Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

анд. Онҳо бо ҳамдигар самимона сӯҳбат ва муколама мекунанд.

Дар вагони дигар шоирон ва нависандагони маъруфи имрӯзаи тоҷик Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон асарҳои мумтози худро ба бағал маҳкам ҷо кардаанд. Онҳо аз вагон сар бароварда, аз бузургони адабиёт чашм намекананд ва онҳоро ба якдигар бо имою ишора нишон медиҳанд ва фаҳмонданӣ мешаванд, ки аз ин устодони хирад ва маонӣ дарси ибрат гиранд.

Дар ин лаҳза дар саҳни вокзал шоиру нависандагон ва санъаткорони бисёре ҷамъ меоянд. Як-ду нафар ҷавонони ширмаст, ки даъвои бузургӣ доранд, ҳавобаландона дӯғ мезананд:

— Ҳамин ҷо ҳам ошнобозӣ! Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем? Мо ҳам шоир ва адиби маъруф ҳастем!

— «Осиё бо навбаташ» гуфтаанд, — баланд мешавад овози кондуктор. — Ба ҳама ҷой мерасад. Сабру тоқат лозим.

Шайх Саъдӣ, ки аз тирезаи вагон сар бароварда, ин ҳолатро медид, сар ҷунбонида, ҷавононро сарзаниш мекунад:

Фурӯтан бувад ҳушманди гузин Ниҳод шохи пурмева сар бар замин!

Ду ҷавони савлатнок, ки паҳлӯ ба паҳлӯ истода, портфели бадвоҳимаи худро дар болои сари мардум ҷилва медоданд, ба як оҳанг ҷавоб мегардонанд:

— Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯстар доранд Ҷавонони саодатманд панди пири доноро!

пешина
аз 144
навбатӣ