Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ИқтисодиётМолияТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муомилоти пулии нақдӣ

Асосҳои иқтисодии муомилоти пулии нақдӣ

Зарурати ташкили самараноки соҳаи савдо, кам кардани харҷи одамон ҳангоми хариду фурӯши молу хизматрасонӣ, таъмини бо суръату сифати баланд расонидани молҳои камарзишу ҳамарӯза аз фурӯшанда ба харидор ва ғайра истифодаи пули нақдро талаб мекунад.

Дар қисми зиёди ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳангоми пардохти маблағҳои калон манфиатовар бошанд ҳам, истифодаи онҳо барои ба масофаи наздик гузаронидани маблағҳои кам мувофиқи мақсад нест. Масалан, дар ҳолати мавҷуд набудани ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, харидори молеро ба монанди гӯшт, нон, шир ва ғайра зарур аст, ки аввал пули онро ба воситаи бонк ба суратҳисоби фурӯшанда гузаронида, баъд молро гирад. Дар ин ҳолат монеаҳову камбудиҳои зерин пеши роҳ меоянд:

  1. Ҳама мехоҳанд, ки маҳсулотро дар вақти басифат буданашон харидорӣ намоянд. Ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи бонк садди роҳи ҳарчӣ тезтар ба даст овардани мол мегардад, зеро барои гузаронидани пул вақти муайян лозим аст. Илова бар ин, бонк танҳо рӯзҳои корӣ ва вақтҳои барои савдо номуносиб кушода аст.

  2. Агар имрӯз мо тавонем, ки аз мағозаи дилхоҳ нонро бихарем, дар ҳолати набудани пули нақд имкониятҳои мо маҳдуд мегарданд, зеро пешпардохт барои ҳамаи мағозаҳо мувофиқи мақсад нест.

  3. Нархи нон барои мо хеле гарон меафтад, зеро бонк барои гузаронидани нархи он пули иловагӣ мегирад. Дар амалияи бонкӣ арзиши ба бонки дигар гузаронидани 10 000 сомонӣ ва арзиши гузаронидани 1 сомонӣ тақрибан аз ҳам фарқ намекунанд, зеро барои ҳар ду амалиёт вақти корӣ ва миқдори маводи якхела сарф мешавад.

  4. Агар имрӯз мо тавонем, ки гӯгирд, сигор, ширинӣ ва маҳсулоти дигари камарзишро аз кӯчаҳо ё дӯконҳо бихарем, дар ҳолати набудани пули нақд мо ба мушкилӣ дучор меоем ва ғайра.

Албатта, дар мамлакатҳои пешрафта доираи истифодаи пули нақд рӯз то рӯз танг мегардад. Масалан, дар 90 фоизи тарабхонаҳо истифодаи кортҳо чизи маъмулӣ аст ё дар аксари мағозаҳо пули гӯгирдро ҳам бо корт додан мумкин аст, вале бояд донист, ки ҳаққи хизматрасонии бонк барои ин амалиёт аз нархи гӯгирд зиёдтар мешавад. Ин аст, ки шаҳрвандони мамлакатҳои аврупоӣ (масалан, Фаронса) илова ба кортҳои бонкиашон доимо дар ҳамёни худ миқдори ками евроро низ нигоҳ медоранд. Дар мамлакати мо низ рӯз то рӯз саҳми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулӣ зиёд мешавад, вале вобаста ба муфид будани хариду фурӯши молу хизматрасониҳо бо пули нақд, ҳаёти имрӯзаи худро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Пешрафти илму техника ва татбиқи пайвастаи навовариҳои он дар соҳаи бонкдориву ҳисоббаробаркуниҳо то ҳол зарурати истифодаи пули нақдро аз байн набурдааст. Ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ ба ташкили низоми молиявии мамлакат вобаста аст. Дар кишварҳои пешрафта ҳиссаи он ба 8–10 фоиз баробар аст, ҳол он ки дар мамлакатҳои қафомонда, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, он ба 40–50 фоиз мерасад. Сабаби он қафо мондани низоми ҳисобдориву назорати давлатии андозсупорӣ аст.

Дар чунин ҳолат соҳибкорону соҳибони корхонаҳо истифодаи ду тартиби ҳисобдориро афзалтар мешуморанд:

  • яке ҳисобдории ҳақиқӣ барои худашон,

  • дигаре қалбакӣ (бо нишондоди фоидаи камтарин) барои пешниҳод ба сохторҳои назоратӣ.

Албатта, чунин низоми молиявӣ ба манфиати ҷамъият нест, зеро соҳибкорон фоидаи аслии худро рӯйпӯш карда, ба буҷет андози ночиз месупоранд. Ҳукумат бошад, аз сабаби кам будани буҷет фаъолияти хуби сохторҳои қудратӣ, мудофиа, маориф ва соҳаи иҷтимоиро таъмин карда наметавонад ва ин боиси касодии ин соҳаҳо, равнақи порахӯрӣ ва норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат мегардад.

Аз ин рӯ, омӯзишу ҳалли масъалаҳои ташкилу банақшагирии гардиши пули нақд, ҳифзи он аз қаллобон, танзиму назорати гардиши пул бо мақсади пешгирии таваррум хеле заруранд.

7.2. Гардиши пули нақд

Ҳаракати пайвастаи пулҳои нақд (бонкнотаҳо, тангаҳо, пулҳои хазинадорӣ) ҳангоми хизматрасонӣ ба муомилоти молӣ гардиши пули нақд ном дорад.

Бонки марказӣ (миллӣ) ҳамчун маркази эмиссионии мамлакат ягона сохторест, ки ҳуқуқи ба муомилот баровардани пулҳои нақдро дорад. Бинобар ин, гардиши пулҳои нақд аз Бонки марказӣ (миллӣ) оғоз меёбад (Нигаред ба расми 10). Пулҳои нақд ба ивази пулҳои ғайринақдӣ аз хазинаи Бонки марказӣ (миллӣ) ба бонкҳои тиҷоратӣ дода мешаванд. Бонкҳои тиҷоратӣ ин пулҳоро ба мизоҷон медиҳанд. Инчунин онҳо метавонанд дар асоси шартнома бонкҳои дигарро бо пули нақд таъмин намоянд. Масалан, бонки аз Бонки марказӣ (миллӣ) дар масофаи дур ҷойгиршуда бо бонки тиҷоратии дигар, ки шӯъбаи худро бо пули нақд таъмин менамояд, шартнома баста, аз он доимо пули нақд мегирад.

Расми 10. Гардиши пули нақд

   Бонки миллӣ 
       │
       ▼
   Бонкҳои тиҷоратӣ (ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ бо пули нақд)
       │
       ▼
   Ширкатҳо, корхонаҳо, муассисаву ташкилотҳо (ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ байни онҳо)
       │
       ▼
   Аҳолӣ (ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ байни одамон)

Бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчун хизматрасони корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ вазифадоранд талаботи онҳоро ба пули нақд таъмин намоянд. Аз ин рӯ, бонкҳо дар хазинаҳои худ доимо маблағи муайяни пули нақдро нигоҳ медоранд.

Корхонаву ташкилотҳо пулҳои нақдии аз бонкҳо гирифтаашонро барои додани музди меҳнат, нафақа, ёрдампулӣ, харидани молҳову додани пули хизматрасонӣ дар ҳудуди муайяншуда ва ғайра истифода мекунанд.

Одамон илова ба пулҳои аз корхонаҳо гирифтаашон, инчунин бевосита аз бонкҳои тиҷоратӣ дивиденд, фоизи пасандоз ва пулҳои дар суратҳисобҳояшон доштаро мегиранд. Агар қисми даромади аҳолӣ барои хариди молу хизматрасонӣ сарф шавад, қисми дигар барои додани андозҳо, хонапулӣ, пули хизматрасонии коммуналӣ, қарз адокунӣ, хариди саҳмияҳо, пасандоз ва ғайра сарф шуда, боз ба кассаи корхонаҳои савдо, хизматрасонӣ ва бонкҳо ворид мешаванд. Азбаски корхонаву ташкилотҳои савдову хизматрасон ҳуқуқи дар худ нигоҳ доштани ҳамаи пулҳои ба даст овардаашонро надоранд, қисме аз онҳоро ба бонки хизматрасонашон месупоранд. Бонкҳо дар навбати худ қисми зиёди ин пулҳоро ба ивази пулҳои ғайринақдӣ ба Бонки марказӣ (миллӣ) месупоранд, зеро барои таъмини ҳисоббаробаркуниҳо ба онҳо пулҳои ғайринақдӣ лозим аст.

Ҳамин тавр, ҳаракати пулҳо аз Бонки марказӣ (миллӣ) оғоз ёфта, дар он ба охир мерасад. Азбаски воҳидҳои пули нақд метавонанд чандин бор ба муомилоти молӣ хизмат кунанд, Бонки марказӣ (миллӣ) баъди тафтиши аслӣ буданашон онҳоро боз ба муомилот мебарорад ва бо ин роҳ гирдгардиши пулҳои нақд таъмин карда мешавад.

Мӯҳлати хизмати пулҳои нақд аз дараҷаи ташкили савдо ва муносибати мардум ба онҳо вобаста аст. Дар кишварҳои пешрафта, ки савдо хеле хуб ташкил шудааст ва ҳама маҳсулот дар шакли тоза ва дар дохили бастаҳо (халтаҳо) ҷой дода шуда ба савдо бароварда мешаванд, мӯҳлати истифодаи пулҳо дарозтар аст. Масалан, дар Бритониёи Кабир мӯҳлати миёнаи истифодаи воҳидҳои пулӣ 18 моҳ аст.

Дар баъзе аз кишварҳо мардум, хусусан савдогарон дар бозорҳо, бо дасти равғанолуду хоколуд пулро ба даст мегиранд, ки боиси чиркину кӯтоҳ гаштани мӯҳлати хизмати он мегардад. Ба болои он, аксари мардум ҳамён надошта, пулро дар кисаҳояшон мегардонанд, қисми дигар онро ғиҷим мекунанд, қисми сеюм дар болояш менависанд ва ғайра. Аз ин рӯ, мӯҳлати миёнаи истифодаи воҳидҳои пулӣ на зиёдтар аз як сол аст. Албатта, агар гардиши пулҳои нақд ва ба талабот ҷавобгӯй будани онҳо таҳти назорати бонкҳои марказиву тиҷоратӣ набошад, баъзе пулҳо сарфи назар аз чиркиниашон мӯҳлати зиёд истифода мешаванд, вале бояд донист, ки пулҳои чиркину фарсудашуда метавонанд воситаи аз одамон ба одамон гузаштани инфексияҳо низ гарданд. Бинобар ин, зарур аст, ки тозагӣ ва ба талабот ҷавобгӯй будани пулҳои нақд доимо таҳти назорати бонкҳо бошад ва пулҳои фарсудашуда сари вақт аз муомилот гирифта шаванд.

Аз тарафи дигар, муносибати ношоям ба пул, ки боиси фарсудаву аз муомилот гирифтани он мегардад, зарурати чопи пулҳои навро ба миён меорад. Харҷи чопи пул гаронбаҳо буда, аз буҷет ё ба таври дигар аз ҳисоби андозҳои супурдаи мардум пӯшонида мешавад. Ҳол он ки дар ҳолати таъмини истифодаи самараноки пулҳои коғазӣ ин маблағро барои ҳалли мушкилоти дигар, ба монанди зиёд кардани нафақа, таъмини касалхонаҳо бо доруворӣ ва ғайра равона кардан мумкин аст.

7.3. Ташкили муомилоти пули нақдӣ ва банақшагирии он

Ҳар як кишвар вобаста ба сатҳи рушди соҳаи бонкдориву низоми молиявиаш гардиши пули нақдро ба таври барояш мувофиқ ташкил менамояд. Дар ин раванд, яке аз вазифаҳои Бонки марказӣ пайваста зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулӣ аст, зеро ин метавонад боиси кам кардани харҷи давлат барои чоп, интиқол, нигаҳдошт ва ҳимояи пул аз набаҳрасозон гардад.

Масалан, пули миллӣ — сомонӣ дар Олмон чоп шудааст ва соли 2000 барои аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол доданаш 300 000 доллар (600 000 сомонӣ) сарф шуд. Ба ин маблағ харҷҳои бонкҳои милливу тиҷоратиро барои то ба вилояту ноҳияҳо расонидани пулҳои нақд низ бояд илова кард.

Ташкилкунандаи муомилоти пули нақдӣ дар ҳама кишварҳо Бонки марказӣ (миллӣ) буда, дар ин масъала он мустақилияти пурра дорад, яъне ҳукумат ҳуқуқи ба фаъолияти он дахолат карданро надорад.

Бонки марказӣ бо дастурамали худ оид ба амалиёти кассавӣ дар хоҷагии халқ тартибу қоидаҳои истифодаи пули нақдро барои корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон муайян менамояд.

Мақсади ташкили дурусти гардиши пули нақд таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ ва самаранокии муомилоти пулӣ мебошад. Самаранокии муомилоти пулӣ маънои бо харҷи кам ташкил кардани онро дорад.

Қоидаҳо (принсипҳо)-и ташкили муомилоти пулии нақдӣ чунинанд:

  1. Ташкили танзими мутамаркази муомилоти пулӣ. Бонки марказӣ ягона сохторест, ки ҳуқуқ дорад муомилоти пулии нақдиро байни ҳама субъектҳои хоҷагидорӣ, байни онҳо ва одамон, инчунин байни худи одамон ташкил намояд. Аз як марказ идора кардани муомилоти пулии нақдӣ имкон медиҳад устувории қобилияти харидории пул ва қурби он таъмин карда шавад.

  2. Камхарҷии муомилоти пулӣ. Пулҳои нақдиву ғайринақдӣ асоси ягонаи қарзӣ доранд, яъне ҳамчун пулҳои қарзӣ ба муомилот бароварда шудаанд. Аз ин рӯ, онҳо метавонанд ба якдигар мубаддал шаванд. Корхонаҳову шахсони алоҳида метавонанд ба ивази пулҳои ғайринақдии дар суратҳисобҳояшонбуда пули нақд гиранд ва ё пулҳои нақдро ба бонк супурда, соҳиби пулҳои ғайринақдӣ шаванд. Хусусан, имрӯз дар Тоҷикистон аксари вақт корхонаҳо бо мақсади додани андоз пулҳои нақди коркардаашонро ба бонк супурда, баъдан барои гузаронидани маблағи андоз ба бонкҳояшон супориш медиҳанд. Ташкили дурусти муомилоти пулӣ имкон медиҳад, ки гузариш аз пулҳои ғайринақдӣ ба нақдӣ ва истифодаву таъмини гардиши онҳо камхарҷ бошад.

  3. Ягонагии мақсаду мароми муомилоти пулӣ. Пайвастагии муомилоти пулии нақдиву ғайринақдӣ ташкилу танзими якҷояи онҳоро талаб мекунад. Яъне бе ташкили дурусти муомилоти пулии ғайринақдиву нақдӣ дар якҷоягӣ ба мақсади асосӣ расидан ғайриимкон аст. Муайян намудани шаклҳову тартиби истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиву нақдӣ ба воситаи бонкҳо ва ҳолату ҳудуди истифодаи пули нақд аз ҷониби корхонаҳову аҳолӣ яке аз вазифаҳои асосии Бонки марказист, ки самаранокии муомилоти пулиро таъмин месозад.

  4. Пайваста ва пурра таъмин намудани талаботи мизоҷон ба пули нақд. Бонкҳои тиҷоратӣ вазифадоранд, ки талаботи мизоҷонро ба пули нақд сари вақт таъмин намоянд. Норозигии мизоҷи бонки тиҷоратӣ бо сабаби сари вақт таъмин накардани талаботи он бо пули нақд метавонад ба эътибори бонк таъсири манфӣ расонад. Илова бар ин, мизоҷ метавонад бонки хизматрасонро тарк намуда, барои хизматрасонӣ бонки дигареро интихоб намояд, ки ин ба мақсади асосии бонкҳои тиҷоратӣ мувофиқ нест.

  5. Танзими амалиёти кассавӣ бо пули нақд. Амалиётҳои кассавӣ дар асоси дастурамали аз ҷониби Бонки марказӣ баровардашуда анҷом дода мешаванд. Бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои қарзиву ғайрибонкӣ вазифадоранд риояи талаби ин дастурамалро аз ҷониби мизоҷон таъмин намоянд.

Бонки марказӣ дар навбати худ фаъолияти дахлдори бонкҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои қарзиву ғайрибонкӣ ва корхонаҳои алоқаро, ки бо додугирифти пули нақд сару кор доранд, таҳти назорат мегирад.

Бо мақсади таъмини риояи ин қоидаҳо Бонки марказӣ тартиби амалиёти кассавиро барои корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони алоҳида, ки ба тиҷорати бузург ё хурд машғуланд, муайян менамояд. Аксари бонкҳои марказӣ тартиби зерини амалиёти кассавиро қабул кардаанд:

  • Ҳамаи ширкату корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон вазифадоранд маблағҳои пули нақдашонро, ба истиснои он қисме, ки аз ҷониби бонк муайян шудааст, дар бонкҳои хизматрасон нигоҳ доранд.

  • Бонкҳо ҳудуди (лимити) нигаҳдошти пули нақдро дар кассаҳои шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият) муайян менамоянд. (Бонкҳои марказӣ ба ин масъала диққати хоса медиҳанд. Масалан, дар Русия барои вайрон кардани ҳудуди нигаҳдошти пули нақд дар касса корхонаҳо ҷарима месупоранд. Дар Италия бояд ҳама ҳисоббаробаркуниҳои корхонаҳо ғайринақдӣ бошад. Агар шаҳрванд ё корхона маблағи аз 6 ҳазор евро зиёдро аз суратҳисобаш гирад, сохторҳои дахлдор аз мақсади истифодаи ин пулҳо пурсон мешаванд).

  • Корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд ҳисоббаробаркуниҳои худро бо мизоҷонашон ба шакли ғайринақдӣ ва ба воситаи бонки хизматрасон таъмин намоянд. Доира ва ҳудуди истифодаи пули нақд барои хариди молҳои камарзиш аз ҷониби бонк муайян карда мешавад.

  • Брои ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ шахсони ҳуқуқӣ бояд касса ва китоби қайди амалиёти кассавӣ дошта бошанд.

  • Бонки марказӣ инчунин тартиби амалиёти кассавии ғайрирезидентҳоро муайян менамояд. Ғайрирезидентҳо корхонаҳову шаҳрвандони кишварҳои дигаранд, ки дар ин мамлакат фаъолият доранд. Азбаски талаботи онҳо ба асъори хориҷӣ зиёд аст, амалиёти кассавии онҳо аз амалиёти кассавии резидентҳо каме фарқ мекунад.

Риоя ва иҷрои ин талабот асоси ташкили дурусти муомилоти пулии нақдӣ буда, самаранокии онро таъмин менамояд.

Сари вақт таъмин накардани талаботи муомилот бо пули нақд метавонад боиси паст рафтани қурби пули миллӣ гардад. Аз ин рӯ, Бонки марказиро зарур аст, ки талаботи шӯъбаҳои худ ва бонкҳои тиҷоратиро сари вақт таъмин намояд. Асоси пешбинии ҳаҷм ва вақти талабот ба пули нақд ҳисобот оид ба гардиши кассавии умумиҷумҳуриявӣ аст, ки дар асоси ҳисоботҳои бонкҳои тиҷоратӣ оид ба гардиши кассавиашон тартиб дода мешавад.

Гардиши кассавии умумиҷумҳуриявӣ инчунин асоси банақшагирӣ ва татбиқи сиёсати эмиссионии бонкҳои марказӣ мебошад, ки дар навбати худ ба таъмини устувории қурби пули миллӣ ва қобилияти харидории он равона шудааст.

пешина
аз 29
навбатӣ