Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Мумкин аст, аз таъсири ин байти обдор бошад, ки он ду ҷавон аз ҳаё сурх шуда, дар байни издиҳом пинҳон гардиданд.
Аз як сӯ қаҳрамонони асари Раҳим Ҷалил — Пӯлод ва Гулрӯ даст ба даст дода, ба вагон наздик мешаванд, аз дигар сӯ қаҳрамони асари Шекспир шоҳ Лир бо духтари вафодори худ бо дабдаба қадам партофта меояд. Ана Маҷнун ҳам расида омад. Вай ба фироқи Лайло аз ин вагон ба он вагон ҷаҳида, ӯро ҷустуҷӯ мекунад ва аз шиддати алам даст бар сар мезанад. Дохунда ва Гулнор ба ҳоли ӯ бо тааҷҷуб нигоҳ карда, бо ҳамдигар пичир-пичир мекунанду ба вагон савор мешаванд.
Аз байни издиҳом садое ба гӯш расид. Касе ба қаҳрамони асари саҳнавии «Фоҷиаи Усмонов» хитоб мекард:
— Ҳой Усмонов, боз хато накунед? Ҷоятонро дониста нишинед.
— Мебахшед, кӯр асоашро як бор гум мекунад.
Ана Дилбар ҳам бо дугонаҳои раққосааш дастафшону покӯбон меояд ва дохили вагон мегардад.
Як духтараки шӯхи мӯрчамиён ба вагон медарояд ва нопурсиш ҷоеро ишғол менамояд. Кондуктор омада мепурсад:
— Барои чӣ ҷоятон дигару ба ин ҷо нишастаед?
— Ин кори шумо не, «Дил-дили Зайнаб!»
Ҳофизон, раққосон, мусиқачиён, санъаткорон паи ҳам ба саҳни вокзал меоянд. Рубобчидухтарон хиромон-хиромон ба ин ҷо мерасанд. Артистони ансамбли ашӯла ва рақсҳои Помир низ ҳозир шуда устодони санъат ва санъаткорони ҳаваскор гурӯҳ-гурӯҳ расида меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё