Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Замимаҳо

ЗАМИМАҲО

Замимаи 1: НАБАҲРАСОЗОНИ ҚОНУНИИ ДАВЛАТӢ

Дар асрҳои миёна қариб ҳамаи кишварҳои аврупоӣ кам кардани вазни пулро ҳамчун воситаи гирифтани даромади иловагӣ истифода мебурданд. Аз ин рӯ, вазни тангаҳои дар муомилоти ин кишварҳо буда пайваста кам шуда, қурби онҳо поён мерафт. Масалан, дар асри XIII пули миллии Фаронса — ливри турноӣ (Livre tournois) аз 98 гр нуқраи холис иборат буд. Дар асри XVIII ба ҳадде расид, ки он ҳамагӣ 11 гр вазн дошту халос.

Мисоли дигар динори испанӣ аст. Сараввал, дар асри VIII динор аз 4,225 гр тиллои холис иборат буд. Мусулмонони испанӣ бо ростқавлию поквиҷдонии худ дар ташкили савдою муомилоти пулӣ ном бароварда буданд, ки шаҳодати он устувории қурби пули миллиашон буд. Дар миёнаи асри XII вазни динор 4 гр тиллои холисро ташкил медод, яъне он каме тағйир ёфта буду халос. Вале баъди аз ҷониби шоҳҳои христианӣ забт шудани Испания (охири асри XII) вазни динор, ки акнун «мараведи» ном گرفته буд, яку якбора то ба 0,91 гр кам шуд. Асре нагузашта тангаҳои тиллоӣ то ба дараҷае хурду сабук шуданд, ки ҳукумат маҷбур шуд онҳоро ба тангаҳои нуқрагин, ки 1,69 гр вазн доштанд, иваз намояд. Дар асри XV мараведиро аз муомилот гирифтанд, зеро он ҳамагӣ 0,0975 гр вазн дошта, аз сабаби хурдию сабукиаш дигар ба муомилот хизмат карда наметавонист.

Murray N. Rothbard, What Has Government Done to Our Money? ~ The Ludwig von Mises Institute, 1980. p. 67

Замимаи 2: ЧӢ ХЕЛ ҲАШТЯК ДОЛЛАР ШУД

Дар асри XVIII тангаҳои майдаи мустамликадорони амрикоиро доллар меномиданд. Ҳоло ин номи пули миллии 27 кишвар аст, пешсафии доллари амрикоӣ зиёда аз ним аср боз касеро ба ҳайрат намегузорад.

Калимаи «доллар» шакли вайроншудаи «талер» мебошад. Талер номи тангаи асримиёнагӣ аст, ки соли 1519 дар Олмон ба муомилот бароварда шуда буд. Дар мамлакатҳои гуногун онро ба таври худ — daler, dalar, daaler, talero талаффуз мекарданд. Соли 1873 дар Олмон талер аз муомилот гирифта шуда, ба ҷойи он марка ворид шуд, вале талер фаромӯш нашуд.

Ин ном дар кишварҳои ба тозагӣ кашфшуда бори дуюм истифода гардид. Дар мавзеъҳои аз ҷониби бритониёиҳо ва испаниҳо кашфшуда тангаҳои испанӣ «песо» истифода мешуданд, ки қисми зиёди муҳоҷирон аз рӯи одат онҳоро доллар меномиданд. Пайдоиши аломати ба ҳама шиноси $ низ ба ҳамин вобаста аст. Мафҳуми дарози англисии piece of eight (ҳаштяк — аз ҳашт як ҳиссааш), ки муҳоҷирон ба таври дигар «песо»-ро меномиданд, дар навишт ҳашти хатзада буд. Он баъдан шакли $-ро гирифт.

Соли 1786 ҳангоми ба муомилот ворид кардани пули миллии ИМА ҳукуматдорон қарор доданд, ки одати мавҷударо ба инобат гирифта, ба он номи пешинаро диҳанд.

Соли 1792 як доллар ба 1,6033 гр тилло ва 24,057 гр нуқраи холис баробар буд. Баъди 80 сол (соли 1873) доллари тиллоӣ воҳиди расмии пул эълон шуда, соли 1900 мувофиқи талаби қонун оид ба стандарти тиллоӣ як доллар ба 1,50463 гр тиллои холис баробар карда шуд.

Ин тартиб тахминан 30 сол — то бӯҳрони солҳои 1929–1933 вуҷуд дошт. Баъдан ҳукумат аз ӯҳдаи нигоҳдории баробарии дар боло қайдшуда набаромада, соли 1933 аз стандарти тиллоӣ даст кашид. Девалватсияи васеи доллар гузаронида шуд. Мувофиқи қарордод дар бораи захираҳои тиллоӣ, вазни тиллоии доллар то ба 0,88867 гр ё 42 фоиз кам карда шуд. Аз ин баъд унсияи тиллоӣ ба 35 доллар иваз мешуд.

Аз муаллиф: Дар бозорҳои ҷаҳонии савдои тилло унсия воҳиди ченкуниест, ки ба 31,1035 гр тилло баробар аст.

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ИМА ба кишвари абарқудрат мубаддал гашт. Мувофиқи нақшаи Маршалл ба Аврупои харобгашта пулҳои зиёди амрикоӣ ворид карда шуд, ки истифодаи долларро ҳамчун асъори асосии захиравии кишварҳои ғарбӣ таъмин намуд. Иқтисодиёти дар натиҷаи ҷанг харобгаштаи мамлакатҳои аврупоӣ наметавонист ба экспансияи асъории ИМА муқобилият кунад. Ҳиссаи доллар дар ҷамъи захираҳои асъорию тиллоии бонкҳои марказӣ торафт зиёд мешуд, зеро дар он вақт ҳамеша имкони ба тилло иваз намудани асъори амрикоӣ (бо қурби қонунан муайяншуда) мавҷуд буд.

Аз муаллиф: Ҷорҷ Маршалл вазири корҳои хориҷии ИМА дар он давра буд.

Вале нимаи дуюми солҳои 1960-ум эътибори доллар ҳамчун асъори қурбаш устувор коста шуд. Беқурбшавӣ (девалватсия)-и навбатии доллар боиси болоравии таваррум ва дефитсити тавозуни пардохти ИМА гардид. Охири соли 1971 ба ивази унсияи тиллоӣ аллакай 38 доллар медоданд, вазни тиллоии доллар бошад, то 0,818513 гр ё қариб 8 фоиз кам карда шуд. Баъди чанде (камтар аз як сол) ивази доллар ба тилло қатъ гардид. Аз ин баъд беқурбшавии доллар боз ҳам вусъат ёфт. Соли 1973 қурби доллар боз 10 фоиз кам карда шуд. Нархи унсияи тиллоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ то ба 150 доллар расид.

Имрӯз (соли 2007) барои як унсияи тиллоӣ 725 доллар медиҳанд, яъне дар 100 сол қурби доллар даҳ маротиба поён рафт.

Вале то лаҳзаи қатъи ивази доллар ба тилло он аллакай ба боварии мардуми ҷаҳон даромада, дар бисёр мамлакатҳои дунё ҳамчун асъори дуюми ғайрирасмӣ эътибор пайдо карда буд. Солҳои охир қисме аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ онро ҳамчун асъори асосӣ қабул карданд.

Илова ба асъори амрикоӣ 26 мамлакати дигар низ, аз он ҷумла Канада, Австралия, Зеландияи Нав ба асъорашон номи «доллар»-ро додаанд. Қисми зиёди мамлакатҳое, ки ҳоло ба гурӯҳи долларӣ дохил мешаванд, баъди озод шудан аз мустамликаи Бритониёи Кабир барои асъорашон номи долларро интихоб кардаанд. Масалан, баробари аз мустамликаи Бритониёи Кабир озод шудан (соли 1857) доллари канадагӣ воҳиди расмии асъори Канада эълон шуд. Ҳоло ҳам дар қисме аз бонкнотаҳои канадагӣ акси шоҳи Бритониёи Кабир — Елизабетаи II ҷой дода шудааст. Чӣ хеле ки маълум аст, Австралияю Зеландияи Нав низ мустамликаҳои собиқи Бритониёи Кабир буданд.

Доллари сингапурӣ яке аз дастовардҳои охирини гурӯҳи долларӣ мебошад. Пулҳои сингапурии соли 1967 ба муомилот воридшуда бо акси гулҳо, паррандаҳою киштиҳо бисёр зебоанд. Аммо бонкнотаҳои ҳозираи амрикоӣ шакли дилбазананда доранд. Шакли пулҳо аз аввали аср бетағйир мондааст: рангҳои асосӣ «хира» дар рӯи пул ва «сабз» дар пушти он мебошанд. Ҳамаи пулҳо ҳаҷми якхела (157х66 мм) дошта, бо акси президентҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Шӯҳрати оммавӣ ва осонии сохтани доллар боиси он гардид, ки миқдори долларҳои қалбакӣ хеле зиёд шуд. Дар баробари ин, то вақтҳои охир доллар яке аз асъорҳои аз ҳама беҳимояттарин буд. Чопи долларҳои нав (соли 1996) вазъиятро бисёр тағйир надод, зеро рамзҳои нави ҳимоявӣ барои набаҳрасозон монеаи ҷиддӣ нашуданд.

Алексей Байбаков, Рӯзномаи «Коммерсант» № 13 аз 04.04.2001.

Замимаи 3

John Carvel, social affairs editor

Monday, January 27, 2003, The Guardian, United Kingdom

АЗ ДИДАНИ РӮЙНАВИШТИ СУРАТҲИСОБАТОН ДАР ҲАРОСЕД? ШУМО ТАНҲО НЕСТЕД

Агар ҳангоми гирифтани рӯйнавишти суратҳисоби бонкиатон шумо худро бемор ҳис кунед ва ё ҳангоми ба почтаатон омадани талабномаи пулгирӣ саратон чарх занад, донед, ки на танҳо шумо аз ин дар азобед.

Тадқиқотгарони Донишгоҳи Кембриҷ (University of Cambridge) дар байни ҳазор нафар пурсиш гузаронида, дар панҷяки онҳо нишонаҳои психологию ҷисмониеро ошкор намуданд, ки аз мавҷудияти ваҳми молиявӣ (financial phobia) шаҳодат медиҳад.

Ҳангоми бо пул муносибат кардан дили қариб нисфи ваҳмзадагон ба тапиши сахт шурӯъ мекунад, 15 фоизи онҳо мондашавӣ, 12 фоизашон худро ноҳинҷор ҳис мекунанд, сари 11 фоизашон чарх мезанад.

Ҳамин тариқ, тадқиқотгарон ба хулоса омаданд, ки зиёда аз 9 миллион нафар ё 20 фоизи аҳолии Бритониёи Кабир аз ваҳми молиявӣ дар азобанд. Хусусан, ваҳмзадагон дар байни занону ҷавонон бештаранд.

Вақте ки ин одамон бо пул ва коғазҳои қиматнок сару кор мегиранд (масалан, ҳангоми тафтиши бақияи суратҳисоби бонкиашон), онҳоро ҳиссиёти беқарорӣ, ғамзадагӣ ва гунаҳгорӣ пахш мекунад. Ҳол он ки гап дар бораи камбудиҳои молиявӣ намеравад, ин танҳо назорату идоракунии пули шахсӣ асту халос.

Олимон аз кормандони соҳаҳои молиявӣ, хусусан бонкҳо, талаб мекунанд, ки натиҷаи тадқиқотро ба инобат гирифта, ҳангоми муносибат бо мизоҷон ҳалиму эҳтиёткор бошанд.

Замимаи 4: ПУЛИ ҶАҲОНӢ

То саршавии Ҷанги якуми ҷаҳон вазифаи пули ҷаҳониро фунт-стерлинги Бритониёи Кабир иҷро мекард. Аммо баробари пурқувват шудани вазъи иқтисодии Фаронса, ИМА-ю Олмон ва ба муомилоти байналмилалӣ ворид шудани асъорҳои онҳо фунт-стерлинг ин вазифаро аз даст дод. Аз соли 1918 сар карда то саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ба ин вазифа соҳиб шудан франки Фаронса, доллари ИМА ва фунт-стерлинги Бритониёи Кабир ба ҳам қувваозмоӣ карданд. Аввали солҳои 30-юм маркаи олмонӣ низ ба мусобиқа ҳамроҳ шуд, вале натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон онро тамоман беқурб кард.

Бритониёи Кабиру Фаронса аз ҷанг ғолиб баромада бошанд ҳам, вазъи иқтисодию сиёсиашон хеле вазнин буд. Аз як тараф, иқтисодиёташон хароб шуда бошад, аз тарафи дигар, онҳоро хатари ба муборизаи озодихоҳӣ бархостани мустамликаҳои бешуморашон таҳдид мекард.

ИМА аз ҷанг боз ҳам пурқувваттар шуда баромад. ИМА тавонист дар муддати кӯтоҳ флоти ҳарбӣ ва қувваҳои ҳавоии калонтаринро дар ҷаҳон ташкил кунад. То Ҷанги дуюми ҷаҳон флоти баҳрии Бритониёи Кабир ва қувваҳои ҳавоии Олмон пешсаф буданд. Илова ба ин, ИМА истеҳсоли яроқи атомиро ба роҳ монд. ИМА дар соҳаи иқтисодӣ ба маркази калонтарини қарздиҳии ҷаҳонӣ мубаддал шуд. Дере нагузашта иқтисодиёти ин кишвар зиёда аз нисфи иқтисодиёти умумиҷаҳониро ташкил дод. Ба ИМА аз чор се ҳиссаи захираҳои тиллоии бонкҳои дар ҷаҳонбуда рост меомад.

Баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон доллар дар қатори асъорҳои дигар тиллоро низ аз муомилоти ҷаҳонӣ танг карда баровард ва ба воситаи ягонаи савдои байналмилалию маблағгузорӣ мубаддал гашт.

Танҳо баъди солҳои 90-уми асри ХХ баробари доллари ИМА иенаи Япония, маркаи Олмон ва баъдан евро дар муомилоти байналмилалӣ истифода шуданд. Вазъи ногувори иқтисодиёти ИМА ва пастравии қурби доллар дар бозори ҷаҳонӣ солҳои 2002–2007 мавқеи евроро хеле мустаҳкам кард.

Замимаи 5: СИФАТИ ТИЛЛО

Дар замонҳои ниҳоят қадим одамон тиллою нуқраро намешинохтанд, бинобар ин барои дарёфташон кӯшиш ҳам намекарданд. Талабот ба ҷавоҳироти тиллоию нуқрагин вақте пайдо шуд, ки одамон ба камбағалу доро ҷудо шуданд. Ба дороён нишонаи фарқкунандае лозим буд, ки дороии онҳо ва ба табақаи дигар мансуб буданашонро нишон диҳад. Аз ин рӯ, дар давлатҳои қадимаи Мисру Бабил ва дигар манотиқи шарқию ғарбии олам ҳаҷми истеҳсоли тиллою нуқра зиёд шуд. Ҳоло ҳар як шахс, хусусан занҳо, ҷаҳд мекунанд ҷавоҳироти тиллоию нуқрагини зиёд дошта бошанд, зеро ин на танҳо воситаи зинат, инчунин роҳи ҷамъи дороӣ мебошад.

Нишондиҳандаи сифати тиллою нуқра ин тамғаи дар зевар мавҷудбуда мебошад. Дар дунё ду намуди тамғабандӣ мавҷуд аст: каратӣ ва метрикӣ.

  1. Метрикӣ: Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, тамғаи метрикӣ ҳамчун нишондиҳандаи сифати зеварҳои тиллоӣ истифода мешавад. Дар дохили тамға ададҳои 375, 500, 585, 750, 958 барои зеварҳои тиллоӣ; 800, 830, 875, 925 ва 960 барои зеварҳои нуқрагин; 950 барои тиллои сафед (платина); 900, 995, 999 барои тангаҳои тиллоии хотиравию маросимӣ истифода мешавад, ки миқдор ё фоизи филизро дар ҳамбаста (хӯла/сплав) нишон медиҳад. Масалан, тамғаи 750 маънои онро дорад, ки дар таркиби зевар 75 фоиз тилло ва боқимонда филизҳои дигаранд, ё ба таври дигар аз 1000 ҳиссаи зевари тиллоӣ 750 ҳиссааш тиллои холис аст.

  2. Каратӣ: Дар мамлакатҳои гурӯҳи дуюм (хусусан кишварҳои аврупоӣ) ҳамчун нишондиҳандаи сифати филизҳои қиматбаҳо тамғаи «каратӣ» истифода мешавад. Дар дохили он ададҳои 9, 14, 18, 22 ё 24 навишта шудааст. 1 карат ба 41,666 метрика баробар аст. Аз ин рӯ, зеварҳои тамғаи метрикии 750 ва тамғаи каратии 18 дошта сифати якхела доранд.

Азбаски тиллои холис бисёр мулоим аст, он дар саноати ҷавоҳиротсозӣ истифода намешавад. Таркиби қисми зиёди ҷавоҳирот аз се филиз — тилло, нуқра ва мис иборат аст. Ҷавоҳироте низ ҳастанд, ки дар таркиби онҳо илова ба тилло, нуқраю мис инчунин никел, руҳ (цинк), палладий ва платина мавҷуд аст. Агар ранги аслии тилло зарди баланд бошад, ранги ҷавоҳироти тиллоӣ аз ҳиссаи филизҳои номбаршуда дар таркиби он вобаста мебошад. Масалан, бо тағйир додани ҳиссаи нуқраю мис ранги ҷавоҳиротро аз зарди камранг то сурх дигар кардан мумкин аст. Аз ҷумла, барои истеҳсоли тиллои сафед ба таркиби он никел ҳамроҳ мекунанд.

Замимаи 6: ПЛАТИНА

Шаҳри мо ҳангоми вуҷуд доштани СССР-и пурҳашамат бо сабаби заводҳои ҳарбии зиёд доштанаш барои тамоми хориҷиён пӯшида буд. Дар заводи ҳамсоя марде кор мекард. Дар бораи он, ки чӣ тавр ӯ ба ин завод ба кор омадааст, нақлҳои зиёд аст. Аз ҳама маъмулаш чунин аст: ӯ боре аз кӯҳ барои харидани намак ба шаҳр мефарояд, вале пулаш камӣ мекунаду бо мақсади пулёбӣ ба кор медарояд. Бо мурури замон пурра ба шаҳр кӯчида, сокини он мешавад.

Акнун худи ҳодиса:

Ин мард бо ҳар роҳ аз завод тӯрҳои бисёри сурохиҳои майдадоштаи симинро мебарорад, то барои харгӯшҳояш хонача созад. Ҳамин тариқ, тӯрҳоро дуздида хоначаро месозад. Аз худ бисёр розӣ...

Баъди чанд рӯз ба завод гурӯҳи калони кормандони вазоратҳои амнияту корҳои дохилӣ ва ғайра меоянд. Чӣ ҳодисае рӯй додааст? Гӯё дар завод дуздии калоне шудааст, ки маблағи он даҳҳо миллион рублро (бо арзиши онвақта 13–15 млн доллари ИМА — Ш.Р.) ташкил медиҳад. Албатта, барои он мард ҳам аҷиб аст: кӣ бошад оне, ки ин қадар моликияти мардумро дуздидааст? Вале баъди чанде ӯ кӣ будани дуздро донист. Баъди ду рӯз ӯро баста ба назди харгӯшҳояш бурданд. Эҳ, агар он харгӯшҳо медонистанд, ки дар чӣ хел хонаи қиматбаҳое зистаанду зиёд шудаанд!

Тӯрҳое, ки ин мард дуздида буд, платинӣ буданд.

Аз муаллиф: Платина — филизи қиматбаҳоест, ки нархи он дар бозори ҷаҳонӣ аз нархи тилло чандин маротиба боло аст, онро тиллои сафед ҳам мегӯянд.

Замимаи 7: БАРТАРИИ ПУЛҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Камбудиҳои истифодаи бонкнотаҳою тангаҳо дар арзиши баланди истеҳсол ва аз набаҳрасозон ҳимоя кардани онҳост. Танҳо дар ИМА Бюрои истеҳсоли бонкнотаҳою тангаҳо (U.S. Bureau of Engraving and Printing) ҳар рӯз 37 млн бонкнотаҳои арзиши номиналиашон гуногунро ба маблағи 696 млн доллар аз чоп мебарорад, ки 95 фоизи он барои ивазкунии бонкнотаҳои фарсудашуда истифода мешавад.

Ҳисоб шудааст, ки новобаста аз истифодаи маводи пурқуввати ҳозиразамон бонкнотаи 1-доллара ба ҳисоби миёна 22 моҳ хизмат мекунаду халос. Бояд ба инобат гирифт, ки имрӯзҳо дар муомилоти пулии ҷаҳонӣ 540 млрд доллари ИМА истифода мешавад.

То ҳол роҳи дурусту безарари нобуд кардани бонкнотаҳои фарсудашуда мавҷуд нест. Масалан, баъди пайвастани ду Олмон тангаҳои нодаркори Ҷумҳурии Демократии Олмонро ба шахтаҳои бекормонда рехтанд. Бонкнотаҳои коғазиро сӯзонидан мумкин нест, зеро он боиси зараррасонӣ ба муҳиту фазои атроф мегардад. Онҳоро ба замин гӯр кардан низ зарарнок аст, зеро аз маводҳои сахти ҳалнашаванда сохта шудаанд, ки даҳсолаҳо дар таги замин бетағйир меистанду ба ҳосилнокии он таъсири манфӣ мерасонанд.

Илова ба ин, бонкнотаҳо, ки аз даст ба даст мегузаранд, боиси паҳншавии касалиҳо мегарданд. Хушбахтона, истифодаи пулҳои электронӣ ин камбудиҳоро аз байн мебарад.

Замимаи 8

Ин ҳодиса дар сайти интернетӣ чоп шудааст. Ҳангоми хондани он ба масъалаҳои зерин диққат диҳед: ҳамкорӣ, дӯстии одамон, дастгирии якдигар, нархнома, чек, истифодаи кортҳо, мавҷудияти қонуни алоҳида оид ба истифодаи онҳо, поквиҷдонии пешхизмат, нақши адвокат, истифодаи дониши ӯ, ноутбуку принтер дар сумкача, асоси қонунӣ пайдо кардани ҳимояи манфиати меҳмонон, роҳи ҳалли проблема, ба манфиати худ истифода кардани вазъияти пайдошуда, тақсими ҷубронпулӣ, андоз аз ҷубронпулӣ.

ГАРДИШИ ФАЛАК

Соли 2000, шаҳри Ню-Йорк. Ман бо занам дар Амрико. Моро одамони латиф, шарики кориам — Чезаре ва ҷияни ӯ Марселла ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо амрикоиҳоеанд, ки решаи итолиёвӣ дошта, ҳанӯз бобои онҳо ба ин ҷо кӯчидааст. Мо бо Чезаре ба корҳои худ машғул будем, занаму Марселла мағозаҳоро меомӯхтанд. Марселла мустақилона забони русиро меомӯхт ва бисёр хурсанд буд, ки имкон дорад забони гуфтугӯии худро сайқал диҳад.

Беҳтарин рӯзи баҳор, ман бо хоҳиши том ҳамаро ба ресторан даъват мекунам. Аз Чезаре хоҳиш кардам, ки моро ба ресторани аз ҳама беҳтарин ва дӯстдоштааш барад. Ресторани итолиёвӣ, ки Чезаре моро ба он ҷо овард, бисёр ором буд. Истеъмоли хӯрокҳои болаззату шароби беҳтарин, шунидани мусиқию нӯшидани қаҳва бо коньяк ба ман кайфияти хоса бахшид. Ҳангоми суҳбат бо дӯстон ман аз пешхизмат хоҳиш кардам, ки ҳисобӣ кунад. Хушҳолиам ҳадду канор надошт. Духтараки пешхизмат нархномаро овард.

Баъди мутолиаи он ман корти бонкиамро бароварда ба ӯ додам. Баъди чанд дақиқа пешхизмат чекро овард, ки ман ба он имзо гузошта, боз ба хаёлҳои ширин фурӯ рафтам.

Духтарак рафт, вале тез баргашта бо чеҳраи ногувор аз ман ҳуҷҷат пурсид. Чунин ҳол дар Амрико бисёр кам вомехӯрад, ман ҳайрон шуда бошам ҳам, инро нишон надода, ба ӯ шиносномаи хориҷиамро додам. Пешхизмат рафт.

Акнун ӯ аз пештара дида тезтар баргашт, вале танҳо не, бо ҳамроҳии муҳофизаткунанда ва дарҳол ба айбдоркунии ман шурӯъ намуд. Ӯ маро барои кӯшиши истифодаи корти қарзии шахси дигар айбдор мекард. Дар Амрико истифодаи корти бонкии шахси дигар ҷинояти вазнин ҳисобида шуда, барои он муҳлати дарози ҳабс муайян шудааст.

Духтараки пешхизмати бисёр латиф дар чанд лаҳза ба шахси пурғазаб мубаддал шуда буд ва кӯшишҳои ба ӯ фаҳмондани вазъияти бавуҷудомада натиҷа намедоданд. Муҳофизаткунанда бошад, аллакай бо ратсия полисро ҷеғ мезад.

Оҳиста-оҳиста ман ба вазъияти пайдошуда сарфаҳм рафта, дохили сумкачаи занамро мекобам. Аниқ! Корти бонкии ман дар сумкачаи занам буд. Ман бошам, аз ҳамёнам корти ӯро бароварда ба пешхизмат додаам. Кортҳо чун ду қатраи об ба ҳам монанд буданду дар куҷое иваз шудаанд. Танҳо имзоҳо фарқ мекарданд, фамилияҳои ману занам низ гуногунанд. Бисёр кӯшиш мекардам, ки вазъияти бавуҷудомадаро ба пешхизмат фаҳмонам, вале бенатиҷа буд.

Ногаҳон Марселла ба ман дод зад, бо забони русӣ:

«Даматро гир, аз ин баъд танҳо ман гап мезанам!». Бо ин суханҳо Марселла аз сумкачаи на чандон калони худ, ки дар ин се рӯзи бо мо гаштанаш доимо бо ӯ буд, ноутбук — компютерчаи дастиро бароварда ба чопи ҷумлае шурӯъ намуд.

Тақрибан баъди се дақиқа ӯ аз чопкунак (принтер) варақеро бароварда аз ману занам хоҳиш кард, ки онро имзо намоем. Ман каме дар ҳайрат мондам, вале Чезаре бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд, ки маънояш чунин буд: «Ба Марселла бовар кун, ӯ чӣ кор карданашро медонад». Мо ба чизе сарфаҳм нарафта коғазро имзо мекунем ва Марселла бо овози хоса эълон мекунад:

«Ман, Марселла Сентинелли, адвокати литсензиядоштаи штати Ню-Йорк, аз ин лаҳза манфиати ин ҷанобони хориҷиро ҳимоя мекунам. Ҳар коре, ки ман мекунам, бо мақсади ҳимояи манфиати онҳо ва дар асоси супориши онҳо карда мешавад!»

Оҳо, гардиши фалакро бубинед! Марселла дар ин вақт нишаста ба чопи боз як ҳуҷҷати дигар машғул мешавад. Овози пешхизмат дигар намебаромад, дар толор политсейҳо бо директори ресторан пайдо мешаванд. Ҳеҷ кас his намекунад, ки чизе гӯяд. Сардори патрули политсейҳо даҳонашро кушода чизе гуфтанӣ мешавад, вале Марселла боз эълон мекунад:

«Ман, Марселла Сентинелли, аз номи мизоҷони худ соҳибони ресторанро дар вайрон кардани қонуну қонуниятҳои зерини штати Ню-Йорк гунаҳгор меҳисобам:

  • Шумо мизоҷони маро барои истифодаи ғайриқонунии корти бегона гунаҳгор кардед;

  • Шумо имконият ندадед, ки мизоҷони ман хатои кардаашонро ислоҳ намоянд;

  • ва ғайраву ва ҳоказо.»

Ҳамагӣ Марселла ҳашт банди гунаҳгоркуниро номбар кард, ки ҷарима барои вайрон кардани онҳо на каму на зиёд, ду миллион долларро ташкил медод. Баробари аз ҷониби ӯ хондани аризаи айбдоркунӣ андоми директор дигар мешуд, «ҷоғаш пайваста поён рафта, қариб ба замин мерасид». Тақрибан баъди ду дақиқа директор дастафшонӣ намуда, бо забони итолиёвӣ чизе гуфт ва аз куҷое ду пешхизмат бо коньяки хеле қимат ва лаълии пур аз мева пайдо шуда, онҳоро ба назди мо гузоштанд. Ҳамааш аз ҳисоби ресторан!

Директор аз политсейҳо барои ин нофаҳмӣ бахшиш пурсида, онҳоро ба хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ даъват кард. Баъди он дурудароз худро сафед карда, барои камбудии кормандонаш бахшиш пурсид ва Марселларо ба кабинеташ даъват кард.

Марселла баъди 15 дақиқа баргашта бо ифтихор ба ман шартномаи сулҳро (бо директори ресторан) нишон дод. Мутобиқи ин ҳуҷҷат ресторан розӣ аст, ки ба ӯ 50 000 доллар ҷубронпулӣ диҳад. Илова ба ин, то охири умр ҳангоми истифодаи ин ресторан арзиши хӯроку нӯшокиҳои истифодакардаи Марселла 30 фоиз кам карда мешавад. Илова ба ҳамаи ин, харҷи имрӯзаро ресторан ба ӯҳдаи худ гирифтааст.

Вақти хайрухуш Марселла аз ман рақами суратҳисоби бонкиамро пурсид ва ваъда дод, ки нисфи маблағи ҷубронпулиро ба он мегузаронад. Ана ҳамин хел!

Аз ҳама аҷибаш ин, ки баъди як моҳ ба ҳисоби ман 16 814,76 доллар ворид шуд. Фарқи байни 25 000 доллари ваъдагӣ ва маблағи воридшударо андозҳои штати Ню-Йорк ташкил додаанд.

Замимаи 9

Дункан Грэм-Роу

ТЕЛЕФОНИ ДАСТӢ ҲАМЧУН ҲАМЁН, ЧИПТА ВА ШИНОСНОМА

17 декабри соли 2003 дар Ҷопон озмоиши истифодаи телефонҳои дастӣ барои пардохти арзиши молҳо, чиптаи кино ва роҳипулӣ шурӯъ шуд.

Ширкатҳои Sony ва NTT DoCoMo дар якҷоягӣ телефонҳои дастие ро ихтироъ кардаанд, ки дар дохилашон корти бонкӣ ҷой дода шудааст. Барои пардохти пул басанда аст, ки дорандаи чунин телефон онро ба мошини баҳисобгиранда наздик орад. Ҳамин тариқ, ин навоварӣ мушкилоти бо худ гардонидани чиптаҳои коғазӣ ва кортҳои бонкиро ҳал менамояд.

Озмоиш дар Ҷопон то тобистони соли 2004 давом карда, дар ин вақт ҳазорҳо кормандони 25 ширкати дар он иштироккунанда бо телефонҳои махсус пули чиптаро дода, дар майдонҳои ҳавоӣ аз қайд мегузаранд.

Бо корти бонкӣ додани пули чипта дар дохили автобусҳо ҳанӯз аз соли 1996 истифода мешавад. Фарқияти шакли нави ҳисоббаробаркунӣ аз он иборат аст, ки баъди пардохт чеки он дар хотираи телефон нигоҳ дошта мешавад.

Замимаи 10: АМАЛИ БОШУУРОНАЮ СУДМАНД

Марк Хэнсен (Mark Victor Hansen) ва Роберт Аллен (Robert G. Allen) муаллифони китоби «Миллионер дар як дақиқа: Роҳи осонтарини бойшавӣ / The One Minute Millionaire: The Enlightened Way to Wealth» ҳисоб кардаанд, ки барои миллионер шудан ҳар рӯз ба суратҳисоби бонкии худ гузоштани як доллар (дар як моҳ 30 доллар) басанда аст.

Агар бонк ба шумо 3 фоизи солона диҳад, пас барои миллионер шудан 147 сол лозим аст; агар фоизи бонк 5 фоиз бошад — 100 сол. Баъзан бонкҳо 15 фоиз ҳам медиҳанд, ки он гоҳ барои миллионер шудани шумо 40 сол басанда аст.

Соли 2003 фоизи пасандозии бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон то ба 20 фоиз баробар буд. Ҳамин сол, қонуни амнистияи пулҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаи шаҳрвандон қабул шуд. Мувофиқи он шахсони дар давоми ду моҳ маблағҳои пулии нақди худро ба бонкҳои тиҷоратӣ гузошта ва ё аз хориҷа ба суратҳисоби худ гузаронида аз ҷавобгарӣ озод буданд. Дар натиҷа, ба бонкҳои тиҷоратӣ зиёда аз 500 млн сомонӣ (мутобиқ ба 170 млн доллари ИМА) ворид шуд.

Мувофиқи ҳисобҳои муаллиф, агар шахсе дар бонк 21 000 доллар бо 20 фоизи солона пасандоз карда бошаду фоизи ҳармоҳаи он ба болояш зам шавад, баъди 10 сол бе гузоштани маблағи иловагӣ соҳиби 1 097 664 доллар ё ба таври дигар миллионер мегардад.

Замимаи 11

Таъсиррасонии ҳукумат метавонад манфӣ ва ё мусбӣ бошад. Масалан, ситонидани ҷаримаҳо ва бо ин восита таъмин кардани иҷрои қоидаҳои умумиҷамъиятӣ яке аз вазифаҳои сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ мебошад. Дар кишварҳои алоҳида тартиби гуногуни ҷаримаситонӣ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон ҳаҷми ҷарима ба маблағи чандкаратаи музди меҳнати минималӣ баробар карда мешавад. Дар қисме аз мамлакатҳо он аз даромади солонаи гунаҳгор вобаста аст. Барои мисол:

ҶАРИМАИ 170 ҲАЗОР ЕВРО

Юсси Салонойяи 27-сола, ки фарзанди соҳиби яке аз ширкатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи маҳсулоти ҳасибӣ дар Финляндия мебошад, қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кард. Ӯ дар дохили шаҳр ба ҷойи 40 км/с бо суръати 80 км/с мошин ронда, ба ақидаи нозирони роҳ хатари ба садама дучор шуданро ба миён овард. Полисияи шаҳри Хелсинки барои ин гуноҳ аз ӯ ҷарима ситонид.

Азбаски соли 2002 даромадҳои солонаи Юсси тақрибан 10 млн евро буданд, маблағи ҷарима 170 ҳазор евроро ташкил дод.

Замимаи 12: The Value of Money (Арзиши пул)

"So you see money isn't everything. And it often causes pain and suffering. I tell you this, because I am your Friend, and as your Friend I want to take away your pain and suffering! So send me all your money and I will suffer for you! Cash only please."

Тавре ки мебинед, пул мӯъҷиза нест. Он дар аксари ҳолатҳо боиси дарду азоб аст. Ман инро ба Шумо барои он мегӯям, ки дӯстатон ҳастам ва ҳамчун дӯст мехоҳам дарду азобро аз Шумо дур кунам. Аз ин рӯ, ҳамаи пулҳои худро ба ман фиристед, ман ба ҷойи Шумо азоб мекашам. Пули нақд диҳед, беҳтар аст.

Замимаи 13

Дар ҷаҳони имрӯза қариб ҳама чиз арзиши пулӣ дошта, хариду фурӯш мешавад. Чизҳои мавҷуднабуда низ метавонанд ҳамчун мол баромад кунанд. Масалан, ҳуқуқи истифодаи замин, ҳаво, партови газҳои заҳролуд ба фазо ва ғайра. Дар кишварҳои пешрафта ҳатто ҳуқуқи бо одамони номдор нону чой (ноҳорӣ) хӯрдан низ ба савдо гузошта мешавад.

пешина
аз 29
навбатӣ