Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ПАРВО НАКУНЕД

Ошнои мо Умарҷон, ки нав хонадор шуда буд, ба асбоби рӯзгор эҳтиёҷи калон дошт. Рӯзе аз рӯзҳо занаш ба дасти ӯ рӯйхати чизҳои заруриро дода хоҳиш кард, ки пеш аз зимистон ғами онҳоро хӯрда монад.
— «Хари кӯру оғили танг» гуфтагӣ барин дар хонаи хурди мо ин қадар чиз чӣ лозим? — гуфт Умарҷон.
— «Санги даркорӣ вазнинӣ надорад». Ман ба шумо ҳиною сақич, ӯсмаю сурма нафармудаам-ку! Ана худатон гӯед, ба хона ҷорӯб лозим? Лозим. Сӯзани примус, чароғ ва пилта лозим? Лозим. Чароғ набошад, дар вақти нозу нузи электр чӣ кор мекунем?
Рӯзи дигар Умарҷон сару либосро пӯшида, ба чизковӣ баромад. Аз ҳама пеш ба калонтарин магазини молҳои рӯзгор даромад. Вай рӯйхати занаш додагиро аз киса бароварда, бо гӯшаи чашм ба он нигоҳ карда, як-як пурсидан гирифт.

пешина
аз 144
навбатӣ