Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Наход ҳамин тавр шуда бошад-а, писарам?
— Аз барои савоб, ҳамин тавр.
— Чаро ба ман барвақттар хабар надодед, ки лабу даҳони ин тирмизакро дӯхта монам! Вай ҳамин қадар маҳмадоно шудааст?
— Ҳаминро гӯед-а, бибиҷон. Ҳар қадар насиҳат кунам ҳам, ба ифоқа намеояд. Агар бемалол бошад, пагоҳ рӯзи истироҳат як сари қадам ба хонаи мо меомадеду ба ӯ камтар насиҳат медодед.

Бибиҷон розӣ шуд, Қобилҷон бо миннатдории зиёде баромада ба хонааш равона шуд.
Пагоҳии якшанбе Мунаввара аз бозор чизҳои даркорӣ харид карда омад. Қобилҷон бошад, ба универмаг рафта магнитофонеро ки ба шаҳр нахустин бор оварда шуда буд, харида бо мошин ба хона овард. Дар ин вақт Бибиҷон ҳам омада буд.

— Хуш омадед, бибиҷон, — гуфт Қобилҷон. — Ана барои Мунавварахон як магнитофон харида омадам.
Магнитофонаш чӣ, писарам?
— Эй ин чизи хеле ғалатӣ. Ҳунараш бисёр... Радиои навбаромад.
— Канӣ як монед, шунавем.
— Ҳозир, ман аввал зирбаки ошро андозам, баъд базми магнитофонро сар мекунам.
— Ҳа, хуб... Ман ҳам Мунаввараро ёд кардагӣ, модару духтар чорта дарду ҳасрат мекунем.

Қобилҷон магнитофонро аз қуттиаш бароварда, гарду чангашро тоза кард, ину он тарафашро тофта, лентаҳояшро ҷо ба ҷо гузошт, ба сими электр пайваст намуда, тахт карда монд. Сонӣ ба Бибиҷон ишорае намуда фаҳмонд, ки насиҳати худро сар кунад. Қобилҷон гӯшаки магнитофонро тофта, як-ду сурфаи сохтае карду ба

пешина
аз 144
навбатӣ