Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Муомилоти пулии ғайринақдӣ — идома 3
Ҳисоби муросилотӣ — ҳисоби як бонк дар бонки дигар мебошад.
Дар асл, байни бонкҳо ҳуҷҷатҳои пулӣ ва паёмҳои махсуси электронӣ ҳаракат мекунанд, на худи пул. Барои таъмини суръати гардиш ва амнияти ин ҳуҷҷатҳову паёмҳо ташкилоту механизмҳои махсуси ҳифзшаванда таъсис дода шудаанд. Масалан, соли 1973 аз 15 мамлакати ҷаҳон 239 бонк Ҷамъияти умумиҷаҳонии алоқаҳои молиявии байнибонкиро (Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunication — SWIFT) таъсис доданд.
Шабакаи SWIFT, ки ҷойи телетайпро гирифт, баъди чанде ба аввалин шабакаи байналмилалӣ мубаддал гардид. Соли 2006 миқдори аъзои он ба 7,8 ҳазор бонку ширкатҳо аз 198 мамлакати ҷаҳон расида, адади паёмҳо қариб ба 2 миллиард расид. Ба воситаи SWIFT дар як рӯз 1 миллион адад амалиёти бонкӣ иҷро мешуд. Бонкҳои узви шабакаи SWIFT ба воситаи он паёмҳои пулиро, ки бо кодҳои махсус ҳифз шудаанд, ба ҳам мефиристанд ва дар асоси онҳо пулгузарониро байни мизоҷон таъмин менамоянд. Истифодаи SWIFT аз ҷониби бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон солҳои 1996–1997 шурӯъ шудааст. То ин давра бонкҳо аз телетайп истифода мекарданд, ки шабакаи боэътимод ва таъминкунандаи суръати зарурии пулгузаронӣ набуд.
Дар дунё миқдори бонкҳо хеле зиёд аст ва, албатта, бонки алоҳида наметавонад дар ҳамаи онҳо ҳисоби муросилотӣ дошта бошад. Бонки тиҷоратӣ чанд бонкеро интихоб мекунад, ки нигоҳ доштани маблағҳои пулиаш дар онҳо ба мақсад мувофиқ аст. Масалан, доштани ҳисоби муросилотӣ дар бонкҳои аврупоӣ имкон медиҳад, ки аз як тараф, хизматрасонии саривақтии мизоҷон таъмин карда шавад (зеро пахта, алюминий, тилло ва маҳсулоти дигар ба ширкатҳои аврупоӣ фурӯхта мешаванд), ва аз тарафи дигар, бонк имкон пайдо мекунад маблағҳои пулиро бо фоизи баландтар пасандоз намояд.
Вобаста аз мавҷудияти муносибатҳои муросилотӣ, тартиби ҳисоббаробаркунӣ байни бонкҳо гуногун аст. Муносибатҳои муросилотӣ дар якҷоягӣ кушодани ҳисобҳои муросилотӣ, ба ҳам фиристодани ҳуҷҷатҳо, нигоҳдошти пул ва ба ҳисобҳои дигар гузаронидану аз онҳо ворид шудани пулро дар бар мегиранд.
1. Ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ бо истифодаи ҳисоби муросилотӣ дар Бонки марказӣ (миллӣ)
Дар давраи аввали гузариш ба муносибатҳои муросилотӣ, бонкҳо дар Тоҷикистон танҳо дар Бонки миллӣ ҳисоб доштанду халос. Ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо ба воситаи ин ҳисобҳо сурат мегирифтанд. Баъдан ба онҳо иҷозат дода шуд, ки дар якдигар низ ҳисоби муросилотӣ кушоянд. Ин боиси боз ҳам инкишоф ёфтани муносибатҳои муросилотӣ гардид.
Бонкҳо баъди қабули супоришномаи мизоҷ оид ба пардохт, супоришномаи худро дар хусуси аз ҳисоби муросилотии худ гузаронидани маблағи муайян ба ҳисоби муросилотии бонки дигар тартиб дода, ба Бонки миллӣ мефиристанд. Бонки миллӣ ин супоришномаро иҷро намуда, ба ҳар ду бонк хабар медиҳад. Бонки пулгиранда дар навбати худ оид ба ворид шудани пул хабар медиҳад.
Расми 8. Ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ бо истифодаи ҳисобҳои муросилотӣ дар Бонки миллӣ
-
1 — Фиристодани мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи он;
-
2 — Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва супоришномаи пулдиҳӣ ба бонк;
-
3 — Гузаронидани пул аз СХ (суратҳисоби харидор) ба ХМБХБМ (ҳисоби муросилотии бонки харидор дар Бонки миллӣ);
-
4 — Фиристодани супоришномаи пулдиҳӣ ба Бонки миллӣ;
-
5 — Аз ХМБХ (ҳисоби муросилотии бонки харидор) ба ХМБФ (ҳисоби муросилотии бонки фурӯшанда) гузаронидани пул;
-
6 — Фиристодани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи воридоти пул ба бонки фурӯшанда;
-
7 — Аз ХМБФБМ (ҳисоби муросилотии бонки фурӯшанда дар Бонки миллӣ) ба СФ (суратҳисоби фурӯшанда) гузаронидани пул;
-
8 — Ба фурӯшанда фиристодани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи ворид шудани пул ба суратҳисоби он.
Ҳамин тавр, маблағи зарурӣ аз як бонк ба бонки дигар гузаронида мешавад. Лекин истифодаи Бонки марказӣ (миллӣ) ҳамчун миёнарав гардиши пулро каме суст мекунад, аз ин рӯ, бонкҳои тиҷоратӣ ҳавасманди истифодаи шаклҳои пешрафтатари муносибатҳои муросилотианд.
2. Ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар ҳолати мавҷудияти муносибатҳои муросилотӣ
Мавҷудияти муносибатҳои муросилотӣ маънои доштани суратҳисобҳои муросилотиро дар якдигар дорад. Масалан, барои таъмини ҳарчӣ тезтар гузаштани маблағҳо байни мизоҷон, «Тоҷиксодиротбонк» ва «Ориёнбонк» дар якдигар ҳисобҳои муросилотӣ мекушоянд. Дар ин ҳолат тартиби дахлдор каме тағйир меёбад: акнун бонк супоришномаро бевосита ба бонки дигар мефиристад.
Расми 9. Ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар ҳолати мавҷудияти муносибатҳои муросилотӣ
-
1 — Фиристодани мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи он;
-
2 — Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва супоришномаи пулдиҳӣ ба бонк;
-
3 — Гузаронидани пул аз СХ (суратҳисоби харидор) ба ХМБХБФ (ҳисоби муросилотии бонки харидор дар бонки фурӯшанда);
-
4 — Фиристодани супоришномаи пулдиҳӣ ба бонки фурӯшанда;
-
5 — Аз ХМБХ (ҳисоби муросилотии бонки харидор) ба СФ (суратҳисоби фурӯшанда) гузаронидани пул;
-
6 — Ба фурӯшанда фиристодани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи воридоти пул ба суратҳисоби он.
Бонки харидор дар ҳолати надоштани маблағи зарурӣ дар ҳисоби муросилотиаш ва ё бо ягон сабаби дигар метавонад пулро аз суратҳисоби харидор ба ҳисоби муросилотии бонки фурӯшанда гузаронида, ба он дар ин бора хабар диҳад. Он гоҳ бонки фурӯшанда пули фурӯшандаро аз ҳисоби худ медиҳад.
Ҳамин тавр, ҳисоббаробаркунӣ бо харҷи камтари вақту коргузорӣ таъмин карда мешавад.
Тавре ки дар боло қайд намудем, бонкҳо на дар ҳамаи бонкҳои тиҷоратии хориҷиву дохилӣ ҳисоби муросилотӣ доранд. Новобаста аз ин, муносибатҳои молию кории мизоҷони онҳо бо мизоҷони бонкҳои дигар ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкиро талаб мекунад. Дар ин ҳолат нақши бонки миёнаравро як ё якчанд бонкҳои дигар иҷро менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё