Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Ҳаққи ман ба чунин шубҳа роҳ медиҳед. Аз феъли бад гардед ва ҳаёти ширинро талх накунед. Дар бораи бадиҳои ман чӣ хел ҳуҷҷат ва далелҳо доред? Агар набошад, чаро маро ин қадар азоб медиҳед?
— Ҳудам медонам. Одамҳои дидагӣ гуфтанд.
— Масалан, кӣ?
— Кӣ мешуд, одамҳои ҳолдон-дия.
Фикру хаёли Қобилҷон ба кофта ёфтани «одамҳои ҳолдон» банд шуд: «Ҳамсоямон Холҷон хола бошад?— фикр мекард ӯ худ ба худ.— Не, вай ба хонаи мо омадурафти қазоӣ надорад. Ҷӯраам Миркарим? Не, вай ҳам не. Хайр, Қосимча? Не, не. Қосимча ҳазилкаш бошад ҳам, бо ин корҳо машғул намешавад, ба вай радиоприёмнику велосипед бошад, кифоя, ба дигараш коре надорад. Мумкин аст, модарарӯсам бошад? Ин андак ба ҳақиқат мувофиқтар, зеро ҳар дафъае ки ӯ омада равад, фавран авзои Мунаввара беҷо мешавад. Ҳа, воқеан, пеш аз хонадор шуданам як-ду нафар одамони наздик маро дар ин хусус огоҳ карда буданд, ки Бибиҷон хеле сергап аст. Вай гапҳои дурӯғро чунон рост барин карда мегӯяд, ки кас ҳайрон мешавад. Вай бе ӯғвою фитна гашта наметавонад. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин одат ба ҷисми ӯ бо шир даромадааст. Бибиҷон домоди калониашро ба дараҷае расонда буд, ки охир бо оилааш ба Кӯлоб кӯчида рафту аз шарри ӯ халос хӯрд.
Духтари дуюмаш Барно, ки ин одати модарашро нағз медонад, ба суханҳои Бибиҷон эътиборе намедиҳад. Эҳтимол Мунаввара аз камтаҷрибагӣ ба суханҳои ӯ лаққӣ афтода бошад»...
Бибиҷон зани миёнақади лоғаракак буда, лабҳои тунук, манаҳи борик ва бинии мисли тешачаи ҳалвогар теғадор дорад. Вай шабу рӯз беист гап занад ҳам, баданаш таб намебарорад. Ғайр аз сергапӣ ҳунарҳои ди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё