Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ
Мудири идора Фармонбеков котибаашро даъват карда амр дод:
— Ба Комилов як танбеҳ нависед!
— Вай бе ин ҳам 10—12 танбеҳ дорад-ку?
— Зарар надорад: дар соли нав боз аз аввал сар мекунем.
ТАЪЗИМИ ТАНБАЛХӮҶА
Танбалхӯҷа ба занаш хушомади бемаврид зада, ба ӯ гулдастае тақдим намуд. Ин ҳайрати одамонро зиёд кард.
— Барои чӣ Танбалхӯҷа шамъ барин дуқат шуда, ба занаш таъзим мекунад? — савол дод яке аз онҳо.
— Занаш аз колхоз даромади калон гирифтааст.
«МО ҚАЙМОҚУ ҶУҒРОТ МЕХӮРЕМ»
Модагови лоғаре ба мудири ферма даъво кард:
— Ин чӣ бедодӣ, ки шири маро кайф карда мехӯреду худамро намепоед?
— Тӯҳмат накун! — дӯғ зад мудири ферма, — мо шир не, қаймоқу ҷуғрот мехӯрем.
ЧОР СОЛ ПЕШ
— Ӯҳдадории соли ҷориро хондед? — пурсиданд аз раиси комитети маҳаллии иттифоқи касаба.
— Парво накарда ба девор овехтан гиред, чор сол пеш аз ин хонда будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё