Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Деги чӯян доред?
— Буд. Дирӯз тамом шуд.
— Лаълии гулдор ҳаст?
— Нест.
— Чароғу пилта доред?
— Надорем.
— Мушгирак чӣ? Корди чойдорӣ, либосовезак надоред? Табақи сафолӣ, оташгирак?
Фурӯшанда аз Умарҷон бо ҳайрат пурсид:
— Шумо аз куҷо омадед?
— Аз ҳеҷ ҷо не — ман аҳли ҳамин шаҳр.
— Ин тавр бошад, хобатонро ба об гӯед!
Аз ҷавоби мағозачӣ тааҷҷуби Умарҷон зиёд шуда, вай аз ин мағоза баромад ва ба ҳамаи мағозаҳои гирду пеш сар халонда дид, вале дар ҳама ҷо ҷавоб якто буд: «Нест!» Вай гардани хор-хорон ба хона гашта омада, воқеаи имрӯзаро ба занаш ҳикоя карда дод.
— Худатон ноӯҳдабаро ҳастед, — гуфт занаш бо итоб.
Онҳо рӯзи дигар гапро ба як ҷо монда, аз пагоҳирӯзӣ мағозагардию кофтуков карданд. Ниҳоят, ба ҷонашон расида, ба шӯъбаи молҳои саноатии Вазорати савдои республика рафта арз карданд. Коркунони ин шӯъба ҳам аз саволи онон ҳайрон нашуда бо хунсардии ҷавоб доданд:
— Даъвоятон дуруст, дар мағозаҳо ҷорӯб нест. Намояндаи мо ба Ленинград рафтааст, ки аз он ҷо албатта меоварад. Сӯзани примус барои он нест, ки роҳ дур аст, охир мо онро аз Латвия ва Харьков меоварем.
— Замбаргалтакро чӣ? Сарпӯши дег ва оташгиракро аз куҷо меоваред? Мушгирак ва турбтарошро кӣ мефиристад?

пешина
аз 144
навбатӣ