Дадо, бояд зудтар равем, – гуфт ӯ саҳаргоҳ, вақти чойхӯрӣ, ташвишам бисёр. Усто-Зариф баъди ин суханони писар хеле вақт хомӯш истоду ба оҳанги гила гуфт:
– Дар шаҳрҳои мусофирӣ худатро серташвиш карда гаштаӣдия. Кори сара накардӣ, ки худатро ғариб кардӣ. Дар ҳамин ҷо ҳам ягон машғулӣ меёфтӣ, мешуд. Рӯзат намегузашт магар, гул барин мегузашт. Охир, ман пир шудаам. Аъзои баданам доим дард мекунад, худамро бисёр вақт суст ҳис мекунам. Дар дуконам ҳеч кас нест. Ҳеч кас нест, ки болғаи маро аз дастам гирад. Ғазан ҳоло бачагӣ мекунад. Агар дар ҳамин наздикиҳо мешудӣ, мурам, ба болоям як бел хок мепартофтӣ. Пирамард боз хомӯш шуда, нонрезаи дар рӯи гилем афтодаро чида ба даҳонаш бурду ба писараш нигоҳ кард ва:
– Ҳикмати ин мусофирии туро нафаҳмидам, – гуфт.
– Дадо, охир ман бо кори илмӣ машғул, чаро шумо инро фаҳмидан намехоҳед.
– Агар дар пеши ман машғулии худатро кунӣ, оё ман дасту поятро мебастам? Мана, худат бин, Абдулатиф, чӣ қадар ҳамсолонат дар қишлоқ, дар ҷое, ки хуни нофашон чакидааст, хонаву дар кардаанд. Писарони Абдулло-нонвой, Усмон-ҷувозгар ту барин шаҳрӣ нашуда бошанд, ягон ҷояшон кам аст магар. Корашон сара, рӯзгорашон биноӣ. Ту худат бемеҳр баромадӣ, бачам. Дар ҳамин вақт зани Латифҷон аз ҳавлии Шариф-амак бо карашма баромада:
– Лёня, ман тайёр шудам, ба роҳ мебароем? -гуфт.
– Майяхон, ман ҳозир, – кулоҳро аз рӯи болишт гирифта, ҷаста хест Латифҷон. Дигар суханони усто-Зариф нагуфта монданд. Мурод «Жигулӣ»-и муҷаллои худро оҳиста-оҳиста ронда ба ҳавлӣ даромад ва ду маротиба «пип-пип» сигнал дод. Усто-Зариф мошини Муродро дидан замон «ҳа» гӯён чизеро ба хотир оварду ба замин такя карда бархост ва роҳравон локиашро кушода, миёнашро аз болои ҷелак маҳкам баста, ба тарафи дӯкон рафт.
– Хола, ба бачаҳоятон нағз нигоҳубин кунед, намешавад, – гуфт Майсара ба ҳамсари Шариф-амак вақти хайрухуш, куртаи андаке гардолуди Лоларо дида, – боз сарутанашон чиркин шуда касал нашаванд.
– Ғам нахӯред, гардам, бачаҳои мо ғалтида-хеста калон мешаванд, – ҷавоб дод Шаҳрбону-хола, – хоку чанги қишлоқамон микрӯб надорад, ҳа-а, бачаҳо сарлучу пойлуч гашта касал намешаванд, – киноя кард ӯ. «Анча олуфтасатанги танноз будааст», – гуфт дар дил Шаҳрбону-хола, ки Майсара аз рӯзи омаданаш ба ӯ маъқул нашуда буд. Вақте ки пирамард бастаеро зери каш ниҳода, ба гусели фарзанд омад, зани Латифҷон аллакай дар даруни мошин менишаст. Латифҷон бо Мурод ва Шариф-амак сӯҳбат карда, дар назди мошин рост меистод. Усто-Зариф ба назди онҳо рафта, аз оринҷи писар гирифта, ба каноре бурд ва бастаро сӯяш дароз карда гуфт:
– Мана, ин шаш ҳазор сӯм. Як қисмро раҳматӣ модарат ғундошта буд, як қисмро худам. Ба ҳамин якто «Жигулӣ» гир, мо ҳам орзую ҳавасамонро шиканем. Сонӣ, маро тез-тез хабар гирифта ист. Дурӯза умрам мондагӣ ё не, кӣ медонад? Баъди сари ман дар ҳаққам дуою фотеҳа хонӣ, бас, дигар аз ту ҳеч тамаъ надорам. Латифҷон пулро аз дасти падараш гирифта, ба даруни ҷузвдон гузошту якбора хушҳол шуда, табъаш болид ва дар бораи «кори муҳим»-и дар мактуб навиштааш дигар чизе нагуфт. Шариф-амак ба Латифҷон пул додани бародари худро магар пай бурд, ки якбора рангаш канд. Латифҷон бо ҳама хайрбод карда, дар паҳлӯи Мурод нишаст. Усто-Зариф «роҳи сафед, кушоиши кор»-гӯён дастони худро ба чеҳраи пуроҷингаш молид.
Ғазанфар фақат баъд аз рафтани падар ба назди бобо омад. Ӯ бо падар, моиндар, додари ӯгай – Фариди фисин ҳеч унс нагирифта, аз онҳо мегурехт. Ду шаби меҳмонии падараш ба хонаи бобо наомада, бо фарзандони Шариф-амак мехобид. Шарифамак, усто-Зариф чанд дафъа хостанд, ки Ғазанфарро ба назди падар оранд. Вале писарак ҳаргиз омадан намехост ва ҳамин ки дар ин хусус касе сухан ронад, ӯ гӯш накарда, ба ягон тараф мегурехт. Латифҷон инро фаҳмида «хайр, ҳеч боке не, калон шавад, худаш мефаҳмад» гуфт.
...Бегоҳӣ усто-Зариф ба Ғазанфар фармуд, ки байталу тойчаро ба сой бурда об диҳад.
– Ин ақиқи асил, – гуфт боз оҳангар, – ба ёли тойчаат банд, хосияташ сара, ба ту омӯхта мешавад. Ғазанфар ду дона мӯҳраи шаффофро ба бағалкиса андохта, аспҳоро тарафи сой ронд. Вақте ки аспҳо об мехӯрданд, Ғазанфар ҳуштаккашон ба тойча наздик шуда, хост, ки мӯҳраҳоро ба ёли зарринтобаш бандад. Вале тойча ба миёнатари сой рафт. Ғазанфар дигар то об хӯрдани аспҳо дар соҳил истода, ба оҳанги форам мулоим-мулоим ҳуштак мекашид. Аввал байтал, баъд тойча аз сой баромаданд. Ғазанфар яккаҷилави байталро дароз дошта, тоқиашро аз сар гирифту дар даруни он як дона қанди дар киса доштаашро гузошт ва «маҳмаҳ», «беҳ-беҳ»-гӯён ба тойча наздик шудан гирифт: Зуд о, эй тойи зарринёли ман, Аз ту бошад некӯии фоли ман. Зуд о, эй тойи зарринёли ман, Бо ту маҳкам бозуи ман, боли ман, Зуд о, эй тойи зарринёли ман. Тойча фук боло карда, дар ҷояш истод. Ғазанфар тоқиро ба фуки тойча дароз намуд.
Тойча паракҳои биниро бурма карда, гирду атрофи тоқии соҳибашро бӯида-бӯида, қандро ба лабонаш гирифт. Ғазанфар тоқиро нармакак пӯшида, боз оҳиста ҳуштак кашид. Ӯ мехост, ки тойчаро ба ҳуштаки худ дурустакак омӯхта кунад. Тойча гӯё мақсади Ғазанфарро фаҳмида бошад, ки ором меистод. Ин дафъа Ғазанфар қандро дар рӯи даст ниҳода, ба тойча дароз кард. Тойча ҳам қандро гирифта, ба хоидан даромад. Дар ҳамин вақт Ғазанфар ёли тойчаро бо даст шона кард. Тойча ҳамон ором меистод. Сонӣ Ғазанфар мӯҳраҳоро ба ёли тойча баст. Мӯҳраҳои ақиқин дар рӯи ёли тойча зери шуоъҳои офтоб ба сад ранг ҷилванамоӣ мекарданд... Ғазанфар байталро дар яккамех мебаст, ки Акмал тозон омад.
– Имшаб дар клуби совхоз кинои ҷанг мешудааст, – хабар расонд ӯ, – лекин медонӣ, дадом барои белат пул надоданд. «Аз бобоят гир, пули бобоят бисёр» гуфтанд. Чӣ мекунем?
– Хайр, биё пеши бобоям меравем, – роҳ кашид Ғазанфар. Усто-Зариф ба охури асп коҳ меандохт.
– Бобо, ба қишлоқамон кино омадааст, кинои ҷанг, – гуфт Ғазанфар, – шумо ҳам намеравед?
– Лаббай, кинои ҷанг бошад, меравам, ҳамаамон меравем, – табассум кард оҳангар. – Лола куҷост? Магар вай кинои ҷангро намебинад?
– Вай ҳам меравад, бобоҷон, – дарҳол ҷавоб дод Акмал.
– Ҳоло ҳавлӣ мерӯбад, ҳамин ки ҳавлиро рӯфта шуд, очаам иҷозат медиҳанд.
– Ин тавр бошад, кор сара мешудааст-дия, – рамуз гирифт устоЗариф. – Мана, ту паттаашро гир, – оҳангар аз ҳамёни фарсуда ду сӯм бароварда, ба Ғазанфар дод, – ман ҳам Лола барин корҳоямро тамом кунам, сонӣ ба кино меравем. Лекин ман худам ба худам иҷозат медиҳам. Бачаҳо хандида ба тарафи клуби совхоз дартоз шуданд. Лекин бегоҳӣ усто-Зариф ба тамошои кинофилм рафта натавонист. Ӯ ду пиёла наботчой хӯрду «бетоб шудан дорам» гуфта, ҷойгаҳ андохта хобид. Ҳангоме ки Акмалу Лола либосҳои тоза пӯшида ба ҳавлии усто-Зариф омаданд, Ғазанфар бо сари хам ба онҳо гуфт:
– Бобоям касал. Ман ба кино намеравам. Мана, белат, худатон раветон.
– Ман касал-пасал не, ҳамин тавр каме монда шудаам. Рав Ғазанфарҷон, тамошо кун. Сонӣ ба ман нақл мекунӣ. Ӯ ночор бо Акмалу Лола ба кино рафт. Ҳамон шаб дар клуби деҳаи Гулгунхона кинофилми «Озодӣ»-ро нишон доданд. Одамон баъд аз тамошо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, киноро муҳокима карда, ба хонаҳояшон мерафтанд. Ғазанфар хаёл дошт, ки агар бобояш нахобида бошад, таассуроти худро ҳикоя хоҳад кард. Вале ба ҳавлӣ қадам ниҳодан замон оҳу воҳи боборо шунид. Шариф-амак ва Шаҳрбону-хола дар гирди ҷойгаҳи усто-Зариф ҷунбуҷӯл доштанд.
– Одами пир ҳамин-дия, имрӯз сиҳат, фардо бемор, – ғур-ғур мекард Шаҳрбону-хола.
– Бобоҷон, ба шумо чӣ шуд! – Ғазанфар бо овози гиряолуд пурсид ва хам шуда аз пешонаи бобо бӯсид. Бача бо лабони худ ҳарорати баландро ҳис кард.
– Ҳеч боке не, бачем,-базӯр табассум кард усто-Зариф, рафта хоб кун, – илова намуд ӯ. Маълум буд, ки пирамард бо душворӣ нафас мекашид.
– Келин, ба Ғазанфар ҷой партоед. Сипас ӯ ду-се дақиқа чуқур-чуқур нафас кашида, ба наберааш муроҷиат кард:
– Рав, Ғазанфарҷон хоб кун, пагоҳ хезӣ, ман сиҳат шуда, аз ҷойгаҳ сар мебардорам. Шаҳрбону-хола ва Ғазанфар аз ҷо хестанд.
– Бобоҷон, то саҳар саломат шавед, – гуфт Ғазанфар ба тарафи ҳавлии Шариф-амак раҳсипор шуда, – ман ба шумо киноро ҳикоя мекунам.
– Албатта, албатта, – гуфт усто-Зариф ва ӯҳу-ӯҳукунон сулфид.
– Бача-дия, дилаш чашма барин соф, – илова намуд ӯ аз қафои набера. Саҳаргоҳ Ғазанфар аз хоб чашм кушоду дарҳол ба назди бобо омад. Усто-Зариф ба лӯлаболишт такя карда, дароз кашида буд.
– Бобоҷон, нағз шудед? – пурсид Ғазанфар.
– Ҳа, сара.
– Бобо, – ба усто-Зариф нигарист Ғазанфар, – шумо дар дӯконатон тайёрача сохта метавонед?
– Чӣ буд! – табассум кард мӯйсафед. Вақти табассум аён мегашт, ки чашмони оҳангар андаке чуқур нишастаанд.
– Агар шумо тайёрача месохтед, ман ҳай кардани онро ёд мегирифтам. Мана, ин хел, – Ғазанфар дастонашро ба ду тараф ёзонда, дар ҳавлӣ як давр зад.
– Хайр, сара. Агар тайёраро ҳамин хел ҳай кунӣ, ман ба ту якто сохта медиҳам.
– Сонӣ, медонед, чӣ мекунам, – хушҳол шуд Ғазанфар, – ҳамин ки тайёраи рафиқам ғалтид, ман худашро халос мекунам. Дар кинои шаб дидаамон ҳаминро нишон доданд. Оҳиста ба замин мефароям ва то омадани душманҳо рафиқамро аз тайёраи сӯзон бароварда, ба тайёраи худам савор мекунам.
– Кори сара мекунӣ, шери бобо, – ба китфи Ғазанфар тап-тап зад усто-Зариф.
– Ин хел ният дошта бошӣ, ман ҳатман барои ту тайёра месозам. Сипас, оҳангар андак фикр карду гуфт:
– Тайёра месозем. Тайёраро ҳардуямон месозем. Баъди ду-се рӯз ҳамин ки ман ба қувват биёям, ба кӯҳ меравем, бурси хушк меорем, ангишти мӯл тайёр мекунем, ана сонӣ месозем. Пас аз як ҳафта усто-Зариф бистари бемориро тарк кард. Вале ӯ ҳанӯз хеле камқувват буд. Шариф-амак дар давраи бемории бародари худ аспи вайро дар заминҳои ангораи қишлоқ сар медод, ки бо тойчааш бичарад. Дар рӯзи аз болин сар бардоштани усто-Зариф Ғазанфар аспро ба ҳавлӣ ҳай карда омад. Байтал дам ба дам сари худро ба ду тараф меҷунбонд.
– Дар пушти дӯкон сарашро ҳамин тавр меҷунбонд, – гуфт Ғазанфар ба бобо. – Аз пешонаш хун мешорад. Аммо ҳамроҳаш тойча нест, – бача аз ин хеле зиқ буд.
Усто-Зариф аз яккаҷилави байтал дошта, ба ҷои кафидаи сари он бодиққат нигарист.
– Ӯҳ, – гуфт ӯ ва афсӯсхӯрон бо забон чуқ-чуқ кард.
– Ин кори кадом худобехабар бошад. Ба сари ҷонвари безабон ин қадар ҷабр кардааст, воҳ-воҳ. Сонӣ ӯ ба Ғазанфар муроҷиат намуд.
– Аз хонаи Акмалино камтар борут биёр. Ғазанфар тозон рафта, борут овард. Усто-Зариф онро бо лой омехта, ба пешонаи асп молид.
– Бояд ҷароҳатро ба ҳам орад, – гуфт пирамард. Гӯё ба тасдиқи ин суханони бобо бошад, асп каме ором шуд. Усто-Зариф аз мехи сутуни пешайвон ҷомаи кабудро гирифта пӯшиду байталро ба тарафи охури қафои дуконаш етак кард. Аспро ба мехи чӯбини назди охур баста, як бандча беда, дар сатил об овард. Байтал об нахӯрд ва ба тарафи беда ҳам майл накард.
– Ҳа, ҷонвар-е, – гуфт усто-Зариф бо овози дардолуд.
– Бобо, тойча дар куҷо бошад? – ба оҳангар ташвишомез нигарист Ғазанфар. Мӯйсафед андешамандона ба дуродур назар кард.
– Канӣ, миязори лаби дарёро бинем, – пеш даромад ӯ. Бобою набера ба самти ғарбии Гулгунхона рафтанд. Онҳо аз пули Наҳри Калон гузашта, ба миязори лаби дарё расиданд. Дар ҳеч куҷо тойчаи қашқапо наменамуд. Усто-Зариф ба теппачаи чим баромада, даст болои чашмон соябон кард. Ғазанфар ҳам ба ин омоли бобо пайравӣ намуд. Аз усто-Зариф дида, ӯ бисёртар мехост, ки тойчаро биёбанд. Охир, бобояш қашқапоро ба каси дигар не, маҳз ба ӯ бахшида буд. Ва тойча ҳам ин қадар зебо буд, доим бо модараш мегашт. «Тойча дар танҳоӣ зиста наметавонад, – андеша дошт Ғазанфар,-онро ягон кас маҷбуран нигоҳ медоштагист, вагарна тозон-тозон ба пеши модараш меомад. Агар ҳоло пешонаи кафидаи хунфишони модарашро медид, як лаҳза ҳам аз наздаш дур намешуд». Усто-Зариф ба юнучқазори байни Наҳри Калону миязор дуру дароз дида дӯхта, ба ёд меовард, ки солҳои ҷавонӣ дар ҳамин ҷо байни човандозони колхозҳои «Тоҷикистони сурх» ва «Октябр» мусобиқаи бузкашӣ барпо шуда буд. Ҳар ду колхоз ҳам дар ноҳия пешқадам ҳисоб меёфт.
Ҳамин ки нақшаю ӯҳдадориҳоро анҷом доданд ва ғӯзапояро тоза карданд, човандозону тамошобинон ба ин бузкашӣ ҷамъ омаданд. Човандозони деҳаи ҳамсоя Сангоба ҳам дар бузкашӣ иштирок мекарданд. Роҳбарони ҳар ду колхоз 56 мутасаддиёни ин мусобиқа буданд. Баъзе коргарони масъули ноҳия низ дар тамошои бузкашӣ ҳузур доштанд. Дар зери рикоби усто-Зариф ҷирани бозингари қашқапо, бобокалони ҳамин тойчаи гумшуда буд. Дасту бозувони худаш ҳам дар кори оҳангарӣ машқдида буду чунонки бояд варзида. Ҷирани қашқапо ба майдон даромада, бо синаю сар тӯдаи аспонро дукафон карда, савораро зуд ба сари буз расонид. Ҳамин ки панҷаҳои усто-Зариф ба рони буз расид, асп гӯё инро маътал бошад, бо ҳар ду пои пеш боло ҷаҳид. То ба замин расидани пойҳои қашқаи ҷиран усто-Зариф ҳам чолокона рони бузро бо чилбур ба қоши зин сахт қоим кард. Човандозон медонанд, ки агар ҳар касе рони бузро ба қоши зин бандад, буз ҳаққи ҳалоли ҳамон мешавад.
Дар ҳамин вақт овози гулдурросии Ҳусайн-полвон, ки одатан дар ҳамаи тӯйҳои гирду атроф баковул мешуд, ба гӯш расид: «Бардошт! Бардошт!» Усто-Зариф дасти ростро дар рӯи қоши зин ниҳода, ба дасти чап бо қамчин рони ҷилодори аспро зад. Ҳамин ба ҷиран басанда шуд. Вай, ки аспи таълимдида буд, ба тарзи пешина ду бор пеш ҷаҳид, дигар аспҳо аз ақибаш дартоз шуданд. Лекин ҳамин дам вай ба тарафи рост так андохта, аз ҳалқаи наздик расида ҷудо шуд ва хеле пеш рафт. Ба усто-Зариф дигар ҳунарнамоӣ ва ҷонсупории асп лозим набуд. Айнан дар ҳамин сония човандозон ҷорандозии боз баландтари Ҳусайн-полвонро шуниданд: «Ҳалол! Ҳалол!» Усто-Зариф дар байни човандозони Гулгунхонаю Сангоба ба мукофоти аввал – патефони наппа-нав бо ду дона қарта соҳиб шуд. (Ин патефон ҳоло ҳам дар кадом як гӯшаи анборхона зери чангу хок хобидааст). Усто-Зариф лаҳзае аз банди хаёлот раста, ба дастони лоғару костааш нигарист, ки рагу паи кабудчатоби онҳо ҷаста баромада буданд. «Ҳа, – гуфт мӯйсафед дар дил, – аз Наҳри Калон обҳои бисёр ҷорӣ шуданд, аз умри ман ҳам солҳои дароз гузаштанд. Канӣ акнун он қуввату он ҳавсала?»...
...Дар ҳавлӣ байтал мисли пештара сарро ба чапу рост меҷунбонд, безобита мешуд. Ба назари усто-Зариф чунин менамуд, ки беқарории асп афзун шудааст, ҳайвон талвосаи ҷон дорад. Аз пешонааш ҳам хуни сиёҳ мерехт. Усто-Зариф байталро қашав карданӣ шуд, лекин тамоми бадани асп арақшор буд. Байтал соҳибашро дар назари худ дида, як шиҳа кашид. «Шояд бачаашро, тойчаро дидан мехоҳад, – хаёл мекард Ғазанфар,-э, ба бадигарӣ вай ҳам намеояд. Агар меомад, бо забони худ ягон гап мегуфт. Охир бобоям мегӯянд, ки ҳамаи ҷонварҳо забони худро доранд, онҳо забони якдигарро мефаҳманд». Усто-Зариф то як маҳали шаб дар гирду атрофи асп ҷунбуҷӯл мекард. Вале ба дарди асп дармон ёфта наметавонист. Байтал як зайл сар меҷунбонд. Пагоҳӣ Ғазанфар дид, ки асп дар назди охур мурда хобидааст. Усто-Зариф «Ҳе, ҷонвар, ҳе, ҷонвар»-гӯён дар назди он рост меистод. Бо кадом сабаб бошад, ки дили Ғазанфар пур шуда чизе дар гулӯяш гиреҳ баст. Ҳамон саҳарӣ Усмон-ҷувозгар ба хонаи усто-Зариф ба аёдат омада буд.
– Ошно, аз касалиат дертар хабардор шудам, – гуфт ӯ узромез,-шукр, ки ҳоло сиҳату саломат ҳастӣ. Сонӣ ҳар се мурдаи байталро ба ароба бор карда, ба канори деҳа бароварданд. Ҳангоме ки чуқурӣ мекофтанд, ба ёди Усмон-ҷувозгар нақли як донишҷӯи шинос расид. Инро ӯ ба оҳангар ҳикоя намуд. Дирӯз ҳамон донишҷӯ ба таътил омада будааст, дар қатори дигар мӯйсафедон Усмон-ҷувозгар ба хонаи вай хабаргирӣ меравад. Донишҷӯ ҳикоя мекард, мӯйсафедон гӯш меандохтанд. Дар шаҳр як одами мансабдор будааст. Мансабаш калон, ташвишаш бисёр, вақташ кам будааст. Ба ҳолу аҳволпурсии падараш ҳам вақт надоштааст. Падари ӯ дар ҳавлии берунишаҳрӣ танҳо мезистааст. Боре вай бемор шуда ду-се рӯз аз по монда, сонӣ вафот мекунад. Чор рӯз даробарои ӯро касе намебинад. Сонӣ як кас аз ҳамсояҳо воқифи ин воқеа шуда, ба мансабдор хабар мерасонад, ки падараш даргузаштааст. «Ин хел фарзанди нохалаф ба нафъи ҳукумат ҳам кори бахайр карда наметавонад», – овоз мебаровард яке аз мӯйсафедон.
– Ҳа, дуруст, – тасдиқ мекунанд дигарон...
– Дар дунё ҳар хел махлуқ ҳаст, – гуфт усто-Зариф нақли дӯсти худро шунида.
– Лекин ин кори чилдурӯғ, – тахмин кард Усмон-ҷувозгар ба болои мурдаи байтал хок кашида. «Ба чарогоҳи совхоз даҳан зад» гуфта, байталро задагист. Дили вай дили инсон не, дили гург. Тойчаро ҳам худаш дуздидагӣ. Ҳоло мебинӣ, ягон гап бофта, гӯсфанди Муборак барин ҳазм мекунад.
– Ин золим ҳар кӣ бошад, хун мегирадаш, хуни ҷонвар, – ҷавоб дод усто-Зариф, – охир ҳайвонро ҳам Худо офаридааст.
– Боз ҳамин хелҳоро ҳеч бало намезанад, – ба оҳанги тааҷҷуб гуфт Усмон-ҷувозгар. Усто-Зариф ба болои байтал оҳиста-оҳиста хок мепартофту дар дил суханҳои додарашро муҳокима мекард. Зеро Шариф гуфта буд, ки овора шуда мурдаи байталро ба ҷои дур набаранду дар ҳамин қарибиҳо ба ягон чуқурӣ партоянд: «Байтал солҳои дароз ҳамроҳам буду акнун чӣ хел онро ба чуқурии миязори лаби дарё партоям, ки гургу шағолҳо хӯрда раванд. Вай хизмати маро карда, пир шуд, акнун ман ҳам пир шудаам, барои замин фарқ надорад, ки дар он аспро гӯр мекунӣ ё одамро». Оҳангар бо чеҳраи ҳазин ба чуқурӣ чашм дӯхта буд. Тахмини Усмон-ҷувозгар рост баромад. Вақти бозгашт онҳо бо кӯчаи назди идораи совхоз омаданд. Ҳавлии Маманаими чилдурӯғ дар ҳамин кӯча ҷойгир буд. Онҳо дар пеши дарвозаи оҳанине, ки дар мобайни он бо ранги сурх ситораи калоне кашида шуда буд, қарор карданд. Ҳавлиро девори баланди панҷпохсагӣ аз назарҳо пинҳон медошт. Онҳо аз даричаи нимроғ вориди ҳавлии Маманаим шуда буданд, ки Ғазанфар якбора фарёд кашид:
– Бобо, ана тойча. Дар пешгоҳи ҳавлӣ зери дарахти зардолу Маманаими ишкамкалон тойчаро ҷӯл мекард. ӯ овози бачаро шунида, ба тарафи дарвозахона нигариста лаҳзае беҳаракат истоду сонӣ гӯё чизе рӯй надода бошад, оромона тойчаро ҷӯл кардан гирифт.
– Ассалому алайк мулло Маманаимбой, – маънидорона гуфт усто-Зариф ба назди вай омада. Ғазанфару Усмон-ҷувозгар аз ду тарафаш рост меистоданд.
– Вааллайкум ассалом,
– шунида шуд дар ҷавоб. Ва Маманаим гӯё чизе рӯй надода бошад, бо мӯйсафедон вохӯрӣ кард.
– Тойчаи мо роҳгум зада ба ҳавлии шумо даромадааст,
-бо даст ишора кард усто-Зариф. Ва дар ҳамин дам тойча почаи қашқаашро боло бардошта, ба замин таппӣ кӯфт. Ғазанфар инро дид, хост, ки онро аз дарахти зардолу кушода, ба ҳавлии худашон барад. Вале Усмон-ҷувозгар ин мақсади бачаро фаҳмидагӣ барин аз оринҷи ӯ маҳкам дошта меистод.
– Омадем, ки онро гирифта барем, – илова намуд оҳангар.
– Оҳа, ин тойчаро мегӯед, – худро бо гӯлию гарангӣ зад Маманаими чилдурӯғ,
– ин тойчаи худам. Фақат дар ин ҷо набуд, дар қишлоқи Сангоба дар хонаи хусурам буд, – чашмони хурдхурдаш бозӣ мекарданд.
– Инро директори совхозамон ҳам медонанд. Дирӯз бо се-чор нафар шарикони кӯрчбарояшон дар хона меҳмон буданд. Лозим шавад, он кас ба ман ёрӣ ҳам медиҳанд. Ана, ҳамон вақт хусурам ин тойчаро оварданд. Маманаими чилдурӯғ бо ин суханон бо роҳбарони совхоз муносибати хуб доштанашро таъкид мекард.
– Наход мо тойчаи худро надонем, дар пеши назарамон зоида шуд, се сол боз бонӣ мекунем, рӯзҳои хунуки зимистон ҷомаамонро ба болояш ҷӯл карда мемондем, – ба нармӣ фаҳмонд усто-Зариф. – Магар моли худро намешиносем, ин корат сара не, додар.
– Худо занад, ки тойчаи худам, – қасам хӯрд Маманаими чилдурӯғ.
– Не, – сухани чилдурӯғро рад кард усто-Зариф ва ба тарафи тойча қадам партофт. Маманаими чилдурӯғ пеши роҳи оҳангарро гирифт. Ишками калони ба пеш дамидаи вай ба ҷелаки оҳангар мерасид. Оҳангар ба чеҳраи камриши кӯсанамои Маманаими чилдурӯғ теғи назар шикаст:
– Ҳоло ту моли касро аз они худ мекунӣ? Маманаими пакана беҳаёёна аз поён табассум карда хомӯш меистод.
– Шарм дор, – гуфт Усмон-ҷувозгар, – то ба кай моли мардумро дуздӣ мекунӣ? Усто-Зариф як қадам ба паҳлӯ партофта, боз ба сӯи тойча оҳанги рафтан кард. Маманаими чилдурӯғ пеши роҳи мӯйсафедро гирифта аз сари дилаш тела дод.
– Пиракии беимон ба куҷо меравӣ? Усто-Зариф ду қадам ба ақиб рафт. Ғазанфар дид, ки риши дарозу пахта барин сап-сафеди бобояш ларзид. Ҳамин вақт ӯ мехост, ки калонсол ва боқувват бошаду ба фарқи сари Маманаими чилдурӯғ кӯфта, барои бобояш қасос гирад,тойчаашро ҳам аз чанголи вай халос кунад.
– Ҳаромхӯр набош, шикоф карда мебарояд, гарданат мешиканад, – ранги усто-Зариф парида буд.
– Мон, Зариф, ҳамин тойча сарашро хӯрад, – аз бағали ошнояш дошта гуфт Усмон-ҷувозгар.
Онҳо дигар ҳарфе нагуфта, аз ҳавлии Маманаими чилдурӯғ баромаданд. Ин воқеа ба усто-Зариф сахт таъсир расонд. Ӯ умуман баъд аз касал шудан тамоми аъзои бадани худро дардманд ҳис мекард. Рангаш заҳир шуда, гӯшти баданаш коста буд, хавосаш парешон менамуд. Бародараш Шариф барои баргардондани тойча ёрӣ нарасонд, дурусттараш бо Маманаими чилдурӯғ муносибатро вайрон кардан нахост. Ғазанфар гуфтугӯи онҳоро шунида буд.
– Ман чӣ кор кунам? – китфон дар ҳам кашид Шариф-амак, вақте ки мақсади бародарашро фаҳмид. – Вай бо калонҳои совхоз қӯрчбаро. Хайр, як тойча будааст-дия, аз баҳраш гузаред. Ҳоло маълум нест, ки аз вай аспи дуруст мебарояд ё не? Агар хафа шавад, моли маро аз чарогоҳ пеш мекунад. Дигар ҳеч кас ба доди ман намерасад. Ғуноҷини шумо ҳам беалаф мемонад.
– Ҳеч аз тангчашмиат намондӣ-дия ту, Шариф. Ин хулқу хӯят сара не,-даст афшонд усто-Зариф ва аз бародараш тақрибан ҳашт ё даҳ қадам дур шуда буд, ки дар ҷояш истода илова намуд:
– Ман тойчаро ба Ғазанфар бахшидагӣ, ба каси дигар бахшида наметавонам.
* * *
Як рӯз тойча ба ҳавлӣ омад. Ғазанфар гусур-гусур ҷастухез карда ворид шудани тойчаи қашқапояшро шунида, аз даруни хона баромад. Тойча лаҷом дошт ва ресмони фарсудае, ки як нӯгаш ба лаҷом баста буд, ба замин кашол меистод. «Маманаими чилдурӯғ аллакай ба тойчаам лаҷом задааст, мӯҳраҳои ақиқии бобом додаро гирифтааст, – фикр кард Ғазанфар аз ресмон дошта. Ғазанфар ҳуштак кашида тойчаашро хорумол кард ва дар тоқӣ қанд дод. Тойча нахӯсид, аз Ғазанфар дур нашуда, ба ҳамон тарзи пештара қандро ба лабон гирифт ва гоҳ ин почаю гоҳ он почаашро ба замин тап-тап кӯфт, гӯё аз ин дидорбинӣ мамнун буданашро ифода мекард. Ғазанфар гардани тойчаро оғӯш карда, аз чашми ин ҷонвари хушандоми зебо бибӯсид. Дар ҳамин дам бача мушоҳида кард, ки оби чашмони тойча мешорад.
– Ман медонам, – гуфт Ғазанфар ба тойча, – ту модаратро ёд кардаӣ. Барои ҳамин гиря мекунӣ. Модарат ҳам туро пазмон буд, ба дидори ту муштоқ буд. Ӯро Маманаими дузд кушт, сарашро зада кафонду кушт. Модарат туро пеш аз марг дидан мехост, бисёр гиря кард, беовоз гиря кард, ман дидам. Ту акнун зиқ мешавӣ, банди дилат месӯзад. Ман ҳам, агар як рӯз бобоҷонамро набинам, зиқ мешавам, гиряам меояд. Акнун ту ба ҳавлии Маманаим нарав. Вай одами ганда, ана бин, аллакай ба сари ту лаҷом задааст. Бобоям ин хел намекарданд, то ту калону боқувват нашавӣ, ба сарат лаҷом намезаданд, туро ҳеч азоб намедоданд. Ҳамин ҷо бош, пагоҳ ба кӯҳ меравем. Барои ангишти дӯкон арча меорем. Ба ту бор намекунем, не, бобоям пуштора мекунанд. Худашон ҳамин тавр гуфтанд. Дар ҳамин дам садои сахт кӯфта шудани дарвоза суханони Ғазанфарро қатъ намуд. Маманаими чилдурӯғ бо дастаи қамчин дарвозаро кушода, аспи сиёҳранги пири худро ба ҳавлӣ ронд. Ишками тулумаш ба мисли хамири расидаи корсон дар болои қоши зин паҳн шуда буд. Ғазанфар аз бобо афсонаҳои МункарНакир, Азроилро борҳо шунида буд. Ҳоло Маманаими чилдурӯғ ба Мункар Накир, ба Азроил монанд буд, ки гӯё савори хари Даҷҷол – савори тавсани марг меояд.
– Намедиҳам, – гуфт Ғазанфар гардани тойчаро оғӯш карда.
– Дафъ шав-е, тирмизак, – хам шуда бо дастаи қамчин аз шонаи Ғазанфар тела дод Маманаим. Бача ба замин афтод, тойча ба тарафи дарвозахона давида берун баромад. Маманаими чилдурӯғ аспи худро тус намуд. Ғазанфар аз қафои Маманаим мушт гиреҳ кард.
– Ман калон шавам, тойчаамро аз дасти ту мегирам, чилдурӯғ,
– гуфт ва ҳунгосзанон гиря кард. Гиряи Ғазанфар аз зарбаи қамчини Маманаими чилдурӯғ набуд, балки писарак аз он ваҷҳ гиря мекард, ки ба ин муштумзӯр қувваташ намерасид, майда буд.
* * *
Усто-Зариф дар бозгашт зуд-зуд монда шуда, дам мегирифт. Рангаш парида, сару рӯяшро арақ зер карда буд. Куртаи сафеди дароздомани ӯ, ки гиребони гулдӯзӣ дошт, зери ҷомааш шипшилта тар шуда буд. Баъд аз мурдани байтал ин бори аввал буд, ки оҳангар барои арча пиёда мерафт.
– Биёед, як қисми арчаро партоем, ба шумо вазнин шуд, – вазъияти боборо дида гуфт Ғазанфар.
– Ҳеч қисса не, ҷони бобо, як амал карда, то хона мерасем. Усто-Зариф ба ҳавлӣ базӯр расида, чӯбдастаҳои пушторакардаашро дар гӯшае партофту ба Ғазанфар нигарист.
– Уф-ф, ҷигарам дуд кардан дорад, об биёр, бачем.
Ғазанфар косаи сафолиро пури об карда овард. Оҳангар косаро бо ду даст гирифт. Дастони пирамард меларзиданд.
– Шукр, – гуфт усто-Зариф обро ошомида ва пас аз лаҳзае илова намуд. – Ғазанфар, кори сара нашуд, ҷойгаҳро андоз. Ғазанфар боборо дар ҷойгаҳ хобонда, Шариф-амак ва Шаҳрбону-холаро гуфта омад. Шариф-амак даст ба пешонии бародар бурда:
– Таб баровардааст, – гуфт. Дар оҳанги ӯ дилсӯзие эҳсос намешуд, ин суханонро тавре талаффуз мекард, ки гӯё чизи дигаре гуфта наметавонад. –Ин мӯйсафед ҳеч ғами худро намехӯрад, доим дар талвоса, худашро ба ҳар бало бурда мезанад, – илова намуд Шариф-амак.
– Хаёлам, бобо баъди касалӣ нағзакак ба худ наомадаанд, – гуфт Шаҳрбону-хола, – ин кас канда шудагӣ. Ғазанфар маънои ибораи «канда шудагӣ»-ро нафаҳмад ҳам, дарк мекард, ки дар суханони Шаҳрбону-хола нисбат ба бобояш ғамхорие ифода меёфт.
– Хаёлам, хаёлам, гуфта нашину дар зери ҷойҷӯш оташ гирон, аз чойи мӯйсафед чой дам карда биёр, табаррукӣ, – ба занаш супориш дод Шариф-амак, ман ҳам дар ҳамин ҷо чой мехӯрам. Шаҳрбону-хола дар зери чойҷӯш оташ гиронда омад. Ғазанфар сари боборо андак бардошта, бо рӯймоли шоҳӣ маҳкам баст.
– Чой мехӯред, бобоҷон? – пурсид Ғазанфар ба болин наздик шуда.
– Даҳ-а-нам... ҷавоб дод мӯйсафед канда-канда, – бемаза. Дилам наме-ҷӯяд. Пирамард гоҳ-гоҳ ҳазён мегуфт. Шариф-амак баъди чой хӯрдан Ғазанфарро таъкид кард:
– Ту дар ҳамин ҷо наҷунбида шин. Ман ду-се нафар муллоҳоро ҷеғ мезанам. Чилёсин гардондан даркор, савоб мешавад. Тақрибан пас аз як соат вай чор нафар пирамардони деҳаро ба назди бародари бемораш овард.
– Усто, бахайр? – ҳолпурсӣ намуд аз ҳама калонтарини пирамардон. Шарикони ӯ низ ягон-ягон бо оҳангар ҳолпурсӣ карданд. Усто-Зариф хеле мухтасар ҷавоб медод.
– Ҷони гарм-дия, – гуфт, оне ки аз дигарон калонсолтар буд. – Имрӯз сиҳат, фардо бемор. Мо, пирҳо, амонатак мегардем.
Шаҳрбону-холаю Ғазанфар ва аз дунболи онҳо Шариф-амак берун баромаданд...
Рӯзи дигар саломатии усто-Зариф бадтар шуд. Ӯ аз забон монд. Бо хоҳиши Шариф-амак Мурод ба Латифҷон барқия фиристод. Вале Латифҷон дар рӯзи сеюми бемории падараш ҳам наомад. Одамон мегуфтанд, ки ӯ дар Душанбе мошини «Жигулӣ» харидааст. Бегоҳии рӯзи сеюм бемории усто-Зариф хурӯҷ кард. Ӯ гоҳе ба ҳуш омада, оҳу нола мекард, ки дарунаш месӯзад. Ғазанфар то як маҳали шаб дар сари болини бобо нишаст. Вақте ки чашмони бача ба хоб мерафт, усто-Зариф палмосида, дасташро оҳиста бар сари вай мегузошт. Ғазанфар хобу хоболуд дасти калон, шахшӯл ва гарми боборо ҳис кард. Усто – Зариф дар дами вопасини худ гӯё мехост, ки ба ҳамин васила сари набераашро дар ёд нигоҳ дорад. Ғазанфар ҳам ҳарорати ин даст, заданҳои набзи онро дар хотир нақш баст. Аз дасти бобо ба димоғи набера бӯи шиноси занги оҳан ва ангишти арча меомад.
... Ғазанфар ҳамроҳи Акмал ва Лола сатилу тағораҳои кӯҳна ва аз тарафи устохонаи совхоз баъзе қисмҳои бекораи мошинҳоро ба назди оҳангархона кашонд. Ҷамъоварии оҳанпора якчанд рӯз давом кард. Усто-Зариф дар пеши пирхонааш тӯдаи калони оҳанпораҳоро дида:
– Ҳамин кифоя, ба як самолёт мерасад, – гуфт. Ангишти бурс ҳам як тӯда буд. Бобо ба сохтани тайёрача сар кард. Ғазанфар ба кори бобо ҳамдастӣ менамуд. Дигар бачаҳо ҳам лаҳзае аз дӯкон дур намерафтанд. Оҳангар бо ҳавсала кор мекард, садои путку хоиски ӯ то фаромадани чодари торикӣ паст намешуд. Тиқ-тиқ –тиқрр-тиқ-тиқ-тиқрр, болға мезад усто-Зариф. Ин садо ба гӯши Ғазанфар ҳамчун мусиқӣ мерасид. Охир, дигар хел расиданаш мумкин набуд. Бобояш тайёрача месохт, барои ӯ тайёрача месохт. Ғазанфар бо ин тайёра пеш аз ҳама тойчаи қашқапоро ҳатман аз банди Маманаими чилдурӯғ озод мекард... Усто-Зариф аввал ҷои нишаст, баъд танаю думи тайёрачаро сохт. Дар муддати кӯтоҳ болҳо ҳам тайёр шуданд. Бобо болҳоро бо танакор ба бадани тайёра кафшер кард. Дар думу болҳояш бо қалами оҳангарӣ ситорачаҳо кашида, ба онҳо ранги сурх молид. Хурсандии Ғазанфар ҳеч ҳадду канор надошт.
Рӯзе ки тайёра тамоман тайёр шуду Ғазанфар дар пеши мурвати он ва Акмалу Лола дар қафо ҷой гирифтанд, дар атрофи тайёра одамони бисёр ҷамъ омада буданд. Шариф-амаку Шаҳрбонухола, Усмон-ҷувозгар ва писари ӯ Мурод ба онҳо мутаҳайирона менигаристанд.
– Лола, маҳкамтар дор, боз наафтӣ, – мегуфт Шаҳрбону-холаи ҳаросон.
– Ғазанфар оҳистатар ҳай кун, – таъкид мекард. Шариф-амак. Усто-Зариф тайёраро тела дод. Вай якбора ғурросзанон ба ҳаракат даромада, ба осмон боло шуд. Ғазанфар мурвати тайёраро тофт. Тайёра як боли худро каме хам карда, ба болои оҳангархона чарх зад. Одамон ситораҳои сурхи онро медиданд.
– Акнун ба куҷо парвоз мекунем? – пурсид Лола.
– Ба ҳавлии чилдурӯғ, тойчаро халос мекунем, – ҷавоб дод Ғазанфар. –Акмал, ба поён бодиққат нигоҳ кун, тойчаро бинӣ, хабар деҳ. Тайёра дар фазои кӯчаю боғоти Гулгунхона парвоз мекард. Сокинони деҳа ба ин тайёрачаи аҷиб бо таҳайюр нигариста, нидо мекарданд, даст меафшонданд.
– Ана, ҳавлии чилдурӯғ, тойчаро мебинам,-хабар дод Акмал. Ғазанфар давраи калон кашида, тайёрачаи худро аз дур ба ҳавлии Маманаими чилдурӯғ равон кард. Тайёра боз як маротиба тоб хӯрда, дар зери дарахти зардолу фуромад. Ғазанфар ба ғурроси тайёрача ҷӯр карда, тоқиашро ба даст гирифта гуфт:
– Зуд о, эй тои зарринёли ман... Ҳамин ки бачаҳо тойчаро ба тайёра савор карданд, Маманаими чилдурӯғ хабардор шуд.
– Вой дод, хонаам сӯхт, тойчаамро дуздиданд! – фарёд кашид ӯ. Маманаими чилдурӯғ боз чизе мегуфт, вале овози вайро садои тайёра пахш кард. Сипас тайёра бо шаст боло баромад. Ғазанфар дар ҳамин ҷои хобаш якбора бедор шуд... Ӯ чашм кушода дид, ки гирду атрофи хонаи Шариф-амак, ҳавлии бобояш аз одамон пур буд. Аз даруни хона овози гиряи занон шунида мешуд. Ба Ғазанфар касе ягон сухан нагуфт. Ӯ ба атроф ҳайрон-ҳайрон назар меафканд. Якбора чашмаш ба Маманаими чилдурӯғ афтод: вай бо бадани фарбеҳи бесалиқаи худ дар рӯи банди чӯбдастаҳое менишаст, ки се рӯз пеш бобояш аз кӯҳ барои ангишти кори дӯкон пуштора карда оварда буд. Ресмони 65 ин бандчаи чӯбдастаҳо ҳанӯз накушода буд. Оҳангар ин чӯбҳои арчаро сӯзонда, ангишт карда натавонист, то ки бо ин ангишт оҳану пӯлодро обутоб дода, ба ҷавонони нағз медидагиаш корди ҷавҳардор ҳадя кунад, тайёрачаи набераашро сохта, ба ӯ шодмониҳо бахшад. Не, оҳангари солхӯрда инҳоро анҷом дода натавонист. Ғазанфар ба Маманаими чилдурӯғ ғазаболуд нигоҳ кард: «-Агар ин тойчаро намедуздид, бобоям зиқ намешуданд, байталро зада намекушт, бобоям пиёда ба кӯҳ намерафтанд» – андеша менамуд Ғазанфар...
...Одамон усто-Зарифро дар қабристони кӯҳнаи деҳа дафн карданд. Ба ёди Ғазанфар рӯзи дафни байтал расид. Акнун ӯ аз бобо, аз байтал, аз тойча ҷудо шуда буд. Мардумон тез-тез қадам ниҳода, барои фотиҳахонӣ ба ҳавлии марҳум роҳ пеш гирифтанд. Ду нафар мӯйсафеде, ки дар шафати Ғазанфар қадам мезаданд, дар бораи кадом як кори худ дуру дароз гуфтугӯ доштанд. Ба Ғазанфар ҳаминаш алам менамуд, ки инҳо бобои ӯ – устоЗарифро ин қадар зуд фаромӯш кардаанд.
Шаб Ғазанфар аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт. Аз хонаи дигар гуфтугӯи Шариф-амак ва Шаҳрбону-хола мерасид.
– Мешунавӣ, занак, мӯйсафед дар сари вақт рафт. Ба мо бор шуда наистод.
– Ҳа, ҷояш ҷаннат шавад.
– Акнун Абдулатиф гову гӯсфандонро талаб накунад, шуд. Талаб кунад ҳам, ба хатму худоиаш сарф мешавад, аз худаш ба худаш мегӯем. Ҳа, гуфтагӣ барин, аз газвор монд магар?
– Фақат газвори сандуқи чӯбин сарф шуд. Ба сандуқи оҳанин касе даст нарасондааст, қулфи дигар зада, дар мадон мондаам.
– Ҳа, дуруст. Исрофкорӣ чӣ лозим, охир? Одамон ҳам бисёр газвори тоза оварда буданд.
– Ҳамонҳо кифоя карданд, ки ба сандуқи оҳанин даст расондан намондам-дия...
* * *
Латифҷон баъд аз як ҳафта омад. «Жигулӣ»-и наппа-нави ӯро, ки рангаш ба ранги мағзи писта монанд буд, як рафиқаш идора мекард. Зани Латифҷон – Майсара наомада буд.
– Камтар бетоб, – гуфт Латифҷон дар бораи вай ба Шаҳрбонухола. Пеш аз ҳама Латифҷон мошинашро бо брезент пӯшонд. 66 Рӯзи дигар онҳо бо Шариф-амак ба сари хок рафтанд. (Ғазанфар аз қафои як дарахт мушоҳида мекард). Шариф-амак ду даст ба пеш гирифта, пичир-пичиркунон дуо мехонд. Латифҷон ва рафиқе, ки мошинашро идора мекард, дастонашонро пеш гирифта буданд, вале зери лаб чизе намехонданд. Онҳо дастҳояшонро пасу пеш ба рӯйҳояшон молиданд. Латифҷон дастони худро ба кисаҳои шим хаста, дар гирди қабр қадам зад.
– Дар Шоҳи Зиндаи Самарқанд аз санги мармар лавҳаи мазор тайёр мекардаанд, – ба ҳамроҳаш нигарист Латифҷон. – Вақт шавад, аз ҳамин лавҳа овардан даркор, марқад месозем.
– Ҷудо нағз мешавад, – гуфт рафиқаш.
– Савоби вай калон, – гуфт Шариф-амак. Онҳо хоку чанги либосҳояшонро афшонда, аз дарвозаи оҳанини қабристон баромаданд. Дили Ғазанфар пур шуда, ба сари турбати бобояш омад ва онро оғӯш намуд. Писарак худро ҳақиқатан ҳам яккаю танҳо ҳис мекард. «Бобо, бобоҷон, маро мешунавед? – мегуфт ӯ, – қабул накунед, фотиҳаи Шариф-амак, фотиҳаи падарамро қабул накунед. Рӯзи вафоти шумо Маманаими чилдурӯғ ҳам фотиҳа хонда буд. Фотиҳаи вайро ҳам қабул накунед. Падарам мегӯяд, ки аз ким-куҷо санг оварда, дар сари қабратон мегузорад. Ба ин асло бовар накунед. Ман худам ҳамин баҳор дар сари мазоратон чинор мешинонам. Чинор сабз мешавад, қад мекашад, ҳамин бас, дигар ҳеч санге лозим нест! Бобоҷон! Ман ба назди шумо зуд-зуд меоям. Ҳамеша меоям. Тойча ҳам меояд. Вай дар хонаи Маманаими чилдурӯғ намемонад. Тойча ҳам ба назди модараш меояд, ҳам ба назди шумо. Мо ҳар ду меоем...
* * *
Таътили зимистонаи Ғазанфар ба охир мерасид. Усмонҷувозгар то гузаронидани рӯзи чили усто-Зариф истода, русуми дӯстиро ба ҷо овард. Баъд ӯ ба Ғазанфар гуфт:
– Раҳматӣ бобоят аз ман хоҳиш карда буданд, ки ту дар ҳавлии мо зиндагӣ кунӣ. Хонаи моро медонӣ-ку, ба маркази ноҳия наздик, дар он ҷо барои хонданат мактаби калон ҳаст. Мо чолу кампир танҳоем. Рӯзгори писарамон Маҳмадмурод аз мо ҷудо. Агар мерафтӣ, биноӣ мешуд. Сари Ғазанфар хам буд.
– Бобоям гуфта бошанд, меравам, – ҷавоб дод ӯ пас аз фосилае бо овози паст. (Дар дилаш қарор дод, ки дарҳол ба маҳфили тайёрасозӣ дохил мешавад. Зеро аз бачагӣ шунида буд, ки дар мактабҳои калон чунин маҳфилҳо ҳастанд. Охир, орзуяш ҳамин буд).
– Ин тавр бошад, тайёр шав, ба аспам савор шуда меравем, – гуфт Усмон-ҷувозгар, – ман ҳоло ба мактаб рафта, ҳуҷҷатҳоятро мегирам, – берун баромад ӯ. Ғазанфар либос, китобҳои худро ғундошта ба хӯрҷини Усмонҷувозгар андохт. Пас барои хайрбодӣ ба ҳавлии Шариф-амак гузашт.
– Ба Гулгунхона кай меоӣ? – пурсиданд Акмалу Лола ба гусели Ғазанфар баромада. Вақте ки таътили тобистона расад. Шумо дӯкони бобоямро эҳтиёт кунед. Баъди омаданам дар он ҷо тайёра месозем. Дар ҳамин лаҳза бачаҳо тапар-тапари аспонро шунида, ба сӯи кӯча нигаристанд. Майда-майда барф меборид. Аспи бесаворе медавид, ки онро се човандоз пеш мекарданд. Зини аспи бесавор ба ишкамаш фуромада, ҳар дам ба пойҳояш мерасид, ки аз ин асп тӯрида боз тундтар медавид. Ғазанфар дарҳол аспи бесаворро шинохт: ин тойчаи қашқапои ӯ буд. Бача сахт ба ҳаяҷон омад, аз ҳисси ҳаяҷон дар чеҳрааш доғҳои кунҷитак падидор шуданд. Тойча тозон ба дарвозахонаи усто-Зариф наздик мешуд, вале ҳамин ки саворон пеш оянд, ба тарафи дигар гурехта мерафт. Човандозон «намон», «гир» – гӯён аспҳоро ба такутоз меандохтанд. Тойча аз байни онҳо баромада, чароғпоя шуда бармегашту боз ба ҷониби ҳавлии усто-Зариф медавид. Дарвозаи калони оҳангар маҳкам буд. Ин якчанд дақиқа давом кард. Сонӣ Ғазанфар ба болои девор баромада, ба тарафи човандозон нидо зад.
– Амакҳо, аспҳоятонро нигоҳ доред, ин аспро ман даст мегирам.
– Ту аввал фиси биниатро пок кун, тиррончак, – гуфт яке аз саворон, ки ҷавони сурхинарӯе буд ва аспашро чорхез занонда тойчаро пеш кард. Дигар човандозон ба вай ҳамдастӣ намуданд, вале онҳо ин дафъа ҳам тойчаро дастгир карда натавонистанд.
– Монед, пеш накунед, – гуфт ба ҳамроҳони худ човандозе, ки кулӯтариш буд, – канӣ, ҳунари ин бачаро як бинем. Саворон лаҷомҳои аспонашонро кашида, дар каноре қарор карданд. 68 Тойча ҳам дуртар рафта, хӯсида-хӯсида фукашро ба човандозон тофту истод. Ғазанфар оҳиста-оҳиста ба тойча наздик шудан гирифт. Ӯ тоқии худро ба рӯи каф ниҳода, ҳуштак кашид, бо ҳамон тарзе ҳуштак кашид, ки бобояш ёд дода буд. Тойча ин ҳуштаки шиносро шунида, биниашро фирқ-фирқ кунонд. Ин садои тойча гӯё ҷавоби ҳуштаки соҳибаш буд. Тамоми вуҷуди Ғазанфар аз ин бозгашти тойчаи қашқапо моломоли шодию сурур гашта, аз дилаш беихтиёр ин мисраъҳо мерехтанд: Зуд о, эй тойи зарринёли ман, Аз ту бошад некӯии фоли ман. Зуд о, эй тойи зарринёли ман, Бо ту маҳкам бозуи ман, боли ман Зуд о, эй тойи зарринёли ман! Вақте ки Ғазанфар ба ёли тойча даст расонд, вай шиҳа кашида пой кӯфт. Дар сари тойча, ки акнун он дар назари Ғазанфар ба аспи ҷирани калоне мемонд, лаҷоми нуқракӯби пӯпакдор андохта шуда буд. Дар ёли зарандудааш ин дафъа ҳамон мӯҳраҳои ақиқин ҷило медоданд. Зинаш ҳам, ба мисли лаҷомаш, нуқракӯби қиматбаҳо буд. Ғазанфар аз яккаҷилави тойча дошта, лаҷомро аз фукаш баровард ва аилро кушода, зинро гирифт.
– Муборак шавад, аспат омадааст-ку! – Ғазанфар овози Усмон-ҷувозгарро шунид. Ӯ аз тарафи мактаб меомад.
– Кадом аспаш? – эътироз кард савори сурхинарӯ. – Охир, – ин аспи Маманаими човандоз аст, бечора ҳозир дар бузкашии назди Наҳри Калон афтида, гарданаш шикаст. Ҳеч сарашро дошта натавонист, беҳушу беёд буд. Бо мошин ба духтурхона бурданд, одам шуданаш дар гумон. Баковул ба мо фармуд, ки аспи вайро дошта ба ҳавлиаш барем.
– Ба ҳавлии Маманаими дузд аспро не, лаҷому зинро мебаред, халос, – гуфт боз Усмон-ҷувозгар.
– Ин асп як вақт тойчаи худораҳматӣ усто-Зариф буд. Вай ба ҳамин бача, ки наберааш мешавад, тӯҳфа кардааст. Ба ин бача омӯхта будани аспро ба чашматон дидед, ки ин ҳам як далели гуфтаҳои мананд.
– Ин кас дуруст мегӯянд, – суханони Усмон-ҷувозгарро 69 тасдиқ намуд човандозе, ки риши кулӯта дошт. – Ман ин тойро бо байтали раҳматӣ усто бисёр дидаам. Гумон доштам, ки онро Маманаим харидааст.
– Ин тавр бошад, мо чӣ мекунем? – пурсид човандози сеюм.
– Чӣ мекардем! Лаҷому зинро ба ҳавлии Маманаим мепартоему аз паи кори худ мешавем, магар қозию даъвогар кофта мегардем? – гуфтугӯро хотима дод кулӯтариш. Савори ҷавон лаҷому зинро гирифт. Сипас кулӯтариш ба Ғазанфар муроҷиат кард:
– Ҳо, бӯзбала, аспат ба худат насиб кунад, дар амон бош! Човандозон ба роҳ даромаданд.
– Ана, акнун аспатро худат парвариш куну савор шав, то аз мактаб омаданат ман нигоҳубин мекунам, – гуфт Усмонҷувозгар ба китфи Ғазанфар даст ниҳода. – Ба Маманаим дуои бобоят расид, ёд дорӣ, моли мардумро соҳибӣ накун, гарданат мешиканад, гуфта буд. Хуб шуд, ки бобоят барои тойча суду судбозӣ накард. Ҳай зиндагӣ-я. Маманаими чилдурӯғро худи зиндагӣ суд кард-а. Сонӣ Усмон-ҷувозгар пешопеш ва Ғазанфар аз қафо аспҳои худро етак карданд. Онҳо бо тангкӯча аз байни иморатҳои шиферпӯш ҳаракат карда, ба канори деҳа расиданд ва аз бари оҳангархонаи тахтбоми фарсудаи усто-Зариф гузаштанд. Фақат пас аз ин ба аспҳояшон савор шуданд. Ғазанфар зуд-зуд ба қафо менигарист. Ӯ аз деҳа, аз мактаби аввалин, аз ҳалқаи ёру дӯстон, аз олами нотакрори бачагӣ мерафт. Вай ҳар қадар дуртар равад, оҳангархонаи бобои азизаш ҳамон қадар хурдтар метофт. Вале Ғазанфар сиришки дидагони худро бо муштчааш пок карда, ба оҳангархона назар меафканду садоҳои болғаи бобояшро, ки дар гӯши писарак нишаста буданд, бо як мизон мешунид: тиқ-тиқ-тиқрр, тиқ-тиқ-тиқрр... Ва ӯ дар кафи сандон, дар дами путки бобои равшанравони худ оҳанпораи чун лолаи сурх шукуфтаро медид, хандидани ин оҳанпораи тофтаро пеши чашмон тасаввур мекарду суханони як вақтҳо гуфтаи ӯ дар буни гӯшаш танин меандохтанд: «Бачам, ту агар одам шуда, маро розӣ мекунам гӯӣ, одами ҷавҳардор шав!».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё