Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муносибатҳои асъории байналмилалӣ — идома 2

Дар тавозуни савдо амалиёти ба содироту воридоти мол дахлдор қайд мешаванд. Молҳои содиршуда дар қисми кредит ва воридшуда дар дебети тавозун инъикос меёбанд. Фарқи содироту воридот бақияи тавозун Суда, метавонад манфӣ ё мусбӣ бошад. Агар арзиши молҳои аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содиршуда аз арзиши молҳои ба он воридшуда зиёд бошад, тавозун мусбӣ аст ва баръакс. Ҳама кишварҳо кӯшиш мекунанд тавозуни мусбӣ дошта бошанд, зеро ин маънои зиёд шудани дархост нисбат ба кишварҳои хориҷӣ, ба савдо рафтани молҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъи хуби молиявиро дорад.

Тавозуни жизматрасониҳо хизматҳои аз ҷониби ғайрирезидентҳо ба резидентҳо ва баръакс (аз ҷониби онҳо ба ғайрирезидентҳо) расонидашударо дар бар мегирад. Ба ин гурӯҳ дохил мешаванд:

а) хизматҳои нақлиётӣ (боркашӣ, иҷораю суғуртаи воситаҳои нақлиётӣ); б) хизматҳои сайёҳон (харҷи хӯрок, зист, нақлиёт ва ғайра); в) ҳаққи хизмати ташкилотҳои лоиҳасозӣ, ёрии ҳуқуқӣ, харҷи иштирок дар симпозиуму конференсияҳо, намоишгоҳҳою ярмаркаҳо ва ғайра; ғ) пардохтҳо барои истифодаи иҷозатномаи фаъолияти муайян, ҳуқуқи нашри китобҳо, молҳои аудиоӣ ва видеоӣ; д) хизматрасониҳое, ки ба моддаҳои дигар дохил нашудаанд, ба монанди хизматҳои иттилоотӣ, маданӣ, маишӣ ва ғайраҳо.

Тавозуни даромадҳо аз маблағгузорижо ва музди меҳнат, аз ду қисм иборат аст: 1) даромадҳо аз маблағгузориҳо (дивиденди коғазҳои қӣматнок, фоизи қарзҳои додашуда ва ғайра); 2) даромадҳо аз музди меҳнат (маоши кормандоне, ки муваққатан дар хориҷи кишвар фаъолият доранд?).

Дар Русия ба ип гурӯҳ шаҳрвандонс дохил карда мешаванд, ки на зиёда аз 183 рӯз дар як сол дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд. Агар шаҳрванд дар хориҷи кишвар аз ин мӯҳлат зиёд бошад, он ба гурӯҳи ғайрирезидентҳо дохил карда мешавад.

Тавозуни трансферт;о. Трансфертҳо амалиёте мебошанд, ки яктарафа буда, ба ивази молу хизматҳои расонидашуда пулу мол дода ё хизмате расонида намешавад. Масалан, ёрии башардӯстона (бебозгашт) дар шакли молҳои хӯрокворию тиббӣ, аъзоҳаққии кишварҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра.

Ҳисоби амалиёт бо сармоя ва воситаҳои молияви амалиёти байналмилалӣ бо дороиҳо (активҳо)-и дарозмуддату кӯтоҳмуддатро дар бар мегирад. Дар ин қисми тавозуни пардохт трансфертҳои сармоявӣ, маблағҳои ба сармоя гузошташуда, дороиҳою ӯҳдадориҳо инъикос меёбанд.

Трансфертжҳои capmoneu аз трансфертҳои ҷорӣ бо намуду мӯҳлати худ фарқ мекунанд. Онҳо аслан ба бебозгашт додани воситаҳои асосӣ алоқаманданд. Бахшидани қарзҳо,” бебозгашт додани патент, ҳуқуқи иҷозатномадиҳӣ, ҳуқуқи моликият ба фондҳои асосӣ, сохтану бебозгашт додани объектҳои инфраструктуравӣ, бебозгашт додани маблағҳои пулие, ки барои сохтмон ё хариди фондҳои асосӣ сарф мешаванд, аз ҷумлаи онҳоянд.

“Масалан, соли 2005 Ҳукумати Русия қарзҳои аз он доштаи Тоҷикистонро ба маблағи 300 млн. доллари амрикоӣ бахшид.

Ҳисоби молияви амалиёт бо дороиҳо ва ӯҳдадориҳои резидентҳо дар назди ғайрирезидентҳоро дар бар мегирад. Натиҷаи мусбии ҳисоби молиявӣ нишондиҳандаи камшавии дороиҳои хориҷии резидентҳо ва зиёд шудани ӯҳдадориҳои онҳо дар назди ғайрирезидентҳо мебошад. Баръакс, агар натиҷаи ин ҳисоб манфӣ бошад, дороиҳо зиёд шуда, ӯҳдадориҳо кам шудаанд. Ҳисоби молиявӣ сармоягузориҳои мустақим (IIpAMble инвестиции), capмоягузориҳои маҷмӯӣ (портфельнме инвестиции) ва сармоягузориҳои дигарро (прочие инвестиции) дар бар мегирад.

Сармоягузориҳои мустақим гуфта сармоягузориҳоеро меноманд, ки: 1) бевосита ба истеҳсолу фурӯши мол равона шудаанд; 2) боиси ба даст овардани бастаи саҳмияҳои назоратӣ (контрольньйӣ пакет акции) гардидаанд. Ин намуди сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки сармоягузор дар идораи корхона иштирок намояд.

Маблағҳое, ки барои хариди саҳмияҳои ширкатҳои ғайридавлатию давлатӣ ва коғазҳои қиматноки ҳукумат сарф шудаанд, ба гурӯҳи сармоягузориҳои маҷмӯӣ дохил мешаванд. Мақсади чунин намуди сармоягузорӣ гирифтани фоида аст, на назорати фаъолияти саҳмиябарор.^ ҒКорхона ё ширкате, ки саҳмияҳояш дар бозор фурӯхта мешаванд.

Фарқ гузоштан байни сармоягузориҳои мустақиму маҷмӯӣ шарт мебошад. Дар аксари кишварҳо агар сармоягузор соҳиби аз 10 фоиз зиёди саҳмияҳои корхона ЁёЁ ширкат бошад, маблағҳои сарфкардаи он ба гурӯҳи сармоягузориҳои мустақим ворид карда мешавад ва баръакс.

Сармоягузориҳои дигар ҳама намуди маблағгузориҳои ба гурӯҳҳои сармоягузориҳои мустақиму маҷмӯӣ дохилнашударо дар бар мегиранд. Ба сармоягузориҳои дигар дороиҳо ва ӯҳдадориҳо (асъори нақдӣ ва амонатҳо, қарзу пешпардохтҳо дар соҳаи савдо, қарзҳои додашудаю ҷалбшуда, қарз- ҳои мӯҳлаташон гузашта, дороиҳою ӯҳдадориҳои дигар) дохил мешаванд.

Дороиҳо (активҳо) гуфта ҳама шаклҳои сармоягузории маблағҳои муваққатан озодро меноманд. Ба онҳо пул, замин, корхонаҳо, саҳмияҳои ширкатҳо, коғазҳои қиматноки давлатӣ, манзил ва ғайра дохил мешаванд. Дороиҳои ғайрирезидентҳо, ки дар бонкҳо ва иқтисодиёти кишвари мо маблағгузорӣ шудаанд, ӯҳдадориҳои моро ташкил медиҳанд.

Дар қисми «асъори нақди хориҷӣ» зиёд ё камшавии асъори нақди хориҷӣ дар кассаи бонкҳо ва соҳаи ғайрибонкӣ (масалан, дар дасти аҳолӣ) инъикос карда мешавад. «Бақияи ҳисобҳои ҷорӣ ва амонатӣ» (дар қисми дороиҳо) тағйирёбии бақияи маблағҳои пулии дар ҳисобҳои ҷорию амонатӣ доштаи резидентҳо дар бонкҳои ғайрирезидентиро дар бар мегирад. Маблағҳои пулии ғайрирезидентҳо дар бонкҳои мо дар қисми ӯҳдадориҳо сабт мешавад.

Қисми «қарзҳо ва пешпардохтҳо дар соҳаи савдо» фарқи қарзҳои дебеторию кредитории соҳаи савдоро (воридоту содироти молҳою хизматрасонӣ) нишон медиҳад.

Ҳар як кишвар ҳам қарзгиранда ҳасту ҳам қарздиҳанда. Қарзҳои додашуда дар қисми дороиҳо ва қарзҳои ҷалбшуда дар қисми ӯҳдадориҳо инъикос меёбанд. Мутаносибан қарзҳои мӯҳлаташон гузашта низ дар қисмҳои дахлдори дороиҳо ва ӯҳдадориҳо нишон дода мешаванд.

Ҳамаи маблағғузориҳое, ки ба қисмҳои дар боло нишондодашудаи ҳисоби молиявӣ ворид нагаштаанд, дар қисми «дороиҳои дигар» ё «ӯҳдадориҳои дигар» сабт мешаванд. Ҳуқуқи муаллифӣ, нишони молҳо (товарньіе знаки), саҳмияҳои худӣ, харҷи корҳои илмию таҷрибавӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Ҳар як кишвар дар қатори дороиҳои дигар захираҳои асъорӣ дорад, ки маблағи онҳо дар тавозуни пардохт сабт шуда, ҳангоми муайян кардани бақияи тавозун ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муқоисаи натиҷаи хисоби амалиёти ҷоpu ва ҳисоби амалиёт бо сармоя ва воситаҳои молиявӣ натиҷаи тавозуни пардохтро нишон медиҳад. Нобаробарии ду қисми дар боло қайдшудаи тавозун бо истифодаи моддаи «саҳвҳои соф ва таҳрифот»” ва даровардани тағйирот ба захираҳои асъорӣ бартараф карда мешавад.

«Саҳвҳои соф ва таҳрифот (чистье ошибки и пропнуски) амалиётеро дар бар мегиранд, ки баҳисобғирии аниқи онҳо ғайриимкон аст. Масалан, ба кишвар ворид кардани молҳо аз ҷониби соҳибкорони хурд, харҷи асъори хориҷӣ ҳангоми сафарҳои хизматӣ, маблағҳои асъории аҳолӣ ва ғайра.

Ҳамин тариқ, натиҷаи тавозуни пардохт нишондиҳандаи самаранокии муносибатҳои асъории кишвар ва вазъи молиявии он буда, барои пешбинӣ кардани чораҳои зарурӣ оид ба бартараф кардани таъсири манфии нобаробарии моддаҳои алоҳидаи он ба қурби асъор, сохтани шароити мусоид барои вориди сармоя ва пешрафти истеҳсолоту зиёдшавии содироти молу хизматрасонӣ ва ғайра истифода мешавад. " 17.6. Касри тавозуни пардохт ва роҳҳои пӯшонидани он Касри тавозуни пардохт маънои зиёд шудани ӯҳдадориҳои хориҷии кишвару резидентҳоро дорад.

Он нишондиҳандаи вазъи молиявии кишвар буда, ба қурби пул ва таваррум таъсири бевосита мерасонад. Аз ин рӯ, ҳукуматро зарур аст, ки барои ба мақсад мувофиқ гардонидани натиҷаи тавозуни пардохт чораҳои дахлдорро пешбинӣ намояд.

Касри тавозуни пардохтро бо роҳҳои зерин пӯшонидан мумкин аст:

1. Касри ҳисоби амалиётҳои ҷории тавозуни пардохтро, ки натиҷаи кам будани содироти молу хизматрасонӣ нисбати воридоти онҳо мебошад, бо роҳи ташкили шароити мусоиди инвеститсиони (сармоягмузорӣ) бартараф намудан мумкин аст, зеро он боиси зиёд ворид шудани сармояи мустақим, хариди коғазҳои қиматноки корхонаҳо, ҳукумат ва дороиҳои дигари ватанӣ мегардад. Сарчашмаи дигари пӯшонидани касри ҳисоби амалиётҳои ҷорӣ фурӯхтани дороиҳои хориҷии резидентҳо (масалан, асъори хориҷӣ, саҳмияҳо, моликият дар хориҷа) мебошад. Албатта, на ҳама вақт ворид шудани сармоя боиси пурра бартараф кардани кас- ри ҳисоби амалиёти ҷорӣ мегардад, бинобар ин ҳукумат аз сарчашмаҳои дигар низ истифода мекунад.

2. Истифодаи захираҳои асъории давлат. Агар сиёсати пулию қарзии давлат ба таъмини устувории қурби пул равона шуда бошад, онро зарур аст, ки барои пӯшонидаи касри тавозуни пардохт аз захираҳои асъорӣ, тиллои ва сангҳои қиматбаҳояш истифода кунад.

Дар ҳолати мусбӣ будани тавозуни пардохту зарурати устувор нигоҳ доштани қурби пул бонкҳои марказӣ қисме аз асъори хориҷии воридшударо харида, захираҳои асъории давлатро зиёд мекунанд. Дар ҳолати манфӣ будани тавозуни пардохту зарурати устувор нигоҳ доштани қурби пул касри тавозуни пардохт метавонад аз ҳисоби кам кардани захираҳои асъории давлат пӯшонида шавад.

Бояд донист, ки истифодаи захираҳои асъории давлат барои пӯшонидани касри тавозуни пардохт ҳудуди муайян дорад. Мӯҳлати дароз манфӣ будани тавозуни пардохту истифодаи захираҳои асъорӣ баройи пӯшонидани он метавонад боиси аз сатҳи зарурӣ камтар шудани захираҳои асъорӣ гардад.

Аз ин рӯ, ҳукуматро зарур аст, ки роҳҳои дигари пӯшонидани касри тавозуни пардохтро истифода кунад.

3. Истифодаи қарзҳои хориҷи. Қарзҳои хориҷӣ сарчашмаи дигари пӯшонидани касри тавозуни пардохт мебошанд. Ҳукумат метавонад аз давлатҳои дигар, ташкилотҳои молиявии байналмила- дӣ (масалан, аз Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ), сектори хусусӣ ва ё бонкҳои тиҷоратии хориҷӣ қарз гирад. Тавре ки аз тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, қарзи он аз Хазинаи байналмилалии асъор 85775,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки барои ташкили захираҳои асъории давлату таъмини баробарвазнии тавозуни пардохт сарф шудааст.

Зарур аст, ки қисми бештари қарзҳои ҷалбшуда барои пешрафти соҳаҳои истеҳсолӣ сарф шаванд, зеро ин боиси зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоту хизматрасонӣ мегардад. Содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар ва ё фурӯши он дар дохили кишвар ва аз ин ҳисоб кам кардани воридоти маҳсулот ҳаҷми асъори хориҷиро меафзояд. Чунин амал имкон медиҳад, ки қарзҳои хориҷӣ сари вақт баргардонида шаванд.

Агар қарзҳои хориҷӣ барои додани музди меҳнат, нафақа ё соҳаҳои дигари ғайриистеҳсолӣ сарф шаванд, вазъи молиявии кишвар заиф шуда, қобилияти пардохтпазирии он суст мешавад, ки ба мақсад мувофиқ нест. Илова ба ин, ҷалби қарзҳои хориҷӣ ҳудуди муайян дорад ва вайрон кардани он ба манфиати ҳукумат нест. Давлату ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ низ ба ин роҳ намедиҳанд.“ Бинобар ин ҳукумат метавонад аз усулҳои дигари таъмини баробарвазнии тавозуни пардохт истифода кунад.

Масалан, солҳои 2000-2006 аз сабаби зиёд шудаци ҳиссаи қарзи хориҷӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Хази- наи байналмилалии асъор ба Ҳукумати Тоҷикистон танҳо гирифтани қарзҳои имтиёзнокро маслиҳат медод.

4. Дастгирии соҳаҳои содиркунчандам мол ва MAMOHUAMCOZUU сунъи дар воридоту мол. Дар ҳолатҳои алоҳида бо мақсади зиёд кардани содироти молу ба даст овардани асъори хориҷӣ мамлакатҳо аз ҳисоби буҷети худ қисме аз хароҷотҳои соҳаҳои содиркунандаи молро мепӯшонанд. Ин имкон медиҳад, ки содиркунандагон нархи моли худро дар хориҷи кишвар поён бурда, аз фурӯши он фоида гиранд ва ба кишвар асъори хориҷиро ворид созанд.

Дар навбати худ барои кам ворид кардани маҳсулот ба кишвар ва ҳавасмандгардонии истеҳсолоти дохилӣ ҳукумат метавонад аз баъзе чорабиниҳои маҳдудкунанда ба монанди ҷорӣ кардани боҷи гумрукии баланд (пошлина) ва маҳдуд кардани ҳаҷми воридот (квота) истифода барад. Бояд дар назар дошт, ки чунин чорабинӣ хусусияти мувақкатӣ дорад, зеро кишварҳои дигар низ метавонанд нисбат ба молҳои аз кишвари мо содиршаванда маҳдудиятҳо муайян кунанд.

5. Танзими амалиётҳои асъорӣ. Танзими амалиёти асъорӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

  1. тағйири мизони фоизи бонки марказӣ вобаста ба зарурати вориди сармоя ё маҳдудияти он; 2) хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби бонки марказӣ дар бозори асъории дохилӣ; 3) тағйир додани таркиби (диверсификатсия) захираҳои асъорӣ;^ 4) муайян кардани режими қурби пули миллӣ дар бозори дохилӣ; 5) девалватсия ё ревалватсияи қурби пули миллӣ. , Захираҳои асъории давлат аз ҳисоби асъорҳои хориҷии озодтабдилшаванда ташкил карда мешаванд. Бонки марказиро зарур аст, ки вобаста ба дигар шудани қурби онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ҳиссаи асъорҳои алоҳидаро каму зиёд кунад. Масалан, агар захираҳои асъории кишвар аз доллари амрикоӣ (50 фоиз), фуит-стерлинг (15 фоиз), евро (25 фоиз) ва исн (10 фоиз) иборат бошад, дар ҳолати поёи рафтани қурби доллару боло рафтани қурби евро бонки марказӣ метавонад қисме аз захираҳои доллариро ба свро табдил диҳад.

Мақсади танзими амалиётҳои асъорӣ таъмини устувории қурби пули миллӣ мебошад. Давлат бояд имкон надиҳад, ки қурби асъор бо роҳи сунъӣ боло равад, зеро он бар зарари резидентҳо мебошад.

Бояд дар назар дошт, ки истифодаи ҳар ғуна маҳдудият дар амалиётҳои асъорӣ боиси аз ҷониби кишварҳои дигар ворид кардани чунин маҳдудиятҳо нисбат ба кишвари мо мегардад. Аз ин рӯ, чунин чорабиниҳо бояд муваққатӣ бошанд.

Ҳамин тариқ, давлат метавонад роҳҳои гуногуни пӯшонидани касри тавозуни пардохтро вобаста ба вазъи иқтисодии кишвар, муносибатҳои асъории он бо кишварҳои дигар, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, зарурати ҳимояи бозори дохилӣ ва ғайра истифода барад.

пешина
аз 29
навбатӣ