Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

АҲАМИЯТИ РАВҒАН

— То равған накунӣ аз ҷой намечунбад.
— Тракторро?
— Не, гулӯи тракторчиро!

«БА МАН ЧӢ»

— Кӯпрукро кай месозед? — пурсиданд аз мудири шӯъбаи роҳсозӣ.
— Ба ман чӣ: ман мудири шӯъбаи роҳсозӣ мебошам, на шӯъбаи кӯпруксозӣ!

«БУРДАН ГИРЕД»

— Ман ҷуғроти турш пурсидаму шумо чаро шир додед? — гуфт зане ба мудири дӯкони ширфурӯшӣ.
— Бурдан гиред, — ҷавоб дод ширфурӯш. — Ин шир ду рӯз пеш ҷуғрот шуда буд.

КОРАМ ЗАРУР

— Ба автобус савор шуда равед, — маслиҳат доданд ба шахсе.
— Не, корам зарур, пиёда меравам.

СУРУДИ БАЧАГОНА

Маҳбуба аз боғчаи бачаҳо омад. Падару модараш ӯро навозиш карданд ва илтимос намуданд:
— Духтарам, якто суруд хонда деҳ!
Маҳбуба лӯхтакчаашро ба даст гирифта ба хониш сар кард:
— Бути но-о-о-занинам, маҳи ме-ехрубонам, чаро қаҳрӣ аз ман, балоят ба ҷо-о-онам?..»

пешина
аз 144
навбатӣ