Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Муносибатҳои асъории байналмилалӣ
Ҳар як мамлакат новобаста ба вазъи иқтисодию сиёсиаш бо кишварҳои дигар муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ дорад. Муносибатҳои иқтисодӣ инҳоро дар бар мегиранд: муносибатҳои алоқаманд ба хариду фурӯши мол, муҳоҷирати қувваи корӣ, вориди сармоя, қарзгирӣ, амалиётҳои асъорӣ, ҳамкориҳои илмию техникӣ ва ғайра.
Муносибатҳои сиёсӣ аз ҳамкориҳо оид ба ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ, равобити дипломатӣ, ташкилу идораи созмонҳои байнидавлатӣ ва минтақавию умумиҷаҳонӣ иборатанд. Ташкили дурусту самараноки муносибатҳои иқтисодиву сиёсӣ зарурати муносибатҳои асъориро ба миён меорад.
17.1. Мафҳуми асъор ва амалиёти асъорӣ
Мафҳумҳои «пул» ва «асъор» ҳаммаъноянд. Ҳар ду ҳам ифодакунандаи воситаи муомилот ё хариду фурӯш мебошанд. Вале бо мақсади фарқ ё ҷудо кардани пулҳои аз ҷониби ҳукумати кишвар баровардашуда аз пулҳои мамлакатҳои дигар, иқтисоддонҳо нисбат ба пулҳои ҳукумати худ мафҳумҳои «пул», «пули миллӣ» ё «асъори миллӣ» ва нисбат ба воситаҳои муомилотии кишварҳои дигар мафҳуми «асъор» ё «асъори хориҷӣ»-ро истифода мекунанд.
Масалан, мо нисбат ба доллари амрикоӣ ё рубл мафҳуми «асъор» ё «асъори хориҷӣ»-ро истифода мекунем. Худи амрикоиҳою русҳо нисбат ба пулҳояшон мафҳумҳои «пул» (money, currency, деньги), «пули миллӣ» ё «асъори миллӣ» (national currency, национальная валюта)-ро истифода мекунанд.
Ҳамин тариқ, «асъор» — номи умумии пулҳои миллии кишварҳои дигарест, ки дар муомилоти пулии кишвари мо қонунан ва ё ғайриқонунӣ истифода мешаванд. Масалан, дар муомилоти пулии Тоҷикистон истифодаи васеи долларҳои амрикоӣ, евро, рубли русӣ ва қисман асъорҳои кишварҳои ҳамсоя ба чашм мерасад.
Илова ба асъори нақдию ғайринақдӣ, дар бонкҳо чекҳо, векселҳо, ӯҳдадориномаҳо (аз он ҷумла ӯҳдадориномаҳои қарзӣ) ва дигар коғазҳои қиматнок бо асъори хориҷӣ, филизу сангҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра, платина, алмос, ёқут, изумруд, сапфир, марворид ва ғайра, ба истиснои маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишӣ, инчунин шикастаи чунин маснуот) нигоҳ дошта мешаванд, ки дар якҷоягӣ арзишҳои асъорӣ ном гирифтаанд.
Амалиёти алоқаманд ба истифодаи асъору коғазҳои қиматноки асъориро амалиёти асъорӣ меноманд.
Ба амалиёти асъорӣ инҳо дохил мешаванд:
-
Амалиёти алоқаманд ба гузариши ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигар ба арзишҳои асъорӣ;
-
Ворид кардан ва фиристодани арзишҳои асъорӣ ба кишвар, инчунин берун бурдан ва фиристодани арзишҳои асъорӣ аз кишвар;
-
Интиқоли асъор ҳангоми иҷрои ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ.
Масалан, фурӯши мол ба ширкати хориҷӣ боиси ба ширкати тоҷикистонӣ гузаштани ҳуқуқи моликият ба асъори воридшуда мегардад. Гирифтани қарз аз бонки хориҷӣ ҳуқуқи моликият ба асъорро дигар намекунад, вале қарзгиранда (бонки тоҷикистонӣ) ҳуқуқ пайдо мекунад қарзро дар мӯҳлати муайян истифода барад.
Шахсони алоҳида метавонанд миқдори муайяни асъори хориҷиро бо худ ба кишварашон биёранд ва ё аз он бароварда ба кишварҳои хориҷӣ баранд (масалан, ҳангоми сафари хизматӣ ба хориҷи кишвар).
Бонкҳои тиҷоратӣ барои қонеъ гардонидани талаботашон ба асъори хориҷӣ бо бонкҳои хориҷӣ оид ба фиристодани миқдори муайяни асъор шартнома мебанданд. Бонки хориҷӣ дар мӯҳлатҳои муайяншуда миқдори зарурии асъори хориҷиро ба воситаи ширкатҳои миёнарав (масалан, ширкати ҳавоӣ) ба бонки тоҷикистонӣ мефиристад.
Азбаски истифодаи арзишҳои асъорӣ дар муомилоти пулии кишвар метавонад ба вазъи иқтисодии он таъсири мусбӣ ё манфӣ расонад, ҳукумати кишвар тартиби истифодаи онҳоро муайян мекунад. Доираи гардиши арзишҳои асъории хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти сохторҳои танзиму назораткунандаи гардиши онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъорӣ» муайян менамояд.
Иҷрокунандагони амалиётҳои асъорӣ (шаҳрвандон, корхонаю ташкилотҳои ватанию хориҷӣ) ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
-
Резидентҳо. Ба онҳо дохил мешаванд:
-
а) Шахсони алоҳидаи ҷойи истиқомати доимиашон дар Тоҷикистон буда, аз он ҷумла онҳое, ки муваққатан дар хориҷи кишваранд;
-
б) Шахсони ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ташкил шудаанд ва дар он ҷойгиранд;
-
в) Корхонаю ташкилотҳои шахсони ҳуқуқӣ набуда, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ташкил шудаанд ва дар он ҷойгиранд;
-
г) Намояндагиҳои дипломатӣ ва дигари расмии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ;
-
д) Шӯъбаю намояндагиҳои шахсони ҳуқуқӣ, корхонаю ташкилотҳои резидентҳо, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.
-
-
Ғайрирезидентҳо. Ба онҳо дохил мешаванд:
-
а) Шахсони алоҳидаи ҷойи истиқомати доимиашон берун аз Тоҷикистон буда, аз он ҷумла онҳое, ки муваққатан дар кишвари моянд;
-
б) Шахсони ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории кишварҳои хориҷӣ ташкил шудаанд ва берун аз Тоҷикистон ҷойгиранд;
-
в) Корхонаю ташкилотҳои шахсони ҳуқуқӣ набуда, ки мувофиқи қонунгузории кишварҳои хориҷӣ ташкил шудаанд ва берун аз Тоҷикистон ҷойгиранд;
-
г) Намояндагиҳои дипломатӣ ва дигари расмии кишварҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, шӯъбаю намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон;
-
д) Шӯъбаю намояндагиҳои шахсони ҳуқуқӣ, корхонаю ташкилотҳои ғайрирезидентҳо, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.
-
Зарурати ҷудо кардани шахсони алоҳида ва ҳуқуқӣ ба резидентҳою ғайрирезидентҳо дар истифодаи тартибу қоидаҳои гуногуни иҷрои амалиёти асъорӣ аз ҷониби онҳо мебошад. Масалан, ғайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд саҳмияҳои бонку корхонаҳои тоҷикистониро бо асъори хориҷӣ бихаранд, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон чунин ҳуқуқро надоранд, зеро дар ҳудуди кишвар бояд ҳама муомилот бо пули миллӣ анҷом дода шавад.
Амалиёти асъорӣ вобаста ба моҳияти иқтисодӣ ва мӯҳлати иҷроишашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти асъории алоқаманд ба ҳаракати сармоя.
Ба амалиёти асъории ҷорӣ дохил мешаванд:
-
а) Интиқоли асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон барои воридоту содироти мол, пардохти корҳои иҷрошуда, хизматҳои расонидашуда ва фаъолияти дигар;
-
б) Интиқоли фоиз, дивидендҳо ва даромадҳои дигари барои пасандозҳо, сармоягузориҳо, қарзҳо додашаванда ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон;
-
в) Интиқолу пардохтҳои ғайритиҷоратӣ ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон (музди меҳнат, стипендия, нафақа, иловапулӣ, ҷубронпулӣ, харҷи сафари хизматӣ ба хориҷи кишвар, интиқоли пули хариди бино ва лавозимоти дигар барои намояндагиҳои дипломатӣ ва нигаҳдошти онҳо, хароҷотҳо барои сафарҳои варзишию санъатӣ ва ғайраҳо).
Амалиёти асъории алоқаманд ба ҳаракати сармоя инҳоро дар бар мегиранд:
-
а) Сармоягузориҳои мустақим (прямые инвестиции) — маблағгузориҳо дар ташкили корхонаҳо бо мақсади гирифтани фоида ва иштирок дар идоракунии онҳо;
-
б) Сармоягузориҳои бавосита (портфельные инвестиции) — хариди коғазҳои қиматнок;
-
в) Интиқоли асъори хориҷӣ барои хариди бино, таҷҳизот ва моликияти дигар, ки мутобиқи қонунгузории кишвар ба гурӯҳи амволи ғайриманқул (недвижимое имущество) дохил шудаанд.
Шахсони алоҳида метавонанд аз бозори коғазҳои қиматнок саҳмияҳои корхонаю ташкилотҳо, ӯҳдадориномаҳои бонки марказию бонкҳои тиҷоратиро бихаранд. Мақсади хариди чунин коғазҳои қиматнок гирифтани фоида асту халос.
Ҷамъи амалиёти асъорие, ки аз ҷониби резидентҳою ғайрирезидентҳо дар кишвар иҷро шудаанд, бозори асъорроташкил медиҳанд. Мисли ҳама гуна бозорҳои дигар дар бозори асъор نیز миёнаравҳо ҳастанд, ки кори бозорро ба танзим медароранд. Дар он бонкҳо, нуқтаҳои мубодилаи асъор, брокеру дилерҳо фаъолият мекунанд. Шарти зарурии иштирок дар бозори асъор доштани иҷозатномаи (литсензия)-и бонки марказӣ мебошад.
Брокер — шахс ё ширкати алоҳида, ки дар биржа чун миёнарав байни харидорону фурӯшандагон фаъолият мекунад. Онҳо аз ном ва бар ҳисоби мизоҷон амал карда, барои миёнаравиашон даромади муайян мегиранд (масалан, фоизи муайян аз арзиши шартномаи байни харидору фурӯшанда басташуда). **Дилер — шахс ё ширкати алоҳида, ки ба хариду фурӯши коғазҳои қиматноку молҳои дигар дар биржа машғул аст. Он фаъолияташро аз ном ва бар ҳисоби худ ба роҳ мемонад. Фарқи нархҳои хариду фурӯш даромади дилерро ташкил медиҳад.
Муносибатҳои асъорӣ наметавонанд бе қоидаҳои муайяну ба талаботи ҷонибҳо ҷавобгӯй ташкил карда шаванд. Бо мақсади ташкили дурусти муносибатҳои асъорӣ, истифодаи асъори муносиб, таъмини устувории қурби он ва ҳалли масъалаҳои дигари ба он алоқаманд, кишварҳои ба ҳам муносибати зичи иқтисодӣ дошта аз оғози асри XIX байни худ шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баста, дар онҳо масъалаҳои заруриро пешбинӣ намудаанд. Ҳамин тариқ, тартиби муайяни истифодаи асъор ё низоми асъорӣ ба миён омад, ки он бо мурури замон ба шароити нав мутобиқ карда мешуд.
17.2. Низоми асъорӣ ва рушди он
Пешрафти савдои байналмилалӣ зарурати интихобу истифодаи пули ҷаҳонӣ ё ба таври дигар асъори ҷаҳониро ба миён овард. Он дар навбати худ зарурати ташкили низоми асъорӣ — бозори асъор, қабулу истифодаи қоидаҳои ягонаи табдили асъор, таъмини устувории қурби он ва ҳалли масъалаҳои дигари ба он алоқамандро талаб кард.
Албатта, ҳар як кишвар низоми пули миллии худро дорад, ки аз инҳо иборат аст:
-
Воҳиди пули миллӣ (масалан, сомонӣ);
-
Режими қурби пул (басташуда ва ё озод шинокунанда) ва таъмини устувории он;
-
Шартҳои табдили пули миллӣ;
-
Тартиби фаъолияти бозорҳои пул ва тилло;
-
Тартиби ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ дар кишвар;
-
Таркиб ва тартиби идораи захираҳои тиллоию асъории кишвар;
-
Ҳуқуқи муассисаҳои танзимкунандаи муносибатҳои пулӣ дар кишвар.
Пешрафти муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ боиси дар асоси низомҳои пулии миллӣ ташкил шудани низоми асъории байналмилалӣ гардид. Мақсади ташкили он ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ, қарздиҳию дастгирии якдигар, нигаҳдошти намояндагиҳои дипломатӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари байналмилалӣ мебошад.
Низоми асъории байналмилалӣ аз ҷузвҳои зерин иборат аст:
-
Воситаҳои пардохти байналмилалӣ (тилло, фунт стерлинг, доллари ИМА, СДР, евро ва пулҳои миллии давлатҳои алоҳида бо назардошти тарафайн);
-
Режими қурби асъорҳо ва таъмини устувории онҳо;
-
Тартиби ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ;
-
Шартҳои табдилшавандагии (конвертируемость) асъорҳо;
-
Тартиби фаъолияти бозорҳои ҷаҳонии асъорҳо ва тилло;
-
Мақоми (статус) ташкилотҳои байнидавлатии танзимкунандаи муносибатҳои асъорӣ.
Зинаҳои рушди низоми асъории байналмилалӣ:
-
Низоми аввалини байналмилалӣ (Париж, 1867): Ба стандарти тиллоӣ асос ёфта буд. Вазифаи асосии он таъмини истифодаи тилло ҳамчун асъори ягона буд, вале он дер давом накард, зеро Ҷанги якуми ҷаҳон боиси бад шудани вазъи молиявии қисми зиёди кишварҳо гардид. Онҳо дигар имкон надоштанд, ки пулҳои зиёди дар давраи ҷанг баровардаашонро ба тилло иваз намоянд.
-
Низоми дуюм (Генуя, 1922): Ба стандарти шиори тиллоӣ асос ёфта буд. Ҳукуматҳо ӯҳдадор шуданд, ки пулҳои шаҳрвандонашонро ба асъорҳои кишварҳои стандартҳои тиллоӣ ё хишти тиллоӣ дошта (Олмон, Австрия, Дания ва ғ.) иваз менамоянд. Ин низом низ дер напоид, зеро кишварҳои стандарти тиллоиро қабулкарда имкони қонеъ гардонидани талаботи кишварҳои дигарро надоштанд.
-
Низоми сеюм (Бреттон-Вудс, ИМА, 1944): Кишварҳо дар баробари стандарти шиори тиллоӣ истифодаи доллари ИМА ва фунт стерлингро ҳамчун асъорҳои захиравӣ маъқул донистанд. Қурби пулҳои кишварҳои дигар бо ҳамин ду асъор муайян карда мешуд ва ҳар кишваре, ки ин асъорҳоро захира мекард, ҳуқуқ дошт онро ба ИМА ё Бритониёи Кабир пешниҳод карда, ба ивазаш тилло гирад. Соли 1971 ИМА аз ивази доллар ба тилло даст кашид, ки он маънои шикасти низоми Бреттон-Вудсро дошт.
-
Низоми чорум (Ямайка, 1976): Ин низоми асъорӣ то ба имрӯз амал мекунад. Мувофиқи он қурби асъорҳо нисбат ба якдигар дар бозор озодона муайян мешаванд ва дигар давлат гарави бо қурби муайян ба тилло иваз намудани пулҳои коғазиро намедиҳад.
Ҳамин тариқ, пешрафти савдои байналмилалӣ, пайдоишу истифодаи воситаҳои навтарини ҳисоббаробаркунӣ, болоравии боварии кишварҳо ба якдигар ва таъсиси муассисаҳои байналмилалии молиявӣ боиси ба талабот мувофиқ гардидани низоми асъорию рушди муносибатҳои асъорӣ гардид.
17.3. Қурби асъор
Зарурати истифодаи асъори хориҷӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ дар навбати худ зарурати хариди онро ба миён меорад. Хариду фурӯши асъор бошад, дар бозори он амалӣ мегардад.
Бозори асъор — ин ҷамъи муносибатҳо оид ба иҷрои амалиёти асъорӣ мебошад. Дар бозори асъор асъорҳои хориҷӣ хариду фурӯш мешаванд. Иштироккунандагони бозори асъор бонкҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ, брокеру дилерҳо мебошанд. Қисми асосии асъори дар бозор хариду фурӯхташаванда ғайринақдӣ буда, қисми камтари он нақдӣ мебошад.
Бозорҳои асъорӣ ба ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷудо мешаванд:
-
Бозорҳои ҷаҳонии асъор дар Лондон, Ню-Йорк, Цюрих, Токио, Сингапур ҷойгиранд ва аслан ба хариду фурӯши асъорҳои озод табдилшаванда машғуланд.
-
Бозорҳои минтақавӣ илова ба асъорҳои умумиҷаҳонӣ ба хариду фурӯши асъорҳои дар ҳамин минтақа нуфуздошта نیز машғуланд (масалан, дар бозори Маскав кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳангоми зарурат рубли русиро мехаранд).
-
Бозори асъории миллӣ қисми низоми пулии ҳар як кишвар буда, барои ташкили дурусти амалиёти асъорӣ хизмат мекунад.
Режими қурби пули миллӣ аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад. Он метавонад басташуда (фиксированный) ва ё озод шинокунанда бошад.
-
Кишварҳое, ки захираҳои калони асъорӣ доранд, режими аввалро истифода мекунанд ва аз ҳисоби фурӯши захираҳои асъорӣ устувории қурби пулашонро таъмин менамоянд (масалан, Панама, Туркманистон, Венесуэла, Салтанати Умон пулҳояшонро ба доллари амрикоӣ; Ливия, Руанда, Мянма ба СДР; Намибия ба евро бастаанд).
-
Қисми зиёди кишварҳо режими озод шинокунандаро интихоб кардаанд, ки мувофиқи он қурби пулро бозор муайян мекунад (ИМА, Швейцария, Ҳиндустон, Украина, Канада, Русия, Бритониёи Кабир, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва ғайра).
Қурби асъор — ин нархи воҳиди пулии муайянест, ки бо воҳиди пулии кишвари дигар ифода ёфтааст.
Масалан, агар имрӯз дар бозори асъории Тоҷикистон ба ивази 5 млн. доллари ИМА 17 млн. 241 ҳазор сомонӣ дода бошанд, пас қурби доллар ба 3,4482 сомонӣ (17241000:5000000) баробар аст ва қурби сомонӣ 0,29 долларро (1:3,4482) ташкил медиҳад.
Зарурати муайян кардани қурби асъор:
-
а) Мубодилаи асъорҳои гуногун бо мақсади хариду фурӯши молҳою пардохти хизматрасониҳо, вориди сармоя ва гирифтани қарзҳо;
-
б) Қиёси нархҳои бозорҳои ҷаҳонию ватанӣ, нишондиҳандаҳои арзишии мамлакатҳои гуногун (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, маҷмӯи маҳсулоти миллӣ, даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ғайра);
-
в) Баҳодиҳии дороиҳо (активҳо)-и бонкҳою ширкатҳо бо асъори хориҷӣ баъди ҳар чанд вақт.
Бонкҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъор дар фаъолияти худ қурби харидор (bid rate — қурбе, ки бо он асъори хориҷиро мехаранд) ва қурби фурӯшандаро (offer rate — қурби ба фурӯш баровардашуда) истифода мекунанд. Фарқи байни қурби фурӯшанда ва харидор даромади онҳоро ташкил медиҳад.
Қурби асъор ба омилҳои зиёде вобаста аст, ки аввалини онҳо талабот ва таклифот мебошад. Сатҳи баланди даромадҳои аҳолӣ талаботро ба молҳои воридотӣ зиёд карда, талабот ба асъори хориҷӣ ва қурби онро боло мебарад. Сатҳи баланди таваррум низ боиси паст рафтани қурби пули миллӣ мегардад.
Вазъи тавозуни пардохт низ ба қурби асъор таъсир мерасонад. Агар тавозуни пардохт мусбӣ бошад, қурби пули миллӣ боло меравад ва баръакс. Мизони фоизи баланд боиси аз кишварҳои дигар ворид шудани сармоя мегардад ва баръакс, агар мизони фоиз паст шавад, сармоя «мегурезад».
Дар амалияи иқтисодӣ намудҳои гуногуни қурби асъор истифода мешаванд:
-
Қурби номиналии асъор — қурби бозории асъор, ки дар асоси талаботу таклифот муайян карда мешавад.
-
Қурби аслии асъор — қурби номиналие, ки ҳангоми муайянкунии он дигаршавии сатҳи нархҳо дар кишвари худ ва кишвари хориҷӣ ба ҳисоб гирифта шудааст:
Қа=Нх/Hк × Қи
Азбаски ҳар кишвар бо давлатҳои зиёд ҳамкорӣ дорад, нишондиҳандаи қурби пурсамари асъор (эффективный валютный курс) низ истифода мешавад, ки дар он сатҳи болоравии нархҳо дар ҳама кишварҳои ҳамкор ба инобат гирифта мешавад.
Паст шудани қурби пули миллӣ ба манфиати содиркунандагон аст, зеро онҳо аз фурӯши даромадҳои асъориашон пули миллии бештар ба даст меоранд. Воридкунандагон аз ин зарар мебинанд. Паст шудани қурби пул инчунин арзиши бо пули миллӣ доштаи қарзи хориҷии давлатро меафзояд.
17.4. Тавозуни пардохт
Тавозуни пардохт (balance of payments) — ин ҷамъи маълумотҳои омории ба тартиби муайян даровардашудаест, ки ҳамаи амалиёти иқтисодии дар давраи муайян байни резидентҳои кишвар ва ғайрирезидентҳо иҷрошударо дар бар мегирад.
Мақсади тартиб додани тавозуни пардохт — доштани маълумотҳои зарурӣ ҳангоми қабули қарорҳо оид ба сиёсати асъорӣ, молиявӣ ва савдои байналмилалӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни пардохт аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сохта мешавад.
Нишондиҳандаҳои тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон (семоҳаи аввали соли 2006)
(маблағҳо бо ҳазор доллари ИМА)
1. Ҳисоби амалиёти ҷорӣ: -33 604,4
-
А. Молҳо ва хизматрасониҳо: -148 786,5
- Молҳо (тавозуни савдо): -91 279,0
- Хизматрасониҳо: -57 507,5
-
Б. Даромадҳо аз сармоягузорӣ ва музди меҳнат: -11 004,6
- Музди меҳнат: -1 593,2
- Сармоягузориҳо: -9 411,4
-
В. Трансфертҳои ҷорӣ: 126 186,7
2. Ҳисоби амалиёт бо сармоя ва воситаҳои молиявӣ: 42 780,6
-
А. Ҳисоби амалиёт бо сармоя: 0,0
- Трансфертҳои сармоявӣ: 0,0
-
Б. Ҳисоби молиявӣ: 42 780,6
- Сармоягузориҳои мустақим: 15 906,3
- Сармоягузориҳои маҷмӯӣ (портфелӣ): 0,0
- Сармоягузориҳои дигар: 26 874,3
-
3.1. Дороиҳо (- зиёдшавӣ): -49 636,3
-
Асъори нақди хориҷӣ: -7 583,4
-
Бақияи ҳисобҳои ҷорӣ ва амонатӣ: -10 958,2
-
Қарзҳо ва пешпардохтҳои савдо: -30 944,7
-
Қарзҳо ва вомҳои додашуда: 0,0
-
Қарзҳои мӯҳлаташон гузашта: 0,0
-
Дороиҳои дигар: -150,0
-
-
3.2. Ӯҳдадориҳо (+ зиёдшавӣ): 76 510,6
-
Асъори нақди хориҷӣ: 0,0
-
Бақияи ҳисобҳои ҷорӣ ва амонатӣ: 36 992,2
-
Қарзҳо ва пешпардохтҳои савдо: 17 645,0
-
Қарзҳо ва вомҳои ҷалбшуда: 2 580,7
-
Қарзҳои мӯҳлаташон гузашта: 0,0
-
Ӯҳдадориҳои дигар: 19 292,7
-
3. Саҳвҳои соф ва таҳрифот: 7 008,2
4. Тавозуни умумӣ: 16 184,4
5. Молиякунонии фарқи тавозун: -16 184,4
-
а) Дороиҳои захиравӣ (- зиёдшавӣ): -85 775,6
-
б) Қарзҳои Хазинаи байналмилалии асъор: 0,0
-
в) Трансфертҳои сармоявӣ: 99 862,4
-
г) Ӯҳдадориҳои нопардохта: 13,7
-
д) Қарзҳои аз нав ба расмият даровардашуда: 0,0
(Сарчашма: www.nbt.tj, қисми «Тавозуни пардохт»)
Тартиби инъикоси амалиёт дар тавозуни пардохт
Тавозуни пардохт бо тартиби навишти дуҷониба (ҳам дар кредит ва ҳам дар дебет) сохта мешавад:
-
А. Молҳо ва хизматрасониҳо:
-
Кредит, плюс (+): Содироти молу хизматрасонӣ (хизматрасонӣ ба ғайрирезидентҳо).
-
Дебет, минус (-): Воридоти молу хизматрасонӣ (хизматрасонӣ аз ҷониби ғайрирезидентҳо).
-
-
Б. Даромадҳо аз сармоягузорӣ ва музди меҳнат:
-
Кредит, плюс (+): Даромадҳои резидентҳо аз ғайрирезидентҳо.
-
Дебет, минус (-): Даромадҳои ғайрирезидентҳо аз резидентҳо.
-
-
В. Трансфертҳо (ҷорӣ ва сармоявӣ):
-
Кредит, плюс (+): Маблағҳои воридшуда.
-
Дебет, минус (-): Маблағҳои додашуда.
-
-
Г. Амалиёт бо сармоя ва воситаҳои молиявӣ:
-
Кредит, плюс (+): Зиёд шудани ӯҳдадориҳо нисбат ба ғайрирезидентҳо ё кам шудани дархостҳо (требования) ба ғайрирезидентҳо.
-
Дебет, минус (-): Зиёд шудани дархостҳо (требования) ба ғайрирезидентҳо ё кам шудани ӯҳдадориҳо нисбат ба ғайрирезидентҳо.
-
17.5. Моддаҳои тавозуни пардохт ва тавсифи онҳо
Қисми муҳимтарини тавозуни пардохт ҳисоби амалиёти ҷорӣ мебошад. Он тавозуни савдо, тавозуни хизматрасониҳо, тавозуни даромадҳо аз маблағгузориҳову музди меҳнат ва тавозуни трансфертҳоро дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё