Ҷавпазак - Бахтёри Муртазо

Маҷмӯаи ҳикояҳо, қиссаҳо ва очеркҳои нависанда Бахтёри Муртазо хислатҳои пок ва нек, одамияти баланд, ростқавлӣ, заҳматписандӣ, ватанпарастӣ, хоксорию фурӯтании шахсони наҷибро ситоиш менамояд. Итминон дорем, ки китоби адиб писанди табъи хонандагони арҷманд хоҳад шуд.
Барномасоз · 15 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Бо усули чакдон муолиҷа намудани кампир фоида мебахшад ва зани ҳамон шахси давлатманд шифои комил ёфта, пас аз нӯҳ моҳ фарзанд таваллуд мекунад. Он марди давлатманд бо миннатдории зиёд ба кампир рӯймоли пашмин, пероҳани муносиб ва модагов ҳадя менамояд. Модаркалони Раҳматулло дар синни наваду сесолагӣ фавтидааст. Ҳикоят мекунанд, ки дар синни наваду дусолагиаш ҳам чашмонаш нағз медиданд ва бо сӯзану тебана ҳар хел дарздӯзиҳоро бо сифати хуб анҷом медодааст. Ҳофизаи қавӣ дошту ҳар гуна маталу афсонаҳо мегуфт. Пас аз вафоти бибӣ касби табибии ӯ ба модари Раҳматулло мегузарад. Мегӯянд, ки тағоии Раҳматулло Сахӣ Шарифов низ табиби моҳир буда, беморонро аз ҳар навъ ранҷу азиятҳо шифо мебахшидааст.
Ғайр аз ин Сахӣ Шарифов машшоқи чирадаст буда, бо навоҳои дилошӯби асбобҳои мусиқӣ ба сомеъон сурур мебахшидааст. Чи тавре ки возеҳ гардид, ҳам аз тарафи падар, ҳам аз тарафи модар, яъне аҷдоду ниёгон ва бибию модаркалонҳои Раҳматулло шахсиятҳои шарофатманд ва бонаҷотбат буда, тамоми умр дар байни халқ ҳамчун сарвару саркарда ва мушкилкушо хизмат намудаанд ва обрӯю эътибори баландро ба туфайли иҷрои хизматҳою вазифаҳои неку фарзона ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, Раҳматулло-раис шахси наҷибуттарафайн буда, бо мададгории арвоҳи гузаштагон имрӯз сарвари шоёни халқ мебошад ва дар боби хизмат ба мардум бо ақлу фаросати хеш дар шоҳроҳи поку муқаддаси ниёгон устуворона қадам мезанад. Садамаи обхез ва ҷабҳаҳои ободонӣ Фасли баҳорони соли як ҳазору нӯҳсаду шасту ҳашт дарёи Кофарниҳон ниҳоят сероб буд ва бо талотум ҷорӣ мешуд. Дарё соҳилҳоро шуста, киштзоронро пахш мекард. Ба майдонҳои пахтаи як қатор хоҷагиҳои назди соҳилҳои ин рӯд хатари калоне таҳдид менамуд. Ҳамон сол якчанд гектар пахтазори колхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Қубодиён дар зери обу гил монд.
Раиси ҷавони хоҷагӣ Маъруф Ҳакимов, ки пас аз фавти сарвари машҳури колхоз, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидназар Худойқулов ба ин вазифаи масъул интихоб гардида буд, сахт ба таҳлука афтод. Агар дар камтарин фурсат корҳои соҳилбандиро анҷом дода, дами обхезиро нагиранду дар минтақаҳои офатзада тухмии пешпазаки пахта накоранд, иҷрои нақша номумкин хоҳад шуд. Он солҳо иҷро нагардидани нақшаҳои давлатӣ оқибатҳои ниҳоят ногуворе дошт. Ҷаласаи раёсати хоҷагӣ, ки ба муҳокимаи ин масъалаи ҷиддӣ бахшида шуда буд, хеле пурҷӯшу хурӯш мегузашт.
– Бригадаи махсуси соҳилбандӣ ташкил намудан даркор, – ба аҳли раёсат муроҷиат кард раис, – ба сардории он Раҳматулло Абдуллоевро пешниҳод менамоям. Ҳозирон ҷавонмарди болобаланду тануманд Раҳматуллоро нағз мешинохтанд, корҳои неки ӯро дидаву писандида буданд. Чанд соле, ки ӯ ронандаи хоҷагӣ буд, ба минтақаҳои дурдаст ва душворгузари Чордағал ҳам рафта буду тарафи паттазорону найистони Полвонтӯғай ҳам, ба ёрии даравгарон ба паҳндашту адирҳо мошин меронду лаҳзае оромӣ надошт. Ҳамон навъе ки мегӯянд, аз кор хаста намешуд.
Порсол, вақте ки дар хоҷагӣ бригадаи бинокорони насосҳои обӣ ташкил гардид, Раҳматуллоро сардори он таъин карда буданд. Аъзои ин бригада дар муддати кӯтоҳ шаш ҷуфт дастгоҳҳои насосҳои обиро насб намуданд. Ҳар дастгоҳ ду адад насос дошт ва бо навбат фаъолият менамуду ҳар яке бештар аз панҷоҳ гектар кӯҳдоманро обёрӣ мекард. Ҳамон вақт доир ба масъалаи дунасосӣ кардани ҳар дастгоҳи обкашӣ дар маҷлиси раёсати хоҷагӣ хеле баҳсу талош ба амал омада буд. Муҳосибон таъкид менамуданд, ки агар дар ҳар дастгоҳ ду насос насб намоянд, хароҷот хеле зиёд мешавад.
– Дар ин сурат, – ақидаи худро асоснок намуданӣ шуд сармуҳосиби хоҷагӣ, – сарфу хароҷот бисёр мешавад, ҳар донаи меваи зардолу, ки дар кӯҳдоман рӯёнида мешавад, қимат шуда, ба меваи тилоӣ табдил меёбад. Насосҳои овардаамон наванд, охир,мо кӯҳнаро насб намекунем-ку? Насосҳои нав дарҳол вайрон намешаванд, бинобар ин ман пешниҳод менамоям, ки дар ҳар дастгоҳ яктоӣ насос шинондан даркор асту бас, обмӯриро аз боғ калон кардан лозим нест.
– Дар гармои тобистон, вақте ки сангҳои кӯҳ танӯр барин тафсида, замину замонро ҷиззасзанон сӯзонанд, – ба сухан баромад Раҳматулло, – ба ҳамаатон маълум аст, ки шабонгоҳон ҳам аз кӯҳ гармӣ дамида, касро нафасгир мекунад, дар бораи салқинию серунӣ хаёл кардан ҳам маҳол аст, ана ҳамон вақт, агар ба растанӣ се рӯз об нарасад, аз решааш хушкида меҳнати яксола барбод меравад. Бародарон, ҳар яки шумо техникаро медонед, албатта, техникаи ватани мо бадошту мустаҳкам аст. Лекин техникаи нав аслан вайрон намешавад гуфта, ҳеч кас кафолат дода наметавонад. Баъзан аз магазин як чизи навро мехареду ҳафтае нагузашта он вайрон мешавад. Нуқси корхонаҷот гуфтанӣ гап ҳаст.
Ақидаи ман якто, ман гапи худро тағйир намедиҳам, агар маро сардори бригадаи насосҳои кӯҳдоман таъин карданӣ бошед, дар ҳар дастгоҳ дутоӣ насос мемонему халос. Колхоз обро аз ман талаб мекунад. Боварӣ дорам, дар кӯҳдоман боғҳои меваҳои шаҳдбор бунёд мешаванд, харбузаю тарбуз ҳам мекорем, пахтаи абрешимии маҳиннах ҳам мерӯёнем ва хароҷоти сарфшуда сар ба сар гардида, ҳатман фоида ҳам мегирем! Ҳамон вақт ҳайати раёсати колхоз пешниҳоди Раҳматуллоро маъқул ҳисобида, иҷозат дод, ки дар ҳар дастгоҳ дутоӣ насоси обӣ шинонида шавад. Ҳамин тавр, барои обёрӣ намудани минтақаи кӯҳдоман шаш дастгоҳи мукаммал насб намуданд, ки ҳар дастгоҳ дорои ду насос буд.
Ҳаёт дурандешию хирадмандӣ ва пешбинии Раҳматуллоро исбот намуд. Дар чиллаи тобистони Қубодиён, ки хусусан растаниҳо обталаб мешуданд, яке аз насосҳо аз кор баромад. Дар ин лаҳза насоси дуюмро фаъол намуданду киштзорро бе об намонданд. Ва аз пайи таъмири насоси вайрона шуданд, маълум гардид, ки клапани резиниаш сӯхта будааст. Таъмирро дар мӯҳлати кӯтоҳ гузаронида, насосро ба кор дароварданд ва барои эҳтиёт як миқдор резини клапанро захира ҳам намуданд. Зимнан Раҳматулло дар давраи кори худ ба сифати сардори бригадаи насосҳои об «ман сарвар» гӯён ором нанишаста, ҳамроҳи устоён дар пайи идора намудан ва таъмир кардани насосҳо шуда, нозукиҳои сохти ин навъи техникаро ҳам нағз омӯхт. Дар ҳақиқат ба одаме, ки як соҳаи техникаро дақиқан омӯзад, ёд гирифтани соҳаи дигар низ мушкилие надоштааст.
Ақлу фаросати комил, майлу хоҳиши дил ва дасту панҷаи ба кор моил зарурат доштаасту бас. Ба шарофати меҳнати содиқонаи аъзои бригадаи Раҳматулло ва оби ҷонбахши Наҳри Калон дар минтақаҳои Микоян, Ҷарқӯрғон, Калинин, Тешуктош ва Болшевик колхоз соҳиби зиёда аз сесад гектар замини ҳосилхез шуд. Аъзои бригада дар заминҳои нав чорбоғи себу нок, зардолу, ангурзор, полези харбузаю тарбуз ва албатта, бештар майдонҳои пахта бунёд намуда буд.
Вақте ки фаъолияти дастгоҳҳои обёрӣ ба мизон даромад, онро идора намудан ва ҳангоми зарурат таъмир кардан чандон мушкилие надорад. Ин вазифаро ҳар каси босалиқа метавонад, ки ба ӯҳда бигирад. Ба раёсати колхоз маърифату маҳорати кордонӣ, садоқату покниҳодӣ ва соҳибтадбирию одамшиносии Раҳматулло маълум буд. Имрӯз, ки дарёи Кофарниҳон наъракашон ҷорӣ гардида, ҳар лаҳза хавфи он вуҷуд дошт, ки обҳои пуркафк аз соҳилҳо дамида баромада, ба ҳаёти одамон таҳдид намояд, киштзорону боғистонҳоро хароб созад, яъне ба рӯзгори то ин вақт мӯътадилу осоиштаи колхоз хатари ҷиддӣ омадааст, раёсат боз ба Раҳматулло муроҷиат кард, то ба бригадаи соҳилбандӣ сарвар шавад ва дами обхезиро бигирад.
Замоне падари Раҳматулло амаки Абдулло-раис Мирзоев ҳаёту саломатии худро ба хатар гузошта, бо пайкар ва ҷисму ҷонаш дами селоби баҳоронро гирифта, сокинони деҳаи кӯҳистонро аз хавф наҷот дода буд. Акнун навбати корнамоии писари Абдулло-раис – Раҳматулло фаро расида буд, то бо қудрати ақлу заковат ва дастони тавонояш ҳаёти мардумро аз хатар эмин дорад. Яъне лаҳзае омадааст, ки писари қобил корнамоӣ, қаҳрамонӣ, фидокорӣ ва олиҳимматии падари бузургворро такрор намояд. Раҳматулло дар ҳаёти худ барои манфиати халқу ҷамъият борҳо корнамоӣ, фидокорӣ ва олиҳимматии бузург намудааст, ки яке аз онҳо ҳоло оғоз меёфт.
Зиндагии инсон бо об, ки аз ҷумлаи муқаддасоти табиат мебошад, пайванди ногусастанӣ дорад. Баъзан обу дарё бо қатъияти ғайриоддие сарнавишти як сарзамин, тақдири бисёр одамон ва бидуни шак қисмати шахси алоҳидаро ҳам муайян менамояд. Вақте ки об дар дарёю ҷӯйҳо оромона ва ба як мизон ҷорӣ бошад, ба нерӯи бузурги созандагӣ табдил меёбад, ҳам обёрӣ мекунаду ҳам ободӣ меорад. Аммо агар оби рӯдхона дар маҷрои худ нағунҷаду доманшӯӣ кунад, ин ҳам, албатта нерӯи бузург аст, лекин ин нерӯ бештар ба нерӯи аҳриманӣ мушобеҳ мешавад ва ба сари одамон хатарҳо оварда, вайронкориҳо карда метавонад.
Соли шасту ҳаштум яке аз он солҳое ба ҳисоб мерафт, ки дар рӯдхонаи муқаддаси Кофарниҳон нерӯи аҳриманӣ афзун гардида буд. Одамон тасмим гирифтанд, ки ҳамин нерӯи аҳримании дарёро маҳор кунанд, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва соҳилбандиро анҷом бидиҳанд. Раёсати колхоз Раҳматуллоро ба ин кори хеле муҳим сарвар интихоб намуд...
...Маълум аст, ки дар кишвари шӯроҳо бо роҳбарии Сталин ҳаракати ташкили колхозҳо асосан соли бисту нӯҳ оғоз ёфта буд. Агар колхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Қубодиён соли сиюм ташкил гардида бошад, то соли шасту ҳаштум сию ҳашт сол сипарӣ гаштаасту ягон раиси хоҷагӣ ба таври ҷиддӣ дар андешаи он нашудааст, ки соҳили дарёро ба таври шоиста мустаҳкам намояд ва ба ҳамин васила ҷону мол, манзилгоҳи одамон ва киштзорон дар амну амонӣ бошанд. Ҳатто раисони қаҳрамону ордендорон ҳам ин масъалаи хеле ҷиддӣ ва ҳаётан басо муҳимро ба гӯшаи хаёл наовардаанд. Ҳол он ки идораҳои боло кулли хоҳишҳои чунин роҳбарони нозпарвардаро бардошта, кӯмаку ёварӣ ҳам мекарданд ва соҳилҳо бо роҳи осон мустаҳкам мегардиданд. Не, ин масъаларо ягон роҳбари масъул ҷиддан андеша накардааст. Дар ҳоле ки он солҳо обхезиҳо зуд-зуд ба амал меомаданд ва мутаассифона, талафоти ҷонию хисороти молӣ ҳам ворид мешуданд. Бар зиммаи сардори бригадаи соҳилмустаҳкамкунӣ ва соҳилбандии колхоз Раҳматулло Абдуллоев вазифаи азиме вогузор гардид, ки онро дар вақташ раисони машҳур низ анҷом надода буданд.
Раёсати колхоз қарор қабул намуд, ки интихоби аъзои бригада ҳам ба ихтиёри худи сардор Раҳматулло гузошта шавад. Ҳамчунин ба хотири зарурати анҷом додани вазифаю супоришҳои оҷил мошини тамғаи «ЗИЛ» низ ба ихтиёри бригада монда шуд. Дар давраи сардори бригадаи насосҳои кӯҳдоман будани Раҳматулло низ ин мошин дар ихтиёри бригадааш вогузор гардид. Раҳматулло ба бригадаи худ бештар он ҷавонони ҳузарберо ҷалб намуд, ки дар корҳои сангтарконӣ, сангчинӣ, бетонрезӣ ва симтобӣ маҳорати хуб доштанд. Ба бригада якчанд адад мошинҳои кран ва самосвалҳоро, ки бо дархости хоҷагӣ аз ташкилоти бинокорӣ ва муассисаи автомобилии ноҳия оварда шуда буданд, вобаста намуданд. Ҳатто аз муассисаҳои автомобилии шаҳри Қӯрғонтеппа мошинҳои самосвал ва боркаш дархост карданд.
Сарвари бригада Раҳматулло ба зудӣ кори шабонарӯзии соҳилбандиро ташкил кард. Зеро дақиқаҳо мунтазир намешуданд, сатҳи оби дарё лаҳза ба лаҳза баланд мегардид. Обхезӣ хусусан ба деҳаи Курорт (ҳоло деҳаи Фароғат) хавфи калоне дошт. Дар ин деҳаи колхоз зиёда аз дусад хонавода зиндагӣ менамуд. Оби хурӯшон ва гилолуди Кофарниҳон лаҳза ба лаҳза медамиду боло мехест ва ба сокинони деҳа хавфу хатари калоне таҳдид мекард. Одамон ба тарсу таҳлука афтода буданд ва намедонистанд, ки молу ҷон, мулку макон, боғу киштзоронро чӣ тавр ҳифз намоянд. Раҳматулло пеш аз ҳама кори соҳилбандиро аз ҳамин деҳа оғоз кард. Азбаски бо қарори махсуси раёсати колхоз ба бригадаи соҳилбандии Раҳматулло иҷозат шуда буд, ки дар ҳудуди хоҷагӣ дарахтони чинор, бед, ақоқиё ва ғайраро бурида, барои ҷилавгирии хатари обхезӣ истифода намоянд, биноан дар ин ҷо дар як мӯҳлати кӯтоҳ масолеҳи фаровони оббандӣ ҷамъ оварданд.
Набарди шадиди ҳамкорони Раҳматулло бо мавҷҳои пуртуғёни Кофарниҳон дар деҳаи Курорт ду шабу ду рӯз бе танаффус идома дошт. Хусусан соати сеюними шаби аввал сатҳи об ба нуқтаи баландтарин баромад. Ҳар лаҳза хавфи он буд, ки маҷрои тезҷараёни Кофарниҳон аз соҳил берун ҷаҳида, деҳаи Курортро бо тамоми сокинон ва хонадони онҳо рӯфта мебарад ва несту нобуд мекунад. Шукри Худованд, ки одамон бо қудрати техника садди шадиди роҳи обхезӣ гардиданд. Инҳо аъзои бригадаи соҳилбандии колхоз буданд, ки таҳти роҳбарӣ ва ҳидояти оқилонаю ҷасуронаи Раҳматулло дами обро гирифта тавонистанд. Ҳамон шаб саркор ва аъзои бригадаи ӯ хоб накарданд, муборизаю бедорхобии онҳо рӯзи дигар низ идома ёфт. Дар фарҷом ин набарди шадид дар деҳаи Курорт бо пирӯзии одамон ба анҷом расид. Вале меҳнати қаҳрамононаи Раҳматулло ва ҳамкорони ӯ боз рӯзҳо ва шабҳои зиёде идома дошт. Онҳо дар ҳудуди хоҷагӣ соҳили дарёи Кофарниҳонро бетонпӯш намуданд ва рӯд ҳам маҳор гардид ва дигар орому мутеъ ҷорӣ мешуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё