Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
дар шашчул шуда мондааст. Вай, ки ба ҳеҷ чиз муҳтоҷӣ намекашад, чаро ин хел хӯрдагирӣ мекунад.
Баъди ин мулоҳизаҳо Қобилҷон ба чунин хулоса омад: ё ба вай ягон кас гап ёд медиҳаду аз роҳ мебарорад ва ё умуман бетоб ва асабонӣ шудааст.
Қобилҷон ҳарчанд фикр кард, вале ҳеҷ ба такаш расида натавонист. Вай бо ҳамин хаёлу андеша ба командировка рафта, баъд аз якчанд рӯз гашта омад ва барои Мунаввара дастовези бисёре овард.
Дар ин муддат дар оила оромӣ ҳукмфармо шуда, ҳар ду мисли рӯзҳои аввали арӯсу домодӣ хушу хурсандона зиндагӣ мекарданд. Аммо аз миён муддати зиёде нагузашта, ба хона модарарӯси Қобилҷон Бибиҷон хола омада, як шаб меҳмон шуд. Онҳо обу ош карда, иззату икроми пиразанро ба ҷо оварданд. Вақто ки Бибиҷон хола ба хонаи худ рафтанӣ шуд, Қобилҷон таксӣ оварда, ӯро бо ду дасти адаб бурда монд. Ҳамин ки Қобилҷон ба хона баргашт, авзои Мунаввараро беҷо ва ҳавосашро парешон ёфт.
— Барои чӣ ин қадар ҳаял кардед? — пурсид Мунаввара бо оҳанги аз меъёр баландтар.
— Ҳаял накардаам. Бибиҷонамонро бо машина бурда мондаму дар бозгашт ба чойхона даромада камтар шоҳмотбозӣ кардам.
— Элак баҳонаю дидор ғанимат будагист-дия! Шоҳмотбозӣ нею ба пеши ягон ойимча рафта, кайфамро чоқ карда омадам гӯед!
— Ба ҳурмати виҷдонам қасам, ки ба ҷои дигаре нарафтаам, танҳо ду даст шоҳмотбозӣ кардам.
— Ҳам гуноҳ мекунеду ҳам нӯлпоккунӣ! Ҳамин хел кардан гиред, ба хонаи бибиҷонам кӯчида меравам.
— Чиҳо гуфта истодаед, Мунавварахон! Ман ба гӯшҳоям бовар намекунам. Ҳеҷ умед надоштам, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё