Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Сари оташдон баромад. Бибиҷон бо Мунаввара дар хона монданд.
Аз байн тақрибан ним соат гузашт. Дар ин муддат Қобилҷон биринҷи ошро андохт ва баъд аз фурсате дамтабакро ҳам ба болои биринҷ партофт. Вай сурфакунон ба хона даромада дид, ки модару духтар ҳамоно машғули гап-гап мебошанд.
— Якдигарро хеле ёд карда будетон, ки сӯҳбататон ин қадар қаймоқ баст.
— Ҳа, писарам, — гуфт Бибиҷон, — андаке дарду ҳасрат карда ғубори дилро баровардем. Минбаъд кори шумохон ҳам табъи дил мешавад.
— Табъи дили кӣ? — пурсид шӯхимезона Қобилҷон.
— Албатта, табъи дили ҳар дуятон-дия, писарам.
— Раҳмат-е, бибиҷон хайрият шумо ҳастед, набошад мо сари калобаи худро тамоман гум карда мемонем.
Дар мобайн қадаре хомӯшӣ ба амал омад.
— Бибиҷон, ош пухт, — хомӯширо вайрон кард Қобилҷон, — агар иҷозат медодед, Мунавварахон Холҷон холаро ҷеғ занад, то ки шумо диққат нашавед. Ҳозир Қодир ҷӯраам ҳам омада мемонад.
— Хайр майлаш, ҷеғ занад. Холҷон дугонаи худам, биёяд, чорта аз гӯру қиёмат мелаққем. Мунаввара аз ҷо хест. Қобилҷон ба назди магнитофон омада лентаҳояшро гардонд ва барои шунавонидан тайёр карда монд.
Меҳмонҳо ҳам як-як ҷамъ шуданд. Мунаввара ошро кашида омад. Ҳама оши Қобилҷон пухтагиро таърифкунон бо завқи тамом хӯрданд, дастархон ғундошта шуд ва ба ҷои он чои кабуд ва шираю шарбат омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё