Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Ба миён омад. Сабаби сар задани моҷаро ҳамин буд, ки Қобилҷон ба командировка рафтани шуд.
— Худатон ба чор тарафи дунё саёҳат карда мегардеду маро хонанишин карда мемонед!
— Мунавварахон, ман ба он ҷо барои кор меравам.
— Равед, рафтан гиред, маълум мешавад, ки шумо он ҷо ягон дилхушӣ доред...
— Азизам, чиҳо мегӯед, ба шумо чӣ шуд? Пештарҳо ин хел набудед-ку?
— Ҳа, бевафогии шумо маро ба ҳамин ҳол андохт.
Боз «пештарҳо ин хел набудед-ку» гуфта таъна ҳам мекунед, — гуфт бо овози гиряолуд Мунаввара. — Ба фикри шумо занатон вайрон шудааст-дия! Гапатонро дониста занед! Дигар шавҳарҳо ба занашон қатор-катор куртаҳои крепдешин, шифон, маҳмали гулдор, туфлиҳои куҷошинам гирифта медиҳанд, ҳар моҳ яктой костюму пальто медӯзонанд, шумо бошед, боз даҳан кушода, «чӣ камбудӣ дорӣ?» — гӯён калтак ҳам карда мемонед.
— Мунавварахон, — гуфт овозашро андак баланд карда Қобилҷон, — ин чӣ гуфтанатон? Шумо ҳам доред, зарур шавад, боз гирифта медиҳам. Биёед, ин гапҳоро монед, — каме мулоим шуд вай, — имшаб рафта балети «Дилбар»-ро бинем, гилаю ҷингилаи мондагиро гашта омада ҳал мекунем. «Заҳри одамро одам мегирад» шояд якта-нимта ёру дӯстро дида ғубори дилатон барояд.
— Дили ман дили шумо барин аз ғубор пур не.
— Уббо, хайр, биёед, оштӣ, — гуфт бо мулоимӣ Қобилҷон. Вале кор бо ин ҳам напухт.
Баъди кашмакаши имрӯза ҳайрати Қобилҷон зиёд гардида, дар ин хусус бисёр фикр мекардагӣ шуд. Вай ба дарёи хаёл ғӯта зада, фикр меронд, ки чаро Мунаввараи аз абрешими белос ҳам нафистараш акнун ин қа-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё