Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Замимаҳо — идома 2

АРЗИШИ НАҲОРӢ БО БАФФЕТ ЧОРЯК МИЛЛИОН

Музоядаи ғайриодии интернет-сайти «eBay». Дар он «ҳуқуқи наҳорӣ бо миллиардер Уоррен Баффет», ки дар ҷаҳон баъди ҷаноби Билл Гейтс сармоядори рақами ду ҳисоб мешавад, ба савдо гузошта шуд. Дар эълони рекламавии «eBay» чунин навишта шуда буд: «Ин имконияти нодирест барои суҳбат бо шахси нодир». Баффет фарди «афсонавӣ» аст. Дар музояда барои соҳиб шудан ба ҳуқуқи наҳорӣ бо ҷаноби Баффет 141 нафар бо ҳам мубориза бурданд. «Имконияти нодир» насиби шахсе шуд, ки номи аслии худро пинҳон намуда, бо лақаби Schtinyt дар музояда иштирок намуд.

250 000 доллар — ин буд арзиши «имконияти нодир».

Мувофиқи шарти музояда Schtinyt метавонад ба наҳорӣ 7 нафар дӯстонашро даъват намояд, ки қисми харҷи музоядаро ба уҳда мегиранд. Наҳорӣ бояд дар яке аз ресторанҳои Ню-Йорк дода шавад, вале дӯстдори Кока-Кола ва хӯрокҳои одӣ будани ҷаноби Баффетро ба инобат гирифта, мумкин аст он дар ягон ошхонаи хӯрокҳояш арзон баргузор гардад.

(Коммерсантъ-Деньги, № 30 аз 04.08.2003)

Замимаи 14: САВДОГАРОНИ ФАЗО

Чикаго. Дар ИМА музоядаи аввалини Биржаи муҳити шаҳри Чикаго баргузор гардид. Дар он квотаҳои партови гази карбонат ба фазо ба фурӯш монда шуданд. Ширкатҳое, ки корхонаҳояшон фазоро олуда месозанд, имкон доранд аз корхонаҳои тозакор қисми квотаҳоро бихаранд.

Дар музояда ширкатҳои Ford Motor, Motorola, DuPont, American Electric Power ва мэрияи шаҳри Чикаго иштирок карданд. Ҳаҷми квотаҳои фурӯхташуда 125 ҳазор тонна гази карбонат ва нархи миёнаи тонна 0,8–1 долларро ташкил дод.

Замимаи 15: НАРХИ ШУМОРАИ ТЕЛЕФОНӢ 500 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Ширкати ҳавоии мамлакати Чин Sichuan Airlines шумораи телефонии 88-88-88-88-ро бо нархи 500 ҳазор доллар харид. Дар мамлакати Чин «ҳашт» рақами бахосият ҳисоб шуда, дар забони чинӣ калимаи «ҳашт» ба калимаи «гул-гулшукуфӣ» монанд аст.

Шумораҳои бахосият барои чиниҳо аҳамияти хосса доранд. Масалан, дар шумораҳои телефонӣ ё мошинашон доштани рақамҳои 6, 8 ва 9 барои онҳо хушбахтӣ дониста мешавад. Нуҳ нишонаи дарозумрӣ буда, рақамҳои 168 дар якҷоягӣ соҳиби онро ба комёбиҳо ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, чанд сол пеш ширкатҳои телефонӣ бо мақсади ба даст овардани даромади барзиёд фурӯши музоядавии шумораҳои бахосиятро ба роҳ монданд. Аммо кормандони Sichuan Airlines ҳамаро бовар кунониданианд, ки нархи қимати ин шумораи телефонӣ ба соҳибиқболии он дахл надошта, танҳо барои ба осонӣ дар ёди одамон мондану аз ҷониби онҳо бо хоҳиши том истифода карданаш харида шудааст.

«МАБЛАҒГУЗОРИИ МУФИД»

Соли 2002 қисме аз ширкатҳои калонтарини ИМА ба монанди Nortel, Enron, WorldCom ва ғайра касод шуданд, ки сабабаш асосан камбудиҳо дар тартиби ҳисобдории онҳо буд. Ҳамин вақт дар рӯзномаҳо чунин қиссаи шӯхиомезе аз чоп баромад:

«Агар Шумо як сол пеш 1000 доллари худро барои хариди саҳмияҳои ширкати Nortel сарф карда бошед, имрӯз аз фурӯши онҳо 49 доллар гирифта метавонеду халос. Агар 1000 долларатонро барои хариди саҳмияҳои ширкатҳои Enron ё WorldCom сарф карда бошед, нархи имрӯзаи онҳо мутаносибан 16,5 ва 5 долларро ташкил медиҳад. Вале агар Шумо 1000 доллари худро барои хариди пивои Budweiser сарф карда бошед, пас имрӯз даромади Шумо фақат аз фурӯши шишаҳои он 214 долларро ташкил медиҳад».

Замимаи 17

Бо мақсади таъмини иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет ҳукумати кишварҳои пешрафта маблағи андозро ба намуди даромад вобаста мекунанд. Агар андоз аз даромади шаҳрвандон 15–25 фоизро ташкил диҳад, андоз аз бурд метавонад то 70 фоиз бошад.

Масалан, шаҳрванди ИМА Эндрю Уайттакер 25 декабри соли 2002 дар бозии лотерея соҳиби бурди калон шуд. Маблағи бурд 314 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, вале баъди гирифтани андоз ба ҷаноби Эндрю Уайттакер 112 млн доллар боқӣ монду халос.

ЧОПИ ПУЛИ НАҚД

Мутобиқи маълумотҳои Раёсати хазинадории ИМА (US Treasury Department) аз соли 1929 то соли 2001 ба муомилот банкнотаҳои долларии номиналҳои гуногун ба маблағи 567 млрд доллар бароварда шудааст. Аз он ҷумла:

  • Банкнотаҳои якдоллара — тақрибан ба маблағи 7,5 млрд доллар,

  • Дудоллара — ба маблағи 1,25 млрд доллар,

  • Панҷдоллара — 8,5 млрд доллар,

  • Даҳдоллара — 13,8 млрд доллар,

  • Бистдоллара — 94 млрд доллар,

  • Панҷоҳдоллара — 53,5 млрд доллар,

  • Саддоллара — 387,5 млрд доллар.

Илова ба ин, банкнотаҳои номиналашон 500-доллара, 1000-доллара, 5000-доллара ва 10000-доллара نیز бароварда шудааст.

Дар ҳамин давра, тангаҳои арзишашон гуногун ба маблағи 32 млрд доллар истеҳсол шудааст. Мувофиқи ҳисобҳои гуногун тахминан аз 30 то 40 фоизи долларҳои нақдии дар муомилотбуда берун аз ҳудуди ИМА чарх мезананд.

Дар ИМА пулҳои нақд батадриҷ вазифаи таърихии худ — воситаи пардохти умумиро гум карда, ҷои аввалро ба «пулҳои электронӣ» медиҳанд. Мувофиқи тадқиқоте, ки ширкати AVA/Dov Consulting гузаронидааст, дар ИМА соли 2001 танҳо 33 фоизи харидҳо ба воситаи пули нақд анҷом ёфтааст (ҳол он ки ин адад соли 1999 39 фоизро ташкил медод). 22 фоизи амалиёти хариду фурӯш (соли 1999) бо ёрии кортҳои қарзӣ ва 18 фоизи онҳо бо истифодаи чекҳо анҷом дода шудаанд. 15 фоизи харид ба кортҳои дебетӣ рост меояд (гарчанде соли 1999 он ба 1 фоиз баробар буд).

Замимаи 19: ЭМИССИЯИ ПУЛҲОИ НАҚД

Эмиссияи пулҳои нақд монополияи давлат аст, аз ин рӯ, ҳукумат ё бонки марказӣ метавонад онҳоро ба миқдори барояш зарурӣ барорад. Масалан, асъори амрикоии имрӯз дар муомилотбуда танҳо 4–5 фоиз бо захираҳои тиллоию асъорӣ таъмин асту халос. Захираҳои тиллоӣ ва асъорию молӣ дар якҷоягӣ 20–25 фоизи долларҳои дар муомилотбударо таъмин менамоянд. Азбаски зиёда аз 60 фоизи ин маблағҳо берун аз ИМА давр мезананд, онҳо ба муомилоти пулии дохилӣ таҳдид намекунанд.

Новобаста ба таъмини ками доллар бо захираҳои асъорию тиллоӣ, қурби он нисбатан устувор буда, воситаи асосии муомилот дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Баъди шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ доллар бо суръати баланд ба муомилоти пулии ҷумҳуриҳои тозаистиқлол, аз он ҷумла Тоҷикистон, ворид шуд. Мувофиқи маълумотҳо (соли 2003) дар муомилоти пулии Русия зиёда аз 40 млрд доллар истифода мешуд. Ҳаҷми долларҳои дар муомилоти пулии Тоҷикистон буда на кам аз 50 млн доллар аст.

Замимаи 20: НОМА «БА ДЕҲАИ БАФФЕТ»

Номаи дар ҳақиқат вуҷуддошта ба почтаи сайти www.fundmanager.bir.ru фиристода шуда буд. Дар асл он ба номи Уоррен Баффет (яке аз сармоягузорони номдори амрикоӣ, ки бо сарвати 30,6 млрд-долларааш дар рӯйхати доротарин одамони дунё баъди ҷаноби Гейтс ҷойи дуюмро ишғол мекунад) навишта шуда буд:

Ба Уоррен Баффети муҳтараму номдор ва бузургу хосса!

Ассалому алайкум, ҷаноби Уоррен Баффет. Ман ба Шумо бори дуюм нома менависам, зеро ба номаи аввалаам ҷавоб нагирифтам. Баъди фиристодани нома шабҳо хоб надорам, дар фикри онам, ки нома ба Шумо расида бошад ё на.

Номи ман Олег, 19-сола. Дар Донишкадаи авиатсионии Маскав таҳсил дорам, муҳандис шуданиам. Ба компютер шавқу завқ дорам, ба варзиш низ машғулам. Бо духтараке вомехӯрам, ки бисёр дӯсташ медорам.

Ман аз Шумо бисёр хоҳиш мекунам. Магар Шумо наметавонед, ки ба номи ман суратҳисоби бонкӣ кушоед, албатта, бо хоҳиши худатон? Ман худ инро карда наметавонам, зеро пул надорам. Ба он суратҳисоб 12 млн долларро пасандоз кунед. 12 фоизи даромади солонаашро баробар тақсим мекунем. Баъдан Шумо пули худро (ҷамъи 6 фоиз) баргашта мегиред. Ба ман бошад, ҳамагӣ 6 фоизи даромади солона мемонад. Ё ба ман 1,2 млн доллари ИМА туҳфа кунед, хоҳиш мекунам. Ман онро дар бонк гузошта, аз ҳисоби даромади солонааш тамоми умр зиндагӣ мекунам.

Ман ба пул бисёр эҳтиёҷ дорам. Бе ёрдами Шумо ба мақсадам расида наметавонам.

Ман хуб дарк мекунам, ки ин маблағ барои Шумо ночиз аст, вале барои ман сарвати калон. Он барои ману фарзандони ман кифоят мекунад. Ба Шумо ваъда медиҳам, ки ин пулҳоро барои корҳои ношоям сарф нахоҳам кард. Кори муайянеро пеша карда, аз ҳисоби фоидаам ба камбизоатон ёрӣ мерасонам.

Хоҳиш мекунам ба ман ҷавобашро нависед. Онро бесаброна интизорам. Ман ба Шумо маълумотҳои шиносномаамро мефиристам, албатта, агар шумо розӣ шавед, ки ба ман ёрӣ диҳед.

Шуморо ба муносибати Соли нав табрик менамоям. Ба Шумо омади кор, хушбахтӣ, саломатӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Бо эҳтиром, Олег. **Илова: Ман хуб мефаҳмам, ки номаҳои ба номатон омадаро кормандонатон мутолиа мекунанд, бинобар ин, бисёр мехостам, ки онҳо ба хоҳиши ман диққат дода, онро ба шумо расонанд.

Аз муаллиф: Донишҷӯи муҳтарам, ба фикри шумо Олег дар тартиби кушодани суратҳисоби бонкӣ, ҳисоби даромади солона, муҳлати гирифтани «қарз» ва тартиби навишти нома ба кадом камбудиҳо роҳ додааст?

Замимаи 21

Ҳангоми сафирӣ дар Шоҳигарии Белгия идораи воситаҳои пулии сафорат низ ба уҳдаам буд. Дар аввал барои гузаронидани маблағ ба суратҳисоби ширкати дигар ё додани музди меҳнати кормандон ман ба бонк рафта, ба корманди он оид ба гузаронидани маблағи муайян супориши даҳонӣ медодам. Корманди бонк аз рӯи гуфтаҳои ман дар компютер супоришномаи пулдиҳиро пур карда, аз чоп мебаровард, ки аз ҷониби ман ба имзо расида, барои иҷроиш ба корманди бонк баргардонида мешуд.

Бонк рӯзи дигар рӯйнавишти суратҳисоби сафоратро мефиристод, ки дар он иҷрои амалиёт ва маблағи пули боқимонда нишон дода шудааст.

Ин шакли ҳисоббаробаркунӣ нисбатан пешрафта аст, вале он ҳам аз камбудиҳо холӣ нест, зеро:

  1. Сафорат ба бонк барои пур кардани супоришнома аз ҷониби корманди он ҳақ медод;

  2. Барои иҷрои амалиёти бонкӣ вақти зиёд сарф мешуд.

Аз ин рӯ, мо дар ҷустуҷӯйи тартиби пешрафтаи ташкили ҳисоббаробаркунӣ бо супоришномаи пулдиҳӣ будем, ки он баъдан ёфт шуд. Номаш ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ буда, оид ба он баъдан маълумот дода мешавад.

Замимаи 22

Солҳои 2001–2006 аз сабаби камии буҷети Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва набудани воҳиди алоҳида, илова ба мансаби сафирӣ вазифаи ҳисобдор (бухгалтер)-и сафорат низ ба уҳдаам буд. Аз ин рӯ, бо бонк ва истифодаи шаклҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ муносибати бевосита доштам. Қисми зиёди ҳисоббаробаркуниҳои сафорату мизоҷон бо истифодаи талабнома-супоришномаи пулдиҳӣ анҷом меёфт.

Тартиби амали ин намуди ҳисоббаробаркунӣ чунин аст. Байни сафорат ва мизоҷ (масалан, ширкати «Electrabel») оид ба таъмини сафорат ба барқ шартнома имзо шуда буд. Мувофиқи талаби шартнома сафорат аввали ҳар моҳ бояд пули барқи дар моҳи гузашта истифодакардаашро диҳад. Барои ин ширкати «Electrabel» дар қатори ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи истифодаи барқ, инчунин талабнома-супоришномаи пулдиҳиро мефиристод, ки дар онҳо миқдори барқи истифодашуда ва нархи умумии он, ном, суроға, шумораи суратҳисоби ширкат ва ному суроғаи сафорат навишта шуда буд.

ЗАМИНИ ТАҒИ МИКРОСКОП

Қитъаи хурдакаки замин дар қисми ҷанубу ғарбии штати Индианаи ИМА қариб буд, ки қиматтарин моликияти дунё гардад.

Ҳукуматдорони округи ҷанубу ғарбии штати Индианаи ИМА ҷаҳд доранд замини хурдакакеро (0,09 м2) бо нархи 1500 доллар фурӯшанд. Вале касе хоҳиши харидани ин замини ба маркаи почта баробарро надорад. Аз рӯйи маълумотҳои аудиторон пештар ин замин қисми замини калонтаре (майдонаш 1,15 акр — зиёдтар аз 6 ҳазор м2) будааст.

Ҳукуматдорон фикр доранд, ки ин замин соли 1960 бо мақсади пайдо кардани ҳуқуқи истифодаи кӯли дар назди он буда харида шудааст. Мутобиқ ба қонуни округ аз кӯл танҳо онҳое истифода карда метавонистанд, ки дар соҳили он замин дошта бошанд. Чанд рӯз пеш Якумин бонки миллии Амрико (First National Bank of America) моликияти қарздореро, ки ин замин низ аз они ӯ буд, ба савдо монд.

Мувофиқи қоидаи биржа нархи минималии моликияти ба савдо гузошташаванда 1,5 ҳазор доллар аст, бинобар ин замини хурдакак ба ҳамин нарх ба савдо гузошта шуд. Прокурори округ эълон кард, ки ҷаҳд дорад ҳар чӣ тезтар аз ин замин ва ҷавобгарии фурӯши он халос шавад. Мумкин аст онро ба ягон ташкилоти хайрия туҳфа кунанд.

Замимаи 24: СОҲИБКОРИ «МОҲИР» ВА БОНКҲОИ ФИРЕБХӮРДА

Соҳибкор Энтони (Тино) Де Анжелис бо шарофати фиребгариҳояш лақаби «Шоҳи амрикоии равғани зайтун»-ро соҳиб шуд. Ӯ дорои ширкати калонтарине буд, ки Амрикоро бо равғани растанӣ таъмин мекард. Де Анжелис баъди он ки корҳояш каме омад накард, барои пешбурди фаъолияташ аз бонкҳою ширкатҳои сармоягузорӣ 175 млн доллар қарз гирифт. Бонку ширкатҳо ҳамчун гарави қарз миллионҳо литр равғани растание қабул карда буданд, ки дар асл вуҷуд надошт.

Де Анжелис дониши мактабии физикаро истифода карда буд. Дар анбори худ ӯ ба кормандони бонк систернаҳои калони «пур аз равғанро» нишон медод. Дар асл бошад, систернаҳо пур аз об буда, фақат қисми болои онҳоро равған мепӯшониду халос. Баъди он ки ин фиребгарӣ соли 1968 ошкор гардид, илова ба зарари бонку ширкатҳои қарздода, ду ширкати молиявие, ки саҳмияҳои корхонаи Де Анжелисро харида буданд, касод шуданд.

Дар ҳамин давра соҳибкори дигари амрикоӣ Билли Эстес низ бо роҳи ба гарав гузоштани мошину лавозимоти кишоварзӣ, ки дар асл вуҷуд надоштанд, қарзи зиёд гирифт. Фиребгарии ин соҳибкор одӣ буд: ӯ ба қарздиҳандагон ҳуҷҷатҳои қалбакии сохтаашро пешниҳод мекард.

Ин ду ҳодиса иқтисоддонҳои амрикоиро водор намуд, ки тартиби тафтиши қобилияти қарздиҳии қарзгирандагонро қатъиян дигар намоянд.

Замимаи 25: АЗ ТАЪРИХИ ПУЛИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дарикҳои тиллоии Ҳахоманишиянд (асрҳои VI–V до то милод), ки дар бозёфти машҳури «Хазинаи Амударё» (ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён) ба даст омадаанд. Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост, қисмати муҳимми империяи Ҳахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналмилалии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд.

Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV ва миёнаҳои асри III то милод) рушд пайдо кард. Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона амал мекард, ки дар он тангаҳои калони нуқрагин (тетрадрахма) бо ному тасвири шоҳ сикка زده мешуд.

Шукуфоии бештари муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба давраи мавҷудияти давлати Юнону Бохтарӣ (асрҳои III–II то милод) тааллуқ дорад. Дар аҳди Кӯшониён рушди муомилоти пулӣ идома ёфт ва хусусиятҳои нави маҳаллӣ пайдо кард. Тангаҳо дар он айём аз тилло, нуқра ва мис сикка زده мешуданд. Дар қаламрави Тоҷикистони қадим бештар аз 20 хазинаи тангаҳои кӯшонӣ бозёфт гардидааст. Дар тангаҳои кӯшонӣ тасвирҳое, ки бо дини зардуштӣ робита доштанд, бартарӣ пайдо намуда буданд. Дар айни замон шоҳони кӯшонӣ сиёсати муътадили ҳамоиши мазҳабиро амалӣ намуда, дар тангаҳои худ тасвири худои ҳиндувон Шива ва ҳамчунин Буддоро ҷой дода буданд. Онҳо халқу фарҳангҳои мухталифро муттаҳид намуда буданд, ки дар шароити ҳамзистии осоишта инкишоф меёфтанд.

Дар асрҳои миёна муомилоти пулӣ дар давраи авҷи давлати мутамаркази тоҷикон — Сомониён дар асрҳои IX–X ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Дар ин давра дар бештар аз 30 шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон сиккахонаҳо амал мекарданд. Тангаҳои сомонӣ на танҳо дар ҳудуди ин давлат, балки фаротар аз қаламрави он дар муомилот қарор доштанд.

Рушди минбаъдаи муомилоти пулии Осиёи Миёна ба давраи Темуриён (асри XV) рост меояд. Хазинаҳои бузурги тангаҳои мисигии Темуриён дар Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Регар ва маҳалҳои дигар бозёфт гардидаанд.

Сикказании танга дар қаламрави Осиёи Миёна то соли 1920 идома ёфт. Барориши нахустин пулҳои коғазӣ дар қаламрави Осиёи Миёна, ки мисли сиккаҳои нуқрагӣ «танга» ном доштанд, ба солҳои охири ҳукмронии амири Бухоро Саид Олимхон рост меояд. Пулҳои коғазии арзишашон 20, 50, 100, 300, 500, 1000, 2000, 5000 ва 10000 танга ба муомилот бароварда шуда буданд.

Моҳи сентябри соли 1920 дар қаламрави аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ташкил гардид, ки барориши ҳамгуни пулҳои коғазии амириро танҳо бо фарқиятҳои ҷузъӣ давом дод; аз ҷумла дар доираи болоӣ навиштаи «Ҳукми ҳукумати мо содир шуд» ба нишонаи шӯравӣ — тасвири досу болға ва хӯшаи гандум иваз гардид.

Ташкили низоми муосири бонкӣ танҳо баъди истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид. Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, то охири соли 1993 дар ҳудуди ҷумҳурӣ пули давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар аз январи соли 1994 пули нақди Федератсияи Русия гардиш мекард. Тоҷикистон дар байни давлатҳои нави мустақил ягона кишваре боқӣ монда буд, ки дар қаламрави он то соли 1995 рубли Федератсияи Русия дар муомилот истифода мешуд. Ин вазъият як қатор мушкилоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба миён овард:

  • Қарзи давлатии ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани пули нақд барои пардохти музди кор, нафақа ва кӯмакпулиҳо бемайлон меафзуд;

  • Маблағгузории иқтисодиёт амалан қатъ гардид;

  • Бонки миллии Тоҷикистон имконияти гузаронидани сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ ва асъориро надошт.

Ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигар зарурати ҷорӣ кардани пули худиро ба миён овард. Ҳамин тариқ, бо мақсади татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ, суръатбахшӣ ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми мустақили пулии Тоҷикистон, бо ташаббуси шахсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид. Мутобиқи қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ аз 6 майи соли 1995, № 8 (324) «Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ — рубли тоҷикӣ», аз 10 майи соли 1995 пули миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубли тоҷикии намунаи соли 1994 (барориши Бонки миллии Тоҷикистон) ба муомилот бароварда шуд.

Ба муомилот баровардани пули миллӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми иқтисодӣ дошт ва падидаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие гардид, ки бо мусоидати Хазинаи Байналмилалии Асъор сурат гирифт. Ін воҳиди пулӣ дар муддати 5 соли дар муомилот қарор доштанаш дар ташкили заминаҳои истиқлолияти иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид ва барои оғози фаъолияти нави комилан миллии пулӣ шароити зарурӣ муҳайё гардонд.

Бо фароҳам омадани суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 бо муассисаи «Giesecke & Devrient» (Олмон) барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳангии имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд, шартнома баст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, № 415 аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар — «Сомонӣ» (ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст) эълон гардид. Пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазии нав расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.

Бо мақсади такмили сохтори низоми пулии кишвар, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 645 аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри соли 2001 тангаҳои филиззии барориши Бонки миллии Тоҷикистон бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Ин тангаҳо дар корхонаи сикказании шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия тайёр карда шуданд. Муқаррар гардид, ки тангаҳои филиззӣ бо пулҳои коғазии ҳамарзиш баробар гардиш хоҳанд кард.

Пули миллӣ, ки дар минтақаи гардиш эътибори кофӣ дорад, рамзи шоёни Тоҷикистони мустақил гашт ва ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти тараққикардаистодаи кишвари мо хизмат хоҳад кард. Имрӯз сомонӣ яке аз пулҳои устувор дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб мегардад, ки таваҷҷӯҳи доираҳои молиявии давлатҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намудааст.

Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд:

  • Тангаҳои арзиши 5 сомонӣ — ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

  • Тангаҳои арзиши 3 сомонӣ — ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Ин тангаҳо дар ду шакл — аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка زده шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд, дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Замимаи 26: РЕКЛАМА

Соли 1797 Наполеон Бонапарт қурби пули миллии кишварашро бо роҳи зерин боло бурд. Ӯ эълон кард, ки дар рӯйи яке аз тангаҳои 5-франка чеке ба маблағи миллион франк кандакорӣ шудааст ва ҳар касе ин тангаро ба бонк пешниҳод кунад, соҳиби як миллион франк мегардад. Бонки Фаронса то ҳол гарави додани ин маблағро ба уҳда дорад, вале касе то ба имрӯз он тангаро ба бонк пешниҳод накардааст.

пешина
аз 29
навбатӣ