Зеҳн
Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.

Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ҲикояҚисса
Аз аввал хондан

...Деҳқони солхӯрдае, ки ҳоло бо Раҳматулло-раис дар як кӯча зиндагӣ мекарду дар Раштонзамин низ ҳамсояи хонадони онҳо будааст, бо далелҳои қотеъ ва санадҳои мӯътамад мегӯяд, ки падару бобоён ва бобокалонҳои Раҳматулло Абдуллоев ҳамаашон аз тоифаи саркардагон зуҳур намуда, пушт ба пушт ба мардуми маҳал сарварию сардорӣ намудаанд ва бо хирадмандию адолат, поквиҷдонию садоқат хизмати халқу мулкро анҷом додаанд. Биноан ба Раҳматулло – раис низ бо виҷдони соф, мизони адлу инсоф ва сидқу ихлосу таҳаммул ба анҷом расонидани хизмати ҷомеа аз ниёгонаш мерос мондааст...

Аслан ниёгони Раҳматулло аз минтақаи Даҳбеди атрофи шаҳри Самарқанди бостонӣ буда, ба ин маънӣ эҳтимол дорад, ки қаҳрамони кишвари Афғонистон генерали ғаюр Аҳмадшоҳи Масъуд бо Раҳматулло як пайванди дури хешовандӣ дошта бошад. Зеро ин муборизи хастагинопазири шуҷоъ, нотарсу далери озодии тоҷикони Афғонистон шери Панҷшер хонда шавад ҳам, аслан аз Даҳбеди Самарқанд будааст.

Панҷшериён ниёгони худро аз ин диёр мегӯянд ва ба ривояте панҷ нафар бародарони ҷасури тоҷикони даҳбедӣ бар зидди ҷабру зулми Амир Темур қаҳрамонона ҷангида, сипас ноилоҷ ҷилои Ватан менамоянд ва дар водии хушманзараи Афғонистон мулку макон мекунанд. Баъд аз сипарӣ гардидани солҳои тӯлонӣ ин водии хушманзара бо нерӯю заковати панҷ тан бародарони даҳбедӣ ободу маъмур шуда, ба шарафи онҳо Панҷшер ном гирифтааст. Зимнан симои зоҳирии Раҳматулло-раис ҳам ба шери панҷшерӣ Аҳмадшоҳи Масъуд монандие дошта, мисли ӯ қоматбаланд, камгӯшт, чандирбадан ва ҷисму ҷоне дорад иборат аз рагу пай. Чашмонаш низ ба монанди чашмони шери Панҷшер тезбину андешаманданд.

Албатта, миқёси корнамоиҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дигар аст, ӯ шахси ҳарбӣ будааст. Аммо шуҷоати меҳнатӣ ва рисолати ваҳдатбахши Раҳматулло-раис ҳам камназир аст, зеро ӯ колхози тороҷгашта ва паҳну парешонро сарварӣ намуда, дар шароити ҳозира ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ табдил додааст, ки ин ҳам қаҳрамонист ва доир ба он мо дар мавридаш муназзаму муфассал ҳикоят хоҳем кард. Аммо ҳоло зикр менамоем, ки тақрибан сесад сол муқаддам бобокалони бобои Раҳматулло бо маншури амири Бухоро ба мансаби мири Ғарм таъин гардидааст. Бо ҳамин фарзандони мири даҳбедиасли Ғарм дар ин диёр таваллуд мешаванд ва ӯ дар ҳамин ҷо ба раҳмати ҳақ пайваста, ба хоби абадӣ меравад. Дар давраҳои минбаъда авлоди ин мири Ғарм ба мартабаҳои тӯқсоба, судур, муфтӣ, қозӣ, қаровулбегӣ, маҳрамбек, мирохӯр, эшикоғобошӣ ва ғайра расида будаанд.

Охирин мири Ғармро Давлатбекбӣ мегуфтанд, ки ин шахс ҳам ба авлоди бобокалони Раҳматулло маҳсуб мегардидааст. Вопасин мири Ғарм Давлатбекбӣ аз лиҳози қаробат ба Раҳматулло хеле наздик-амаки падараш будааст. Давлатбекбӣ пас аз инқилоби Бухоро ба мисли бисёр ҳамватанони мо ба кишвари Афғонистон паноҳанда гардидааст. Ӯ аз муқаррабони хеш касеро ҳамроҳ набурдаасту пеш аз рафтан ҳаққи занону фарзандони худро бахшоиш намудааст. Чунин аст қисмати охирин мири Ғарм, ки аслу насаби худро аз родмарди даҳбедӣ оғоз намудааст. Бобои Раҳматуллоро Мирзоҳавло мегуфтаанд, ки дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта яке аз шахсиятҳои машҳури Раштонзамин буда, вазифаҳои масъули ҷамъиятро адо намудааст. Яке аз набераҳои Мирзоҳавло аз шохаи дигар ба мансаби прокурори ноҳияи Ғарм расидааст. Писари ин прокурор Сироҷиддин Давлатов бошад, чанд сол пеш бо фармони Президенти ҷумҳурӣ раиси ноҳияи Ғарм таъин гардида буд, ки ин ҳам аз авлоди мири охирини Ғарм Давлатбекбӣ ҳисоб меёфт. Вале Сироҷиддин Давлатов дуру дароз кор карда натавониста, ҳангоми иҷрои вазифа аз тири душманони миллат ҳалок гардид. Агар шаҷараи хонадони Раҳматуллоро идома диҳем, падари ӯ

– Абдулло аз набераҳои хурдии Мирзоҳавло мебошад. Азбаски Мирзоҳавло бештар дар замони аморати Бухоро зистааст, соҳиби заминҳои бисёр ва молу маноли фаровон будааст. Мирзоҳавло пас аз инқилоб дигаргуниҳоро бо заковатмандӣ эҳсос намуда, як қисми моликияти худро дурандешона ба халқ тақсим карда медиҳад. Абдулло дар синни сездаҳсолагӣ аз падар абадан ҷудо шуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин аз қиблагоҳ ба ӯ мероси калоне мемонад, ки он дар шакли заминҳои обию лалмӣ, осиёбу обҷувоз, рамаҳои гӯсфандону галаи аспон будаанд. Табиист, ки дар оғози даврони шӯравӣ, ки ба истилоҳ муборизаҳои синфӣ тезу тунд буд, Абдуллои сездаҳсоларо душмани халқ, яъне кулак эълон мекунанду молашро мусодира менамоянд ва якчанд маротиба иҷозат намедиҳанд, ки дар маҷлисҳо иштирок намояд.

Боре дар ноҳияи Ғарм котиби райком иваз мешавад ва роҳбари нави ҳизбии ноҳия ҷаласа ташкил менамояд. Дар оғози ин ҷаласа яке аз рафиқони Абдулло ба котиби кумитаи ҳизбӣ савол медиҳад, ки оё навраси сездаҳсола аз падар монда бошад, ҳамон ҳам кулак ҳисоб мешавад? Котиби райком мегӯяд, ки ҳамон писаракро ба ҷаласа даъват намоед. Абдулло, ки дар беруни дар рост истода буд, ба маҷлисгоҳ ворид мешавад. Котиби райком мебинад, ки Абдулло як ҷавони ситорагармест ва дар бар либосҳои оддие дорад. Ба роҳбари ноҳия, хусусан дастони дарози таҳамтани Абдулло писанд меояд ва дарк менамояд, ки ӯ ҷавони меҳнатист. Котиби райком ба ҳозирин мегӯяд:

– Минбаъд ин ҷавонро кулак нагӯед, ӯ кулак нест, балки фарзанди ҳамин обу хок, фарзанди меҳнаткаш аст. Ҳамон рӯз Абдуллоро ба узвияти раёсати ҷаласа интихоб менамоянд. Абдулло аз ин хеле рӯҳу қувват гирифта, ба корҳои колхоз аз таҳти дил мечаспад. Ҳамон роҳбари нави ноҳия борҳо ба хоҷагӣ омада, аз чӣ бошад, ки бо таваҷҷӯҳи хосса натиҷаҳои кори Абдуллоро шахсан худаш месанҷад ва супоришҳо медиҳад. Бо Абдулло ошнои қарин ва ҳатто дӯст мешавад. Ба низоми давлати коргару деҳқон садоқатмандии Абдуллоро фаҳмида, дар синни шонздаҳсолагӣ ӯро сарвари бригадаи колхоз таъин менамоянд.

Бригадаи ғаллакорӣ ва боғдории ӯ нақшаро барзиёд иҷро мекунад. Пас аз як сол бо тавсияи котиби кумитаи ҳизбии ноҳия Абдулло Мирзоев дар синни ҳабдаҳсолагӣ раиси колхози «Санги маликӣ» интихоб мешавад. Раиси ҷавон дар тамоми корҳои хоҷагӣ ибрати шахсӣ нишон медод. Лозим шавад, дастаи испорро гирифта замин шудгор мекард. Ба дараҷае ҷуфтронӣ мекард, ки деҳқонони солхӯрда мафтуни кори раиси ҷавон мешуданд. Худованд ба Абдулло ҷисму ҷони солим ва тану тӯши рустамона ато карда буд, бо дасту панҷаи дароз-дарози нерӯмандаш аз саҳар то бегоҳ бо ҷуфтронӣ машғул гардида, хастаҳолиро намедонист. Агар санги осиёб дурушту фарсуда ва иваз кардани он зарур шавад, устоҳои хоҷагӣ аз раис хоҳиш менамуданд, ки дар кор ёварӣ бикунад.

Баъди чидани дандони санги осиёб устоҳо боз ба раис муроҷиат менамуданд. Ва ӯ бидуни душворӣ осиёбсангро дар ҷояш мешинонд. Абдулло-раис дар бузкашӣ ҳам басо маҳорату тавоноӣ дошт ва ҳар гоҳе ки тавсани тундгарди худро савор шуда, ба майдон дарояд, дигар ягон човандозе бузро аз панҷаи гирои ӯ ба чанг оварда наметавонист. Лекин як воқеа, ки дар фасли баҳорон рух дода буд, номи раиси ҷавонро дар атрофу акноф боз ҳам машҳур гардонд. Он рӯз аз субҳдам майда-майда борон борида, чоштгоҳ бориш шиддат гирифт. Раис ҳамроҳи мудири ферма оғили дар болои теппа воқеъбудаи чорворо аз назар гузаронида, аз захираи коҳу беда огоҳ шуд. Вақте ки онҳо аз теппа поён фуромада, роҳи деҳаро пеш гирифтанӣ буданд, хушкрӯди қаъри дара пуроб шудан гирифт. Абдулло-раис ба самти боло, абрҳои сиёҳи доманаи кӯҳ назар афганда, дарҳол пай бурд, ки сел омада, метавонад деҳаро хароб кунад.

– Илоҷе нест, бояд дарвозаҳои оғилро канда, дами обро бигирем,

– гуфт раис, – вагарна чандин кулбаҳои деҳаамонро об мебарад. Ва ҳар ду зуд ба болои теппа баромада, дарвозаҳоро канданд. Раис ба чӯпон фармуд, ки гӯсолаҳои дар оғилбударо ба болои теппаи баландтари пушти оғил биронад. Худи ӯ бо мудири ферма дарвозаҳоро оварда, ба пеши маҷрои сел устувор намуд ва якчанд дастаки чӯбинро мехвор заду тамба гузошт.

– Ту ба деҳа тозон рафта, ба мардум хабар расон, – гуфт раис ба мудири ферма, – ман ин ҷо аз дарвозаҳо огоҳ мешавам. Мудири ферма ба ҷониби деҳа шитобид. Маҷрои селоби хушкрӯд бошад, тадриҷан зиёд мешуд. Абрҳои тира кӯҳдоманро сахт печонида буданд, бориши борон ҳамвора шиддат мегирифт. Абдулло-раис мӯзаашро кашиду почаҳои шимашро барзада, ба об даромад, то дарвозаҳоро нигоҳ дорад. Селоб кафкзанон ҷамъ мешуд ва об то нимаи қади дарвозаҳоро пур карда буд. Раис бо сандуқи синаи худ ҷойи пайванди ду табақи дарвозаро тела карда меистод. Қатраҳои сарди селоби баҳорон пайкари раисро шуста мегузаштанд...

Вақте ки деҳқонон бо белу каландҳо ба кӯмак расиданд, селоб қади дарвозаҳоро пур карда буд. Абдулло-раис дарвозаҳоро бо китф нигоҳ медошт, оби сард аз бару дӯшаш ҷорӣ мешуд. Шаш нафар ҳамқишлоқиҳо дарҳол аз ду паҳлӯи раис сенафарӣ ба об даромада, дарвозаҳоро нигоҳ доштанду гурӯҳи дигар бо белу каланд ба кушодани дами об ба тарафи сойи паҳлӯ ҳадаҳа шурӯъ намуданд. Ба сойи паҳлӯӣ ҷорӣ гардидани об безарар буд. Деҳқононе, ки дар ду тарафи раис дарвозаҳоро дошта меистоданд, аз раис хоҳиш намуданд, ки аз об баромада, ба хонаи чорводорон биравад ва гарм шавад.

– Борони баҳорӣ сард аст, шамол мехӯред, – гуфтанд деҳқонон.

– Ман ҳамон вақт аз об мебароям, ки хатари тарафи деҳа бартараф гардад, – ҷавоб дод раис. Дар ин лаҳза ҳақиқатан ҳам хатар бартараф гардида, маҷрои об ба сойи паҳлӯӣ кушода шуд. Абдулло-раис ба одамон сарварӣ намуда, баъди бо сангу хок пур кардани маҷрои тарафи деҳа аз об баромад. Ҳодисаи селоби баҳорон номи Абдулло-раисро дар саросари водии Қаротегин машҳур намуд. Котиби райком ин воқеаро шунида, ба хабаргирии Абдуллораис омад.

– Додарам, ман медонистам, ки ту ғамхори халқ ҳастӣ, ҳар лаҳза дар ҳифзи одамон ва мулку макони онон тайёр мебошӣ, дар ин роҳ фидокорӣ мекунӣ, – дасти раисро фишурд котиби райком.

– Дар носияи ту осори бузургӣ ҳувайдост, аслзода, ки ҳастӣ, бо корҳои покиза машғул мешавӣ. Пас аз чанд рӯз котиби райком дар колхози «Санги маликӣ» маҷлиси колхозчиёнро баргузор карда, ба ҳозирин маълум намуд, ки раиси хоҷагӣ Мирзоев Абдулло барои фидокорӣ ва шуҷоат дар муҳофизати ҷону моли мардум аз селоби баҳорон ба мукофоти олии ҳукуматӣ пешниҳод гардидааст. Иштирокдорони маҷлис ин суханони котиби райкомро шунида, бо кафкӯбии бардавом изҳори қаноатмандию хурсандӣ намуданд. Абдулло Мирзоев боз якчанд сол ба колхоз раисӣ карда, баъди якҷоя шудани се хоҷагӣ дар вазифаи мудири фермаи чорво кор мекунад, сонитар дӯсташ – котиби райком ба ноҳияи дигар ба кор меравад ва ӯ ҳамчун сарвари бригадаи ду қишлоқ низ хизмат намудааст. Домулло Судур, Мулло Аҳмади Сорбоғӣ ва Гиёҳи Зоғча Дар сарзамини Рашт домулло Судури номваре буду бош доштааст, ки модаркалони Раҳматулло ҷияни ҳамин Судур буда, барои Шоири халқии Тоҷикистон, устод Боқӣ Раҳимзода ҳам ин Судур бобо мешудааст. Чи тавре ки маълум аст, рутбаи судур яке аз унвонҳои илмӣ дар Бухорои амирӣ буда, дар силсиламаротиби маъмул пас аз ӯроқ ва пеш аз садр меояд, яъне ба истилоҳи имрӯза баробари профессор аст.

Домулло Судури ғармӣ воқеан ҳам марди донишманди мӯътабар ва баобрӯе буда, дар Фарғона ва Ҳисори шодмон саройҳо доштааст, ки дар онҳо набераю ҷиянҳои сершумораш кор мекардаанд. Ба ривояти мардум Судур хешовандони бисёре дошта, сарҳалқаю васлгари қавми бузурге будааст. Ҳамон навъе, ки зикр намудем, Раҳматулло низ бо суханвари намоёни даврони мо Боқӣ Раҳимзода тавассути домулло Судур робитаи хешутаборӣ доштааст. Бобои модарии Раҳматулло мулло Аҳмади Сорбоғӣ ном дошта, дар назди домулло Судур ва дигар донишмандони замон сабақ омӯхта будааст. Мулло Аҳмади Сорбоғӣ хусусан дар аркони шариат ва илми фиқҳ ба маърифати комил соҳиб гардида, тамоми масъалаҳои баҳсталаби рӯзгорро тибқи фармудаи шариат саҳеҳ ҳаллу фасл менамудааст.

Худаш зодаю парвардаи водии Сорбоғ бошад ҳам, шахси соҳибэътибори сар то сари Раштонзамин маҳсуб мешудааст. Бародари модаркалони афсонагӯйи Раҳматулло, яъне тағоии модари ӯро Гиёҳи Зоғча мегуфтаанд, ки ин мард ҳам аз авлоди домулло Судур ва мулло Аҳмади Сорбоғӣ ба шумор рафта, яке аз саркардагони лашкари мири Ғарм будааст. Гиёҳ сиёҳҷурдаи тезфеъл ва хеле боғайрату нотарс будааст, бинобар ин халқ ба ӯ чунин лақаб додааст – Гиёҳи Зоғча.

...Боре мири Дарвоз роҷеъ ба кадом як масъалае ҷанҷол барангехта, бо дағдағаи зиёд ба Ғарм ҳамлавар мегардад. Ба ин ваҷҳ дар саросари Ғарм тайёрии серӯзаи аскария эълон менамоянд. Гиёҳи Зоғча дар рӯзи муҳориба бо сози ҳарб ба набардгоҳ меояд. Он рӯз барфи бисёр борида, замину замонро пӯшонда будааст.

Дар миёни барфистон фақат пайраҳае мондааст. Гиёҳи Зоғча пешопеши лашкар асп медавонад, ки ногаҳ дар пайраҳа гурге пайдо мешавад. Гиёҳи Зоғча ба аспаш маҳмез зада, чорхез мезанонаду худаш хам шуда гургро аз замин чун буз мебардорад ва дар зери ронаш зер мекунад. Паҳлавон гургро чунон сахт пахш карда будааст, ки дар зери рони ӯ нафасгир шуда мемурад. Гиёҳи Зоғча мурдаи гургро ба болои кӯпруке, ки дар байни сарбозони Ғарму Дарвоз воқеъ буд, ҳаво медиҳад. Сипас аз асп фуромада, ҷилави онро ба ҳозирбош медиҳаду худ лавси аз гург расидаро тоза мекунад.

– Магар аз тарси гург шалвори худро тар кардӣ, ки бенамоз шудӣ?-нидо мезанад касе аз тарафи лашкари дарвозиён.

– Ман ба ҳар ҳол бо гург часпу талош кардаам, – ҷавоб медиҳад Гиёҳи Зоғча, – лекин вай, – ба тарафи дарвозиён ишора мекунад, – фақат аз дидани ҷасади беҷони гург тарсидаю ларзида шояд ҳоло шалворашро олуда карда бошад. Аз ин суханони пурмаънои Гиёҳи Зоғча лашкариёни Ғарм қоҳқоҳ механданд. Ин вақт мири Ғарм тавассути маҳрамбеки худ номаи ҳарбро ба мири Дарвоз пешниҳод менамояд. Мири Дарвоз номаи ҳарбро мутолиа мекунад.

Чун ӯ шуҷоати сарлашкар ва омодагии сипоҳиёни Ғармро бо чашми худ мебинад, аз набард рӯ метобад ва ба Дарвоз бармегардад. Ҳамин тавр ба шарофати ҷасорату тадбири сарлашкар Гиёҳи Зоғча дар миён муторика ва сулҳ барпо гардида, мардуми Ғарму Дарвоз аз қатлу куштор ва деҳаҳои зиёди ин ду минтақа аз харобию вайронӣ эмин мемонанд. Сарлашкар Гиёҳи Зоғча дар ҳифзи қаламрави мири Ғарм бисёр хизматҳои шоён карда будааст. Мир ин хизматҳои ӯро ба инобат гирифта, деҳаи Хуфро бо васиқаи мӯҳрдор ба Гиёҳи Зоғча умрбод мебахшад. Сокинони ин деҳа то Инқилоби Октябр ва таъсис гардидани сохти шӯравӣ дар ин сарзамин чоряккорони Гиёҳи Зоғча буда, тамоми закот ва боҷу хироҷи давлатиро низ ба ӯ месупоридаанд. Модаркалони афсонагӯйи Раҳматулло табиби машҳури мардумӣ ҳам будааст.

Кампир алафу гиёҳҳои шифобахши гуногунро, ки номҳои онҳоро худаш медонистаасту мешинохтааст, аз доманаи кӯҳу пуштаҳо чида, дардмандонро муолиҷа мекардааст. Хусусан дар муолиҷаи бемориҳои гурда, ҷигар, дарди мафосил ва ҳатто дар табобати безурётии занон маҳорати калон доштааст. Ӯ аз беморон маблағ ва ё ягон музди дигар намегирифтааст. Ҳар вақте ки беморон шифо ёбанд, худашон аз дил бароварда ягон чиз медодаанд. Баъзе беморонро то понздаҳ рӯз дар ҳавлиаш нигоҳ дошта, табобат менамудааст.

Масалан, ба чакдон саргини гӯсфандро оташ дода, ҳар гуна гиёҳҳоро мепартофтааст ва зани безурётро дар болои он мешинондааст. Баъд дар чакдон сандалӣ карда, занро он ҷо шинонда, узвҳои гуногуни баданашро бо равғанҳои мухталифи давобахш молиш медодааст. Бибӣ бисёр занонро ба ҳамин усул муолиҷа кардааст. Як марди давлатманди ғармӣ бо зани дӯстдоштааш якчанд сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд намешавад. Хешовандонаш маслиҳат медиҳанд, ки аз ӯ ҷудо шуда зани дигар бигирад. Вале ӯ занашро ниҳоят дӯст медошт ва намехост, ки вайро талоқ намояд. Баъд ин мард овозаи табибии бибии Раҳматуллоро шунида, бо илтиҷо ба наздаш меояд, ки занашро шифо бахшад, то оилааш вайрон нашавад.

пешина
аз 29
навбатӣ