Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Гаре ҳам дорад: ба бачаҳо кина меандозад, беморонро алас мекунаду бо ҳамин танга барин ҷароҳатро табақ барин калон карда мемонад. Ба фолбину дуохонҳо ихлоси калон дошта, ягон дари надаромадааш ва ягон мазори нарафтааш нест. Чунон ки мегӯянд, қариб ҳамаи шаст соли умри ӯ бо фитнаю иғво гузашта, ҳатто «шайтон» аз васвасаи ӯ «алҳазар» гӯён гиребонашро дошта мегурезад.

«Ман ба Бибиҷон чӣ бадӣ карда бошам?» — аз дил гузаронд Қобилҷон.— Наход вай бахти духтар ва домоди худро нахоҳад? Ӯро чӣ ҳоҷат, ки духтари маҳбуби худро ба васваса андохта, айшашро талх кунад?»

Қобилҷон акнун ба хаёле афтода буд, ки инро чӣ хел исбот кунад. Вай дар болои суфа рӯболо хобида, шаби дароз олами сайёраҳоро сайр мекард ва реҷа мекашид...

Бегоҳии шанбе Қобилҷон ба назди Бибиҷон рафта, илтимоси худро арз кард:

— Бибиҷон, ман бо як муҳими хайр ба назди шумо омадам.

— Қани писарам, чӣ муҳими хайр будааст?

— Гап ҳамин, ки Мунавварахон дар вақтҳои охир хеле асабонӣ шуда, аз ҳар чиз баҳудаю бехуда меранҷад, ким-чӣ гапҳоро ба хотир оварда, ҳам худро ва ҳам маро дилтанг мекунад. Ба вай ҳеҷ гап рост намеояд. Охир, ба наздикӣ дар хонаи мо меҳмони нав пайдо мешавад. Агар вай худро ин қадар бардору зан кардан гирад, оқибат чӣ мешавад?

Бибиҷон ин суханҳоро бо каллаҷунбониву балегӯиҳо шунида, дар охир лабҳои тунуки худро ларзонда-ларзонда сухан оғоз кард:

пешина
аз 144
навбатӣ